this is a title for here

Суханронӣ
14 January 2022

Баёноти Раҳбари муаззами Инқилоби Исломӣ дар дидори дастандаркорони ҳамоиши се ҳазор шаҳидони устони Илом, ки дар 30 обони 1400 баргузор шуда буд, субҳи рӯзи 2-уми декабр дар маҳалли баргузории ин ҳамоиш мунташир шуд.


Имом Хоманаӣ дар ин дидор, шаҳодати чандин варзишкор ва тамошочии Илом бар асари бомбаборони мусобиқоти футбол дар 23 баҳмани соли 65-и ҳиҷрии шамсиро ёдовари мазлумияти шаҳидони варизшкор хонданд ва бо баёни ин ки Саддом ин ҷиноятҳоро ба пуштивонаи муддаиёни ҷаҳони ҳуқуқи башар анҷом медод, афзуданд:

“Нависандагон ва ҳунармандон ин баёни ҳақоиқро дар абъоди ҷаҳонӣ, муаррифӣ ва мудаиёни дурӯғини ҳуқуқи башарро расво кунанд.”

Эшон бо ишора ба руҳияи истиқомати мардуми Илом ва тарк накардани хона ва шаҳри худ бо вуҷуди бомбаборонҳои зиёд гуфтанд: “Фишори ҷанг натавонист монеъи бурузи истеъдодҳои ин мардум шавад ва дар зери ҳамин бомбаборонҳо ҷавонони нухба ва нобиғае ҳамчун шаҳид Ризоинажод тарбият шуд, ки душман вақте ӯро мояи тарақӣ ва пешрафти кишвар дид, дар муқобили чашми ҳамсар ва духтари хурдсолаш уро шаҳид кард.”

Имом Хоманаӣ мавзӯъи шаҳид ва шаҳодатро мутафовит аз қурбониёни ҷангҳои марсум дар дунё донистанд ва афзуданд: “Шаҳид ва разманда дар роҳи Худо илова бар дифоъи арзишманд аз марзоҳи ҷуғрофиёӣ аз марзҳои муҳими маънавӣ, яъне марзҳои ақида, ахлоқ, дин, фарҳанг ва ҳувият низ дифоъ мекунад ва бо пойбандии содиқона ба аҳди худ бо Парвардигор, ҷонашро бо Худованд муъомила мекунад.”

Валии амри мусалмонони ҷаҳон дар ин замина афзуданд:

“Сифатҳои муҳим монанди ихлос, таваккал, тавозеъ, риъояти ҳудуди илоҳӣ, рафтори меҳрубонона бо асирон ва ба таври кулли сабки зиндагии исломӣ дар рафтори размандагон ва шаҳидони мо комилан барҷасата аст ва тасвири ин нуқтаҳои дурахшон ва илоҳомбахш бояд бо корҳои ҳунар дар муқобили чашми мардуми дунё қарор дода шавад.”

Эшон ҳадаф аз бузургдошти шаҳидонро шунидани паёми онон донистанд ва хотирнишон карданд: “Паёми шаҳидон ин аст, ки дар роҳи Худо тарсу андӯҳ вуҷуд надорад ва бояд бидуни тазалзул аз васвасаҳои душман, бо қудрат ва собитқадам ҳаракат кард.”

Валии амри мусалмонони ҷаҳон бо таъкид бар ин ки бидуни муҷоҳидат ва таҳаммули сахтиҳо ҳеч миллате ба авҷ ва қулла нахоҳад расид, афзуданд:

“Миллати Эрон бо шунидани паёми шаҳидон бояд иттиҳод, ангеза ва талоши худро бештар кунад ва масъулон низ дар қиболи ҷомеъа ва амнияте, ки шаҳидон барои кишвар фароҳам карданд, эҳсоси масъулияти бештаре дошта бошанд.”

24 November 2021

Имом Хоманаӣ дар паёме бо табрики ҳафтаи Басиҷ, “ҳиммати баланд, хирадмандӣ, дурустандешӣ ва таваккул ба Худо”-ро абзорҳои таҷрибашуда барои ғалаба бар мушкилоти кишвар донистанд.


Матни паёми Валии амри мусалмонони ҷаҳон ба ин шарҳ аст:

Бисмиллоҳирраҳмонирраҳим

Ҳафтаи Басиҷ бар ҳамагон муборак бод, бавижа бар рӯйишҳои тоза ва ботаровати басиҷӣ, ки ҳамчунон монанди насли пеш аз худ, фарзандони маҳбуби Имом Хумайнӣ ҳастанд.

Азизон!

Қадршиноси ҷойгоҳи худ бошед ва бидонед, ки бо ҳиммати баланд, ва дар партави хирадмандӣ ва дурустандешӣ, ва бо эътимод ва таваккул ба Худованди доно ва тавоно, метавонед дар ҳамаи масоили умумии кишвар ва миллат, асарбахш ва мушкилгушо бошед. Ин таҷрибаи чанд даҳаи миллати Эрон аст.

Вассалому алайкум ва раҳматуллоҳ

Сайидалии Хоманаӣ

24-11-2021

18 November 2021

Валии амри мусалмонои ҷаҳон бо судури паёме даргузашти олими муҷоҳид ҳуҷҷатулислом валмуслимин Ҳоҷшайх Мӯҳсини Муҷтаҳиди Шабистариро таслият гуфтанд.


Имом Хоманаӣ, Валии амри мусалмонони ҷаҳон бо судури паёме даргузашти олими муҷоҳид ҳуҷҷатулислом валмуслимин Ҳоҷишайх Муҷтаҳиди Шабистариро таслият гуфтанд.

