this is a title for here

Суханронӣ
13 March 2022

Валии амри мусалмонони ҷаҳон, дар паёме ба нишасти Иттиҳодияи анҷуманҳои исломии донишҷӯён дар Аврупо бар лузӯми шинохти ҷабҳабандиҳо ва интихоби мавзеи дурусту омодагии нақшофаринӣ ба сӯди ҷабҳаи ҳақ таъкид карданд .


Имом Хоманаӣ, дар паёме ба 56-умин нишасти Иттиҳодияи анҷуманҳои исломии донишҷӯён дар Аврупо бо ишора ба таҳаввулоти сиёсӣ ва низомии ахир бар шинохти шинохти ҷабҳабандиҳо ва интихоби мавзеи дурусту омодагии нақшофаринӣ дар таҳаввулот ба сӯди ҷабҳаи ҳақ таъкид карданд .

Дар матни паёми Валии амри мусалмонони ҷаҳон омадааст : Донишҷӯёни азиз рӯйдодҳои сиёсӣ ва низомӣ дар ин рӯзҳо ташкилдиҳандаи бахше аз ҳамон печи торихии ҷаҳон аст, ки гумони он рафта буд .

Оятуллоҳ Хоманаӣ дар паёми худ таъкид карданд: Нухбагону зубдагони миллати бузурги мо дар ин марҳала ҳомили масъӯлиятҳои вижаанд.

Раҳбари муаъаззами инқилоби исломӣ хотирнишон карданд: “Шинохти ҷабҳабандиҳо ва сафороиҳо ва интихоби мавзеи дуруст, масъӯлияти кӯтоҳмуддат ва омодагӣ барои нақшофарӣнӣ дар таҳаввулот ба сӯди ҷабҳаи ҳақ,вазифаи миёнмуддати онон аст.”

Эшон дар паёми худ афзуданд : “Шумо ҷавонони азиз метавонед дар ҳар ду бахш бидурахшиду умед ба анҷуманҳоеро,ки музайян ба номи мубораки Ислом аст, борвар намоед.”

10 March 2022

Раҳбари муаззами инқилоб: Кутоҳ омадан дар муқобили Амрико, хатои бузург ва зарба ба қудрати сиёсӣ донистанд.


Имом Хоманаӣ, Валии амри мусалмонони ҷаҳон субҳи панҷшанбе дар дидор бо раис ва аъзои Маҷлиси хубрагони раҳбарӣ кутоҳ омадан дар муқобили Амрико ё ҳар қудрати дигарро барои дар амон мондар аз таҳрим, хатои бузург ва зарба ба қудрати сиёсӣ донистанд ва афзуданд: Содалавҳонатар ва ношиёнатар аз пешниҳоди касе, ки мегуяд қудрати дифоъиро барои ҳасос нашудани душман коҳиш диҳем, вуҷуд надорад.

Валии амри мусалмонони ҷаҳон қудрати миллиро амри мураккаб ва маҷмуъаи ба ҳам пайваста хонданд ва дар баёни аркони он афзуданд: Илм ва фановарӣ ва тафакур ва андешаварзи ва озодфикрӣ ҷузъи аркони қуввати миллӣ аст ва агар озодфикрӣ ва пешрафти фикрӣ набошад, илм ва фановарӣ роҳгушо нест.

Эшон "Амният ва қудрати дифоъӣ", "Иқтисод ва рифоҳи умумӣ ва осудагии маъишати мардум", "Қудрати сиёсатварзӣ ва чоназанӣ барои таъмини манофеъи миллӣ дар арсаи минтақа ва ҷаҳон", "Фарҳанг ва равиши зиндагӣ" ва "Мантиқи ҷаззоб ва таъсиргузор бар дигар миллатҳо"-ро аз дигар бозуҳои қудрати миллӣ хонданд ва гуфтанд: Ҷазби миллатҳо барои ҳар кишвар умқи роҳбурдӣ эҷод мекунад, ки бисёр муҳим аст.

Имом Хоманаӣ таъкид карданд: “Агар ба касоне, ки мехостанд бархе бозуҳои қудрати миллиро қатъ кунанд, иҷозаи ин корро дода мешуд Эрони имрӯз бо хатароти бузург ру ба ру буд, ки бо ирода ва инояти Худованд имкони амалӣ шудани ин пешниҳодҳо ба вуҷуд наёмад.”

Эшон бо зикри чанд мисдоқ дар ин замина пешниҳодҳои мисли сарфи назар кардан аз ҳузури минтақавӣ барои надодани баҳона ба дасти душман ва ё инсироф аз пешрафти илмӣ дар заминаи ҳастаиро зарба ба қудрати миллӣ хонданд ва афзуданд: "Ҳузури минтақавӣ ба мо умқи роҳбурди ва қуввати бештари миллӣ медиҳад чаро, аз он сарфи назар кунем? Пешрафти илмии ҳастаӣ ҳам ба таъмини ниёзҳои кишвар дар ояндаи наздик марбут мешавад ва агар сарфи назар кунем, чанд сол баъд пеши чи кас ва ба куҷо даст дароз кунем?".

Имом Хоманаӣ истеҳкоми низомро мунҷар ба қудрат ва қуввати миллӣ донистанд ва гуфтанд: Қудрати миллӣ барои ҳар кишваре ҳаётӣ аст ва ҳар миллате агар истиқлол, сарафрозӣ, истифода аз манобеъи ҳаётӣ бар мабнои иродаи худ ва истодагӣ дар муқобили хостаҳои дигарон мехоҳад бояд қавӣ бошад.

