this is a title for here

Ҷомеъаи Исломӣ
11 May 2022

Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ омӯзиш ва парваришро тарбияткунандаи насли тамадунсоз хонд ва гуфтанд: Насли навҷавон ва ҷавон бояд дорои ҳувияти миллӣ ва ислмӣ-эронӣ, эътимод ба нафс, муқовим, огоҳ аз андешаҳои Имом ва ормонҳо, донишманд ва коромад парвариш ёбад.


Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ имрӯз чоршанбе дар дидори садҳо тан аз муъаллимон ва фарҳангиёни Эрон бо ишора ба ҳадафи баландмуддати эҷоди тамадуни навин ва шукуфои исломӣ таъкид карданд манобеъи инсонӣ, зерсохти ҳартамадуни ба шумор меравад ва барпокунандагони тамадуни навини исломӣ насле ҳастанд, ки акнун дар ихтиёри муъаллимон қарор доранд бино бар ин аҳамият ва арзиши комили муъаллимонро бояд аз ин қисмат дарк кард.

Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ гуфтанд: Ин насл бо ин ҳадафи бисёр бузург бояд дорои ҳувияти эронӣ-исломӣ, эътиқодоти муҳкам ва амиқ, дорои эътимод банафс, худсохта, ҳушёр дар баробари тамадунҳои аз байн рафтаи шарқу ғарб, донишманд ва коромад бошад то битавонад он тамадуни бузургро ташкил диҳад.

Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ бо ишора ба тарбияти унсурҳои барҷаста дар омӯзиш ва парвариш баъд аз инқилоб афзуд ба баракати талоши муъаллимон дар чор даҳҳаи ахир унсурҳои коромад дар арсаҳои мухталиф рушд ёфтанд, аммо кофӣ нест ва барои он тамадуни шукуфо бояд ин гуна парваришҳо фарогир шавад.

Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ дарки арзиши исодагӣ ва муқовим буданро аз ниёзҳои донишомӯзон донистанд ва гуфтанд: Дар ҷаҳоне, ки ҳар кас чи шарқӣ чи ғарбӣ зур мегӯяд, насли оянда бояд арзиш ва аҳамияти истодагиро аз ҳамакнун биёмузад то дар партави ин омузаҳо тамадунсоз шавад ва миллат ва кишварро иззатманд созад.

9 May 2022

Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ, коргаронро сутуни аслии хаймаи тавлид хонданд ва гуфтанд: Коргарон дар сафи муқаддами муқобила бо душман истоданд.


Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ имрӯз душанбе дар дидори ҷаъми аз коргарон ҳадаф аз ин дидорро қадршиносӣ ва ташакур аз онҳо ва таъкид бар арзиши нафаси кор баршумурдан ва бо ишора ба нигоҳи Ислом ба коргар ва мавзуъи кор гуфтанд: Бар хилофи нигоҳи истесмории низоми сармоядорои ва нигоҳи шиъори низоми фурупошидаи камунистӣ, нигоҳи Ислом ба коргар қадршиносона ва арзишмадорона аст ва бар ҳамин асос аст, ки Паёмбари Ислом(с) бар дастони коргар буса мезаданд.

Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ бо ишора ба ангезаҳои миллӣ ва дурахшони коргарон дар арсаҳои низомӣ, иқтисодӣ ва сиёсӣ таъкид карданд. Намунаи ошкори арсаи низомӣ тақдими 14 ҳазор шаҳиди коргар дар даврони дифоъи муқаддас аст ва агар бори дигар низ масъалаи низомӣ пеш биёяд ҷомеъаи коргар қатъан ҷузи сафҳои муқаддам хоҳад буд.

Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ дар хусуси ангезаҳои миллии коргарон дар арсаҳои иқтисодӣ низ афзуд, яке аз сиёсатҳои аслии истикбор аз аввали пирӯзии инқилоби исломӣ аз кор андохтани тавлиди кишвар буд, ки дар солҳои ахир ва ташдиди буҳронҳо ин ҳадаф комилан равшан шуда аст, аммо коргарон бо истодагии худ монеъ аз таҳаққуқи ин ҳадаф шуданд ва дар ин арса сутуни аслии хаймаи тавлид буданд.

Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ ҳамчунин бо ишора ба таҳарукоти коргари, ки аз аввали пирӯзии инқилоб вуҷуд дошта аст хотирнишон карданд, ҳадаф аз ин таҳарукот табдили ҷомеъаи коргар ба намуна ва нишонаи эътирози мардумӣ буд, аммо коргарон дар арсаҳои сиёсӣ низ бинии таҳриккунандагонро ба хок молиданд ва ҳамавора дар канори низом ва инқилоб буда ва ҳастанд.

11 April 2022

Валии амри мусалмонони ҷаҳон, сиёсатҳои куллии таъмини иҷтимоъиро иблоғ карданд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз дафтари Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ, ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ дар иҷрои банди як асли 110 Қонуни Асосӣ ва пас аз машварат бо Маҷмаъи ташхиси маслиҳати низом, сиёсатҳои куллӣ ва мусаввабаи таъмини иҷтимоъиро барои иқдом ба раисони қувваҳои сегона ва раиси Маҷмаъаи ташхиси маслиҳати низом иблоғ карданд. Бар асоси дастури Раҳбари инқилоби исломӣ ва дар иҷрои банди (ҷ-1) илзомоти таҳаққуқи сиёсатҳои куллии низом, қуваи Муҷрия вазифадор аст бо кумаки Маҷлиси шӯрои исломӣ ва қуваи Қазоӣя ва бо басиҷи дастгоҳҳои масъул, барномаи ҷомеъи таҳаққуқи ин сиёсатҳоро шомили тақдими лавоеҳ, тасвиби муқарарот ва иқдомоти иҷроии лозим дар шаш моҳ ироа кунад.

Лозим ба зикр аст сиёсатҳои куллии таъмини иҷтимоъӣ ба манзури ҷомеъият додан ва инсиҷомбахшӣ ба талошҳои низом ва эҷоди ҷаҳиш дар ин замина иблоғ шуд ва бо таваҷҷуҳ ба аҳамият ва ҷомеъияти он ба унвони як санади болодастӣ, таҳақуқи он мусталзими тағироти асосӣ дар қавонин ва муқаррароти ҷорӣ ва талошҳои ҷиддӣ дар ин арса аст.

Матни сиёсатҳои куллии таъмини иҷтимоъӣ ба ин шарҳ аст:

Бисмиллоҳир-раҳмонир-раҳим

Сиёсатҳои куллии таъмини иҷтимоъӣ

Эҷодри рифоҳи умумӣ, бартараф сохтани фақр ва маҳрумият, ҳимоят аз ақшор ва гуруҳҳои ҳадафи хадамоти иҷтимоъӣ аз ҷумла бесарпарастон, азкоруфтодагон, маъюбон ва солмандон ва он чи аз ҳадафҳои рифоҳи иҷтимоъӣ, ки дар усули 3,21,28,29,31, ва 43 Қонуни Асосӣ омада аст иқтизо мекунад низоми коромад, тавонмандсоз, адолатбунён, кароматбахш ва ҷомеъ барои таъмини иҷтимоъии ҳамагон, ки баргирифта аз улгуҳои исломӣ-эронӣ ва мубтани бар низоми идории коромад, ҳазфи ташкилоти ғайризарурӣ ва рафъи табъизҳои нораво ва баҳрагирӣ аз мушорикатҳои мардумӣ бошад, тарроҳӣ ва иҷро шавад ва тартиботи зер дар он риъоят гардад:

Истиқрори низоми таъмини иҷтимоъӣ ба сурати ҷомеъ, якпорча, шаффоф, коромад, фарогир ва чандҷониба.