Матни паёми эшон ба ин шарҳ аст:

Бисмиллоҳирраҳмонирраҳим

Даргузашти олими муҷоҳид ҷаноби ҳуҷҷатулислом валмуслимин оқои Ҳоҷишайх Муҳсини Муҷтаҳиди Шабистариро ба хонаводаи гиромӣ ва фарзандони арҷуманд ва ҳамаи иродатмандони эшон дар Теҳрон ва Озарбойҷон таслият арз мекунам. Ин олими бузургавор аз ҷумлаи мувафақтарин руҳониёни фаъол дар хадамоти иҷтимоӣ ва ҳидояти умумӣ ва идораи ҳавзаи илмия дар Теҳрон ва Табрез буданд. Талошҳо ва заҳматҳои эшон дар даврони тулонии имомати ҷумъаи Табрез фаромуш нашуданӣ аст ва осори мондгори он марҳум дар ҳавзаи илмияи Теҳрон ва ғайра мувҷиби ҷалби раҳмати илоҳӣ ба эшон аст. Иншоаллоҳ аз Худованд Мутаъол мағфират ва улувви дараҷоти ин олими бурузгаворо масъалат мекунам.

17 November 2021

Валии амри мусалмонони ҷаҳон гуфтанд: “Зарфияти нухбагии ҷавонони миллати Эрон метавонад заминасози пур кардани шикофи илмии кишвар бо илми ҷаҳонӣ, убур аз марзҳои ҷаҳонии илм, эҷоди тамаддуни навини исломӣ ва таҳаққуқи ояндаи дурахшони кишвар бошад.”


Имом Хоманаӣ рӯзи чаҳоршанбе, дар дидори нухбагони ҷавон ва истеъдодҳои бартари илмӣ гуфтанд: “Миллати Эрон, миллате билқувва нухба аст ва ба ҳамин иллат аз дер боз ҳадафи ҷанги нарми таҳқиркунандаи истеъморгарон қарор дошта то истеъдодҳову тавоноиҳои худро фаромӯш кунад ва ҳатто мункир шаваду дурӯғи бузурги «мо наметавонем» -ро бипазирад.”

Эшон гуфтанд: “Дар таърихи 200 солаи ахири Эрон низ истеъморгарон ва ҳокимони вақт ҳам садои нотавонии миллати Эронро таблиғ мекарданд, ки пирӯзии инқилоб ба ин раванд поён дод.”

Валии амри мусалмонони ҷаҳон ғафлату ғоратро ду ҳадафи мукаммили истеъморгарон аз илқои нотавонӣ дар миллатҳо баршумурданд ва афзуданд: “Вақте миллате аз тавоноиҳои худ ғафлат кард, ғорати ӯ осон мешавад.”

Эшон бо истинод ба оёти сареҳи Қуръони Маҷид дар бораи паёмадҳои манфии ғафлат афзуданд: “Худованд дар китоби осмонӣ ҳушдор медиҳад, ки душман мехоҳад Шумо аз силоҳ ва дороиҳои худ ғофил шавед то роҳат ҳамла кунад, ки ин мавзуъ имрӯз бо тавваҷуҳ ба фишорҳову ҷанҷолҳо дар дунё дар бораи масъалаи паҳпод ва мушак қобили тавваҷуҳ аст.”

Имом Хоманаӣ, бо ёдоварии суханони чанд соли қабли худ дар бораи ояндаи Эрон ва зарурати пештозӣ дар арсаи илми ҷаҳонӣ гуфтанд: “Бояд ба гунае ҳаракат кунем, ки дар ояндае маъқул, Эрон манбаи илми ҷаҳонӣ бишавад ва ҳар кас барои дастрасӣ ба ҷадидтарин ёфтаҳои илмӣ, ночор аз ёдгирии забони форсӣ шавад. Ҳамон гуна, ки дар бурҳаҳое аз таърих эрониён бар қуллаҳои дониши ҷаҳонӣ қарор доштанд ва китобҳои донишмандони Эрон дар донишгоҳҳои Ғарбу Шарқ мавриди тадрису истиноди аҳли илму дониш буд.”

Валии амри мусалмонони ҷаҳон барои расидан ба ин ояндаи равшану ифтихоромез се марҳаларо зарурӣ донистанд. Аввал: Талоши фаровон барои пур кардани фосилаи кунунӣ бо хутути муқаддами илми ҷаҳонӣ. Дувум: Убур аз марзҳои дониши ҷаҳонӣ ва арзаи кашфиёти навини илмӣ ба ҷомеаи башарӣ ва сеюм, бино кардани тамаддуни навини исломӣ бар пояи илми нофеъ.

Эшон масъалаи меҳварӣ ва ҳалли масоили кишварро аз аҳдофи муҳими ҷомеаи илмии кишвар хонданд ва бо баршумурдани мавориде монанди мушкилоти об, муҳити зист, трафик, осебҳои иҷтимоӣ, тахлияи рустоҳо, низоми пулӣ, молӣ, молиётӣ, бонкӣ ва масоили низоми тавлид гуфтанд: Метавон барои ҳамаи мушкилоти кишвар роҳи ҳалли илмӣ пайдо кард.

Имом Хоманаӣ аз «ҳуши маснӯӣ» ба унвони як масъалаи муҳиму ояндасоз ном бурданд ва таъкид карданд: Ин масъала дар идораи ояндаи дунё нақш дорад ва бояд ба гунае амал кунем, ки Эрон ҷузви 10 кишвари бартари ҳуши маснӯӣ дар дунё қарор бигирад.

Эшон дар идома бо таъкид бар масъалаи монеъзудоӣ аз тавлид, муҳимтарин мавонеи тавлид дар кишварро мавонеи фарҳангие ҳамчун «ноумедӣ, эҳсоси беоянда будан, беҳимматӣ, беҳавсалагӣ, роҳатиталабӣ, саргармиҳои музир, эҳсоси нотавонӣ ва хатарпазир набудан» баршумурданд.