Валии амри мусалмонони ҷаҳон бо баёни унсури маҷмуъаи ба ҳам пайвастаи қудрат ва қуввати миллӣ, масъалаи маъишату равон будани масоили муртабит бо мардумро муҳим хонданд ва бо ишора ба ҷанги нарми сахту сангини душманон барои иғво ва асаргузорӣ бар мардум ва хавос афзуданд: Илоҷи ин ҷанги печида, ҷиҳоди табйин бо "равишҳои навини нармафзорӣ ва муттакӣ бар маъориф ва мафоҳими амиқ ва олияи Ислом аст".

Эшон иғвои хавосро бо ҳадафи ниҳоии иғвои мардум, дастури кори муҳими душманон баршумурданд ва гуфтанд: Мустакбирони ҷаҳон дар сангинтарин ҷанги нарми таърих бо миллати Эрон дар сададанд касонеро, ки унвон, имкон ва аҳёнан савод доранд иғво кунанд то онҳо тудаҳои мардумиро фиреб диҳанд ва аз ҳақиқат ва воқеъият дур созанд.

Раҳбари муъаззами инқилоби исломии Эрон "Муздурпарварӣ, ҳаромхорсозӣ, таҳдид ва татмиъ"-ро ҷузи равишҳои мухталифи душман хонданд ва афзуданд: Ин ҷанги нарми сангин албатта нишондиҳандаи қавӣ шудани зерсохтҳо ва имконоти ҷабҳаи ҳақ аст, ки чолиш бо ҷабҳаи ҳақро душвор кард ва душманро ба ҷанги нарм барои тахриби зеҳнҳои мардум кашонда аст.

Имом Хоманаӣ, ҳамчунин Маҷлиси Хубрагонро дорои нақшофаринии муҳим дар мустаҳкам шудани низоми исломӣ хонданд ва афзуданд: Шарти таъсиргузори ҳамаи ниҳодҳои қонунӣ аз ҷумла Маҷлиси хубрагон амал бар асоси вазоиф ва ҳудуде аст, ки Қонуни асосӣ барои онҳо мушаххас карда аст.

1 March 2022

Валии амри мусалмонони ҷаҳон гуфтанд: “Амрико як режими мафияӣ аст, Украина ҳам қурбонии сиёсатҳои Амрико аст.”


Имом Хоманаӣ, Валии амри мусалмонони ҷаҳон, имрӯз сешанбе дар солрӯзи Иди Мабъас дар суханони телевизионӣ афзуданд: “Режими Амрико намунаи комили ҷоҳилияти модерн аст; ин режим, режиме буҳронзо ва буҳронзист аст ва аз тариқи эҷоди буҳрон дар дунё иртизоқ мекунад.”

Эшон фармуданд: “Амрико бо вуруд ба масоили Украина ва роҳандохтани иҷтимооту эҷоди кудатои рангӣ суботи ин кишварро баҳам зад.”

Имом Хоманаӣ гуфтанд: “Мо албатта бо ҷангу тахриб дар ҳар ҷои дунё мухолифем. Ин ҳарфи собити мост. Мо бо кушта шудани мардум, бо тахриби зербиноҳои миллатҳо таъйид намекунем дар ҳар ҷои дунё, ки иттифоқ биафтад. Мо мисли ғарбиҳо нестем, ки чунончӣ бомбро сари корвони арусӣ дар Афғонистон биандозанд ва арусиро ба азо табдил кунанд, инро мубориза бо тероризм бидонем ва ҷиноят нест. Инҳо мантиқашон ин шаклӣ аст. Дар Афғонистон дар Ироқ Амрико дар шарқи Сурия чӣ мекунад. Чаро нафти Сурия ва пули сарвати миллии Афғонистонро медузданд ва ғасб мекунанд?!”

Валии амри мусалмонони ҷаҳон таъкид карданд: “Мо дар Украина тарафдори таваққуф ҷанг ҳастем ва мехоҳем ҷанг дар онҷо тамом шавад мунтаҳои алоҷи ҳар буҳроне сирфан дар сурате мумкин аст, ки решаи буҳрон шинохта шавад. Решаи буҳрон дар Украина сиёсатҳои Амрико ва ғарбиҳост. Инҳо решаи буҳрон аст. Инҳоро бояд шинохт ва бар асоси инҳо қазоват ва доварӣ кард ва агар аҳли иқдом будем, иқдом кард.”

Имом Хоманаӣ фармуданд: “Ҳамаи чизҳо дар дунёи имрӯз барои фарбеҳ шудани компаниҳо ва корталҳост, ҳамчунин аз илм барои куштори одамҳо истифода мешавад; якҷо бо истифода аз ин илм, воксан месозанд, ки ҷони инсонҳоро наҷот медиҳад ва як ҷои дигар барои сохти силоҳ аз он истифода мекунанд, ки даҳҳо баробари он касоне, ки наҷот ёфтаандро аз байн мебарад.”

Эшон, «мардум»-ро муҳимтарин пуштвонаи давлатҳо хонданд ва афзуданд: Агар дар Украина мардум вориди майдон мешуданд, вазъи давлат ин гуна намешуд, аммо чун мардум давлатро қабул надоштанд ворид нашуданд. Ҳамчунон ки мардум дар замони ҳамлаи Амрико ба Ироқ дар даврони Саддом ба майдон наомаданд, аммо ҳамин мардум дар муқобили ҳамлаи ДИИШ ба майдон омаданд ва бо саркӯби он хатари бузург, ДИИШ-ро ба ақиб ронданд.

