this is a title for here

Суханронӣ
23 August 2021

Имом Хоманаӣ дар паёме даргузашти олиму мутафаккири барҷаста Муҳаммадризо Ҳакимиро таслият гуфтанд.


 

Дар паёми Имом Хоманаӣ-Валии амри мусалмонони ҷаҳон омадааст :

Бо таъассуфу таъассур хабари даргузашти олиму мутафаккири барҷаста, ҷаноби оқои Муҳаммадризо Ҳакимӣ қудсиаллоҳу нафасаро дарёфт кардам . Ишон донишманди ҷомеъ, адиби чирадаст, андешаварзи навовар ва исломшиноси адолтхоҳ буданд . Ишон умрро фориғ аз орояҳову пирояҳои моддӣ дар хизмати маорифи волои Қуръону Суннат гузаронда ва осори арзишманд аз худ ба ҷо ниҳоданд .

Раҳбари муъаззами инқилоби исломӣ дар ин паём афзуданд : Баҳрагирӣ аз маҳзари пурфайзу нафаси гарми устодони маърифату маънавият дар Машҳади муқаддас ва захирае аз таваккулу таъаббуд ғинои нафс дар дилу ҷони ин шахсияти азиз ба ҷо ниҳода буд, ки то охири умри бобаракаташ вайро устувор медошт . Ин ҷониб фиқдони андуҳбори ин рафиқи деринро ба хонадони мукаррами Ҳакимӣ ва бозмондагон бавижа бародари бузургвори ишон ва низ ба ҳамаи дӯстону алоқамандони он марҳум таслият арз мекунам ва раҳмату мағфирати илоҳиро барои вай масъалат менамоям .

Муҳаммадризо Ҳакимӣ, муҷтаҳиди мусалмон ва файласуфу нависандаи эронӣ, ки чанде пеш бар асари корона дар бемористон бистарӣ буд, шомгоҳи якшанбе даъвати ҳақро лаббайк гуфт .

17 August 2021

Бо ҳукми Валии амри мусалмонони ҷаҳон, адмирал Шаҳроми Эронӣ ба фармондеҳии нерӯи дарёии артиш мансӯб шуд.


Имом Хоманаӣ, фармондеҳи муаззами кулли қуво дар ҳукме адмирал Шаҳроми Эрониро ба фармондеҳии нерӯи дарёии артиши Ҷумҳурии Исломии Эрон мансӯб карданд.

Матни ҳукми фармондеҳи муаззами кулли қуво ба ин шарҳ аст: Адмирали дувум Шаҳроми Эронӣ, назар ба тааҳҳуд ва ҳусни савобиқ ва пешниҳоди фармондеҳи кулли артиш, шуморо бо эътои дараҷаи адмирал ба симати фармондеҳи нерӯи дарёии артиши Ҷумҳурии Исломии Эрон, мансуб мекунам. Дар ҳукми раҳбари муаззами Инқилоби Исломӣ омадааст, иҳтимоми ҷиддӣ ва шоиста дар баҳрабардорӣ аз зарфиятҳои нерӯ ва артиш ва нерӯҳои мусаллаҳу кишвар барои пешбурди ҷиҳодӣ ва инқилобии он нерӯ, иртиқои тавону омодагии ҳамаҷониба бар пояи рушду таъолии сармояи инсонӣ мавриди интизор аст. Раҳбари муаззами Инқилоби Исломӣ ҳамчунин, аз талошҳои муассири адмирал Ҳусайни Хонзода дар ин масъулият, ташаккур карданд.

3 August 2021

Валии амри мусалмонони ҷаҳҳон, дар ҳукми танфизи раёсатҷумҳурӣ бар майдон додан ба ҷавонон, рафъи мавонеи тавлид, тақвияти пули миллӣ ва тавонмандсозии мардум таъкид карданд.


Маросими танфизи ҳукми раёсатҷумҳурии давраи сездаҳум, дар Ҳусайнияи имом Хумайнӣ (р) имрӯз баргузор шуд ва Имом Хоманаӣ Валии амри мусалмонони ҷаҳҳон бо танфизи раъйи миллат, Саидиброҳими Раисиро ба раёсатҷумҳурии исломии Эрон мансуб карданд.

Имом Хоманаӣ дар ҳукми танфиз, ҳузури пурмаъно ва иззатофарини мардум дар интихобот ва интихоби шахсияте мардумӣ, парҳезгор ва дорои савобиқи дурахшони мудириятиро нишонаи азми росихи миллат бар паймудани масири нӯронии инқилоб яъне масири адолат, пешрафт ва озодӣ донистанд.

Валии амри мусалмонони ҷаҳҳон, бо ишора ба омодагии кишвар барои ҳаракати ҷаҳишӣ дар ҳамаи арсаҳо, бар рафъи мавонеи тавлид, тақвияти пули миллӣ, тавонмандсозии қишрҳои мутавассит ва поини ҷомеа ва ҳаракати пуршитоб ба самти ҷойгоҳи шоистаи кишвар таъкид карданд.

Дар матни ҳукми танфиз омадааст: Худованди алим ва қадирро сипос мегӯям, ки бо фазлу инояти худ, Эронро бори дигар дар озмуни сиёсӣ ва иҷтимоии интихобот сарафроз фармуд ва миллати азимушаън, дар шароитии печида ва душвор, бо ҳузури пурмаъно ва иззатофарини худ, ҳокимияти раъйи мардум бар идораи умури кишварро намоён сохт ва бо интихоби шахсияте мардумӣ ва олиқадр, аз табори сиёдат ва илм ва мазин ба парҳезгорӣ ва хирадмандӣ ва дорои савобиқи дурахшони мудирият, азми росихи худро бар паймудани масири нӯронии инқилоб, ки масири адолат ва пешрафту озодӣ ва иззат аст, нишон дод.