Эҷоди як созукори тахассусӣ ва фаробахшӣ ба манзури ҳифзи интизом ва инсиҷоми умури марбут, лойҳабандӣ ва сатҳбандии хадамот, эҷоди ваҳдати равия, эъмоли назорати роҳбурдӣ дар таквин ва фаъолияти созмонҳо ва сандуқҳо ва ниҳодҳои фаъол дар қаламравҳои имдодӣ, ҳимоятӣ ва бимаӣ ва шаклдиҳии пойгоҳҳои иттилоъот, бо риъояти мулоҳизоти амниятии марбут ба нерӯҳои мусаллаҳ ва дастгоҳҳои амниятии кишвар.

Пойбандӣ ба ҳуқуқ ва риъояти таъаҳудоти байнинаслӣ ва адами таҳмили тарҳҳои фоқиди тазмини молии байнинаслӣ, таъмини манобеъи пойдор, риъояти муҳосиботи бимаӣ ва таъодул байни манобеъ ва масрафҳо ва ҳифз ва иртиқоъи арзиши захираҳои созмонҳо ва сандуқҳои бимагари иҷтимоъӣ ба унвони амволи мутаъалиқи ҳаққи мардум бо таъкид бар амонатдорӣ, амнияти судовар ва шафофият бо эҷоди созукори лозим.

Ислоҳи қавонин, сохторҳо ва ташкилоти созмонҳо ва сандуқҳои бимагари иҷтимоъӣ дар ҷиҳати таъмини адолат ва яксонсозии қавоъид ва муқарароти бимаӣ ва пешгирӣ аз эҷод ва анбошти бадеҳиҳои давлат ва риъояти қавоъиди бимаӣ ва таъмини бори молии замонатшуда ва байнинаслӣ.

Лоиҳабандии умури имдодӣ, ҳимоятӣ ва бимаӣ ва сатҳбандии хадамот бо руйкарди фаъоли давлат бар асоси вусъ ва истеҳқоқ, ба тартиби зайл: -Умури имдодоӣ аз маҳали пушиши бимаӣ, мушорикатҳои мардумӣ ва мусоъидат давлат. -Умури ҳимоятӣ бо ҳадафи рафъи фақр ва осиби иҷтимоъӣ ва тазмини сатҳи пояи хадамот аз маҳали манобеъи давлатӣ, умумӣ ва мардумӣ. -Умури бимаи поя барои ҳамаи ҷомеъа мутаносиб бо ваъзи онҳо аз маҳали ҳаққи бимаӣ саҳми бимашудагон, корфармоён ва давлат. -Умури бимаҳои мозод ва такмилӣ аз маҳалли мушорикати бимашудагон ва корфармоён бо мушаввиқоти молиётӣ ва пуштибонии ҳуқуқии давлат дар фазои рақобатӣ. -Ҳифзи қудрати хариди ақшори заъифи ҷомеъа аз тариқи мутаносибсозии маъоши шуғлӣ, мустамарии бознишастагон ва муқарарии бекорон. -Эъмоли руйкарди муносиб барои зудудани ҷилваҳои ошкори фақр ва осеби иҷтимоъӣ аз маҳаллаҳои камбархурдори шаҳрӣ ва минтақаҳои рустоӣ ва ашойрӣ.

Баст ва таъмини адолати иҷтимоъӣ, коҳиши фосилати табақотӣ бо ҳадафмандсозии ёронаҳо, дастрасии ҳамаи ҷомеъа ба хадамоти таъмини иҷтимоъӣ, тавонмандсозӣ, корофаринӣ ва рафъи табъизҳои нораво дар баҳрамандӣ аз манобеъи умумӣ.

Истиқрори низоми миллии эҳсон ва некукорӣ ва эҷоди пайванд миёни зарфиятҳои мардумӣ ва дастгоҳҳои вазифадор.

Ироаи хадамоти лозим ба манзури таҳкими ниҳоди хонавода ва фарзандоварӣ.

Илзом ба таҳияи пайвасти таъмини иҷтимоъӣ барои тарҳҳо ва барномаҳои калони кишвар.

21 March 2022

Валии амри мусалмонони ҷаҳон фармуданд: “Иллати тарҳи масоили иқтисодӣ дар рӯзи аввали сол ин аст ки аввалан ба хотири аҳамияти масъалаи иқтисод аст яъне воқеъан агар дар кишвар иқтисод ҳамроҳ бо адолат ба вуҷуд биёяд ҳамаи заминаҳои пешрафт фаъол хоҳад шуд ва кишвар ба пешрафти воқеъӣ хоҳад расид.”


Суханронии Имом Хоманаӣ ба муносибати аввалин рӯз аз соли нав (1401 шамсӣ) аз тариқи маҷозӣ анҷом шуд.

Имсол севвумин сол аст, ки Имом Хоманаӣ ба Машҳад сафар намекунанд ва маросими суханронии наврӯзӣ, ки ҳар сол дар рӯзи аввали соли нав ва дар ҳарами муттаҳари Разавӣ баргузор мешуд, ба иллати тавсияҳои беҳдоштӣ барои пешгирӣ аз густариши вируси корона дар Машҳади муқаддас баргузор намешавад.

Валии амри мусалмонони ҷаҳон дар ибтидои суханронии Наврӯзии имсол бо ишора ба ин ки омехтагии иди миллӣ бо дуъо ва ниёиш дар байни миллатҳо камназир аст баён карданд: Севвумин Наврӯзе аст, ки аз файзи ҳузур дар ҳарами Имом Ризо(а) ва ҷамъи пуршури зоирон маҳрумам.

Раҳбари инқилоб дар идома дар хусуси вижагиҳои муҳими наврӯзи эронӣ афзуданд: Имрӯз масъалаи аслии масъулони кишвар иқтисод аст ва дар иқстисод масъалаи муҳим тавлиди миллӣ аст, агар иқисод ҳамроҳ бо адолат ба вуҷуд биёяд ҳамаи заминаҳои пешрафт фаъол хоҳад шуд.”

Оятуллоҳ Хоманаӣ таъкид карданд: “Сухани имрӯзи ман ин аст, ки барои рушди иқтисодӣ кишвар ба таври қотеъ бояд ба тарафи иқтисоди донишбунён ҳаракат кунем.”

Раҳбари инқилоб афзуд: К”ам шудани ҳазинаҳои тавлид ва афзоиши баҳраварӣ аз натоиҷи иқтисоди донишбунён аст.”

Имом Хоманаӣ фармуданд: “Умед маншаи ҳамаи ҳаракатҳо ва пешрафтҳо аст ва заминаҳои умед алҳамдулиллоҳ кам нест, бигузоред душманон аз умедвории милати Эрон ба хашм биёянд.”