Имом Хоманаӣ, мардумро омили аслии истиқлоли кишварҳо хонданд ва бо ишора ба таҷрибаи ширини миллати Эрон дар ғалаба бар душмани баъсӣ, ки муттакӣ ба ҳимояти ҳамаи қудратҳо буд, гуфтанд: Бояд бо чашми боз ва андеша ва амали дуруст, битавон аз ибратҳои бузург баҳра гирифт.

17 February 2022

Имом Хоманаӣ, панҷшанбе дар остонаи солрӯзи қиёми таърихи мардуми Табрез дар 29 баҳмани соли 1356 дар иртиботи видеоӣ бо ҷамъи аз мардуми устон Озарбойҷони Шарқӣ, гуфтанд: Муқовимати ру ба рушди минтақа убуҳати истикборро дар ҳам шикаст ва забони милатҳоро дар муқобили Амрико кушода аст, ки бояд ин неъматро бо идома доштани инқилоб, қадр бидонем.


Раҳбари маззами инқилоби исломӣ афзуд: Ҳадафҳои инқилоб пешрафтҳои воқеъи ва ҳамаҷонибаи модӣ ва маънавӣ, таҳақуқи адолати иҷтимоъӣ, иқтидори кишвар, ташкили ҷомеъаи исломӣ ва дар ниҳоят шаклгирии тамадуни бузург ва навини исломӣ аст.

Имом Хоманаӣ энержии сулҳомези ҳастаиро аз дигар ниёзҳои асосии оянда хонданд ва гуфтанд: Иллати такяи ҷабҳаи душман бар рӯи масъали ҳастаии Эрон ва эъмоли таҳримҳои золимона бо вуҷуди итилои онҳо аз истифодаи сулҳомези мо ва баёни ҳарфҳои муҳмал монанди фосилаи наздикии Эрон бо силоҳи атоми, пешгири аз пешратфҳои илмии кишвар барои рафъи ниёзи ояндаи Эрон аст.

Валии амри мусалмонони ҷаҳон, бо ишора ба пешрафтҳои ҳайратовари илмӣ дар бахшҳои мухталиф ва изъони марказҳои ҷаҳонӣ ба суръати рушди илмии Эрон чандин баробари миёнгини ҷаҳонӣ, хотирнишон карданд: Инқилоб ҳамчунин сабаби пешрафтҳои шигифтовар дар зерсохтҳои асосӣ монанди роҳ созӣ, сад созӣ, об расонӣ, барқ расонӣ ва хадамоти саломати пизишки низ шуд, ки агар инқилоб ва ҳаракати ҷиҳоди набуд қатъан ин пешрафтҳо ба даст намеомад.

Эшон бо ишра ба қазовати марказҳои ҷаҳонӣ дар бораи беҳуби шохисаҳои иқтисодии Эрон пас аз инқилоб гуфтанд: Ба гузориши марказҳои иқтисодии маъруфи дунё, пешрафтҳои бузурге эҷод шуда аст зимни ин ки дар худкифоӣ бисёре аз маҳсулот ва афзоиши эътимод ба анфси тавлид кунандаи дохилӣ пешрафтҳои муҳими доштаем.

Имом Хоманаӣ, хотирнишон карданд: Душман имрӯз афкори умумӣ ба вижа фикру зеҳни ҷавонҳоро ҳадаф гирифта аст то бо харҷ кардани миллиарҳо доллар ва бо тароҳиҳои мухталиф дар утоқҳои фикрияшон, битавонанд миллати Эрон ва ба хусус ҷавононро аз масири инқилоб баргардонанд.

Эшон, фишори иқтисодӣ ва амалиёти расонаиро ду абзори аслии истикбор барои ҷудо кардани мардум аз низом ва дасткори дар фикри онҳо баршуморданд ва гуфтанд: “Дуруғпардози ва туҳматзанӣ ба аркони инқилоб ва марказоҳое, ки дар пешрафти инқилоб таъсир доранд, шиваҳое аст, ки дар амалиёти расонаи истифода мешавад.”

Валии амри мусалмонони ҷаҳон, тӯҳматзани ба Маҷлис, Шӯрои Нигаҳбон, Сипоҳ ва шаҳиди бузургавор сардор Сулаймониро намунаҳои аз ин бадномсози хонданд ва хотирнишон карданд: Онҳо агар аз хашми мардум наметарсиданд, ба Имом Хумайнӣ(р) ҳам туҳмат мезаданд аммо ҷурати ин корро надоранд.

13 February 2022

Имом Хоманаӣ дар паёме бо ибрози хурсандӣ аз иқдоми ифтихорофарини тавлидкунандагони навиштафзори эронӣ, тавлиди бо кайфияти ин маҳсулро барои ҳар кишваре мояи ифтихор донистанд.


