this is a title for here

 

 Таъкиди Имом Хоманаӣ бар лузуми тавсеъаи энержиҳои пок

  Operator 6 March 2022 33 Read

Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ пас аз кошти ду ниҳоли мева ба муносибати рӯзи дарахткорӣ бар лузӯми тавсеаи энержиҳои пок таъкид карданд .


Имом Хоманаӣ, Валии амри мусалмонони ҷаҳон рӯзи якшанбе бо таъкид бар лузӯми тавсеаи энержиҳои пок гуфтанд: “Тавсеаи энержиҳои ғайрифусилӣ монанди энержии ҳастае, ки истифода аз он дар дунё рӯзафзӯн аст ва кишварҳои минтақаи мо низ дар ҳоли ҳаракат ба самти он ҳастанд ва низ энержиҳои бодӣ ва хуршедӣ бояд ҷиддӣ гирифта шавад.”

Имом Хоманаӣ кошти дарахтро як ҳаракати комилан динӣ ва инқилобӣ хонданд ва афзуданд : “Албатта нигаҳдошту ҳифзи дарахтон низ кори бисёр муҳимме аст, ки бояд риоят шавад.”

Валии амри мусалмонони ҷаҳон, гиёҳи зиндаро осоишбахши рӯҳу нигаҳдорандаи ҷисми инсон ва манбаи ризқи худододӣ ва ҳамаҷониба барои башар донистанд ва таъкид карданд : Ба ҳамин иллат тахриби ҷангалҳо ва муҳити зисту пӯшишҳои гиёҳӣ, тахриби манофии миллӣ асту вайрон кардани бахше аз ҷангалҳо барои сохту соз ҷуз дар мавориди изтирорӣ қатъан ба зарари миллат аст .

Оятуллоҳ Хоманаӣ бо радди нигоҳи тазйинӣ ва ҳошияӣ ба муҳити зист, ин мавзӯро аз ҷумлаи асоситарин масоили Эрон баршумурданд ва гуфтанд : Яке аз корҳои ҷаддӣ дар ҳифозат аз муҳити зист ҳифозат аз ду сарвати азим ва захираи ҳаётии миллатҳо яъне « об » ва « хок » ва парҳез аз бархурди масрафона бо онҳо аст, ки дар ин замина масъулон бояд ба роҳнамоиҳои мутахассисон тавваҷуҳ кунанд .

«Ҳифозат аз ҳаёти ваҳш (ҳайвонот)» масаълаи дигаре буд ки эшон бетаваҷҷуҳӣ ба онро ба зарари манофии миллӣ донистанд ва гуфтанд : Дар ислом шикор фақат дар сурати ниёз ба тағзия муҷоз аст ва дар ғайри ин сурат ғайримуҷоз ва хилоф аст ва ҳатто сафари шикорӣ сафари ҳаром шумурда шудааст ، Бинобарин бояд ҷилавгирӣ аз шикори ғайриқонуниро ҷиддӣ гирифт ва ба мавзӯи ҳифзи ҳаёти ваҳш иҳтимом дошт .

Имом Хоманаӣ дар идома Созмони муҳит зист ва Вазорати ҷиҳоди кишоварзии Эронро муваззаф ба ҷилавгирӣ аз табдили заминҳои кишоварзӣ донистанд ва афзуданд : “Ин кор ба зарари манофии миллӣ аст ва заминҳои кишоварзӣ бояд тавсеа пайдо кунад.”

Эшон мардумро ба кошту нигаҳдошти дарахтон фаро хонданд ва гуфтанд: “Анҷоми ҳамаи корҳои муҳим ниёзманди пуштвонаи миллӣ аст ва дарахткорӣ низ аз ҷумла корҳое аст, ки ҳама мардум метавонанд бо коштану ҳифзи дарахтон ва ҷилавгирӣ аз маҳви дарахтону боғҳои атрофу даруни шаҳрҳо ба густариши пӯшиши гиёҳӣ дар кишвар кумак кунанд .”

Валии амри мусалмонони ҷаҳон, ҳамчунин бо табрики рӯзи валодати босаодати ҳазрати Имом Ҳусайн алайҳис-салом,набераи поки Паёмбар(С) ба миллати Эрон, он вуҷуди шарифро конуни ишқи миллати Эрон ва ҳамаи миллатҳои мусулмон иборат аз шиъа ва ғайришиъа донистанд.

Пурбоздидтаринҳо

All rights reserved This website is owned 2017