Валии амри мусалмонони ҷаҳон рӯзи якшанбе дар паёми Наврӯзи, шиъори соли 1401-ро "Тавлид; донишбунён; иштиғолофарин" эълом карда буданд.

6 March 2022

Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ пас аз кошти ду ниҳоли мева ба муносибати рӯзи дарахткорӣ бар лузӯми тавсеаи энержиҳои пок таъкид карданд .


Имом Хоманаӣ, Валии амри мусалмонони ҷаҳон рӯзи якшанбе бо таъкид бар лузӯми тавсеаи энержиҳои пок гуфтанд: “Тавсеаи энержиҳои ғайрифусилӣ монанди энержии ҳастае, ки истифода аз он дар дунё рӯзафзӯн аст ва кишварҳои минтақаи мо низ дар ҳоли ҳаракат ба самти он ҳастанд ва низ энержиҳои бодӣ ва хуршедӣ бояд ҷиддӣ гирифта шавад.”

Имом Хоманаӣ кошти дарахтро як ҳаракати комилан динӣ ва инқилобӣ хонданд ва афзуданд : “Албатта нигаҳдошту ҳифзи дарахтон низ кори бисёр муҳимме аст, ки бояд риоят шавад.”

Валии амри мусалмонони ҷаҳон, гиёҳи зиндаро осоишбахши рӯҳу нигаҳдорандаи ҷисми инсон ва манбаи ризқи худододӣ ва ҳамаҷониба барои башар донистанд ва таъкид карданд : Ба ҳамин иллат тахриби ҷангалҳо ва муҳити зисту пӯшишҳои гиёҳӣ, тахриби манофии миллӣ асту вайрон кардани бахше аз ҷангалҳо барои сохту соз ҷуз дар мавориди изтирорӣ қатъан ба зарари миллат аст .

Оятуллоҳ Хоманаӣ бо радди нигоҳи тазйинӣ ва ҳошияӣ ба муҳити зист, ин мавзӯро аз ҷумлаи асоситарин масоили Эрон баршумурданд ва гуфтанд : Яке аз корҳои ҷаддӣ дар ҳифозат аз муҳити зист ҳифозат аз ду сарвати азим ва захираи ҳаётии миллатҳо яъне « об » ва « хок » ва парҳез аз бархурди масрафона бо онҳо аст, ки дар ин замина масъулон бояд ба роҳнамоиҳои мутахассисон тавваҷуҳ кунанд .

«Ҳифозат аз ҳаёти ваҳш (ҳайвонот)» масаълаи дигаре буд ки эшон бетаваҷҷуҳӣ ба онро ба зарари манофии миллӣ донистанд ва гуфтанд : Дар ислом шикор фақат дар сурати ниёз ба тағзия муҷоз аст ва дар ғайри ин сурат ғайримуҷоз ва хилоф аст ва ҳатто сафари шикорӣ сафари ҳаром шумурда шудааст ، Бинобарин бояд ҷилавгирӣ аз шикори ғайриқонуниро ҷиддӣ гирифт ва ба мавзӯи ҳифзи ҳаёти ваҳш иҳтимом дошт .

Имом Хоманаӣ дар идома Созмони муҳит зист ва Вазорати ҷиҳоди кишоварзии Эронро муваззаф ба ҷилавгирӣ аз табдили заминҳои кишоварзӣ донистанд ва афзуданд : “Ин кор ба зарари манофии миллӣ аст ва заминҳои кишоварзӣ бояд тавсеа пайдо кунад.”

Эшон мардумро ба кошту нигаҳдошти дарахтон фаро хонданд ва гуфтанд: “Анҷоми ҳамаи корҳои муҳим ниёзманди пуштвонаи миллӣ аст ва дарахткорӣ низ аз ҷумла корҳое аст, ки ҳама мардум метавонанд бо коштану ҳифзи дарахтон ва ҷилавгирӣ аз маҳви дарахтону боғҳои атрофу даруни шаҳрҳо ба густариши пӯшиши гиёҳӣ дар кишвар кумак кунанд .”

Валии амри мусалмонони ҷаҳон, ҳамчунин бо табрики рӯзи валодати босаодати ҳазрати Имом Ҳусайн алайҳис-салом,набераи поки Паёмбар(С) ба миллати Эрон, он вуҷуди шарифро конуни ишқи миллати Эрон ва ҳамаи миллатҳои мусулмон иборат аз шиъа ва ғайришиъа донистанд.

30 January 2022

Валии амри мусалмонони ҷаҳон, дар дидори ҷамъе аз тавлидкунандагону фаъолони санъатӣ ҷиҳоди корофаринону коргарон дар сангари тавлидро муҷиби эътирофи Амрико ба шикасти ҷанги иқтисодӣ донистанд.


Имом Хоманаӣ, Валии амри мусалмонони ҷаҳон (якшанбе) дар дидори ҷамъе аз тавлидкунандагону фаъолони санъатӣ гуфтанд: Иттилои мардум аз муваффақиятҳои фаъолони иқтисодӣ аз забони худи ин афрод, барои муқобила бо ҷанги равонии душман муфид аст.

Валии амри мусалмонони ҷаҳон бо таъкид бар ин ки тарроҳиҳои душман барои фатҳи сангари тавлид бо шикаст мувоҷеҳ шуд, хотирнишон карданд: Дар ин таҳоҷум ба иқтисоди кишвар дар маишати мардум мушкилоте ба вуҷуд омад, аммо тавлид ба зону дарнаёмад ва сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Амрико чанд рӯзи пеш сароҳатан эълом кард, ки сиёсати фишори ҳаддиаксарӣ ба шикасти хиффатбори Амрико мунҷар шуд.

Имом Хоманаӣ тавлидро «ҷиҳод» хонданд ва афзуданд: Истодагии тавлидкунандагон дар муқобили ҳамла ба иқтисод ва талоши душман барои мамониат аз фурӯши нафту газ, қатъи манобеи арзӣ ва барномарезӣ барои масдудсозии мубодилоти хориҷии Эрон, дар воқеъ ҷиҳод ва аз бузургтарин ибодатҳост.

Эшон гуфтанд: Онҳо фурӯпошии иқтисодии ба хаёли худашон чандмоҳаро заминае барои таҳаққуқи мақсадҳои сиёсии шум медонистанд, аммо пас аз даҳ сол сангари тавлиду иқтисоди кишвар биҳамдиллоҳ побарҷост.

Имом Хоманаӣ гуфтанд, ҷаҳиши тавлид бо беҳбуди шохисҳои иқтисодӣ ҳамчун иштиғоли пойдор, равнақи содирот, даромади арзӣ ва коҳиши нархи таваррумро ба дунбол дорад ва истиқлоли иқтисодиро, ки зомини иззату амнияти миллӣ ва афзоиши эътимод ба нафси миллӣ аст, ба дунбол меоварад.

Валии амри мусалмонони ҷаҳон афзуданд, бунгоҳҳо ва тавлидкунандагоне будаанд, ки мунтазири бардоштани таҳриму натоиҷи музокирот намонданд ва бо кору талош, ба намунаҳои муваффақе табдил шуданд.