Имом Хоманаӣ лозимаи рушду тақвияти ширкатҳои донишбунёнро равоҷи истифода аз маҳсулоти онҳо дар дохил донистанд ва гуфтанд: Вақте як маҳсули донишбунён дар дохил тавлид мешавад, набояд воридоти мушобеҳи он анҷом шавад.

Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ заминасозӣ барои содироти маҳсулоти донишбунёнро аз дигар вазоифи дастгоҳҳои давлатӣ донистанд ва гуфтанд: Илова бар фаъолияти давлат ва ширкатҳо барои бозорсозӣ, бахши хориҷии Садо ва симо низ бояд барои таблиғи колоҳои эронӣ барномарезӣ ва иқдом кунад.

3 November 2021

Валии амри мусалмонони ҷаҳон бо судури паёме даргузашти олими парҳезгор ва мардумӣ ҳуҷҷатул-ислом ҳоҷ Сайидалимуҳаммади Алоқабандро таслият гуфтанд.

Матни паёми Валии амри мусалмонони ҷаҳон ба ин шарҳ аст:

Бисмиллоҳирраҳмонирраҳим

Даргузашти олими парҳезгор ва мардумӣ ҷаноби ҳуҷҷатул-ислом оқои Ҳоҷ Сайидалимуҳаммади Алоқабанд (р)-ро ба умуми мардуми шариф ва мутадайини Язд ва иродатмандони он олими раббонӣ ва низ ба олимони бузург ва ба вижа ба бозмондагони он марҳум таслият арз мекунам ва улувви дараҷоти эшонро аз Худованд масъалат менамоям.

Сайидалии Хоманаӣ

03-11-2021

28 October 2021

Баёноти Валии амри мусалмонони ҷаҳон дар дидори дастандаркорони конгресси 3535 шаҳиди устони Занҷони Эрон, ки дар санаи (16.10.2021) баргузор шуда буд, субҳи имрӯз (панҷшанбе) дар маҳалли баргузории ин ҳамоиш мунташир шуд.


Имом Хоманаӣ дар ин дидор бо ишора ба ифтихороти пуршумори Занҷон дар арсаҳои илмӣ, амалӣ ва майдонҳои иҷтимоъӣ ва номоварии шахсиятҳои барҷаста ва мумтоз аз ҷумла шаҳиди номдори ҳастаӣ, шаҳид Шаҳриёрӣ гуфтанд: “Шаҳидон дар раъси ифтихороти Занҷон ҳастанд.”

Валии амри мусалмонони ҷаҷҳон, шаҳидонро баргузидагони Худованд хонданд ва афзуданд: “Шаҳодат қуллае аст, ки дастёбӣ ба он бидуни ихлос ва исор, сидқу маънавият, муҷоҳидат ва гузашт, таваҷҷӯҳ ба Худо ва кор барои мардум, ва талош барои таҳаққуқи адолат ва истиқрори ҳокимияти динӣ имконпазир нест.”

Эшон баргузории ҳамоишҳои бузургдошти шаҳидонро вазифа ва ҳасанае бузург донистанд ва хотирнишон карданд: “Бо гузашти чандин сол аз дифоъи муқаддас, ҷараёни бузургдошти шаҳидон бояд бо ибтикорҳое ҳамчун таҳлил ҷомеъашинохтӣ ва равоншинохтӣ аз хотироти он даврон ва нақши пурқудрати Дин идома пайдо кунад.”

Имом Хоманаӣ бо интиқод аз касоне, ки нақши унсури динро дар фидокориҳои даврони дифоъи муқаддас нодида мегиранд, гуфтанд: “Омодагии ҷавонон барои сина сипар кардан дар муқобили хатарот ва ризояти падарону модарон ва ё ҳамсарони онҳо ба эъзоми азизонашон ва сипас сабр бар шаҳодати онҳо, бидуни тардид реша дар нигоҳи динӣ ва анҷоми вазифа барои касби ризои илоҳӣ дорад ва ин ҳолот ва эҳсосоти хонаводаҳои шуҳадо ҳамагӣ дар хӯри таҳлил аст.”

Эшон ҳамчунин хадамоти камназири мардумӣ дар ҳошияи Дифоъи Муқаддас монанди таҳияи ғазо ва озӯқаворӣ барои размандагон, шустушӯи либосҳои онон ва низ ташйеъи ҷанозаҳои азим ва ба ёд мондании шаҳидонро аз ҷумла масоили мағфул ва ниёзманди сабту таваҷҷӯҳ донистанд ва дар хусуси номгузории хиёбонҳо ба номи шаҳидон гуфтанд: “Чи ифтихоре барои як шаҳру кӯчаҳо ва хиёбонҳои он болотар аз ин ки номи як шаҳиди бузург ва фидокор бар рӯи он бошад. Шаҳр бояд ба номи шаҳидон музайян бошад ва шӯроҳои шаҳр низ бидонанд, ки шаҳр бо номи чи касоне муфтахар мешавад.”

24 October 2021

Дар хуҷаста милоди бо саодати паёмбари раҳмат ҳазрати Муҳаммади Мустафо (с) ва ҳазрати Имом Ҷаъфари Содиқ (а), Валии амри мусалмонони ҷаҳон дар дидори ҷамъе аз масъулони низоми Ҷумҳурии Исломӣ ва меҳмонони ширкаткунанда дар конфронси байналмилалии Ваҳдати Исломӣ, ду вазифаи муҳим барои уммати исломиро “табйин ва тарвиҷи ҷомеъияти Ислом дар ҳамаи шуъуни зиндагии башар” ва “тақвияти иттиҳоди мусалмонон” хонданд ва хотирнишон карданд: “Ваҳдати исломӣ як амри усулӣ ва фаризаи қуръонӣ аст ва таҳаққуқи ҳадафи волои эҷоди тамаддуни навини исломӣ бидуни иттиҳоди шиъа ва суннӣ мумкин нест.”