Матни паёми Валии амри мусалмонони ҷаҳон, ки субҳи имрӯз дар маросими посдошти ҷараёни навитафзори эронии исломӣ мунташир шуд ба ин шарҳ аст:

Бисмиллоҳи Раҳмони Раҳим

Навиштафзор, дар шумори колоҳои ҳаётӣ барои имрӯз ва фардои ҳар кишвар аст, тавлиди бо кайфияти он низ барои кишвари тавлидкунанда мояи ифтихор аст, аз ин ки маҷмуъаҳое дар кишвари мо бар ин иқдоми ифтихорофарин ҳиммат гумошта ва гомҳои мувафақиятомез бардоштанд, хурсандам ва пойдории онҳо дар ин роҳро аз Худованди мутаъол масалат мекунам.

Тавфиқотатон мустадом бод иншоаллоҳ.

25 January 2022

Баёноти Валии амри мусаомонони ҷаҳон дар дидори дастандаркорони ҳамоиши ҳазрати Ҳамза (а), ки дар санаи 25-уми январи 2022 баргузор шуда буд, субҳи имрӯз (панҷшанбе) дар маҳалли баргузории ин ҳамоиш дар Қум мунташир шуд.

Имом Хоманаӣ дар ин дидор бо ташаккур аз бузургдошти ҷаноби Ҳамза (амаки Паёмбари бузургвори ислом), манобеъи илмӣ ва таҳқиқии ин ҳамоишро заминаи муносибе барои фарҳангсозӣ ва улгӯсозӣ аз он шахсияти бузурги ислом донистанд ва гуфтанд: “Бо вуҷуди нақши барҷастаи ҷаноби Ҳамза дар торихи ислом ба вижа дар ҳиҷрат ба Мадина ва рашодати ӯ дар ҷангҳои бо куффор, аммо ин шахсияти арзишманд ғариб аст ва бояд аз зиндагии ин бузургвор ва дигар саҳобаи барҷаста аммо ношинохтаи Паёмбар ҳамчун Аммор, Салмон, Миқдод ва Ҷаъфар ибни Абитолиб дар қолабҳои ҳунарӣ ва намоишӣ тасвирсозӣ шавад.”

Эшон ҳадафи Паёмбари Акрам (с) аз маъмур кардани занони мадина ба гиря бар ҷаноби Ҳамза пас аз шаҳодат ва муаррифии ӯ ба унвони Сайидуш-шуҳадоро, улгӯсозӣ аз ин шахсияти шуҷоъ ва фидокор барои ҳамешаи торих ва ҳамаи мусалмонон донистанд ва хотирнишон карданд: “Ду унсури муҳимми улгӯсоз дар шахсияти ҷаноби Ҳамза, “қудрати шинохт” ва “иродаи қавӣ ва азми росихи” ӯ аст.”

Имом Хоманаӣ бо ишора ба ривояте аз Амирул-мӯъминин, ҷаноби Ҳамзаро аз масодиқи “мӯъминони содиқ бар аҳди илоҳӣ” хонданд ва гуфтанд: “Марокизи ҳавзавӣ ва дастгоҳҳои таблиғӣ ҳиммати худро бар тарбияти шахсиятҳое қарор диҳанд, ки мисдоқи маорифи илоҳӣ ва аҳкоми исломӣ бошанд, чаро ки чунин шахсиятҳое қодир ба наҷоти ҷомеъа дар мавқеъҳои ҳассос ҳастанд ва бо вуҷуди онҳо ташкили тамаддуни исломӣ қатъӣ хоҳад буд.”

1 February 2022

Имом Хоманаӣ дар паёме даргузашт фақеҳи олимақом ва марҷаи басир, ҳазрати оятуллоҳ Оқоҳоҷӣ Шайх Лутфуллоҳи Софии Гулпойгониро таслият гуфтанд.

 

матни паёми Валии амри мусалмонони ҷаҳон ба ин шарҳ аст:

Бисмиллоҳир Раҳмони Раҳим

Бо таассуф хабари даргузашти фақеҳи олимақом ва марҷаи басир, ҳазрати оятуллоҳ Оқоҳоҷӣ Шайх Лутфуллоҳи Софии Гулпойгонӣ ризвонуллоҳи алайҳро дарёфт кардам. Эшон аз устувонаҳои ҳавзаи илмияи Қум ва аз барҷастагони илмиву амалӣ ва пурсобиқатарин олими динӣ дар он ҳавзаи муборак буданд.

Дар даврони марҳум оятуллоҳ Буруҷердӣ, дар шумори бартарин шогирди он устоди бузург, дар замони марҳум оятуллоҳ Сайид Муҳаммадризо Гулпойгонӣ ҳамроҳу мушовири илмиву амалии эшон ва дар даврони инқилоб амину мавриди эътимоди ҳазрати имом Хумайнӣ раҳималлоҳи алайҳим ба шумор мерафтанд.

Солҳо дар Шӯрои нигаҳбон рукни аслии он шӯро маҳсуб мешуданд ва пас аз он ҳам ҳамвора дар бораи масоили инқилобу кишвар дилсӯзонаву масъулона вуруд мекарданд ва борҳо инҷонибро аз назароту машваратҳои худ мутталеъ ва баҳраманди месохтанд. Қареҳаи шеърӣ, ҳофизаи таърихӣ, пардохтан ба масоили иҷтимоӣ аз дигар абъоди шахсияти ин олими куҳансолу бузургвор буд.

Реҳлати эшон барои ҷомеиаи илмии динии кишвар мояи таассуф аст. Инҷониб ба хонадони мукарраму фарзандони гиромии эшон ва низ ба мароҷеи муаззаму уламои эъломи ҳавзаи илмия ва муқаллидону иродатмандони эшон, бавижа дар Қум ва Гулпойгон таслият арз мекунам ва раҳмату мағфирати Илоҳиро барои эшон масъалат менамоям.