Имом Хоманаӣ дар мавриди донишбунён шудани саноеи бузург низ таъкид карданд, бояд дар ин замина аз тавоноӣ ва дониши ҷавонони хушистеъдод истифода шавад, ҳамон тавр, ки дар ҳар ҷое аз воксани корона то мушаки нуқтазан, ки ба ҷавонон эътимод ва аз онҳо кор хоста шуд, воқеан дурахшиданд.

Пеш аз суханони Валии амри мусалмонони ҷаҳон 14 тан аз фаъолон аз бахшҳои мухталифи тавлид назарот ва дидгоҳҳои худро баён карданд.

14 January 2022

Валии амри мусалмонони ҷаҳон субҳи имрӯз дар дидори ҷамъе аз парасторон ва хонаводаҳои шуҳадои мудофеъи саломат, рафтор ва суханони ҳазрати Зайнаби Кубро (с)-ро нишондиҳанда ва таҷаллии азамат ва қудрати руҳӣ, маънавӣ ва ақлонии ҷинси зан хонданд ва бо табйини абъоди мухталифи “арзиши парасторӣ ва сахтиҳо ва талхиҳои ин шуғли шариф”, тақвияти ҷомеъаи парасторӣ дар зовияҳои гуногунро мутолибаи аслии парасторон баршумурданд ва таҳаққуқи ин мутолибаи мантиқиро вазифаи масъулон ва зарурате барои ҳолу ояндаи кишвар ва ҷомеъа донистанд.


Эшон бо табрики вилодати ҳазрати Зайнаб (с) ва рӯзи Парастор ба так-таки парасторон ва фаъолони ҳавзаи дармон ва саломат, гуфтанд: “Бонӯи азимуш-шаъни Карбало ба ҳамаи башарият ва таърих исбот кардааст, ки “зан” бо вуҷӯди ҳамаи талоши кӯтаҳфикрони гузашта ва ҳол аз ҷумла ғарбиҳои мустабид барои таҳқири зан, метавонад уқёнуси азиме аз сабру таҳаммул, ва қуллаи бузурге аз хирадмандӣ ва тадбир бошад.”

Имом Хоманаӣ сабр ва бурдбории ҳазрати Зайнаб (с) дар муқобили мусибатҳоро ғайриқобилии тавсиф хонданд ва афзуданд: “Истодагӣ ва таҳаммули шаҳодати 18 нафар аз азизон аз ҷумлаи бародари бузургвор ва ҳуҷҷати Худо ҳазрати Сайидуш-шуҳадо (а) ва ду тан аз фарзандони ҳазрати Зайнаб”, “сабр дар муқобили иҳонатҳои арозил ва авбоше, ки он бонӯи бо иззати хонадони Расули Худо (с)-ро мавриди ҷасорат қарор медоданд”, “таҳаммули масъулияти сангини ҷамъоварӣ ва идораи даҳҳо зану кӯдаки доғдор ва мусибатзада” ва “сабри зебо дар парасторӣ аз Имом Саҷҷод (а)” ҷилваҳое аз азамати руҳӣ ва маънавии ҳазрати Зайнаб ба унвони як зан аст.

Эшон дар табйини рафтори хирадмандона ва қудрати ақлонии он бонуи бузург, ба рафтори мудаббирона ва суханони шигифтангези ҳазрати Зайнаб дар муқобили ҳокимони ҷобир ва ёвагӯе ҳамчун Ибни Зиёд ва Язид ишора карданд ва гуфтанд : “Он иқтидори торихӣ, дар муқобили мардуми ҷои худро ба табйин ва суханони сарзанишбор медиҳад, ки баъдҳо ба яке аз авомили қиёми Таввобин дар Кӯфа мунҷар мешавад.”

Имом Хоманаӣ “ҷиҳоди ривоят ва табйин”-ро аз дигар абъоди хирадмандӣ ва тадбири амиқи ҳазрати Зайнаб баршумурданд ва афзуданд: “Он ҳазрат бо ривояти ҳақиқӣ, таъсиргузор ва мондагори Карбало, фурсат надод ривояти душман бар воқеият ғалаба кунад.”

Эшон бо такрори таъкидоти гузаштаи худ дар бораи зарурати ривояти ҳақиқӣ “воқеъиятҳои ҷомеъа, таърихи инқилоб, дифоъи муқаддас ва ҳаводиси гуногуни 42 соли ахир” гуфтанд: “Агар ин кор нашавад, ки дар мавориди мутаъаддид нашудааст, душман ривояти таҳрифомез ва дурӯғи худро дар афкори умумӣ ҷорӣ, ва бо иваз кардани ҷои золим ва мазлум, иқдомоти мустамарри золимонаи худро тавҷеҳ мекунад.”

Имом Хоманаӣ дар бахши дигаре аз суханонашон дар бораи арзишҳои парасторӣ гуфтанд: “Нуқтаи аслии ин арзишҳо, кӯмак ба инсони ниёзманд яъне бемор аст, ки дар ҳамаи масоил, ниёзманди таваҷҷӯҳ ва ёрии парастор аст.”

Валии амри мусалмонони ҷаҳон, парасториро мӯҷиби аҷри музоъафи илоҳӣ донистанд ва афзуданд: “Эҷоди амнияти хотир барои бемор, наздикони бемор ва ҳамаи мардум аз дигар арзишҳои барҷастаи парасторӣ аст ва ҷомеъаи парасторӣ дар воқеъ ба гардани ҳамаи миллат ҳақ дорад.”

Эшон бо ишора ба хушҳолии мустакбирони олам аз ранҷи миллати Эрон, ки дар ҳаводисе назири “кӯмак ба Саддом барои бомбаборони шимиёӣ ва эҷоди дарди амиқ ва ранҷи ҷонкоҳ барои мардуми шаҳрҳои марзии Эрон” ва низ дар масоиле монанди “таҳрими доруии миллати Эрон” комилан ошкор шудааст, афзуданд: “Бо тавваҷӯҳ ба ин воқеъиятҳо вақте парасторон, бо талош ва исор, лабханд бар лабони беморон ва наздиконашон менишонанд, дар ҳақиқат дар ҳоли муҷоҳидат дар муқобили истикбори кинатӯз ҳастанд, ки ин кор, арзиши музоъафи ҷомеъаи парасторӣ дар Эрони исломӣ аст.”

Валии амри мусалмонони ҷаҳон дар идома, табиати кори парасторӣ яъне “мушоҳидаи дарду ранҷи беморон ва муроқибати шабонарӯзӣ аз онон”-ро талх ва сахт хонданд ва гуфтанд: “Дар баъзе аз мақотеъ монанди давраи Дифои Муқаддас ва ё Куруно ин сахтиҳо чанд баробар шудааст.”

Имом Хоманаӣ афзуданд: “Ҳамчунон ки дар даврони ҷанги таҳмилӣ, пизишкон ва парасторон ва имдодгарон дар зери бомбаборон кор мекарданд, дар давраи Куруно низ парасторон бо афзоиши соатҳои кор, коҳиши мурраххасиҳо, ҳузур дар бемористон дар рӯзҳои таътилоти Наврӯз, ва мушоҳидаи дардноки маргу мири беморон ва ҳамкорон, сахтиҳое музоъаф, ва хатари ибтило ба бемории кушандаро таҳаммул карданд.”