Дар идомаи матни ҳукми танфиз омадааст, имрӯз меҳани азизамон, ташнаи хизмат ва омодаи ҳаракати ҷаҳишӣ дар ҳамаи арсаҳо ва ниёзманди мудирияте бокифоят ва ҷиҳодӣ ва доно ва шуҷоъ аст, ки битавонад тавонмандиҳои ошкору наҳуфтаи миллат, бавижа ҷавононро, ки бисёр фаротар аз мушкилот аст, басиҷ карда ва ба майдони кору талоши созанда оварад. Мавонеъро аз сари роҳи тавлид бардорад, сиёсати тақвияти пули миллиро баҷид дунбол кунад ва қишрҳои мутавассит ва поини ҷомеаро, ки сангинии мушкилоти иқтисодӣ бар души онҳост, тавонманд созад, мудирияте, ки бо машии фарҳангии хирадмандона, масири эътилои моддӣ ва маънавии миллати Эронро ҳамвор карда, ҳаракати кишвар ба самти ҷойгоҳи шоистаашро шитоб бахшад. Акнун бо ташаккур аз мардуми азиз ва бо пайравӣ аз гузиниши онон, раъй ба алими фарзона ва хастагинопазир ва корозмуда ва мардумӣ, ҷаноби ҳуҷҷатулислом оқои Саидиброҳими Раисиро танфиз ва эшонро ба раёсатҷумҳурии исломии Эрон мансуб мекунам ва аз Худованди мутаол ва тавфиқу сарбаландии эшон ва ҳамкоронашонро масаллат менамоям ва ёдоварӣ мекунам, ки раъйи миллату танфизи инҷониб то ҳангомест, ки машии ҳамешагии эшон дар паймудани сироти мустақими ислом ва инқилоб идома дошта бошад, ки ба фазли иллоҳӣ чунин хоҳад буд.

28 July 2021

Валии амри мусалмонони ҷаҳон дар дидори раиси ҷумҳурӣ ва аъзои ҳайати давлат, дар охирин рӯзҳои фаъолияти давлати дувоздаҳум таъкид карданд: Мутлақан набояд барномаҳои дохилиро ба ҳамроҳии Ғарб мавкул ва баста кард, зеро ҳатман шикаст хоҳад хурд.

Имом Хоманаӣ, Валии амри мусалмонони ҷаҳон рӯзи чаҳоршанбе, дар охирин дидори раиси ҷумҳурӣ ва давлати дувоздаҳум бо эшон, бо табрики иди саиди Ғадир ба умуми мусулмонон, ба вижа миллати азизи Эрон, фурсати хидмат ба мардумро неъмате илоҳӣ донистанд ва гуфтанд: “Барои шукри ин неъмат бояд аз ҳамаи тавон барои пешбурди аҳдофи инқилоб истифода кард”.

Эшон дар арзёбии амалкарди давлат гуфтанд: “Амалкарди давлати оқои Рӯҳонӣ дар бахшҳои мухталиф яксон набудааст, дар бархе маворид бар тибқи интизорот буд, аммо дар бархе маворид ин гуна набуд”.

Имом Хоманаӣ лузуми истифода аз таҷрибаҳои давлатҳои ёздаҳум ва дувоздаҳум дар ояндаро хотирнишон карданд ва афзуданд: “Як таҷрибаи бисёр муҳим дар ин даврон иборат аст аз беэътимодӣ ба Ғарб, ки ояндагон бояд аз он истифода кунанд. Дар ин давлат маълум шуд, ки эътимод ба Ғарб ҷавоб намедиҳад ва онҳо кумак намекунанд. Ҳар ҷо ки битавонанд зарба хоҳанд зад ва агар ҷое ҳам зарба намезананд, ба ин далел аст, ки наметавонанд”.

Валии амри мусалмонони ҷаҳон хитоб ба раиси ҷумҳурӣ ва аъзои давлат афзуданд: “Ҳар ҷо ки корҳоро машрут ба Ғарб ва музокира бо он ва Амрико кардед, номуваффақ будед ва ҳар ҷо ки бидкни эътимод ба Ғарб ҳаракат ва аз онҳо қатъи умед кардед, муваффақ будед ва пеш рафтед”.

Эшон ба музокироти ахири Вена низ ишора карданд ва зимни ибрози ризоият аз заҳамоти дипломатҳову амалкарди хуби баъзе аз онҳо дар ин музокирот гуфтанд: “Амрикоиҳо дар ин музокирот бар сари мавзеи инодомез (саркашӣ ва душмани) –и худ муҳкам истоданд ва як қадам ҳам пеш наомаданд. Амрикоиҳо дар забон ва ваъда мегӯянд, таҳримҳоро бар медорем, аммо таҳримҳоро барнадоштанд ва барнамедоранд, зимни он ки шарти ҳам мегузоранд ва мегӯянд, ки бояд дар ҳамин тавофуқ ҷумлаей бигунҷонед, ки баъдан дар бораи бархе мавзӯот суҳбат шавад, вагарна тавофуқе нахоҳем дошт”.

Имом Хоманаӣ гуфтанд: Онҳо мехоҳанд бо гузоштани ин ҷумла, баҳонае барои дахолатҳои баъдии худ, дар бораи асли БарҶом ва масоили мушакӣ ва минтақаӣ фароҳам кунанд ва агар Эрон ҳозир ба баҳс дар бораи онҳо нашавад, бигӯяд, тавофуқро нақз кардаед ва ва тавофуқ бетавофуқ.

Пеш аз суханони Валии амри мусалмонони ҷаҳон, Ҳасани Руҳонӣ, раиси ҷумҳурти Эрон бо ташаккур аз ҳимоятҳову ҳидоятҳои Раҳбари инқилоб аз давлат дар тӯли давраи ҳаштсола, гузорише аз иқдомоту фаъолиятҳои давлат баён кард.

28 July 2021

Валии амри мусалмонони ҷаҳон, дар паёме даргузашти рӯҳонии парҳезгор ва солеҳ ҳуҷҷатулислом Ҳоҷ Саидризо Ҳусайниро таслият гуфтанд.

Имом Хоманаӣ, Валии амри мусалмонони ҷаҳон, рӯзи сешанбе дар паёме даргузашти рӯҳонии парҳезгору солеҳ ҳуҷҷатулислом Ҳоҷ Саидризо Ҳусайнӣ, падари ҳамсари ҳуҷҷатулислом валмуслимин Муҳаммад Маҳмадии Гулпойгониро таслият гуфтанд.

Валии амри мусалмонони ҷаҳон, тасреҳ карданд, даргузашти рӯҳонии парҳезгору солеҳ, Абул шаҳидайн, ҳуҷҷатулислом Ҳоҷ Саидризо Ҳусайниро ба ҷаноби олӣ ва дигар бозмондагон таслият арз мекунам ва раҳмату мағфирати Худованди раҳимро барои эшон масъалат менамоям.