Имом Хоманаӣ бо табрики ин ду милоди масъуд ба миллати Эрон ва ба ҳамаи уммати исломӣ ва озодагони ҷаҳон, вилодати ҳазрати Паёмбар (с)-ро ҳодисае бисёр азим ва сароғози даврае ҷадид аз тафаззулоти илоҳӣ дар зиндагии башар хонданд ва афзуданд: “Худованд бо иблоғи барномаи комили саодати башар ба Паёмбар, ӯро маъмур ба иҷро ва мутолибаи ин барнома аз пайравони худ кард бинобар ин мӯъминон дар ҳар даврае аз замон бояд вазоифи худро бишиносанд ва ба он амал кунанд.”

Эшон, “адои ҳаққи ҷомеъияти ислом” ва “иттиҳоди мусалмонон”-ро ду маврид аз муҳимтарин вазоифи имрӯзи уммати исломӣ донистанд ва дар табйини мавриди аввал гуфтанд: “Қудратҳои сиёсӣ ва моддӣ аз гузашта исрор доранд, ки исломро на як дини ҷомеъ ва дорои барнома барои ҳамаи шуъуни зиндагии башар, балки мунҳасир дар амали фардӣ ва ақидаи қалбӣ муаррифӣ, ва бо теориза кардани он аз забони нависандагон ва равшанфикрон, ингуна илқо кунанд, ки ислом дар масоили муҳимме монанди тамаддун ва мудирияти ҷомеъа, иқтисод ва тақсими қудрат ва сарват, ҷангу сулҳ, сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ, иқомаи адл ва муқобилаи бо зулм ва ашрор на марҷаъи фикрӣ аст ва на роҳнамои амалӣ.”

Валии амри мусалмонони ҷаҳон бо таъкид бар ин ки мутуни исломӣ сареҳан чунин бардоште аз исломро нафй мекунад, адои ҳаққи исломро дар гарави табйин ва тарвиҷи ин воқеъияти муҳим баршумурданд ва афзуданд: “Арсаи фаъолият ва дахолати ислом, ҳамаи густара ва шуъуни зиндагии башар аз аъмоқи қалб ва масоили ибодӣ то масоили сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, амниятӣ ва байналмилалӣ аст ва касе, ки ин маъноро инкор кунад, қатъан ба баййинот ва оёти мутаъаддиди Қуръони Карим таваҷҷӯҳ накардааст.”

Имом Хоманаӣ таъкиди ислом ба масоили иҷтимоъӣ ва вазифаи муҳимми тамаддунсозиро нишондиҳандаи эҳтимоми он ба ҳокимият донистанд ва гуфтанд: “Мутолибаи назми иҷтимоъӣ дар ислом бидуни таваҷҷӯҳ ба масъалаи ҳокимият ва таъйини имом мумкин нест ва дар Қуръон низ аз паёмбарон ба унвони имом яъне раҳбарон ва фармондеҳони ҷомеъа ёд шудааст.”

Эшон табйини ҷомеъияти ислом дар ҳамаи шуъунро вазифаи олимон, равшанфикрон, муҳаққиқон ва устодони ҷаҳони ислом хонданд ва афзуданд: “Албатта Ҷумҳурии Исломӣ дар ин замина вазифаи сангинтаре бар ӯҳда дорад ва масъулони коӯишвар ба вижа масъулони фарҳангӣ бояд ба вазифаи худ амал кунанд.”

Валии амри мусалмонони ҷаҳон дар бахши дигаре аз суханонашон бо таъкид бар масъалаи муҳимми “иттиҳоди мусалмонон”, аз чанд чеҳраи пурталош дар арсаи иттиҳоди исломӣ ҳамчун марҳум оқои Тасхирӣ, марҳум оқои Воъиззода, Шаҳид Шайх Муҳаммад Рамазон Ал-Бутӣ, Шаҳид Сайидмуҳаммадбоқир Ҳаким, марҳум Шайх Аҳмад Зайн ва марҳум Шайх Саъид Шаъбон таҷлил карданд.

Эшон иттиҳоди мусалмононро фаризае қатъӣ ва дастури қуръонӣ хонданд ва афзуданд: “Ваҳдати исломӣ як амри усулӣ аст на токтикӣ ва махсуси шароити хос, ва ин ҳамафзоӣ мӯҷиби қавӣ шудани мусалмонон мешавад то дар иртиботот бо кишварҳои ғайри исломӣ низ бо дасти пур вориди таомул шаванд.”

Имом Хоманаӣ, иллати таъкидҳои мукаррар бар масъалаи ваҳдатро фосилаи зиёд байни мазоҳиб ва талошҳои ҷиддии душманон барои афзоиши фосилаҳо хонданд ва гуфтанд: “Имрӯз калимаи шиъа ва суннӣ дар адабиёти сиёсии амрикоиҳо ҳам ворид шуда дар ҳоле, ки онҳо бо асли ислом мухолиф ва душман ҳастанд.”

Валии амри мусалмонони ҷаҳон бо ишора ба талошҳои Амрико ва авомили дастомӯзи он барои эҷоди фитна дар ҳар ҷои дунёи исломӣ, хотирнишон карданд: “Инфиҷорҳои таъассуфбор ва гиряовари ахир дар масоҷиди Афғонистон алайҳи мардуми мусалмон ва намозгузор аз ҷумлаи ҳамин ҳаводис аст, ки ба дасти ДИИШ анҷом шуд ва амрикоиҳо сароҳатан баён карда буданд мо ДИИШ-ро эҷод кардем.”

Эшон гирдиҳамоӣ ва иҷтимооти солона дар мавзӯъи ваҳдатро кофӣ надонистанд ва афзуданд: “Дар ин замина бояд баҳс, табйин, ташвиқ, барномарезӣ ва тақсими кори доимӣ анҷом шавад ва ба унвони намуна дар ҳамин қазияи Афғонистон, яке аз роҳҳои ҷилавгирӣ аз ҳаводис, ҳузури масъулони мӯҳтарами кунунии ин кишвар дар марокиз ва масоҷид ва ё ташвиқи бародарони аҳли суннат ба ҳузур дар иҷтимооти муштарак аст.”