Эшон бо таъкид бар ин ки миллат бояд ин сахтиҳоро дарк ва онҳоро арзишгузорӣ кунад, ҳузури тайфҳое ҳамчун донишҷӯён, талабаҳо ва ҷавонон барои кӯмак ба парасторон дар давраи куруноро аз ҷумлаи ҳақоиқи дурахшон баршумурданд ва афзуданд: “Ин таъаҳҳуд ва эҳсоси масъулият, ки дар мақотеъи мухталифе ҳамчун муборизоти даврони инқилоб ва дифоъи муқаддас низ буруз ёфта буд, нишондиҳандаи ҳуввияти пурнишот, пуртаҳаррук ва бо виҷдони миллати Эрон аст.”

Валии амри мусалмонони ҷаҳон, ҳаракати азими илмии кишварро нишона ва маҳсуле аз ин ҳуввияти рӯишсоз донистанд ва хотирнишон карданд: “Қаҳрмононе монанди шаҳидон Сулаймонӣ, Фахризода ва Шаҳриёрӣ аз даруни ин ҳақиқат ва ҳуввияти азим берун меоянд.”

Эшон бо ишора ба халаъи ривояти ҳунарӣ аз сахтиҳо ва душвориҳои кори парасторӣ, ва заминаҳо ва мояҳои ҳунарии фаровон барои пардохтан ба ин ҳаводис гуфтанд: “Ҳунармандони масъул ва мутаъаҳҳид ба майдон биёянд ва ин сармояи азими фарҳангиро дар қолаби анвоъи ҳунарҳо ба намоиш бигузоранд.”

Имом Хоманаӣ сипас мавзӯи мутолиботи парасторонро мавриди таъкид қарор доданд ва гуфтанд: “Мутолибаи аслии парасторон дар як ҷумла «тақвияти ҷомеъаи парасторӣ» аст, ки зарурате барои ҳолу ояндаи кишвар ба шумор меравад.”

Эшон афзуданд : “Қазияи куруно нишон дод, ки агар ҷомеъаи парасторӣ тақвият нашавад, дар бизангоҳҳо зарба хоҳем хӯрд.”

Валии амри мусалмонони ҷаҳон, «иҷрои қонуни таърифагузории хадамоти парасторӣ»-ро аз ҷумлаи мутолиботи мушаххаси парасторон хонданд ва бо ишора ба таъкидоти собиқи худ дар ин замина гуфтанд: “Ин қонун 14 сол қабл тасвиб шуда аммо мутаъасифона то рӯзҳои охири давлати қабл ҳатто ойинномаҳои иҷроии он танзим нашуда буд, ки исрор дорам дар ин давлат, вазорати Беҳдошт масаълаи таърифагузориро дунбол ва иҷро кунад.”

24 November 2021

Имом Хоманаӣ дар паёме бо табрики ҳафтаи Басиҷ, “ҳиммати баланд, хирадмандӣ, дурустандешӣ ва таваккул ба Худо”-ро абзорҳои таҷрибашуда барои ғалаба бар мушкилоти кишвар донистанд.


Матни паёми Валии амри мусалмонони ҷаҳон ба ин шарҳ аст:

Бисмиллоҳирраҳмонирраҳим

Ҳафтаи Басиҷ бар ҳамагон муборак бод, бавижа бар рӯйишҳои тоза ва ботаровати басиҷӣ, ки ҳамчунон монанди насли пеш аз худ, фарзандони маҳбуби Имом Хумайнӣ ҳастанд.

Азизон!

Қадршиноси ҷойгоҳи худ бошед ва бидонед, ки бо ҳиммати баланд, ва дар партави хирадмандӣ ва дурустандешӣ, ва бо эътимод ва таваккул ба Худованди доно ва тавоно, метавонед дар ҳамаи масоили умумии кишвар ва миллат, асарбахш ва мушкилгушо бошед. Ин таҷрибаи чанд даҳаи миллати Эрон аст.

Вассалому алайкум ва раҳматуллоҳ

Сайидалии Хоманаӣ

24-11-2021

17 November 2021

Валии амри мусалмонони ҷаҳон гуфтанд: “Зарфияти нухбагии ҷавонони миллати Эрон метавонад заминасози пур кардани шикофи илмии кишвар бо илми ҷаҳонӣ, убур аз марзҳои ҷаҳонии илм, эҷоди тамаддуни навини исломӣ ва таҳаққуқи ояндаи дурахшони кишвар бошад.”


Имом Хоманаӣ рӯзи чаҳоршанбе, дар дидори нухбагони ҷавон ва истеъдодҳои бартари илмӣ гуфтанд: “Миллати Эрон, миллате билқувва нухба аст ва ба ҳамин иллат аз дер боз ҳадафи ҷанги нарми таҳқиркунандаи истеъморгарон қарор дошта то истеъдодҳову тавоноиҳои худро фаромӯш кунад ва ҳатто мункир шаваду дурӯғи бузурги «мо наметавонем» -ро бипазирад.”

Эшон гуфтанд: “Дар таърихи 200 солаи ахири Эрон низ истеъморгарон ва ҳокимони вақт ҳам садои нотавонии миллати Эронро таблиғ мекарданд, ки пирӯзии инқилоб ба ин раванд поён дод.”

Валии амри мусалмонони ҷаҳон ғафлату ғоратро ду ҳадафи мукаммили истеъморгарон аз илқои нотавонӣ дар миллатҳо баршумурданд ва афзуданд: “Вақте миллате аз тавоноиҳои худ ғафлат кард, ғорати ӯ осон мешавад.”

Эшон бо истинод ба оёти сареҳи Қуръони Маҷид дар бораи паёмадҳои манфии ғафлат афзуданд: “Худованд дар китоби осмонӣ ҳушдор медиҳад, ки душман мехоҳад Шумо аз силоҳ ва дороиҳои худ ғофил шавед то роҳат ҳамла кунад, ки ин мавзуъ имрӯз бо тавваҷуҳ ба фишорҳову ҷанҷолҳо дар дунё дар бораи масъалаи паҳпод ва мушак қобили тавваҷуҳ аст.”

Имом Хоманаӣ, бо ёдоварии суханони чанд соли қабли худ дар бораи ояндаи Эрон ва зарурати пештозӣ дар арсаи илми ҷаҳонӣ гуфтанд: “Бояд ба гунае ҳаракат кунем, ки дар ояндае маъқул, Эрон манбаи илми ҷаҳонӣ бишавад ва ҳар кас барои дастрасӣ ба ҷадидтарин ёфтаҳои илмӣ, ночор аз ёдгирии забони форсӣ шавад. Ҳамон гуна, ки дар бурҳаҳое аз таърих эрониён бар қуллаҳои дониши ҷаҳонӣ қарор доштанд ва китобҳои донишмандони Эрон дар донишгоҳҳои Ғарбу Шарқ мавриди тадрису истиноди аҳли илму дониш буд.”

