this is a title for here

 

 Дидори Эмомалӣ Раҳмон бо Имом Хоманаӣ

  Operator 30 May 2022 127 Read

Эмомалӣ Раҳмон, Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳайати ҳамроҳ асри имрӯз, душанбе бо ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ, Раҳбари муаззами инқилоби исломии Эрон дидор кард.


Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ дар дидор бо Эмомалӣ Раҳмон раиси Ҷумҳӯри Тоҷикистон ва ҳайати ҳамроҳ бо ишора ба иштирокоти амиқи таърихӣ, динӣ, фарҳангӣ ва забонии Эрон ва Тоҷикистон, дукишварро ҳамчун хешованд ва бародар хонданд.

Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ, рӯзи душанбе дар ин дидор дар бахше аз баёноташон бо таъкид бар ин ки яке аз арсаҳои ҳамкорӣ ва ҳамфикрӣ миёни Эрон ва Тоҷикистон, масъалаи минтақа ва ба вижа вазъияти Афғонистон аст, гуфтанд: Нигарониҳои Эрон ва Тоҷикистон дар бораи Афғонистон муштарак аст ва ҳарду кишвар аз густариши терроризм ва рушди гурӯҳҳои такфирӣ дар ин кишвар нигарон ҳастанд ва мо муътақидем, ки оқоёне, ки акнӯн дар Афғонитсон бар сари кор ҳастанд бояд битавонанд бо як ҳукумати ҷомеъ ва фарогир аз ҳама гурӯҳҳо истифода кунанд.

Эмомалӣ Раҳмон раиси Ҷумҳӯри Тоҷикистон низ дар ин дидор бо ибрози хурсандии фаровон аз ҳузур дар Теҳрон ва дидор бо Раҳбарӣ муаззами инқилоби исломӣ, нигарониҳои амниятӣ ба вижа дар бораи Афғонистон ва густариши терроризмро аз мавзӯъоти муҳим миёни дукишвар баршумурд ва гуфт: Мо хостори сулҳ ва оромиш ва ҳукумате бо ҳузури ҳамаи қавмиятҳо, дар Афғонистон ҳастем ва умедворем бо афзоиши ҳамкориҳои амниятии Эрон ва Тоҷикистон битавон бар нигарониҳо ғалаба кард.

Дар ҳоли ҳозир, Осиёи Марказӣ ҳамчунон бо чолишҳои ҷидди ноши аз фаъолиятои террористӣ мувоҷҷеҳ аст. Эрон ва Тоҷикистон низ дар ҳавзаи амниятии таҳдидоти муштарак ҳамчун қочоқи маводи мухадир, терроризм ва ифротгароӣ доранд ва ҳар дукишвар пеш аз ин борҳо нигаронии сареҳи худро дар бораи қудратгирии ДОИШ дар Афғонистонро иброз доштаанд.

Гурӯҳи Толибон аммо пайваста таъкид кардааст, ки тавони таъмини амният ва муқобила бо чолишҳои амниятиро дорад ва ДОИШ аз назари онҳо таҳдиди бузурги нест, ин дар ҳоле аст, ки фақат дар ду ҳафтаи ахири моҳи мубораки Рамазон дар Афғонистон ҳудуди 700 нафар кушта ва ё захмӣ шуданд, ки масъулияти бештари ин кушторҳоро ДОИШ бар ӯҳда гирифт.

Марзҳои шимолӣ Афғонистон бо Тоҷикистон аз манотиқи аст, ки густариши нооромиҳо дар он метавонад сабаби бесуботии бештар дар минтақа шавад. Мақомоти Тоҷикистон ахиран эълом карданд, ки чаҳор мӯшаки дастсоз аз шаҳристони Хоҷағори вилояти Таххор ба самти Тоҷикистон шилик шудаат, ки ДОИШ масъулият ин ҳамалотро низ бар ӯҳда гирифтааст.

Яке дигар аз таҳдидоти ҷидди дар минтақаи Осиёи Марказӣ тиҷорати маводи мухадир аст, ки давлатҳои минтақа аз ҷумла Эрон ва Тоҷикистон бо он мувоҷҷеҳанд. Тавлид ва қочоқи маводи мухадир аз ҷумла манобеъи аслии таъмини молии гурӯҳҳои террористӣ маҳсуб мешавад. Бар ҳамин асос афзоиши рӯзафзуни тавлиди маводи мухадир дар Афғонистон ва қочоқи он барои интиқол ба Аврупо ва Амрико, таҳдиди ҷидди барои Эрон ва Тоҷикистон аст, ки марзҳои тӯлони бо Афғонистон доранд.

Бинобарин, вазъияти бесуботии минтақа ноши аз фаъолиятҳои ДОИШ ва соири фаъолиятҳои террористи дар хоки Афғонистон дар пайи иҷрои сиёсатҳои ғайри масъулонаи Амрико дар он кишвар ва ҳачунин интиқоли террористҳои ДОИШ аз Ироқ ва Сурия ба Афғонистон, ниёзманди таваҷҷӯҳи ҷидди аст. Дар чаҳорумин нишасти гуфтугӯи амниятии минтақаие ки 27-уми май бо ҳузури кишварҳои Эрон, Русия, Ҳинд, Чин, Узбакистон, Қазоқистон ва Қирғизистон дар шаҳри Душанбеи Тоҷикистон баргузор шуд низ бар зарурати ташкили давлати фарогир, масъулият пазири гурӯҳи толибон ба унвони ҳокими кунӯнии Афғонистон барои ҷилавгирӣ аз фаъолиятҳои гурӯҳҳои террористӣ ва таҳдиди амниятии кишварҳои ҳамсоя ва ҳамчунин муқобила бо қочоқи маводи мухадир таъкид шуд.

Аз назари Ҷумҳӯри Исломии Эрон, тавсиа ва таҳкими ҳамкориҳои дуҷониба ва минтақаи пиромуни мубориза бо терроризм аз ҷумла дар Афғонистон зарурӣ аст ва ҳамонгӯна, ки Раҳбари муаззами инқилоб таъкид кардаанд, ин мавзӯъ яке аз арсаҳои ҳамкории Эрон ва Тоҷикистон аст, ки дар бораи он нигаронии муштарак доранд.

Пурбоздидтаринҳо

All rights reserved This website is owned 2017