Имом Хоманаӣ таъмини ҳадафи муҳимми эҷоди тамаддуни навини исломиро ҷуз бо иттиҳоди шиъа ва суннӣ мумкин надонистанд ва гуфтанд: “Шохиси аслӣ барои иттиҳоди мусалмонон қазияи Фаластин аст ва ҳарчӣ ҷиддияти бештаре барои эҳёи ҳуқуқи фаластиниён ба харҷ дода шавад, иттиҳоди исломӣ тақвият мешавад.”

Эшон иқдоми баъзе давлатҳои минтақа барои оддисозии равобит бо режими ғосиби саҳюнистиро гуноҳ ва хатое бузург хонданд ва афзуданд: “Ин давлатҳо бояд аз ин ҳаракат ва роҳи зидди ваҳдати исломӣ баргарданд ва хатои бузурги худро ҷуброн кунанд.”

 

4 October 2021

Валии амри мусалмонони ҷаҳон дар маросими донишомӯхтагии неруҳои мусаллаҳ бо ишора ба масоили ҳамсоягон дар шимолу ғарби Эрон таъкид карданд : Роҳи ҳалли ҳаводиси шимолу ғарб ҷилавгирӣ аз дахолати артишҳои бегона дар ин кишварҳо аст


Имом Хоманаӣ-Валии амри мусалмонони ҷаҳон имрӯз (якшанбе) дар иртиботи тасвирӣ бо маросими муштараки донишомӯхтагии донишҷӯёни донишгоҳҳои афсарии неруҳои мусаллаҳ дар донишгоҳи афсарии Имом Ҳусайн (а), ин неруҳои пурифтихорро “қалъаи мустаҳками амнияти миллати сарбаланди Эрон ва меҳани муқтадиру азиз” хонданд.

Валии амри мусалмонони ҷаҳон афзуданд: Дахолати бегонагон дар минтақа мояи ихтилоф ва хисорат аст ва ҳамаи масоилу ҳаводис бояд бидуни дахолати бегона ва бо улгупазирии кишварҳои минтақа аз иқтидору ақлонияти Эрон ва неруҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии исломӣ ҳал шавад .

Имом Хоманаӣ амниятро зерсохти асосии ҳамаи фаъолиятҳои зарурӣ барои пешрафт кишвар баршумурданд ва бо муҳими хондани таҳаққуқи амнияти кишвар бидӯни такя бар бегонагон афзуданд: ин масаъла албата барои миллати Эрон одӣаст аммо кишварҳои мухталиф ҳатто кишварҳои аврупое аз ин мушкил ранҷ мебаранд .

Валии амри мусалмонони ҷаҳон, ба бигӯ магӯҳои ахири Аврупоу Амрико ишора карданд ва гуфтанд : бархе аврупоеҳо ، иқдоми Амрикоро ханҷар аз пушти хонданд ва ба навъӣ гуфтанд аврупо бояд бидӯни иттико ба нато ва дар воқеъ ба Амрико ، мустақиллани амнияти худро тамен кунад .

Имом Хоманаӣ хотирнишон карданд: Вақте кишварҳои аврупоӣ ба иллати иттико ба Амрико, яъне кишваре ки бо Аврупо мухолиф ҳам нест дар таҳаққуқи амнияти пойдор эҳсоси камбуд мекунанд, ҳисоби кишварҳои дигар ки неруҳои мусаллаҳи худро таҳти контроли Амрико ва дигар бегонагон қарор додаанд, мушаххас аст .

Имом Хоманаӣ таъмини амният бо такя бар дигаронро фақат як таваҳҳум хонданд ва гуфтанд : Касоне ки ба ин таваҳҳум дучоранд силии онро ба зӯдӣ хоҳанд хурд, чаро ки дахолати мустақим ё ғайримустақими бегонагон дар амният ва ҷангу сулҳи ҳар кишваре, фоҷеъаи мусибатбор аст .

Валии амри мусалмонони ҷаҳон хуруҷи артиши муҷаҳҳаз ва бидӯни рӯҳияи ахлоқӣ ва маънавии Амрико аз Афғонистонро намунае аз натоиҷи иқтидори зоҳирӣ ва на воқеӣ хонданд ва гуфтанд : Амрикоиҳо 20 сол қабл барои сарнагунии Толибон ба Афғонистон лашкаркашӣ карданд ва дар ин ишғолгарии тӯлонимуддат куштору ҷиноят ва хисороти фаровоне ба бор овараданд, аммо баъд аз ин ҳамаи ҳазинаи моддӣ ва инсонӣ ҳукуматро ба Толибон доданд ва хориҷ шуданд, ки ин воқеият барои ҳамаи кишварҳо дарсомӯз аст .

Фармондеҳи кулли қувои мусаллаҳи Ҷумҳурии Исломии Эрон таъкид карданд : Он тасовири ҳолливудӣ аз артиши Амрико ва кишварҳои амсоли ӯ фақат намоиш аст, чаро ки моҳияти воқеии онҳо ҳамин аст, ки дар Афғонистон дида шуд .

Валии амри мусалмонони ҷаҳон нафрати мардуми шарқи Осиё аз артиши Амрикоро ёдовар шуданд ва гуфтанд : Амрикоиҳо ҳар ҷо дахолат кунанд, манфури миллатҳо ҳастанд .

Ҳамчунин таъкид карданд: Салоҳи минтақа дар ин аст, ки ҳамаи кишварҳо аз артиши мустақилу муттакӣ ба миллати худ ва ҳамафзо бо артишҳои ҳамсоягон бархурдор бошанд.

Валии амри мусалмонони ҷаҳон афзуданд : Артишҳои минтақа метавонанд амнияти минтақаро таъмин кунанд ва набояд иҷоза диҳанд, ки артишҳои бегона барои ҳифзи манофеи худ дахолат ё ҳузури низомӣ дошта бошанд.

3 October 2021

Валии амри мусалмонони ҷаҳон таъкид карданд: Нерӯҳои мусаллаҳи мо ҳисори мустаҳкаму сипари дифоии кишвар дар баробари таҳдидҳои сахти душманони берунӣ ва дарунӣ ҳастанд.


Маросими муштараки донишомӯхтагии донишҷӯёни донишгоҳҳои афсарии нерӯҳои мусаллаҳ дар Донишгоҳи афсарӣ ва тарбияти посдории Имом Ҳусайн баргузор шуд .

Валии амри мусалмонони ҷаҳон аз тариқи тасвирӣ бо ин маросим дар иртибот буданд ва барои афсарону донишҷӯён суханронӣ карданд .

Имом Хоманаӣ дар ин маросим афзуданд: Ифтихори нерӯҳои мусаллаҳи мо ин аст, ки нерӯҳои мусаллаҳ дар кишвари азизи мо ҳисору қалъаи мустаҳкаме барои кишвар ва миллат ҳастанд . Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ афзуданд : Имрӯз созмонҳои нерӯҳои мусаллаҳ, артиш,сипоҳ,нерӯи интизомӣ, Басиҷ ба маънои воқеии калима сипари дифоӣ дар баробари таҳдидҳои сахти душманони берунӣ ва дарунӣ ҳастанд.

Эшон тасреҳ карданд : Амнияти як кишвар барои ҳамаи фаъолиятҳо дар ҷиҳати пешрафт зерсохти асосӣ аст ; амният муҳимтарин масаълае аст, ки дар нигоҳ ба нерӯҳои мусаллаҳ бояд мавриди тавваҷуҳ қарор бигирад.

26 September 2021

Имом Хоманаӣ дар паёме даргузашти олими раббонӣ ва солики тавҳидӣ оятуллоҳ оқои Ҳасанзодаи Омулиро таслият гуфтанд .


Матни паёми Имом Хоманаӣ ба ин шарҳ аст:

Бисмиллоҳир-раҳмонир-раҳим

Бо таъассуф хабари даргузашти олими раббонӣ ва солики тавҳидӣ Оятуллоҳ оқои Ҳасанзодаи Омулӣ (р)-ро дарёфт кардам. Ин рӯҳони донишманду зуфунун аз ҷумлаи чеҳраҳои нодиру фохире буд, ки намунаҳои маъдуде аз онон дар ҳар давра чашму дили ошноёнро менавозад ва тавъаман донишу маърифат ва ақлу дили ононро баҳраманд месозад . Навиштаҳову маншаоти ин бузургвор манбаи пурфайзе барои дӯстдорони маориф ва латоиф буда ва хоҳад буд,иншоаллоҳ . Инҷониб ба ҳамаи дӯстону шогирдон ва иродатмандони эшон бавижа ба мардуми муъмину инқилобии Омул ва ҷавонони муштоқе, ки маҷзӯби мавозиъи инқилобӣ ва хулқиёти волои инсонии он марҳум буданд, таслият арз мекунам ва раҳмату мағфират ва улуви дараҷоти эшонро аз Худованди мутаъол масъалат менамоям .

Сайидалии Хоманаӣ 4 меҳри 1400 ( 26 сентябри 2021 )

3 September 2021

Имом Хоманаӣ дар паёме ба сабаби даргузашти генерал Сайид Ҳасани Фирӯзободӣ ҳамдардӣ баён кард.


Валии амри мусалмонони ҷаҳон, рӯзи ҷумъа дар робита ба даргузашти генерал -майор Сайид Ҳасани Фирӯзободӣ паёми тасаллият ирсол карданд:

Инқилоби исломӣ дар соҳаҳои муҳим ба мисли ҷиҳоди созанда ва гурӯҳҳои марбут ба Шӯрои олии дифоъ , ва махсусан хидмати дарозмуддат дар сари ситоди кулли Қувваҳои Мусаллаҳ ва ниҳоят узвият дар Шӯрои мақсаднокӣ захираи маънавӣ ва охирин чораи ин бародари меҳнатдӯст ва хайрхоҳ аст.

Раҳбари муаззами Инқилоби исломӣ афзуд:

"Руҳи ибодат ва тақво ва ҳақиқат ва субот дар пайравӣ ба эътиқод ва амали инқилобӣ як имтиёзи бузургест, ки ҳамеша бо ин бародари азиз иртибот дошт; ин хислатҳои барҷаста манбаи раҳмат хоҳанд буд ва хушнудии илоҳӣ аз ӯ, иншоаллоҳ; аз Худои Қодири Мутлақ барои ӯ ва барои наҷотёфтагон осоиштагӣ ва сабри ҷамил хоҳонам.

Генерал -майор Басиҷӣ Фирӯзободӣ, собиқ сардори ситоди кулли Қувваҳои Мусаллаҳ ва мушовири калони низомии Фармондеҳии умумии Қувваҳои Мусаллаҳ имрӯз (ҷумъа) бар асари беморӣ дар синни 70 -солагӣ даргузашт.

18 September 2021

Имом Хоманаӣ субҳи имрӯз (шанбе) дар дидори медоловарони бозиҳои олимпӣ ва паралимпии Токио, бо қадрдонии самимона аз қаҳрамонони Эрон гуфтанд, муҳимтарин паёми қаҳрамонии варзишкорони ифтихорофарини кишвар дар саҳнаҳои байналмилалӣ,имкони таҳаққуқи корҳои ба зоҳир нашуданӣ ва интиқоли паёми истодагӣ ва умеду нишот ба ҷомеъа ва ҷавонон аст.


Имом Хоманаӣ дар ин дидор ба намунаҳое аз қаҳрамониҳо ва медоловариҳои носолим дар варзиши ҷаҳон ишора карданд ва афзуданд, илова бар нодовариҳо, ришва ва кашмакашиҳо сиёсӣ ва истифода аз маводи нерӯзо, касби медол ба воситаи ватанфурӯшӣ ва худфурӯшӣ низ аз намунаҳои қаҳрамонии носолим аст.

Имом Хоманаӣ таҷаллии арзишҳои инсонӣ ва динӣ ва маънавӣ дар канори қаҳрамониро бисёр арзишманд хонданд ва бо ишора ба намунаҳое аз ин маворид дар рақобатҳои олимпӣ ва паралимпӣ гуфтанд, бонувони варзишкори эронӣ дар ин рақобатҳо собит карданд, ки ҳиҷоби исломӣ монеъи дурахшиш дар арсаи варзиш нест ҳамон гуна, ки ин мавзӯро дар арсаҳои сиёсату илм ва мудирият низ собит кардаанд.

Раҳбари муаззами Инқилоби Исломӣ хотирнишон карданд, ҳиҷоби варзишкоронзани эронӣ, роҳро барои варзишкоронзани кишварҳои исломӣ низ ҳамвор кардааст ба гӯнае, ки акнӯн бонувони варзишкор беш аз 10 кишвари исломӣ, бо риояти ҳиҷоб дар маёдини варзишӣ ҳозир мешаванд.

Имом Хоманаӣ мавзӯи ба расмият нашинохтан режими ҷинояткори саҳюнистӣ дар маёдини варзиширо мавзӯе бисёр муҳим донистанд ва гуфтанд, режими наслкуш ва номашрӯи саҳюнистӣ талош дорад бо ҳузур дар майдонҳои байналмилалии варзишӣ барои худ касби машрӯъият кунад ва мустакбирини ҷаҳонӣ низ ба ӯ кумак мекунанд, аммо масъулони муҳтарами варзишӣ ва варзишкорон набояд дар ин ҳавза, ба ҳеҷ ваҷҳ мунфаил шаванд.

Эшон бо ишора ба иқдомоти мутақобили режими саҳюнистӣ ва ҳомиёнаш барои маҳрӯм кардани варзишкорон, таъкид карданд, вазорати варзиш ва вазорати умури хориҷа ва дастгоҳҳои ҳуқуқӣ бояд ин мавзӯро аз роҳҳои ҳуқуқӣ дунбол ва аз варзишкорони кишвар ва ҳатто варизишкорони мусулмони дигари кишварҳо ҳамчун варзишкори алҷазоирӣ, ки ахиран маҳрӯм шуд, ҳимоят кунанд.

Валии амри мусалмонони ҷаҳон бо таъкид бар инки варзишкори сарбаланди эронӣ наметавонад ба хотири як медол бо намояндаи режими ҷинояткор даст бидиҳад ва амалан ӯро ба расмияти бишиносад, афзуданд, ин мавзӯ собиқа дорад ва дар гузашта ҳам варзишкорони кишварҳо аз мусобиқа бо намояндагони режими апартеиди Африқои Ҷанубӣ имтиноъ мекарданду баъд аз муддате ҳам он режим аз байн рафту режими саҳюнистӣ низ нобуд хоҳад шуд.

18 September 2021

Қаҳрамонони олимпӣ ва паралимпии 2020 имрӯз (шанбе) бо Валии амри мусалмонони ҷаҳон дидор мекунанд.


Дар пайи пирӯзиҳои ахири варзишкорони Эрон дар рақобатҳои байналмилалӣ, қаҳрамонони корвони варзишии Ҷумҳурии Исломии Эрон дар бозиҳои олимпӣ ва паралимпии 2020 Токио, субҳи имрӯз (шанбе) бо Имом Хоманаӣ дидор хоҳанд кард.

Ин дидор бо риояти завобит ва дастуруламалҳои беҳдоштӣ дар Ҳусайнияи Имом Хумайнӣ (р) баргузор хоҳад шуд.

Пеш аз ин ва дар поёни баргузории ин мусобиқот, Имом Хоманаӣ дар паёмҳои ҷудогона, ановини ба даст омада аз сӯи варзишкорони Эронро, ки боиси шодии дили мардум шуда буд, ба онон табрик гуфта буданд.

Корвони олимпии Эрон дар Олимпиадаи Токио 2020, муваффақ ба касби ҳафт медол (3 тилло, 2 нуқра, 2 бурунз) ва рутбаи бисту ҳафтум шуда буд.

Ҳамчунин қаҳрамонони паралимпии Эрон, ки ба ёди шаҳиди сипаҳбад Ҳоҷ Қосими Сулаймонӣ бо унвони «Корвони сардори дилҳо» дар мусобиқоти Токио ширкат карда буданд, бо касби 24 медол (12 тилло, 11 нуқра, 1 бурунз) ва рутбаи сездаҳум, беҳтарин натиҷаи таърихи варзиши ҷонбозон ва маълулини Эрон дар адвори паралимпиро аз-они худ карданд.

11 September 2021

Дар пайи бозгашти новгурӯҳи 75 нерӯи дарёӣ аз дарёнавардии паҳнаи Атлас, раҳбари муаззами Инқилоби Исломӣ дар паёме бозгашти муқтадирона ва иззатофарин аз ин маъмурияти хатирро табрик гуфтанд.



Имом Хоманаӣ бо табрики бозгашти муқтадирона ва иззатофарин новгурӯҳи 75 нерӯи дарёии артиш аз маъмурияти таърихсози дарёнавардии паҳнаи Уқёнуси Атлас, аз фармондеҳ ва якояки коркунони он қадрдонӣ карданд.