Валии амри мусалмонони ҷаҳон барои расидан ба ин ояндаи равшану ифтихоромез се марҳаларо зарурӣ донистанд. Аввал: Талоши фаровон барои пур кардани фосилаи кунунӣ бо хутути муқаддами илми ҷаҳонӣ. Дувум: Убур аз марзҳои дониши ҷаҳонӣ ва арзаи кашфиёти навини илмӣ ба ҷомеаи башарӣ ва сеюм, бино кардани тамаддуни навини исломӣ бар пояи илми нофеъ.

Эшон масъалаи меҳварӣ ва ҳалли масоили кишварро аз аҳдофи муҳими ҷомеаи илмии кишвар хонданд ва бо баршумурдани мавориде монанди мушкилоти об, муҳити зист, трафик, осебҳои иҷтимоӣ, тахлияи рустоҳо, низоми пулӣ, молӣ, молиётӣ, бонкӣ ва масоили низоми тавлид гуфтанд: Метавон барои ҳамаи мушкилоти кишвар роҳи ҳалли илмӣ пайдо кард.

Имом Хоманаӣ аз «ҳуши маснӯӣ» ба унвони як масъалаи муҳиму ояндасоз ном бурданд ва таъкид карданд: Ин масъала дар идораи ояндаи дунё нақш дорад ва бояд ба гунае амал кунем, ки Эрон ҷузви 10 кишвари бартари ҳуши маснӯӣ дар дунё қарор бигирад.

Эшон дар идома бо таъкид бар масъалаи монеъзудоӣ аз тавлид, муҳимтарин мавонеи тавлид дар кишварро мавонеи фарҳангие ҳамчун «ноумедӣ, эҳсоси беоянда будан, беҳимматӣ, беҳавсалагӣ, роҳатиталабӣ, саргармиҳои музир, эҳсоси нотавонӣ ва хатарпазир набудан» баршумурданд.

Имом Хоманаӣ лозимаи рушду тақвияти ширкатҳои донишбунёнро равоҷи истифода аз маҳсулоти онҳо дар дохил донистанд ва гуфтанд: Вақте як маҳсули донишбунён дар дохил тавлид мешавад, набояд воридоти мушобеҳи он анҷом шавад.

Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ заминасозӣ барои содироти маҳсулоти донишбунёнро аз дигар вазоифи дастгоҳҳои давлатӣ донистанд ва гуфтанд: Илова бар фаъолияти давлат ва ширкатҳо барои бозорсозӣ, бахши хориҷии Садо ва симо низ бояд барои таблиғи колоҳои эронӣ барномарезӣ ва иқдом кунад.

24 October 2021

Дар хуҷаста милоди бо саодати паёмбари раҳмат ҳазрати Муҳаммади Мустафо (с) ва ҳазрати Имом Ҷаъфари Содиқ (а), Валии амри мусалмонони ҷаҳон дар дидори ҷамъе аз масъулони низоми Ҷумҳурии Исломӣ ва меҳмонони ширкаткунанда дар конфронси байналмилалии Ваҳдати Исломӣ, ду вазифаи муҳим барои уммати исломиро “табйин ва тарвиҷи ҷомеъияти Ислом дар ҳамаи шуъуни зиндагии башар” ва “тақвияти иттиҳоди мусалмонон” хонданд ва хотирнишон карданд: “Ваҳдати исломӣ як амри усулӣ ва фаризаи қуръонӣ аст ва таҳаққуқи ҳадафи волои эҷоди тамаддуни навини исломӣ бидуни иттиҳоди шиъа ва суннӣ мумкин нест.”


Имом Хоманаӣ бо табрики ин ду милоди масъуд ба миллати Эрон ва ба ҳамаи уммати исломӣ ва озодагони ҷаҳон, вилодати ҳазрати Паёмбар (с)-ро ҳодисае бисёр азим ва сароғози даврае ҷадид аз тафаззулоти илоҳӣ дар зиндагии башар хонданд ва афзуданд: “Худованд бо иблоғи барномаи комили саодати башар ба Паёмбар, ӯро маъмур ба иҷро ва мутолибаи ин барнома аз пайравони худ кард бинобар ин мӯъминон дар ҳар даврае аз замон бояд вазоифи худро бишиносанд ва ба он амал кунанд.”

Эшон, “адои ҳаққи ҷомеъияти ислом” ва “иттиҳоди мусалмонон”-ро ду маврид аз муҳимтарин вазоифи имрӯзи уммати исломӣ донистанд ва дар табйини мавриди аввал гуфтанд: “Қудратҳои сиёсӣ ва моддӣ аз гузашта исрор доранд, ки исломро на як дини ҷомеъ ва дорои барнома барои ҳамаи шуъуни зиндагии башар, балки мунҳасир дар амали фардӣ ва ақидаи қалбӣ муаррифӣ, ва бо теориза кардани он аз забони нависандагон ва равшанфикрон, ингуна илқо кунанд, ки ислом дар масоили муҳимме монанди тамаддун ва мудирияти ҷомеъа, иқтисод ва тақсими қудрат ва сарват, ҷангу сулҳ, сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ, иқомаи адл ва муқобилаи бо зулм ва ашрор на марҷаъи фикрӣ аст ва на роҳнамои амалӣ.”

Валии амри мусалмонони ҷаҳон бо таъкид бар ин ки мутуни исломӣ сареҳан чунин бардоште аз исломро нафй мекунад, адои ҳаққи исломро дар гарави табйин ва тарвиҷи ин воқеъияти муҳим баршумурданд ва афзуданд: “Арсаи фаъолият ва дахолати ислом, ҳамаи густара ва шуъуни зиндагии башар аз аъмоқи қалб ва масоили ибодӣ то масоили сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, амниятӣ ва байналмилалӣ аст ва касе, ки ин маъноро инкор кунад, қатъан ба баййинот ва оёти мутаъаддиди Қуръони Карим таваҷҷӯҳ накардааст.”

Имом Хоманаӣ таъкиди ислом ба масоили иҷтимоъӣ ва вазифаи муҳимми тамаддунсозиро нишондиҳандаи эҳтимоми он ба ҳокимият донистанд ва гуфтанд: “Мутолибаи назми иҷтимоъӣ дар ислом бидуни таваҷҷӯҳ ба масъалаи ҳокимият ва таъйини имом мумкин нест ва дар Қуръон низ аз паёмбарон ба унвони имом яъне раҳбарон ва фармондеҳони ҷомеъа ёд шудааст.”

Эшон табйини ҷомеъияти ислом дар ҳамаи шуъунро вазифаи олимон, равшанфикрон, муҳаққиқон ва устодони ҷаҳони ислом хонданд ва афзуданд: “Албатта Ҷумҳурии Исломӣ дар ин замина вазифаи сангинтаре бар ӯҳда дорад ва масъулони коӯишвар ба вижа масъулони фарҳангӣ бояд ба вазифаи худ амал кунанд.”

Валии амри мусалмонони ҷаҳон дар бахши дигаре аз суханонашон бо таъкид бар масъалаи муҳимми “иттиҳоди мусалмонон”, аз чанд чеҳраи пурталош дар арсаи иттиҳоди исломӣ ҳамчун марҳум оқои Тасхирӣ, марҳум оқои Воъиззода, Шаҳид Шайх Муҳаммад Рамазон Ал-Бутӣ, Шаҳид Сайидмуҳаммадбоқир Ҳаким, марҳум Шайх Аҳмад Зайн ва марҳум Шайх Саъид Шаъбон таҷлил карданд.