Сайид Алии Хоманаӣ

12 баҳмани 1400

30 January 2022

Валии амри мусалмонони ҷаҳон, дар дидори ҷамъе аз тавлидкунандагону фаъолони санъатӣ ҷиҳоди корофаринону коргарон дар сангари тавлидро муҷиби эътирофи Амрико ба шикасти ҷанги иқтисодӣ донистанд.


Имом Хоманаӣ, Валии амри мусалмонони ҷаҳон (якшанбе) дар дидори ҷамъе аз тавлидкунандагону фаъолони санъатӣ гуфтанд: Иттилои мардум аз муваффақиятҳои фаъолони иқтисодӣ аз забони худи ин афрод, барои муқобила бо ҷанги равонии душман муфид аст.

Валии амри мусалмонони ҷаҳон бо таъкид бар ин ки тарроҳиҳои душман барои фатҳи сангари тавлид бо шикаст мувоҷеҳ шуд, хотирнишон карданд: Дар ин таҳоҷум ба иқтисоди кишвар дар маишати мардум мушкилоте ба вуҷуд омад, аммо тавлид ба зону дарнаёмад ва сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Амрико чанд рӯзи пеш сароҳатан эълом кард, ки сиёсати фишори ҳаддиаксарӣ ба шикасти хиффатбори Амрико мунҷар шуд.

Имом Хоманаӣ тавлидро «ҷиҳод» хонданд ва афзуданд: Истодагии тавлидкунандагон дар муқобили ҳамла ба иқтисод ва талоши душман барои мамониат аз фурӯши нафту газ, қатъи манобеи арзӣ ва барномарезӣ барои масдудсозии мубодилоти хориҷии Эрон, дар воқеъ ҷиҳод ва аз бузургтарин ибодатҳост.

Эшон гуфтанд: Онҳо фурӯпошии иқтисодии ба хаёли худашон чандмоҳаро заминае барои таҳаққуқи мақсадҳои сиёсии шум медонистанд, аммо пас аз даҳ сол сангари тавлиду иқтисоди кишвар биҳамдиллоҳ побарҷост.

Имом Хоманаӣ гуфтанд, ҷаҳиши тавлид бо беҳбуди шохисҳои иқтисодӣ ҳамчун иштиғоли пойдор, равнақи содирот, даромади арзӣ ва коҳиши нархи таваррумро ба дунбол дорад ва истиқлоли иқтисодиро, ки зомини иззату амнияти миллӣ ва афзоиши эътимод ба нафси миллӣ аст, ба дунбол меоварад.

Валии амри мусалмонони ҷаҳон афзуданд, бунгоҳҳо ва тавлидкунандагоне будаанд, ки мунтазири бардоштани таҳриму натоиҷи музокирот намонданд ва бо кору талош, ба намунаҳои муваффақе табдил шуданд.

Имом Хоманаӣ дар мавриди донишбунён шудани саноеи бузург низ таъкид карданд, бояд дар ин замина аз тавоноӣ ва дониши ҷавонони хушистеъдод истифода шавад, ҳамон тавр, ки дар ҳар ҷое аз воксани корона то мушаки нуқтазан, ки ба ҷавонон эътимод ва аз онҳо кор хоста шуд, воқеан дурахшиданд.

Пеш аз суханони Валии амри мусалмонони ҷаҳон 14 тан аз фаъолон аз бахшҳои мухталифи тавлид назарот ва дидгоҳҳои худро баён карданд.

27 January 2022

Вебинари бозхонии номаи Имом Хоманаӣ ба ҷавонони ғарбӣ бо ҳузури ширкаткунандагон аз Шветсария, Ҳоланд ва Италия дар Стокголм баргузор шуд.


Валии амри мусалмонони ҷаҳон дар соли 2015 ду нома ба ҷавонони ғарбӣ навиштанд, ки дар муҳтавои ин номаҳо шинохти бевосита ва мустақими Ислом матраҳ шудааст.

Ба муносибати фаро расидани солрӯзи судури номаи Имом Хоманаӣ хитоб ба ҷавонони ғарбӣ, 2 вебинари тахассусӣ тавасути ройзани фарҳангии Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Стокголм барномарезӣ ва аввалин вебинар таҳти унвони бозхонии номаи Раҳбари муаззамин инқилоб ба ҷавонони ғарбиро бо ҳузури ширкаткунандагоне аз Шветсария, Ҳоланд ва Италия ва мушорикати донишгоҳиён, донишҷӯён ва фаъолони фарҳангии кишварҳои мухталиф баргузор шуд.

Ҳудо Аҳмадӣ, муҳаққиқ ва донишҷӯи мутолеоти динӣ аз Шветсария дар суханоне, ба фалсафаи судури нома ва заруриятҳои замонии он пардохт ва бо таҳлили шароит ва мавқеияти фарҳангӣ Ғарб онро бо номаи Имом Хумайнӣ (р) хитоб ба Горбачёв муқоиса кард ва зарфиятҳо ва таъсироти билқува ва заруриятҳои нозир ба нашри густардаи онро мавриди баҳс қарор дод.