Матни паёми Имрм Хоманаӣ, ки ба генерал Мӯсавӣ, фармондеҳи кулли Артиши Ҷумҳурии Исломии Эрон иблоғ шуд, ба ин шарҳ аст: Бозгашти муқтадирона ва иззатофарини новгурӯҳи 75 нерӯи дарёии Артиши Ҷумҳурии Исломии Эрон аз маъмурияти хатири дарёнавардии паҳнаи Уқёнуси Атласро, ки барои аввалин бор дар таърихи дарёнавардии кишвар анҷом шудааст, табрик мегӯям.

Дар ин паём омадааст, имрӯз шукри Худо Артиши Ҷумҳурии Исломии Эрон бо коркунони басир, ғаюр ва хастагинопазири худ дар саҳна ҳозир аст ва омодаи муҷоҳидат дар ростои аҳдофи баланди инқилоби шукӯҳманди исломӣ мебошад.

Валии амри мусалмонони ҷаҳон дар ин паём таъкид карданд, ин тавонмандиҳоро ҳифз кунед ва иртиқо диҳед. Маротиби ташаккур ва қадрдонии инҷонибро ба фармондеҳ ва якояки коркунони азизи новгурӯҳ ва дастандаркорон бирасонед.

28 August 2021

Имом Хоманаӣ фармуданд, давлати кунунии Амрико ҳеҷ фарқе бо давлати қаблӣ надорад. Мутолибаи инҳо ҳамон мутолиба Трамп аст ва ҳеҷ тафовуте накардааст. Дар пушти саҳнаи сиёсати хориҷии Амрико як гурги даранда аст, ки бархе мавоқеъ ба як рӯбоҳи ҳилагар тағйир мекунад. Намунааш вазъияти имрӯзи Афғонистон аст.


Валии амри мусалмонони ҷаҳон дар дидор бо раисиҷумҳури ҷадиди Эрон ва вазирони кобинаи давлати ҷадид, гуфтанд, асоси ҳукумати исломӣ ва Ҷумҳурии исломӣ бар иқомаи адл аст. Ҳамчунон ки асоси ҳамаи адён бар иқомаи адл аст. Худои мутаъол мефармояд, ки мо Пайғомбаронро фиристодем, китобҳои осмониро фиристодем «Бар мардум аст, ки барои барпоии адл қиём кунанд» аслан барои инки мардум қиём ба қист кунанд, ҷомеъа, ҷомеъаи адолатомез бошад. Хуб дар ин заминаҳо мо хеле бояд кор кунем. Ақибем. Хеле бояд талош кунем. Ба назари ман ҳар мусаввабае, ки шумо тасвиб мекунед, ҳар лоиҳае, ки дар давлат танзим мекунед, ҳар бахшномае, ки худи шумо дар дастгоҳи худатон содир мекунед, як пайвасти адолат бояд дошта бошад. Бояд муроқиб бошед ин равиш, ин кор, ин дастур зарбае ба адолат назанад. Табақоти мазлӯмро поймол накунад.

Имом Хоманаӣ афзуданд, масаълаи эҳёи эътимоди мардуму умеди мардум бисёр муҳим аст. Чун эътимоди мардум бузургтарин сармояи давлат аст. Мардум вақте ба шумо эътимод карданд ва умед ба шумо доштанд бо шумо роҳ меоянд, кумактон мекунанд. Ин бузургтарин сармоя аст барои як давлат, ки битавонад эътимоди мардумро ҷалб кунад, ки хуб албатта ин мутаасифона як миқдоре осебдида, инро бояд тармим кунед инро ва роҳкораш ҳам ин аст, ки ҳарфу амали масъулин яке бошад.

Валии амри мусалмонони ҷаҳон дар бахши дигаре аз суханони худ ба аҳдшиканиҳои Амрико ишора карданд ва гуфтанд, амрикоиҳо муддатҳо музокираро зери по гузоштанд ва амал накарданд. Давлати кунӯнии Амрико ҳам ҳеҷ фарқе бо давлати қаблӣ надорад. Мутолибаи инҳо ҳамон мутолиба Трамп аст ва ҳеҷ тафовуте накардааст. Инсофан дар пушти саҳнаи сиёсати хориҷии Амрико як гурги даранда аст, ки бархе мавоқеъ ба як рӯбоҳи ҳилагар тағйир мекунад. Намӯнааш вазъияти имрӯзи Афғонистон аст.

Эшон афзуданд, Афғонистон бародари ҳамзабони ҳамдин ва ҳамфарҳанги мост мусибатҳои Афғонистон инсонро ба шиддат мутаассир мекунад. Инҳо кори Амрико аст, ин сахтиҳое ҳам ки мекашанд, ин ҳаводисе, ки дорад пеш меояд пай дарпай ин ҳодисаи рӯзи панҷшанбе, ин кушторҳо, ҳамааш кори Амрико аст.

Имом Хоманаӣ бо ишора ба ҷиноёти амрикоиҳо дар Афғонистон, таъкид карданд:

Амрикоиҳо 20 сол ин кишварро ишғол карданду анвоъи зулмҳоро ба инҳо карданд. Маҷлиси арӯсӣ ва азоро бомбаборон карданд. Иддаеро зиндонӣ карданд. Тавлиди маводи мухаддирро даҳҳо баробар афзоиш доданд. Як қадам ҳам барои пешрафти маданӣ ва иқтисодии Афғонистон барнадоштанд. Афғонистон аз он замон ақабтар набошад, ҷилавтар нест. Ба ҳар ҳол мо тарафдори миллати Афғонистон ҳастем. Давлатҳо меоянд ва мераванд. Онкӣ боқӣ мемонад, миллати Афғонистон ҳастанд. Ва навъи робитаи мо бо давлатҳо бастагӣ дорад ба навъи робитаи онҳо бо мо. Иншоаллоҳ Худованд вазъи миллати Афғонистонро ба беҳтарин ваҷҳ қарор диҳад.

Пурбоздидтаринҳо

All rights reserved This website is owned 2017