23 July 2021

Валии амри мусалмонони ҷаҳон масъулони дастгоҳҳои давлатӣ ва ғайридавлатиро муваззаф карданд, ба сурати ҷиддӣ расидагӣ ба мушкилоту масоили мардуми устони Хузистон, ҷануби ғарби Эронро дунбол кунанд.

Имом Хоманаӣ, Валии амри мусалмонони ҷаҳон пеш аз зуҳри имрӯз (ҷумъа), пас аз дарёфти навбати дувуми ваксинаи “Ков Эрон Баракат” ба мушкилоти мардуми Хузистон ишора карданд ва гуфтанд: Дар рӯзҳои ахир яке аз нигарониҳои воқеан дардовар масъалаи оби Хузистон ва мушкилоти мардум буд.

Эшон бо гилоя аз риоят нашудани тавсияҳои зиёди қаблӣ дар бораи оби Хузистон ва фозилоби шаҳри Аҳвоз, маркази ин устон афзуданд: Агар он тавсияҳо мавриди таваҷҷуҳ қарор мегирифт, мусалламан вазъи кунунӣ эҷод намешуд, ки мардуми вафодори Хузистонро бо вуҷуди ин ҳама имконот ва истеъдодҳои табиӣ ва корхонаҷот дар устон, норозӣ ва нороҳат кунад.

Валии ами мусалмонони ҷаҳон, хотирнишон карданд: Мардум нороҳатии худро бурӯз доданд, аммо ҳеч гилае аз онҳо наметавон дошт, зеро масаълаи об, он ҳам дар он обу ҳавои гарми Хузистон масъалаи кӯчаке нест.

Эшон бо ишора ба ҳузури вафодоронаву фидокоронаи мардуми Хузистон дар хати мақдами мушкилоти ҳашт соли Дифои муқаддас гуфтанд: Ин мардум набояд дучори мушкилот бошанд ва агар дар вақти худ ба кори мардум расидагӣ мешуд, ин вазъият эҷод намешуд.

Имом Хоманаӣ дар ҳамин ҳол мардумро ба муроқибат дар муқобили тавтеаҳои душман тавсия карданд ва гуфтанд: Душман ба дунболи он аст, ки аз ҳар чиз алайҳи инқилобу кишвар ва масолеҳи мардум истифода кунад, бинобар ин бояд муроқибат шавад, ки баҳонае ба дасти он дода нашавад.

Валии амри мусалмонони ҷаҳон ҳамчунин бо қадрдонӣ аз муҷоҳидатҳои маҷмӯаҳои беҳдошту дармон дар муқобила бо беморӣ ва ба хусус аз заҳамоти донишмандону муҳаққиқон дар тавлиди ваксинаи дохилӣ, бар лузуми истимрори риояти комили шеваномаҳои беҳдоштӣ то таваққуфи густариши бемории корона таъкид карданд.

19 June 2021

Раҳбари муъаззами Инқилоби Исломӣ аз ҳузури ҳамосӣ ва шӯрангези миллати Эрон дар интихоботи 28 хурдод қадрдонӣ карданд.

Ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ, Раҳбари муъаззами Инқилоби Исломӣ рӯзи шанбе дар паёме ба муносибати ҳузури ҳамосӣ ва шӯрангези миллати Эрон дар интихоботи 28 хурдод, пирӯзи бузурги интихоботро миллати Эрон донистанд ва бо таъкид бар инки нагилоя аз душвории маӣшат, на мухолифи хониҳо бо ангезаи дилсард кардани мардум ва на авомиле монанди таҳдиди бемории фарогир ва бархе ихтилолҳо дар оғози соатҳои раъйгирӣ натавонист бар азми миллат фоиқ биёед, хитоб ба мунтахабони мардум дар масъулияти волои раёсатҷумҳурӣ ё узвияти шӯроҳо, гуфтанд, фурсати хидматгузорӣ ба кишвар ва миллатро қадар бидонед ва ангезаҳои Худоиро ҳамвора маддиназар дошта бошед.

Ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ хитоб ба миллати Эрон гуфтанд: ҳузури ҳамосӣ ва шӯрангез дар интихоботи 28 хурдод, сафҳае дурахшони дигаре бар ифтихороти шумо афзуд, дар миёнаи авомиле, ки ҳар як ба гунае метавонист мушорикат дар интихоботро камранг кунад, манозири чашмнавози иҷтимооти шумо дар марокизи раъйгирӣ дар саросари кишвар, нишонаи ошкоре аз азми росих ва дили умедвор ва дидае бедор буд.

Раҳбари муъаззами Инқилоби Исломӣ хотирнишон карданд: пирӯзи бузурги интихоботи дирӯз, миллати Эрон аст, ки як бори дигар дар баробари таблиғоти расонаҳои муздӯр ва душман ва васвасаи хомандешону бадхоҳон, қад барафрошт ва ҳузури худ дар қалби майдони сиёсии кишварро нишон дод.

Эшон афзуданд  Худованди алим ва қадирро бар тавфиқе, ки ба миллати Эрон ато карду назари раҳмате, ки бар Эрону Ҷумҳурии исломӣ афканд, шукри бепоён мегузорам ва ба миллати Эрон шодбош мегӯям ва ба ҳазароти муҳтараме, ки бо интихоби мардум ба масъулияти волои раёсатҷумҳурӣ ё узвияти шӯроҳо дар саросари кишвар даст ёфтаанд, ҳамроҳ бо арзи табрик, қадрдонӣ аз ин миллати бовафо ва пойбандии комил ба вазоиферо, ки дар қонун барои онон шумурда шудааст, ёдоварӣ мекунам.

Интихоботи сездаҳумин давраи раёсатҷумҳурии Эрон, шашумин давраи шӯроҳои исломии шаҳру рӯсто, нахустин миёндавраии ёздаҳумин давраи Маҷлиси шӯрои исломӣ ва дувумин миёндавраии панҷумин Маҷлиси хубрагони раҳбарӣ дирӯз (ҷумъа) баргузор шуд.

16 June 2021

Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ гуфтанд: Мардуми Эрон дар рӯзи ҷумъа бо ҳузури худ дар интихобот, ба низом обрӯ хоҳанд дод.

Имом Хоманаӣ, Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ рӯзи чаҳоршанбе дар суханронии телевизионӣ афзуданд: То камтар аз 48 соати дигар, як рӯйдоди сарнавиштсоз дар кишвар иттифоқ хоҳад афтод ва он иборат аст аз интихоботи раёсати ҷумҳурӣ ва интихоботи шӯроҳои шаҳру русто.

