this is a title for here

 

 Аз сӯи Имом Хоманаӣ; соли 1401 « Тавлид; донишбунён, иштиғолофарин» номгузорӣ шуд

  Operator 20 March 2022 26 Read

Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ-Раҳбари инқилоби исломӣ дар паёме ба муносибати оғози соли 1401, соли ҷадидро соли «Тавлид; донишбунён, иштиғолофарин» номгузорӣ карданд.


Раҳбари инқилоби исломӣ дар паёме ба муносибати оғози соли 1401, соли ҷадидро соли «Тавлид; донишбунён, иштиғолофарин» номгузорӣ карданд.

Матни паёми Раҳбари инқилоби исломӣ ба шарҳи зер аст:

Бисмиллоҳир-раҳмонир-раҳим Алҳамдуллоҳи Рабилоламин ва Саллаллоҳу ало Муҳаммадин ва ало Оли тоҳирин, сийямо Бақиятиллоҳи фил арзин

Ё Муқаллибал қулуби вал абсор, ё Мудаббирал лайли ван-наҳор, ё Муҳаввилал ҳавли вал-аҳвол,ҳаввил ҳолано ило аҳсанил ҳол!

Табрик арз мекунам иди Наврӯз ва оғози Соли нав ва табиати нав ва рӯзи наву рӯзгори навро, ки имсол мусодиф аст бо айёми нимаи Шаъбон, ки мутаъаллиқ аст ба хуршеди фурӯзони олами вуҷуд, ҳазрати Бақиятиллоҳ (арвоҳуно фидо).

Табрик арз мекунам ба миллати бузурги Эрон ва ба ҳамаи миллатҳои ҳамдилу ҳамсон. Ба таври хос табрик арз мекунам ба хонаводаҳои муаззами шаҳидон, хонадонҳои сабуру арзишманд, ки иншоаллоҳ Худованд сояи ин хонаводаҳои муаззамро аз сари миллати Эрон, аз сари мо кӯтоҳ накунад ва ҳамчунин ба ҷонбозони азизу хонаводаҳои богузашту сабури онҳо ва ҳамчунин ба исоргарону хидматгузорони самимии миллати Эрон дар майдонҳои мухталиф; чӣ дар майдони саломат, чӣ дар майдони амният, чӣ дар майдони муқовимат, чӣ дар майдони илм; ва ба ҳамаи ин азизон табрик арз мекунам, ин рӯзи ширину Иди муборакро.

Соли дигаре ҳам гузашт . Соли 1400 ҳам ба поён расид; бо ҳамаи шириниҳову талхиҳо ва фарозҳову фурӯдҳо, ки дар зиндагӣ табиӣ аст. Зиндагӣ маҷмӯъае аз ҳамин фарозу фурӯдҳо ва шириниҳову талхиҳост. Ишора кунам ба чанд авҷ аз ҳаводиси миллати Эрон, чанд фароз, чанд ширинии бузург, ки яке аз онҳо масаълаи интихобот буд. Интихоботи ҳақиқатан муҳим буд, бузург буд. Дар айни шиддати бемории ҳамагири корона дар авоили соли 1400 мардум омаданд пои сандӯқҳои раъй ва раъй доданд. Хеле муҳим аст. Дар ҳоле ки иҷтимои ду нафар дар як нуқта хатарнок буд. Он рӯзҳое ,ки мо садҳо нафар дар рӯз талафот доштем; шояд панҷсад, шашсад ва шояд ҳам бештар. Дар як чунин шароите интихобот баргузор шуд. Мардум омаданд ширкат карданд ва хуб давлати тозанафас ба майдон омад, ки он тавре ки қароин нишон медиҳад давлати мардумӣ ва алоқаманд ба ҳаракатҳо ва ҳадафҳои мардумӣ ва дорои ҳатти ҷудогонае ғайр аз давлати муҳтарами қаблӣ, дар ҳоли ҳаракат ҳастанд ва умедҳоеро дар мардум зинда кардаанд, Биҳамдулиллоҳ.