Эшон иттиҳоди мусалмононро фаризае қатъӣ ва дастури қуръонӣ хонданд ва афзуданд: “Ваҳдати исломӣ як амри усулӣ аст на токтикӣ ва махсуси шароити хос, ва ин ҳамафзоӣ мӯҷиби қавӣ шудани мусалмонон мешавад то дар иртиботот бо кишварҳои ғайри исломӣ низ бо дасти пур вориди таомул шаванд.”

Имом Хоманаӣ, иллати таъкидҳои мукаррар бар масъалаи ваҳдатро фосилаи зиёд байни мазоҳиб ва талошҳои ҷиддии душманон барои афзоиши фосилаҳо хонданд ва гуфтанд: “Имрӯз калимаи шиъа ва суннӣ дар адабиёти сиёсии амрикоиҳо ҳам ворид шуда дар ҳоле, ки онҳо бо асли ислом мухолиф ва душман ҳастанд.”

Валии амри мусалмонони ҷаҳон бо ишора ба талошҳои Амрико ва авомили дастомӯзи он барои эҷоди фитна дар ҳар ҷои дунёи исломӣ, хотирнишон карданд: “Инфиҷорҳои таъассуфбор ва гиряовари ахир дар масоҷиди Афғонистон алайҳи мардуми мусалмон ва намозгузор аз ҷумлаи ҳамин ҳаводис аст, ки ба дасти ДИИШ анҷом шуд ва амрикоиҳо сароҳатан баён карда буданд мо ДИИШ-ро эҷод кардем.”

Эшон гирдиҳамоӣ ва иҷтимооти солона дар мавзӯъи ваҳдатро кофӣ надонистанд ва афзуданд: “Дар ин замина бояд баҳс, табйин, ташвиқ, барномарезӣ ва тақсими кори доимӣ анҷом шавад ва ба унвони намуна дар ҳамин қазияи Афғонистон, яке аз роҳҳои ҷилавгирӣ аз ҳаводис, ҳузури масъулони мӯҳтарами кунунии ин кишвар дар марокиз ва масоҷид ва ё ташвиқи бародарони аҳли суннат ба ҳузур дар иҷтимооти муштарак аст.”

Имом Хоманаӣ таъмини ҳадафи муҳимми эҷоди тамаддуни навини исломиро ҷуз бо иттиҳоди шиъа ва суннӣ мумкин надонистанд ва гуфтанд: “Шохиси аслӣ барои иттиҳоди мусалмонон қазияи Фаластин аст ва ҳарчӣ ҷиддияти бештаре барои эҳёи ҳуқуқи фаластиниён ба харҷ дода шавад, иттиҳоди исломӣ тақвият мешавад.”

Эшон иқдоми баъзе давлатҳои минтақа барои оддисозии равобит бо режими ғосиби саҳюнистиро гуноҳ ва хатое бузург хонданд ва афзуданд: “Ин давлатҳо бояд аз ин ҳаракат ва роҳи зидди ваҳдати исломӣ баргарданд ва хатои бузурги худро ҷуброн кунанд.”

 

3 October 2021

Валии амри мусалмонони ҷаҳон таъкид карданд: Нерӯҳои мусаллаҳи мо ҳисори мустаҳкаму сипари дифоии кишвар дар баробари таҳдидҳои сахти душманони берунӣ ва дарунӣ ҳастанд.


Маросими муштараки донишомӯхтагии донишҷӯёни донишгоҳҳои афсарии нерӯҳои мусаллаҳ дар Донишгоҳи афсарӣ ва тарбияти посдории Имом Ҳусайн баргузор шуд .

Валии амри мусалмонони ҷаҳон аз тариқи тасвирӣ бо ин маросим дар иртибот буданд ва барои афсарону донишҷӯён суханронӣ карданд .

Имом Хоманаӣ дар ин маросим афзуданд: Ифтихори нерӯҳои мусаллаҳи мо ин аст, ки нерӯҳои мусаллаҳ дар кишвари азизи мо ҳисору қалъаи мустаҳкаме барои кишвар ва миллат ҳастанд . Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ афзуданд : Имрӯз созмонҳои нерӯҳои мусаллаҳ, артиш,сипоҳ,нерӯи интизомӣ, Басиҷ ба маънои воқеии калима сипари дифоӣ дар баробари таҳдидҳои сахти душманони берунӣ ва дарунӣ ҳастанд.

Эшон тасреҳ карданд : Амнияти як кишвар барои ҳамаи фаъолиятҳо дар ҷиҳати пешрафт зерсохти асосӣ аст ; амният муҳимтарин масаълае аст, ки дар нигоҳ ба нерӯҳои мусаллаҳ бояд мавриди тавваҷуҳ қарор бигирад.

18 September 2021

Имом Хоманаӣ субҳи имрӯз (шанбе) дар дидори медоловарони бозиҳои олимпӣ ва паралимпии Токио, бо қадрдонии самимона аз қаҳрамонони Эрон гуфтанд, муҳимтарин паёми қаҳрамонии варзишкорони ифтихорофарини кишвар дар саҳнаҳои байналмилалӣ,имкони таҳаққуқи корҳои ба зоҳир нашуданӣ ва интиқоли паёми истодагӣ ва умеду нишот ба ҷомеъа ва ҷавонон аст.


Имом Хоманаӣ дар ин дидор ба намунаҳое аз қаҳрамониҳо ва медоловариҳои носолим дар варзиши ҷаҳон ишора карданд ва афзуданд, илова бар нодовариҳо, ришва ва кашмакашиҳо сиёсӣ ва истифода аз маводи нерӯзо, касби медол ба воситаи ватанфурӯшӣ ва худфурӯшӣ низ аз намунаҳои қаҳрамонии носолим аст.

Имом Хоманаӣ таҷаллии арзишҳои инсонӣ ва динӣ ва маънавӣ дар канори қаҳрамониро бисёр арзишманд хонданд ва бо ишора ба намунаҳое аз ин маворид дар рақобатҳои олимпӣ ва паралимпӣ гуфтанд, бонувони варзишкори эронӣ дар ин рақобатҳо собит карданд, ки ҳиҷоби исломӣ монеъи дурахшиш дар арсаи варзиш нест ҳамон гуна, ки ин мавзӯро дар арсаҳои сиёсату илм ва мудирият низ собит кардаанд.

Раҳбари муаззами Инқилоби Исломӣ хотирнишон карданд, ҳиҷоби варзишкоронзани эронӣ, роҳро барои варзишкоронзани кишварҳои исломӣ низ ҳамвор кардааст ба гӯнае, ки акнӯн бонувони варзишкор беш аз 10 кишвари исломӣ, бо риояти ҳиҷоб дар маёдини варзишӣ ҳозир мешаванд.