Эшон изҳор доштанд: Қатъан сарнавишти кишвар дар як бурҳаи замонӣ дар ҳамаи заминаҳо, дар заминаи иқтисод, масоили фарҳангӣ, амният, саломат ва ғайра вобаста ба амале аст, ки Шумо мардуми Эрон рӯзи ҷумъа иншоаллоҳ анҷом хоҳуд дод. Шумо бо ҳузури худатон ва бо раъйи худатон сарнавишти кишварро дар ҳамаи масоили умда рақам мезанед.

Имом Хоманаӣ гуфтанд: 

Ҳузури мардум дар низоми ҷумҳурии исломӣ дорои як асли муҳкам ва як санади мутқани фикрӣ аст ва сирфан як масъалаи сиёсӣ нест. Албатта, фавоиди сиёсии ҳузури мардум хеле зиёд аст, лекин илова бар инҳо ва муҳимтар аз инҳо, асли фалсафаи ҳузури мардум дар низоми ҷумҳурии исломӣ аст. Яъне дар ҷумҳурии исломӣ, ҷумҳурӣ як бахш ва исломӣ як бахш аст ва агар ҷумҳур ҳузур надошта бошанд, ҷумҳурии исломӣ таҳаққуқ пайдо намекунад.

Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ афзуданд: Ҳадафи душман ин аст, ки ин интихобот ба сурати матлуби ҷумҳурии исломӣ анҷом нагирад, яъне мардум аз низом фосила бигиранд. Чун адами ҳузури мардум дар интихобот табъан фосилагирии мардум аз низоми ҷумҳурии исломӣ аст ва ин ҳадафи онҳост.

Имом Хоманаӣ таъкид карданд: 

Матни мардум нишон доданд, ки ҳарчӣ душман хоста, инҳо акси онро анҷом доданд, ҳам дар мавриди интихобот, ҳам дар мавриди роҳпаймоиҳову масоили гуногуни дигар. Ин дафъа ҳам ба тавфиқи илоҳӣ ҳамин тавр хоҳад шуд ва мардум иншоаллоҳ ҳузур пайдо хоҳанд кард ва ба низоми ҷумҳурии исломӣ обрӯ хоҳанд дод.

27 May 2021

Раҳбари муъаззами инқилоби исломии хитоб ба миллати Эрон таъкид карданд: Касоне ки нарафтан ба пои сандуқро тарвиҷ мекунанд, дилсӯзи мардум нестанд.

Имрӯз ( панҷшанбе ) дар аввалин солгарди оғоз ба кори маҷлиси ёздаҳум аз тариқи иртиботи тасвирӣ бо саҳни Маҷлиси шӯрои исломӣ, бо намояндагони мардум сухан гуфтанд.

  Раҳбари муъаззами инқилоби исломӣ хитоб ба миллати Эрон таъкид карданд : Ба ҳарфи ин касоне, ки тарвиҷ мекунанд ки фоидаӣ надорад, неравем, намеравем пои сандуқи раъй эътино накунед, инҳо дилсӯзи мардум нестанд .

Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ афзуданд : Ба мардуми азизамон арз мекунам: Миллати азизи Эрон интихобот дар як рӯз анҷом мегирад, аммо асари он дар чанд сол боқӣ мемонад.

Раҳбари муъаззами инқилоби исломӣ тасреҳ карданд : Дар интихобот ширкат кунед ва интихоботро мутаъаллиқ ба худатон бидонед, ки мутаъаллиқ ба шумост ва аз Худо кумаку ҳидоят бихоҳед, ки Шуморо ҳидоят кунад ба ончӣ ки дуруст ва ҳақ аст ва ба касе, ки шоистааст ва биравед пои сандуқ ва раъй бидиҳед .

Дар ибтидои ин ҷаласа Муҳамадбоқири Қолибоф-раиси Маҷлиси шӯроии исломии Эрон гузорише аз амалкарди яксолаи маҷлиси ёздаҳум ироа кард .

20 May 2021

Шаҳрвандон ва хонаводаҳои кушташудагони ҳамлаи террористии мадрасаи Сайид-уш-Шуҳадои пойтахти Афғонистон аз паёми ҳамдардии Раҳбари Муаззами Инқилоби Исломӣ ба онҳо қадрдонӣ карданд.

Муҳаммад Юсуфи Носирӣ вакили гузари ноҳияи сездаҳуми шаҳри Кобул (намояндаи шӯрои  маҳал)гуфт: 

«Мардуми Афғонистон аз паёми ҳамдардии Раҳбари Муъаззами Инқилоби Исломӣ ба мардум ва хонаводаҳои кушташудагони мадрасаи Сайид-уш-Шуҳадо   ва ҳамчунин дилҷӯии эшон қадрдонӣ карданд.» 

Дар ҳамин ҳол мардуми Афғонистон аз пӯшиши хабарии муносиби хабаргузории садо ва симоии Ҷумҳурии Исломии Эрон аз ҳамлаи террористӣ ба мадрасаи Сайид-уш-Шуҳадо низ ташаккур карданд. 

Ҳазрат Раҳбари Муъаззами Инқилоби Исломӣ Оятуллоҳи Хоманаӣ  рӯзи 11 май дар дидор бо намояндагони ташаккулҳои донишҷӯии Эрон, ҳамлаи террористӣ ба мадрасаи Сайид-уш-Шуҳадои Кобулро ба шиддат маҳкум карданд ва гуфтанд:

«Лаънати худованд бар ҷинояткороне, ки ғунчаҳҳои мазлуми афғонистониро пар-пар карданд.» 

Бар асари инфиҷорҳои террористии рӯзи 8 май муқобили мадрасаи духтаронаи Сайид-уш-Шуҳадо дар ғарби Кобул ( пойтахти Афғонистон ) 90 нафар, ки бештар  духтарони донишомӯзи 11 то 15 сола буданд шаҳид ва 240 нафар захмӣ шуданд. 

18 May 2021

Панҷ  гурӯҳи муқовимати фаластинӣ дар ин номаҳо зимни ташаккур ва қадрдонии муҷаддад аз мавозеъи Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Раҳбари муъаззами инқилоби исломӣ дар ҳимоят аз муқовимати мардуми Фаластин ва ба расмият нашинохтани режими саҳюнистӣ, бар идомаи роҳи муқовимат то озодии Қудси шариф таъкид карданд ва баёноти раҳбари инқилоб дар Рӯзи Қудси имсолро нақшаи роҳи озодсозии Фаластин  хонданд. 

Ҷибҳаи мардумии озодибахши Фаластин ( дафтари фармондеҳии кулл ва дафтари сиёсӣ ), Ҷумбиши фатҳи интифоза, ҷибҳаи муборизаи мардумии Фаластин ва эътилофи нерӯҳои Фаластин дар ин номаҳо зимни таъкид бар нақши Ҷумҳурии Исломии Эрон ба унвони меҳвари иттиҳод ва муқовимати байни кишварҳои исломӣ, ном  ва ёди шаҳид Ҳоҷи Қосим Сулаймониро дар зинда нигаҳ доштани ормони Фаластин гиромӣ доштанд. 

Валии амри мусалмонони ҷаҳон Имом Хоминаӣдар суханронии зиндаи телевизиюнии ҷумъа  17 урдубиҳишт ( 7 май ), ки дар ду бахш  форсӣ ва арабӣ ва ба муносибат  дар Рӯзи Қудс эрод шуд бо ишора ба рушди таносуби қудрати нерӯҳои муқовимат, тағйири мувозинаи қуво дар сарзаминҳои ишғолиро ба нафъи ҷаҳони ислом донистанд. 

Эшон ҳамчунин раванди режими саҳюнистиро рӯ ба завол ва уфули дониста ва мантиқи мубориза бо ин режими ғосибро идомаи муқовимат то анҷоми як ҳамапурсӣ аз ҳамаи фаластиниҳои дохил ва хориҷи Фаластин барои таъини низоми сиёсии ояндаи ин кишвар эълом карданд. 

7 May 2021

Раҳбари Муаззами Инқилоби Исломӣ дар суханронии телевизеонӣ ба муносибати Рӯзи Ҷаҳонии Қудс бо ишора ба тағири мувозанаи қаво ва нафъи дунёи ислом, фармуданд: Ҳамафзоии муслимин бар меҳвари Қудси шариф, кобуси душмани саҳюнист ва ҳомиёни амрикоӣ ва аврупоист.

Матни комили баёноти Раҳбари Муаззами Инқилоби Исломӣ ба муносибати Рӯзи Ҷаҳонии Қудс ба шарҳи зер аст:

بسم الله الرحمن الرحیم

الحمد لله رب العالمین و الصلاة و السلام علی سیدنا محمد خاتم النبیین و اشرف الخلق اجمعین و علی آله الطیبین الطاهرین و صحبه المنتجبین و من تَبِعَهُم بإحسانٍ الی یوم الدین

Фаластин; муҳимтарин ва зиндатарин масъалаи уммати ислом

Моҷарои Фаластин, ҳамчкнон муҳимтарин ва зиндатарин масъалаи муштараки уммати исломӣ аст. Сиёсатҳои низоми сармоядории золим ва саффок, дасти як миллатро аз хонаи худ кӯтоҳ карда ва дар он режими террорист ва мардумии бегонаро нишонда аст.

Мантиқи таъсиси режими саҳюнистӣ

Сусттар ва бепоятар аз мантиқи пушолии таъсиси режими саҳюнистӣ чист?

Аврупоиҳо бинобар иддаои худ ба яҳудиён дар солҳои Ҷанги Дуввуми Ҷаҳонӣ зулм кардаанд. Пас бояд бо овора кардани миллате дар ғарби Осиё ва кушторҳои фаҷеъ дар он кишвар интиқоми яҳудиёнро гирифт..!

Ин мантиқе аст, ки давлатҳои ғарбӣ бо ҳимояти бедареғ ва девонавори худ аз режими саҳюнистӣ ба он такя карда ва бад ин гуна. ҳамаи иддаоҳои дуруғини худ дар боби ҳуқуқи башар ва демократиро тахтиа кардаанд (шикастаанд). Ва ин моҷарои хандаовар ва гиряовар беш аз 70 сол аст ки идома дорад ва ҳаразгоҳаз чандебарги дигар бар он афзуда мешавад.

Мубориза бо режими саҳюнистӣ, вазифае ҳамагонӣ

 Саҳюнистҳо фаластини ғасбшударо аз рӯзи аввал ба як пойгоҳи терроризм табдил кардаанд. Исроил на як кишвар, ки як подагони террористӣ алайҳи миллати Фаластин ва дигар ва дигар миллатҳои мусулмон аст. Мубориза бо ин режими саффок (хунрез, бераҳмона), мубориза бо зулм ва мубориза бо терроризм аст; ва ин вазифаи ҳамагонӣ аст.

Заъф ва тафриқа дар уммати исломӣ, заминасози ғасби Фаластин.

Як нуктаи қобили таваҷҷӯҳ ин аст, ки агарчӣ давлати ғосиб дар соли 1948 таъсис шуд, вале муқаддамоти дастандозе ба ин нуқтаи ҳассос аз минтақаи исломӣ, солҳо пеш аз он оғоз шуда буд. Ин солҳо мақорун аст бо дахолати фаъоли Ғарб дар кишварҳои исломӣ барои ҳоким кардани секуляризм ва натсионализми ифротӣ ва кур ва ба қудрат расондани давлатҳои мустабид ва шефта ё дастнишондаи Ғарб. Мутолиаи ҳаводиси он солҳо дар Эрон ва Туркия ва кишварҳои ғарбӣ ғарби Осиё то шимоли Африқо, ин ҳақиқати талхро ошкор мекунад, ки заъф ва тафриқа дар уммати исломӣ, заминасози фоҷиавии ғасби шуд ва ин зарба аз сӯи ҷаҳони истикборбар уммати исломӣ ворид омад.

Ҳамафзоии урдугоҳи ғарб ва шарқ бо сармоядорони саҳюнист дар масъалаи ғасби Фаластин

 Ин ибратомӯз аст, ки дар он мақта ҳар ду урдугоҳи сармоядорӣ ва коммунизм бо қорунҳои саҳюнист ба ҳамафзоӣ расиданд; Англис асли тавтеаро тарроҳӣ ва пайгирӣ кард. Сармоядорони саҳюнист иҷрои онро бо пулу силоҳ бар ӯҳда  гирифтанд ва Шуравӣ аввалин давлате буд, ки таъсиси давлати номашрӯъро ба расмият шинохт ва анбӯҳи яҳудиёнро ба он ҷо эъзом кард. 