Як фаъоли фарҳангӣ-мазҳабӣ ва дабири маркази исломии Тавҳиди Италия низ дар ин вебинар, шаклгирии гуруҳҳои террористии ДИИШ-ро ба унвони ҷилвае аз Исломи инҳирофӣ, тавтеа барои тахриби чеҳраи Ислом ва мусалмонон муарифӣ ва ин нома ва паёми онро роҳбурде барои муқобила ва хунсосозии ин тавтеа қаламдод кард.

Дар поёни ин нишаст Сайидзиё Ҳошимӣ, ройзани фарҳангии Эрон дар Стокголм ба таҳлили се меҳвари муҳим дар хуссуси ин нома, шомили муҳтавои нома, адабиёт ва мантиқи тадвин ва интихоби мухотабони он, яъне ҷавонони ҷомеаи Ғарб ва билохира тақозои замонӣ ва мавзуи судури ин нома пардохт.

23 January 2022

Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ, Валии амри мусалмонони ҷаҳон имрӯз ( якшанбе ) дар иди валодати ҳазрати Заҳро саломуллоҳи алайҳо дар дидор бо ҷамъе аз маддоҳону зокирони Аҳли байти алайҳимус-салом фармуданд : Ҳайат маҳали баён аст, маҳали баёни муҳимтарин мафоҳими маорифи исломӣ ва маорифи алавӣ ҳайат аст, маҳали посух ба суолҳо аст.


Имом Хоманаӣ дар идома таъкид карданд: “Имрӯз ҷавонҳои мо суол доранд, суолҳои гуногуне доранд, дар бораи сабки зиндагӣ суол доранд, дар бораи масоили усулӣ суол доранд, суол ҳам баҷост .Роҳи мувоҷеҳа бо суол андешидану посух додан аст.Ин кор бояд дар ҳайат анҷом бигирад, маркази муҳими ин кор ҳамин ҳайат аст.”

Эшон бо ишора ба таҳарруки васеъи душманони миллати Эрон барои ворунасозии афкор ва тахриби имон ва боварҳои мардум ба василаи анбӯҳи расонаҳо ва бо истифода аз ҳазорон мутахассиси ҳунар ва расона ва пуштибониҳои ҳангуфти молӣ ва амниятӣ, муҳимтарин арсаи ҷиҳодро арсаи “табйин ва рӯшангарӣ” донистанд ва таъкид карданд: “Дар муқобили ин ҳаракати шайтонӣ, ҳайъатҳо бояд аз худ савол кунанд, ки дар ҷанги беамони ҷабҳаи ҳаққу ботил, ва тақобули ривояти дурӯғ ва ҳақиқат дар куҷо қарор доранд ва чигуна ормонҳо ва мабонии аслии инқилобро густариш медиҳанд.”

14 January 2022

Валии амри мусалмонони ҷаҳон, таъкид карданд: “Муҳосибаи ғалати амрикоиҳо идома дорад, онҳо фикр мекарданд бо шаҳодати шаҳид Сулаймонӣ ҳаракате, ки ӯ намояндааш буд хомӯш хоҳад шуд, аммо бештар шуд.”


Валии амри мусалмонони ҷаҳон ( якшанбе 19 дейи 1400 ҳ.ш) дар солрӯзи қиёми торихии 19 даи 1356 мардуми Қум ва дар суханронии телевизиюнӣ тасреҳ карданд : “Муҳосибаи ғалати Амрико дар дастгоҳи муҳосиботишон идома дорад ва алъон ҳам ҳамин тавр аст.”

Эшон гуфтанд: “Алъон ҳам дар бораи масоили гуногун як муҳосибае мекунанд; намунааш ҳамин масаълаи тозаи боқимондаи шаҳодати шаҳиди азизмон, шаҳид Сулаймонӣ аст, чӣ фикр мекарданд, чӣ шуд? Онҳо фикр мекарданд бо аз байн бурдани шаҳид Сулаймонӣ наҳзату ҳаракати азиме, ки ӯ намояндааш буд, намӯдораш буд ва намодаш буд, ин хомӯш хоҳад шуд. Намебинед, ки бештар шудааст.”

Имом Хоманаӣ афзуданд: “Имсол дар солгарди дувуми шаҳодати шаҳид Сулаймонӣ ин ҳаракати азим, ин кори кӣ буд, дасти кӣ буд, инро кӣ метавонад иддао кунад, кӣ ин корро ман кардам, мо кардем, ҷуз кори қудрати Илоҳӣ ва дасти қудрати Илоҳӣ набуд дар Эрон ва дар кишварҳои ғайр, аз хориҷ аз Эрон.”

Раҳбари муаззами инқилоб таъкид карданд: “Омили наҷоти кишвар дар бизангоҳҳои мухталиф ғайрати динии миллати Эрон будааст, ғайрати динӣ аст, ки таҳдидҳоро ба фурсат табдил мекунад . Ишон дар иртиботи тасвирии мардуми Қум афзуданд : Азизони ман касоне ки ин суханро аз ин бандаи ҳақир мешунавед ғайрати диниро ҳифз кунед, омили наҷоти кишвар дар бизангоҳҳои мухталиф ғайрати динии миллати Эрон будааст.”

Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ хотирнишон карданд: “Ғайрати динӣ аст, ки таҳдидҳеро ба фурсат табдил мекунад. Як намунааш ҷанги таҳмилӣ-дифои ҳаштсола як таҳдиди бузург буд. Ғайрати динии мардум, ғайрати динии ҷавонҳо, ғайрати динии падарону модарон ва ҳамсарон мӯҷиб шуд, ки бираванд ҷавонҳои мо дар ин ҷабҳа ва ин ҷанги дарвоқеъ байналмиллалиро, ки Амрикои он рӯз, Шуравии он рӯз, НАТО-и он рӯз, иртиҷоъи минтақа дар он рӯз, ҳама бо ҳам ҳамдаст шуда буданд, ки Эронро шикаст бидиҳанду Имомро ба зонӯ дарбиёранд ва наҳзатро нобуд бикунанд, ҳамаи инҳоро шикаст дод ва тавонист пирӯз бишавад.”

Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ тасреҳ карданд: “Миллати Эрон ба маънои воқеии калима зери тобути шаҳид Сулаймонӣ ҳуввияту ваҳдати худашро нишон дод.”

Имом Хоманаӣ афзуданд: “Шаҳодати ҳамин шаҳиди азизамон, сардор Сулаймонӣ воқеан як ҳодисаи торихии аҷиб шуд ҳеҷ кас фикр намекард дӯстон ҳам фикр намекарданд, ки инҷурӣ ин ҳодиса азимат пайдо кунад ва Худои мутаъол баракат ба ин ҳодиса бидиҳад, ки битавонад ҳуввияти динӣ ва инқилобии мардумро ҷилави чашми ҳама қарор бидиҳад ва ҳама бибинанд, ки ба маънои воқеии калима зери тобути шаҳид Сулаймонӣ миллати Эрон ҳуввияту ваҳдати худашро нишон дод.”

Эшон афзуданд: “Ин ҳаракати азими миллати мусулмонро ин нишон дод, ин ҳодиса - ҳодисаи азиме буд; яъне шаҳодати як шахсияти бузурге мисли шаҳид Сулаймонӣ аз назари душман ва аз назари ҳама як таҳдид маҳсӯб мешуд, аммо ин таҳдидро ғайрати миллат, миллати мусулмон, миллати Эрон табдил кард ба фурсат. Як фурсате шуд.”

Валии амри мусалмонони ҷаҳон таъкид карданд: “Ғайрати динӣ дар он ҷое, ки худашро нишон медиҳад ва таъсиргузор аст, ҳамроҳ бо ақлоният ҳаст ва ғайрати динӣ асосан ношӣ аз басират аст, ки басират як шуъбае аз ақлоният аст ва нишондиҳандаи умқи диндорӣ аст ва дар ағлаби маворид ин ғайрати динӣ вақте Шумо нигоҳ мекунед мебинед ки бо он ақлоният ҳамроҳ аст . Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ хотирнишон карданд: Шахсиятҳое ки бештарин ғайрати диниро доранд инҳо ғолибан дорои ақлонияти боло ҳастанд; намунааш шахси Имоми бузургвор, авҷи ғайрати динӣ буд. Воқеан ҳеҷ касро мо надидем ва нишнохтем, ки аз лиҳози нисбат ба дину фарҳанг, дину зиндагии динӣ, сабки зиндагии динӣ ва аҳкоми динӣ мисли Имоми бузургвор бошад.”

14 January 2022

Валии амри мусалмонони ҷаҳон субҳи рӯзи шанбе (11-уми дейи 1400 ҳ.ш) дар дидори хонавода ва аъзои ситоди бузургдошти сардори шаҳид Ҳоҷ Қосими Сулаймонӣ, “сидқ” ва “ихлос”-ро хулоса ва намод ва намояи мактаби Сулаймонӣ хонданд ва бо ишора ба улгӯ шудани Ҳоҷ Қосим дар миёни ҷавонони минтақа афзуданд: “Сулаймонии азиз, миллитарин ва умматитарин шахсияти Эрон ва дунёи ислом буд ва ҳаст.”


Имом Хоманаӣ, шаҳодати сардор Сулаймониро ҳодисае миллӣ ва ҳодисаи байналмилали исломӣ баршумурданд ва афзуданд: “Бузургдошти мардумӣ ва мубтакиронаи Ҳоҷ Қосим дар саросари Эрон нишондиҳандаи пешрав будани миллат дар қадршиносӣ аз ин шаҳиди воломақом аст.”

Эшон бо истинод ба оятҳои қуръонӣ гуфтанд: “Сидқу ихлос, ҷавҳара ва шаклдиҳандаи мактаби Сулаймонӣ аст, ки ҳам зиндагӣ ва ҳам шаҳодати ӯро пурбаракат сохт ва кайфияти шаҳодати ӯ низ, ба фазли илоҳӣ ҳуҷҷатро бар ҳамаи бандагони Худо ва душманони Ислом тамом кард.”

Валии амри мусалмонони ҷаҳон пойбандӣ ва вафодории комилан содиқонаи сардор Сулаймонӣ ба аҳде, ки бо Парвардигор баста буд ва таомули аз сари сидқи Ҳоҷ Қосим бо Имом ва ормонҳои ислому инқилобро мояи баракати фаъолиятҳои сардор Сулаймонӣ хонданд ва афзуданд: “Сардори азизи миллати Эрон, ранҷи муҷоҳидат дар роҳи ормонҳоро бо ҳамаи вуҷуд таҳаммул мекард ва бо камоли диққат ва дар ҳамаи умр ба вазоифи худ дар қиболи миллати Эрон ва уммати исломӣ вафодор буд.”