Ин яке аз фарозҳо ва авҷҳои ҳаводиси миллати Эрон буд. Як мавриди дигар муқобилаи ҷиддӣ бо бемории ҳамагири корона буд, ки ба маънои воқеии калима мубориза шуд, муқобила шуд. Талафоти ин бемории хатарнок аз рӯзе чандсадтоӣ расид дар як бурҳае ба рӯзе бист то, ҳаждаҳ то масалан; ба инҷоҳо расид . Агарчӣ боз як миқдоре боло рафта, аммо тафовути байни ин вазъияте ки хуб биҳамдулиллоҳ воксан дар ихтиёри ҳама қарор гирифт бо он вазъияти он рӯз тафовути зиёде аст. Як авҷи дигар пешрафти илму фанноварӣ буд. Тавлиди чанд навъи воксан дар кишвар, ки баъзе мавриди таъйиди ҷаҳонӣ ҳам қарор гирифт ва ҳаракатҳои мухталифи илмӣ ва фаннӣ аз воксан бигиред то моҳвора; дар ҳамаи ҷиҳот биҳамдулиллоҳ кишвар корҳои муҳимме дошт. Инҳо авҷҳои бузурги соли 1400 буд.

Дар дохили кишвар ҳаводиси гӯногӯни дигаре ҳам буд . Шириниҳои дигаре ҳам буд . Дар арсаи ҷаҳонӣ ҳам ҳамин тавр. Яке аз муҳимтарин ҳаводиси ширини соли 1400 ин буд, ки амрикоиҳо дар ҳамин авохир албатта омаданд эътироф карданд ба забон худашон гуфтанд, ки мо дар фишори ҳаддиаксарӣ алайҳи Эрон шикасти хиффатбор(шармандавор) хӯрдем. Таъбири «хиффатбор»-таъбири худи амрикоиҳост. Ҳодисаи муҳимме аст. Миллати Эрон пирӯз шуд. Миллати Эрони тавфиқ пайдо кард.

Ҳеҷ кас наметавонад инро ба худаш нисбат бидиҳад. Истодагии миллати Эрон ба як чунин пирӯзии бузурге расид. Ҳаводиси мутаъаддиди дигаре ҳам рух дод ; чӣ дар наздикии мо, чӣ дар дурдастҳо ки ҳама собит кард дурустии роҳи миллати Эрон дар муқобили истикборро. Нишон дод ки роҳи дуруст ҳамин роҳе аст, ки миллати Эрон дар муқобили истикбор дорад ҳаракат мекунад. Хуб инҳо шириниҳо буд. Талхиҳое ҳам доштем, ки аз байни ҳамаи талхиҳо онеро, ки аз ҳама ба назари ман сахттар ва муҳимтар аст арз мекунам ва он тангии маишати мардум; масъалаи гарониҳову таваррум ва ин чизҳо буд, ки хуб бояд ҳатман илоҷе бишавад. [Инҳо] чизҳои илоҷпазире аст, мушкилоти иқтисодӣ аст, ки мо имсол умедворем бахше аз инҳо бартараф бишавад, чун ҳамаи инҳо дафъатан бартараф намешавад, ба тадриҷ бартараф хоҳад шуд. Ин ки одам аҷала кунад бигӯяд на хайр ба ҳамин зудӣ, воқеъбинона нест.

Локин иншоаллоҳ умедворем баъзе аз инҳо дар тӯли 1401, ки соли аввали қарн ҳам ҳаст, қарни понздаҳуми ҳиҷрии шамсӣ иншоаллоҳ бартараф бишавад. Мо дар солҳои гузашта ҳар сол як унвонеро бо номи шиори сол матраҳ кардем барои инки масъулин умдатан қувваи муҷрия ва дар ҳошияи он қувваи муқаннана ва қувваи қазоия ва ҳамчунин оҳоди мардум он ҷое, ки ба мардум иртиботи мустақим пайдо мекунад дар ин ҷиҳат ҳаракат бикунанд .

Дар баъзе аз солҳо тавфиқоти хубе ҳам дар ин замина ба даст омада. Баъзе ҷоҳо ҳам албата дар баъзе солҳо камкориҳое вуҷуд дошта, ки дар соли 1400 мо масъалаи тавлид, монеъзудоиҳо ва пуштибониҳоро матраҳ кардем. Корҳои хубе ҳам нисбатан анҷом гирифта, ки боз ҳам идома дорад ва боистӣ идома пайдо кунад.

Дар ин чандсола банда барои шиори сол «тавлид»-ро умдатан меҳвар қарор додам бо як қайде, бо як хусусияте. Иллат ҳам ин аст, ки тавлид калиди ҳалли мушкилоти иқтисодии кишвар аст. Тавлиди миллӣ дар воқеъ роҳи аслии гузар аз сахтиҳову душвориҳои иқтисодӣ барои кишвар аст. Яъне муҳимтарин масоили иқтисодии кишварро масъалаи тавлид, ривоҷи тавлиди миллӣ ва равнақи тавлиди миллӣ ҳал мекунад. Табиати тавлид ин аст. Ин аст ки мо рӯйи тавлид такя кардем; яъне рушди иқтисодиро афзоиш медиҳад, иштиғол(касбу кор) эҷод мекунад, таваррумро коҳиш медиҳад, даромади саронаро афзоиш медиҳад, рифоҳи умумӣ эҷод мекунад.