Имом Хоманаӣ мавзӯи ба расмият нашинохтан режими ҷинояткори саҳюнистӣ дар маёдини варзиширо мавзӯе бисёр муҳим донистанд ва гуфтанд, режими наслкуш ва номашрӯи саҳюнистӣ талош дорад бо ҳузур дар майдонҳои байналмилалии варзишӣ барои худ касби машрӯъият кунад ва мустакбирини ҷаҳонӣ низ ба ӯ кумак мекунанд, аммо масъулони муҳтарами варзишӣ ва варзишкорон набояд дар ин ҳавза, ба ҳеҷ ваҷҳ мунфаил шаванд.

Эшон бо ишора ба иқдомоти мутақобили режими саҳюнистӣ ва ҳомиёнаш барои маҳрӯм кардани варзишкорон, таъкид карданд, вазорати варзиш ва вазорати умури хориҷа ва дастгоҳҳои ҳуқуқӣ бояд ин мавзӯро аз роҳҳои ҳуқуқӣ дунбол ва аз варзишкорони кишвар ва ҳатто варизишкорони мусулмони дигари кишварҳо ҳамчун варзишкори алҷазоирӣ, ки ахиран маҳрӯм шуд, ҳимоят кунанд.

Валии амри мусалмонони ҷаҳон бо таъкид бар инки варзишкори сарбаланди эронӣ наметавонад ба хотири як медол бо намояндаи режими ҷинояткор даст бидиҳад ва амалан ӯро ба расмияти бишиносад, афзуданд, ин мавзӯ собиқа дорад ва дар гузашта ҳам варзишкорони кишварҳо аз мусобиқа бо намояндагони режими апартеиди Африқои Ҷанубӣ имтиноъ мекарданду баъд аз муддате ҳам он режим аз байн рафту режими саҳюнистӣ низ нобуд хоҳад шуд.

18 September 2021

Қаҳрамонони олимпӣ ва паралимпии 2020 имрӯз (шанбе) бо Валии амри мусалмонони ҷаҳон дидор мекунанд.


Дар пайи пирӯзиҳои ахири варзишкорони Эрон дар рақобатҳои байналмилалӣ, қаҳрамонони корвони варзишии Ҷумҳурии Исломии Эрон дар бозиҳои олимпӣ ва паралимпии 2020 Токио, субҳи имрӯз (шанбе) бо Имом Хоманаӣ дидор хоҳанд кард.

Ин дидор бо риояти завобит ва дастуруламалҳои беҳдоштӣ дар Ҳусайнияи Имом Хумайнӣ (р) баргузор хоҳад шуд.

Пеш аз ин ва дар поёни баргузории ин мусобиқот, Имом Хоманаӣ дар паёмҳои ҷудогона, ановини ба даст омада аз сӯи варзишкорони Эронро, ки боиси шодии дили мардум шуда буд, ба онон табрик гуфта буданд.

Корвони олимпии Эрон дар Олимпиадаи Токио 2020, муваффақ ба касби ҳафт медол (3 тилло, 2 нуқра, 2 бурунз) ва рутбаи бисту ҳафтум шуда буд.

Ҳамчунин қаҳрамонони паралимпии Эрон, ки ба ёди шаҳиди сипаҳбад Ҳоҷ Қосими Сулаймонӣ бо унвони «Корвони сардори дилҳо» дар мусобиқоти Токио ширкат карда буданд, бо касби 24 медол (12 тилло, 11 нуқра, 1 бурунз) ва рутбаи сездаҳум, беҳтарин натиҷаи таърихи варзиши ҷонбозон ва маълулини Эрон дар адвори паралимпиро аз-они худ карданд.

11 September 2021

Дар пайи бозгашти новгурӯҳи 75 нерӯи дарёӣ аз дарёнавардии паҳнаи Атлас, раҳбари муаззами Инқилоби Исломӣ дар паёме бозгашти муқтадирона ва иззатофарин аз ин маъмурияти хатирро табрик гуфтанд.



Имом Хоманаӣ бо табрики бозгашти муқтадирона ва иззатофарин новгурӯҳи 75 нерӯи дарёии артиш аз маъмурияти таърихсози дарёнавардии паҳнаи Уқёнуси Атлас, аз фармондеҳ ва якояки коркунони он қадрдонӣ карданд.

Матни паёми Имрм Хоманаӣ, ки ба генерал Мӯсавӣ, фармондеҳи кулли Артиши Ҷумҳурии Исломии Эрон иблоғ шуд, ба ин шарҳ аст: Бозгашти муқтадирона ва иззатофарини новгурӯҳи 75 нерӯи дарёии Артиши Ҷумҳурии Исломии Эрон аз маъмурияти хатири дарёнавардии паҳнаи Уқёнуси Атласро, ки барои аввалин бор дар таърихи дарёнавардии кишвар анҷом шудааст, табрик мегӯям.

Дар ин паём омадааст, имрӯз шукри Худо Артиши Ҷумҳурии Исломии Эрон бо коркунони басир, ғаюр ва хастагинопазири худ дар саҳна ҳозир аст ва омодаи муҷоҳидат дар ростои аҳдофи баланди инқилоби шукӯҳманди исломӣ мебошад.

Валии амри мусалмонони ҷаҳон дар ин паём таъкид карданд, ин тавонмандиҳоро ҳифз кунед ва иртиқо диҳед. Маротиби ташаккур ва қадрдонии инҷонибро ба фармондеҳ ва якояки коркунони азизи новгурӯҳ ва дастандаркорон бирасонед.

27 May 2021

Раҳбари муъаззами инқилоби исломии хитоб ба миллати Эрон таъкид карданд: Касоне ки нарафтан ба пои сандуқро тарвиҷ мекунанд, дилсӯзи мардум нестанд.

Имрӯз ( панҷшанбе ) дар аввалин солгарди оғоз ба кори маҷлиси ёздаҳум аз тариқи иртиботи тасвирӣ бо саҳни Маҷлиси шӯрои исломӣ, бо намояндагони мардум сухан гуфтанд.

  Раҳбари муъаззами инқилоби исломӣ хитоб ба миллати Эрон таъкид карданд : Ба ҳарфи ин касоне, ки тарвиҷ мекунанд ки фоидаӣ надорад, неравем, намеравем пои сандуқи раъй эътино накунед, инҳо дилсӯзи мардум нестанд .

Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ афзуданд : Ба мардуми азизамон арз мекунам: Миллати азизи Эрон интихобот дар як рӯз анҷом мегирад, аммо асари он дар чанд сол боқӣ мемонад.

Раҳбари муъаззами инқилоби исломӣ тасреҳ карданд : Дар интихобот ширкат кунед ва интихоботро мутаъаллиқ ба худатон бидонед, ки мутаъаллиқ ба шумост ва аз Худо кумаку ҳидоят бихоҳед, ки Шуморо ҳидоят кунад ба ончӣ ки дуруст ва ҳақ аст ва ба касе, ки шоистааст ва биравед пои сандуқ ва раъй бидиҳед .

Дар ибтидои ин ҷаласа Муҳамадбоқири Қолибоф-раиси Маҷлиси шӯроии исломии Эрон гузорише аз амалкарди яксолаи маҷлиси ёздаҳум ироа кард .

Пурбоздидтаринҳо

All rights reserved This website is owned 2017