Режими ғосиб маҳсули он вазъият дар ҷаҳони ислом аз сӯе ва ин тавтеъа, таҳоҷум ва  таҷовузи аврупоӣ аз сӯи дигар буд. 

Тағйири мувозинаи қуво дар дунёи кунунӣ ба нафъи дунёи  ислом

  Имрӯз дигар вазъи ҷаҳон монанди он рӯз нест; мо бояд ин ҳақиқатро мадди назар дошта бошем. Имрӯз мувозинаи қуво ба нафъи дунёи ислом тағйир ёфтааст. Ҳаводиси гуногуни сиёсӣ ва иҷтимоӣ дар Аврупо ва Амрико, заъфҳо ва ихтилолоти амиқи сохторӣ ва мудириятӣ ва ахлоқии ғарбиҳоро дар баробари ҷаҳониён урён кард. Қазоёи интихобот дар Амрико ва озмуни ба шиддат  расвоии мудирони пурмуддао ва мутакаббирон  ва низ мувоҷиҳаи яксолаи номуваффақ бо коронаи  ҳамагир дар Амрико ва Аврупо ва ҳавошии шармовари он ва ошуфтагиҳои сиёсӣ ва иҷтимоии ахир дар муҳимтарин кишварҳои аврупоӣ ҳама  нишонаи сайри нузулӣ ва уфулии (ру ба  нобудӣ) урдугоҳи Ғарб аст.   Дар сӯи дигар рушди нерӯҳои муқовимат дар ҳассостарин манотиқи исломӣ, рушди тавоноиҳои дифоӣ ва ҳуҷумии  онон, рушди худогоҳӣ ва ангезаву умед дар миллатҳои мусулмон, рушди гароиш ба шиорҳои исломӣ ва қуръонӣ, рушди илмӣ, рушди истиқлолталабӣ ва худиттакоӣ дар миллатҳо, нишонаҳои муборакест, ки ояндаи беҳтарро навид медиҳад.

Лузуми ҳамафзоии кишварҳои мусулмон бар меҳвари Фаластин ва Қудс  

 Дар ин ояндаи муборак, бояд ҳамафзоии кишварҳои мусулмон як ҳадафи умда ва асосӣ бошад ва ин чандон дур аз дастрас ба назар намерасад. Меҳвари ин ҳамафзоӣ қазияи Фаластин ба маънии ҳамаи кишвар ва сарнавишти Қудси шариф аст. Ин ҳамон ҳақиқатест, ки дили нуронии Имом  Хумайнии азим ( раҳматуллоҳи алайҳ )-ро ба эъломи Рӯзи ҷаҳонии Қудс дар охирин ҷумъаи моҳи Рамазон ҳидоят кард.

 Ҳам афзоии мусллимин бар меҳвари Қудси шариф, кобуси душмани саҳюнист ва ҳомиёни амрикоӣ ва аврупоии он аст. Тарҳи нокоми « муомилаи қарн» ва сипас талош барои оддисозии равобити чанд давлати заъифи арабӣ бо режими ғосиб, талошҳои мазбуҳона барои фирор аз он кобус аст. 

Ман қотеъона мегӯям ин талошҳо ба ҷое нахоҳад расид; сайри ҳаракати нузулӣ ва рӯ ба заволи режими душмани саҳюнистӣ оғоз шуда ва вақфа нахоҳад дошт. 

Авомили сарнавиштсози оянда: тадовуми муқовимат дар сарзаминҳои ишғолӣ ва ҳимояти ҷаҳонии мусулмонон аз муҷоҳидони фаластинӣ

 Ду омили муҳими таъинкунандаи оянда аст: аввал -ва муҳимтар- тадовуми муқовимат дар дохили сарзаминҳои Фаластин ва тақвияти хатти ҷиҳод ва шаҳодатва дуввум, ҳимояти ҷаҳонии давлатҳо ва миллатҳои мусулмон дар саросари ҷаҳон аз муҷоҳидони фаластинӣ. 

Ҳама - давлатмардон, равшанфикрон, олимони динӣ, аҳзобу гурӯҳҳо, ҷавонони ғаюр ва дигар  қишрҳо - бояд ҷойгоҳи худро дар ин ҳаракати саросарӣ биёбем ва нақш ифо кунем. Ин аст он чизе ки кайди [найранги]душманро ботил мекунад ва барои ин ваъдаи илоҳӣ:

 أَمْ یُرِیدُونَ کَیْداً فَالَّذِینَ کَفَرُوا هُمُ الْمَکِیدُونَ ("Ё мехоҳанд найранге бизананд, вале онон, ки кофир шудаанд худ дучори найранг шудаанд" -Сураи Тур, ояи 42), мисдоқи охирзамонӣ ба вуҷуд меоварад: "وَاللَّهُ غالِبٌ عَلىٰ أَمرِهِ وَلٰکِنَّ أَکثَرَ النّاسِ لا یَعلَمونَ ("...ва Худо бар кори хеш чира аст, вале бештари мардум намедонанд". -Сураи Юсуф, бахше аз ояи 21)

Бахши арабӣ

Моилам андаке бо ҷавонони араб ба забони худи онон сухан бигӯям:

Бисмилоҳи раҳмони раҳим

Салом бар ҳамаи озодагони араб, ба вижа ҷавонон ва салом ба мардуми муқовими Фаластин ва Қудс ва Муробитун дар Масҷудул Ақсо

Салом бар шуҳадои муқовимат ва хеле азими муҷоҳидоне, ки дар ин роҳ ҷони худро тақдим кардаанд; ба вижа шаҳидшайх Аҳмад Ёсин,шаҳид Аббоси Мусавӣ,шаҳид Фатҳии Шақоиқ, шаҳид Имоди Мағния, шаҳид Абдулазиз Рантисӣ,шаҳид Абумаҳдӣ ал-Муҳандиссаранҷом чеҳраи барҷастаи шаҳидони муқовимат, шаҳид Қосим Сулаймонӣ, ки ҳар як пас аз ҳаёти пурбору пурбаракат, бо шаҳодати худ низ таъсироти муҳимме дар муҳити муқовимат барҷо гузоштанд.