Эшон бо итиқод аз касоне, ки хоста ё нохоста хатти душман дар тарвиҷи дугонаи дурӯғини “миллат ва уммат”-ро дунбол мекунанд, гуфтанд: “Ҳоҷ Қосим собит кард, ки метавон миллитарин ва дар айни ҳол умматитарин буд.”

Валии амри мусалмонони ҷаҳон бо ишора ба ҳузури даҳҳо миллионии миллат дар ташйеъи пайкари мутаҳҳари сардор афзуданд: “Ин воқеъият нишон медиҳад Ҳоҷ Қосим миллитарин чеҳра буда ва ҳаст, зимни ин ки нуфузи рӯзафзуни ёду номи ӯ дар дунёи ислом исбот мекунад Сулаймонии азиз, умматитарин чеҳраи дунёи ислом низ буда ва ҳаст.”

Имом Хоманаӣ, Ҳоҷ Қосимро мазҳари талош ва кори хастагинопазир ва ҳайратангез баршумурданд ва афзуданд: “Сардори қаҳрамони миллати Эрон, дар ҳамаи корҳо ва фаъолиятҳои бепоёнаш дар ҳадди таҳсинбарангезе аз шуҷоат ва шаҳомат ва дар айни ҳол ақлоният бархӯрдор буд ва зимни шинохти дақиқ аз душман ва имконот ва абзорҳояш, бидуни заррае тарс, бо қудрат ва тадбир вориди майдони муқобила мешад ва корҳои эъҷобангезе анҷом медод.”

Эшон таҳсини миллат аз шуҷоати сардор Сулаймониро аз ҷумлаи натоиҷи сидқи Ҳоҷ Қосим дар вафодорӣ ба аҳди илоҳӣ хонданд.

Имом Хоманаӣ, “ихлос ва кор барои Худо”-ро вижагии дигари шаҳид Сулаймонӣ ва мояи баракати бебадил дар кори ӯ донистанд ва афзуданд: “Ӯ аз дида шудан фирор мекард ва аҳли тазоҳур ва лофзанӣ набуд ва он ташйеъи даҳҳо миллионӣ ва ривоҷи ному ёди ӯ дар ҷаҳон, аввалин подош ва ҷазои илоҳӣ ба ихлоси ӯ дар дунё буд.”

Эшон бо ишора ба табдил шудани шаҳид Сулаймонӣ ба улгӯ ва қаҳрамони ҷавонони дунёи ислом ва минтақа, гуфтанд: “Имрӯз Сулаймонӣ дар минтақаи мо намоди умед, эътимоди ба нафс, рашодат ва рамзи истиқомат ва пирӯзӣ аст ва ҳамчунон, ки бархе ба дурустӣ гуфтаанд, “шаҳид” Сулаймонӣ барои душманонаш аз “сардор” Сулаймонӣ хатарноктар аст.”

Ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ афзуданд: “Душманон хаёл мекарданд бо шаҳодати Сулаймонӣ, Абӯмаҳдӣ ва дигар ҳамроҳони эшон, кор тамом хоҳад шуд аммо имрӯз ба баракати он хуни азиз ва мазлумона, Амрико аз Афғонистон фирор кардааст, дар Ироқ ночор ба тазоҳур ба хуруҷ ва эъломи нақши мусташорӣ ва бидуни ҳузури низлмӣ аст, ки албатта бародарони ироқӣ бояд бо ҳушёрӣ ин масъаларо дунбол кунанд, дар Яман ҷабҳаи муқовимат рӯ ба пешрафт аст, дар Сурия, душман, замингир ва бидуни умед ба ояндааст, ва дар маҷмӯъ ҷараёни муқовимат ва зидди истикборӣ дар минтақа, имрӯз аз ду соли қабл, пурравнақтар, шодобтар ва умедвортар дар ҳоли кору ҳаракат аст.”

Имом Хоманаӣ бо нақли намунае аз бархӯрди амиқан меҳрубононаи шаҳид Сулаймонӣ бо фарзандони шуҳадо, хотирнишон карданд: “Он шаҳиди азиз бо он руҳияи атуф дар муқобили хонаводаи шаҳидон, дар муқобили ашрор ва муфсидони дохилӣ ва хориҷӣ чунон қотеъ ва бо шиддат буд, ки ҳатто хабари ҳузураш дар як минтақа, руҳияи душманро нобуд мекард.”

Эшон бархӯрди ҳазфии мустакбирон бо шаҳид Сулаймонӣ дар фазои маҷозиро нишонаи тарси онҳо ҳатто аз исми шаҳид ва воҳимаашон аз ривоҷ ва таксири он улгӯи гаронсанг донистанд ва гуфтанд: “Дар дунёи имрӯз, фазои маҷозӣ зери калиди мустакбирон аст ва ин воқеъият бояд масъулини фазои маҷозии кишварро низ ҳушёр кунад то ба наҳве амал кунанд, ки душман натавонад ба ҳар шакл ва ҳарҷо, ки ирода кард, дар фазои маҷозӣ бархӯрд кунад.”

Ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ шаҳид Сулаймониро як воқеъияти монданӣ ва то абад зинда, хонданд ва афзуданд: “Қотилони ӯ ҳамчун Трамп ва амсоли он, ҷузви фаромӯшшудагони торих хоҳанд буд ва дар зуболадони торих гуму гӯр мешаванд, албатта пас аз он ки тақоси ҷинояти дунявии худро пас бидиҳанд.”

Раҳбари Инқилоб бо таҳсини фаъолиятҳои хонавода, ