this is a title for here

 

 Таъмиқи ҳар чӣ бештари равобит комилан ба нафъи Эрон ва Туркманистон аст

  Operator 15 June 2022 64 Read

Валии амри мусалмонони ҷаҳон, дар дидори раиси ҷумҳурии Туркманистон, таъмиқи ҳар чӣ бештари равобитро комилан ба нафъи ҳар ду кишвар донистанд.


Имом Хоманаӣ, Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ (чаҳоршанбе) дар дидори Сардор Бердимуҳаммадов, раиси ҷумҳурии Туркманистон ва ҳайати ҳамро, густаришу таъмиқи ҳар чӣ бештари равобитро комилан ба нафъи ҳар ду кишвар донистанд ва гуфтанд: Сиёсати давлати Ҷумҳурии исломии Эрон густариши равобит бо кишварҳои ҳамсоя аст ва ин сиёсате комилан дуруст аст.

Эшон бо таъкид бар ин ки лозимаи убур аз мавонеъ баста ба азму иродаи ҷиддии ду кишвар барои густариши равобит аст, афзуданд: Албатта, равобити дӯстона миёни Эрону Туркманистон мухолифине дар сатҳи минтақаву байналмилал дорад, вале бояд бар мавонеъ пирӯз шуд.

Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ таъкид карданд: Бояд комиссияи ҳамкориҳои муштарак миёни ду кишвар ба сурати ҷиддӣ фаъол бошад ва бо пайгирии мустамар, тавофуқҳо ба саранҷом барисанд.

Дар ин дидор, ки Сайид Иброҳими Раисӣ, раиси ҷумҳурии Эрон низ ҳузур дошт, Сардор Бердимуҳаммадов, раиси ҷумҳурии Туркманистон гуфт, авлавияти давлати Туркманистон густариши равобит бо ҳамсоягон аст ва талош дорем бо тавваҷуҳ ба асноди ҳамкорие, ки имрӯз имзо шуд, равобити хуби ду кишварро дар ҳавзаҳои мухталиф, ба вижа газ, барқ ва ҳамлунақли коло ва ҳамчунин иҷрои тарҳҳои бузург беш аз пеш таҳким бубахшем.

Раиси ҷумҳурии Туркманистон бо ишора ба сиюэмин солгарди равобити ду кишвар, хитоб ба Раҳбари муаззами инқилоби исломии Эрон гуфт: Аз тарафи худ ва ҳамчунин миллати Туркманистон аз ҷаноби олӣ ба далели ҳимоятҳои ҳамешагӣ аз таъмиқи равобити Эрону Туркманистон ташаккур ва қадрдонӣ мекунам.

Пурбоздидтаринҳо

All rights reserved This website is owned 2017