Муҷоҳидати фаластиниён ва хуни поки шаҳидони муқовимат тавонистааст ин парчами муборакро барафрошта нигаҳ дорад ва қудрати дарунии ҷиҳоди фаластиниро садҳо баробар кунад;ҷавони фаластинӣ як рӯз бо партоби санг аз худ дифо мекард ва имрӯз бо партоби мушаки нуқтазан ба душман посух медиҳад.

Фаластин ва Қудс дар Қуръони Маҷид " сарзамини муқаддас " номида шудааст; даҳҳо сол аст ки ин сарзамини пок дар ишғоли нопоктарин ва хабистарин оҳоди башар аст. Шаётине, ки инсонҳои шарифро ба хоку хун мекашанд ва онгоҳ бо вақоҳат ба он эътироф мекунанд. Нажодпарастоне, ки дар беш аз ҳафтод сол, соҳибони сарзаминро бо қатл, ғорат ва ҳабсу шиканҷа муаззаб сохтаанд, вале биҳамдиллоҳ натавонистаанд иродаи онҳоро мақҳур  кунанд (мутеъ).

 Фаластин зинда аст ва ба ҷиҳод идома медиҳад ва ба кумаки Худо саранҷом хоҳад тавонист бар душмани хабис фоиқ (ғолиб) ояд. Қудси шариф ва ҳамаи Фаластин мутаъаллиқ ба мардуми он аст ва ба онон хоҳад баргашт. Иншоаллоҳ « ва ин [ кор ] бар худо душвор нест».

Дар қазияи Фаластин ҳамаи давлатҳо ва миллатҳои мусулмон дорои вазифа ва масъулиятанд,вале меҳвари муҷоҳидат, худ фаластиниёнанд, ки имрӯз дар даруни сарзамин ва беруни он ҳудуди чаҳордаҳ миллион нафаранд. Ваҳдат ва азми воҳиди ин ҷамъ хоҳад тавонист коре бузург сурат диҳад. Имрӯз ваҳдат, бузургтарин силоҳи фаластиниҳо аст.

Душманони ваҳдати фаластинӣ, режими саҳюнистӣ ва Амрико ва бархе қудратҳои сиёсӣ дигаранд. Аммо агар аз даруни худи ҷомеаи фаластинӣ ваҳдатшиканӣ нашавад, душманон берунӣ нахоҳанд тавонист коре бикунанд. Меҳвари ин ваҳдат бояд ҷиҳоди дохилӣ ва адами эътимод ба душманон бошад. Душмани аслии фаластиниён, яъне Амрико ва Англис ва саҳюнистҳои хабисро набояд такягоҳи сиёсатҳои фаластинӣ қарор дод.

Фаластиниҳо - чӣ дар Ғазза, чӣ дар Қудс ва Каронаи Бохтарӣ, чӣ дар сарзаминҳои 1948 ва ҳатто чӣ дар урдугоҳҳо - ҳама як воҳидро ташкил медиҳанд ва бояд роҳбурди ба ҳам пайвастагиро дар пеш бигиранд . Ҳар бахш бояд аз бахшҳои дигар дифо кунад ва ба ҳангоми фишор бар онҳо аз абзорҳои дар ихтиёри худ истифода кунад.

Умед ба пирӯзӣ, имрӯз аз ҳамеша бештар аст. Мувозинаи қуво ба нафъи фаластиниҳо ба шиддат тағйир кардааст; душмани саҳюнист сол ба сол заъифтар шудааст; артишаш, ки худро « артише, ки ҳаргиз шикаст намехӯрад» муаррифӣ мекард имрӯз пас аз таҷрибаи [ ҷанг ] 33 рӯза дар Лубнон ва таҷрибаи [ ҷангҳои ] 22 рӯза ва 8 рӯза дар Ғазза, ба артише, ки «ранги пирӯзиро нахоҳад дид » табдил шудааст. Вазъияти сиёсии он, ки ногузир аз чаҳор интихобот дар ду сол аст ва вазъияти амнияти он ки ба таври пай дар пай дучори шикаст мешавад ва майли рӯзафзуни яҳудиён ба муҳоҷирати маъкус, мояи фазоҳати он режими пурмуддао шудааст. Талоши пайгир бо кумаки Амрико барои оддисозӣ бо чанд кишвари арабӣ, худ нишонаи дигаре аз заъфи он режим аст ва албата ин ҳам кумаке ба ӯ нахоҳад кард ва фасоду ноамниро дар [ миён ] онҳо густариш хоҳад дод.

Албата ин ҳақоиқ набояд вазифаи сангини дигаронро дар қиболи ин ҳаракат аз ёди бибарад. Уламои мусулмон ва масеҳӣ бояд оддисозиро ҳароми шаръӣ эълом кунанд ва равшанфикрону озодагон, натоиҷи ин хиёнатро, ки ханҷаре аз пушт ба Фаластин аст барои ҳама  ташреҳ  намоянд.

 Дар нуқтае муқобили раванди нузулии режим, афзоиши тавоноиҳои ҷабҳаи муқовимат, башорати ояндае дурахшон аст: афзоиши қудрати дифоӣ ва низомӣ, худкафоӣ дар сохти силоҳҳои муассир,эътимод ба нафси муҷоҳидон, худогоҳии рӯзафзуни ҷавонон, густариши доираи муқовимат ба саросари кишвари Фаластин ва ба берун аз он, хезиши ахири ҷавонон дар дифо аз Масҷидулақсо ва инъикоси тавъамони муҷоҳидат ва мазлумияти миллати Фаластин дар афкори умумии бисёре аз манотиқи ҷаҳон. 

Мантиқи муборизаи фаластинӣ ҳам ки аз сӯи  ҷумҳурии исломӣ дар асноди Созмони милал ба сабт  расида, мантиқе мутараққӣ ва ҷаззоб аст: Муборизони фаластинӣ метавонанд як ҳамапурсиро аз ҳамаи сокинони аслии Фаластин матраҳ кунанд. Ин ҳамапурсӣ, низоми сиёсии кишварро муайян мекунад ва сокинони аслӣ аз ҳар қавму дин, аз ҷумла  оворагони фаластинӣ дар он ширкат хоҳанд кард;он низоми сиёсӣ, оворагонро ба дохил бармегирданду сарнавишти бегонагони сакании гузидаро таъин мекунад . Ин мутолиба бар мабнои демократӣ роиҷеъ аст ки дар дунё пазируфта шуда ва ҳеч кас дар мутараққӣ будани он наметавонад хадша кунад. Муҷоҳидони фаластинӣ, муборизаи машрӯъ ва ахлоқии худ бо режими ғосибро бояд ба қадре идома диҳанд, ки ночор ба қабули ин мутолиба шавад.