Илова бар ин дорои таъсироти равонӣ аст; эътимод ба нафаси миллиро боло мебарад, эҳсоси иззатмандиро дар миллат ба вуҷуд меоварад. Тавлид як чунин иксире аст. Як чунин ҳодисаи муҳимме аст-тавлиди миллӣ, ، агар иншоаллоҳ ба беҳтарин ваҷҳ пеш баравад; аз ин рӯ мо дар ин чанд сол рӯйи масаълаи тавлид такя кардем. Бетаъсир ҳам набуд, биҳамдулиллоҳ таъсироти хубе ҳам дошт.

Имсол ҳам ман тавлидро мехоҳам матраҳ кунам. Мунтаҳо як лояи ҷадид, як чеҳраи ҷадид аз тавлидро мехоҳам матраҳ кунам ва он иборат аст аз тавлиде ки дорои ду хусусият бошад: яке инки иштиғолофарин бошад, яке инки донишбунён бошад. Тавлиди донишбунён-муттакӣ ба дониш, дониши ҷадиду пешрафтҳои илмӣ ва тавлиде ки иштиғолофарин бошад.

Албата ҳамаи тавлидҳо иштиғолофарин аст; мунтаҳо баъзе аз тавлидҳо бо инки сармоягузориаш анбуҳ аст, иштиғолофариниаш ончунон нест,локин баъзе на-иштиғолофарин аст, ки ҳоло ман иншоаллоҳ тавзеҳи инҳоро дар суханронии фардо то ҳудуде арз хоҳам кард. Агар чунончи мо тавлиди донишбунёнро меъёр қарор бидиҳем ва ба дунболи тавлиде биравем ки донишбунён бошад бо хусусиёте, ки арз хоҳам кард иншоаллоҳ дар суханронии рӯзи аввали сол ба назарам мерасад, ки мо дар ҳамаи ин ҳадафҳои иқтисодиамон як такони хуб, як ҳаракати рӯ ба пеши маҳсусе иншоаллоҳ хоҳем дошт. Масаълаи иштиғолофаринӣ ҳам ҳамин тавр; бинобарин имсол мо шиорамон иборат шуд аз ин: «Тавлид; донишбунён, иштиғолофарин». Ин тавлид аст .

Албата ман дархости муаккад дорам, соли гузашта ҳам инро гуфтам, ки иктифо накунанд дӯстон ба инки ҳоло рӯйи коғазҳои сарбаргҳои дастгоҳҳои гӯногӯн бинависанд ин иборатро ё масалан фарз кунед ки як тоблу дуруст кунанд дар хиёбон масалан бизананд; инҳо кор нест . Умда инаст ки ба маънои воқеии калима рӯйи ин сиёсатгузорӣ бишавад. Албата ин давлат бо вазъе ки ман мушоҳида мекунам, бо таҳарруке ки раиси ҷумҳӯри муҳтараму ҳамкорони эшон доранд,иншоаллоҳ пешрафт хоҳад кард. Яъне ин шиор рӯйи замин нахоҳад монд ба тавфиқи Илоҳӣ. Локин ҳарчӣ бештар кор бишавад, бештар талош бишавад,беҳтар хоҳад буд.

Умедворем иншоаллоҳ, ки Худои мутаъол барои миллати азизи Эрон дар ин сол, дар ин ид, дар ин фурсати муғтанами яксола хайр ирода бифармояду мардумро хурсанд кунад, зиндагиҳоро иншоаллоҳ ширин кунад, мардумро дилшод кунад ва арвоҳи тайибаи шуҳадои азизамон, рӯҳи мутаҳҳари Имоми бузургворамон, Имоми роҳил (ризвонуллоҳи алайҳ) иншоаллоҳ шод бошад ва салому иродату ихлоси ҳамаи моро ба хоки пои Бақиятиллоҳил-аъзам (арвоҳуно фидо) иншоаллоҳ,Худои муттаъол бирасонад.

Вассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳ

Пурбоздидтаринҳо

All rights reserved This website is owned 2017