 Ба номи Худо ба пеш ҳаракат кунед ва бидонед, ки «қатъан худо ба касе ки [ дин ] ӯро ёрӣ мекунад , ёрӣ медиҳад».

Вассалому алайкум ва раҳматуллоҳ

12 May 2021

Раҳбари Муаззами Инқилоби Исломӣ асри рӯзи сешанбе дар як мулоқоти видеоӣ бо намояндагони созмонҳои донишҷӯёни Эрон дар посух ба ҷиноятҳои чандрӯзаи ахири Исроил гуфтанд: Саҳюнистҳо ҷуз забони зургӯӣ чизеро намефаҳманд.

 Имом Хоманаӣ дар ин дидор бо ибрози таассуфи амиқ аз ду ҳодисаи бисёр талху хунини ахир дар Афғонистон ва Фаластин  гуфтанд: «Лаънати худованд бар ҷинояткороне, ки ғунчаҳои мазлум ва навгулони бегуноҳи афғонистониро пар- пар карданд ва ба хоку хун кашиданд ва бо ба шаҳодат расондани ин духтарони навҷавон, ҷиноятро то ин ҳад густариш доданд.» 

Раҳбари Муъаззами Инқилоби Исломӣ ҳамчунин бо ишора ба ҷиноёти ваҳшиёна ва золимонаи саҳюнистҳо дар Масҷид-ул-Ақсо, Қудси шариф ва дигари манотиқи Фаластин  гуфтанд: «Ин ҷиноёт дар баробари чашми ҷаҳониён қарор дорад ва ҳама бояд бо маҳкум кардани он, ба вазоифи худ амал кунанд.»  

Ҳазрати Оятуллоҳи Хоманаӣ дар идома бо таҷлил аз бедорӣ, истодагӣ ва азму ҷазми миллати Фаластин афзуданд: «Саҳюнистҳо ҷуз  забони зӯр чизе намефаҳманд, чунки фаластиниҳо бояд бо афзоиши қудрат ва муқовимати худ, ҷинояткоронро ба таслим шудан ва таваққуфи иқдомоти ваҳшигарона маҷбур кунанд.»

Раҳбари Муъаззами Инқилоби Исломӣ дар ин дидор инчунин созмонҳои мухталифи донишҷӯёнро як фурсати бузурге барои кишвар арзёбӣ карданд ва нақши онҳоро ҳамчун марказҳои тавлиди андеша ва пешбарандаи ҳаракатҳои инқилобӣ ва ҷиҳодӣ дар масоили мухталифи иҷтимоӣ ва илмӣ таъкид карданд.

Ҳазрати Оятуллоҳи Хоманаӣ " тақвияти бунияи динӣ ва инқилобӣ "ва масаълаи муҳими" таҳзиби нафс"-ро аз созмонҳои донишҷӯӣ хостор шуданд ва афзуданд: «Таҳзиби нафс таъсири зиёде дар муборизоти иҷтимоӣ ва инқилобӣ дорад ва имоми бузургвор мефармуданд иллати тарси афрод аз Амрико, таҳзиб накардани нафс аст.» 

Раҳбари Муъаззами Инқилоб ҳамчунин бо ишора ба баргузории интихоботи раёсати ҷумҳурии Эрон дар 28 хурдод ( 18 июн ) бар аҳамияти мушорикати густарда дар ин интихобот таъкид карданд ва афзуданд: «Дар дараҷаи дувум бояд бо интихоби  хубу матлуб касеро рӯи кор овард, ки мӯъмин, инқилобӣ, бокифоят, мардумӣ, саршор аз умед, мӯътақид ба ҷавонону тавонмандиҳои дохилӣ ва ҳақиқатан  адолатхоҳ ва зидди фасод бошад.»

2 May 2021

Валии амри мусалмонони ҷаҳон таъкид карданд, тақвияти дурусти тавлиди миллӣ боиси хунсо шудан ва бартараф шудани таҳримҳо мешавад.

Раҳбари Муаззами Инқилоби Исломӣ Ҳазрати Оятуллоҳи Хоманаӣ   рӯзи якшанбе дар суханонӣ таъкид карданд агар мехоҳем аз тавлиди миллӣ ҳимоят кунем бояд аз коргарон ҳимоят кунем. 

Раҳбари муъаззами инқилоби исломӣ, бо баёни ин ки муаллимон  афсарони сипоҳи пешрафти кишвар ҳастанд, таъкид карданд муаллимон бояд коре кунанд резишҳо наздик ба сифр бошад.

Имом Хоманаӣ дар идома фармуданд, дар кишвар  хушбахтона  имрӯз  имкони омӯзиш ба шакли густардае вуҷуд дорад.

Дар гузашта ин миқдор омӯзиш барои ҷавонон ва навҷавонону кӯдакон фароҳам набуд, ки имрӯз ба баракати ҷумҳурии исломӣ вуҷуд дорад. 

2 May 2021

Валии амри мусалмонони ҷаҳон таъкид карданд: Адолат аз хусусиёти чашмгири Имом Алӣ (а) аст

Раҳбари Муаззами Инқилоби Исломӣ Ҳазрати Оятуллоҳи Хоманаӣ   имрӯзи якшанбе дар суханонашон фармуданд дар муаррифии шахсияти Имом  Алӣ (а ) як марҳалаи " имомат" аст ва имомат ба маънои  раёсати дин ва дунё нест.

Имом Хоманаӣ, дар баёни хусусиёти Имом  Алӣ ( а ) ба адолат авфнопазир ва бемулоҳиза ишора намуда, шуҷоат ва дили раҳимро низ аз дигари хусусиёти Ҳазрати Алӣ ( а) унвон карданд. 

Раҳбари Инқилоби Исломӣ, хотирнишон карданд ҳам дар хусусиёти  шахсӣ бояд ба Ҳазрати Алӣ ( а) иқтидо кард ва ҳам  дар одоби ҳукумат бояд ҳамин шеваро дар амали худамон риоят кунем, ки албата хеле ақаб ҳастем. 
  

Пурбоздидтаринҳо

All rights reserved This website is owned 2017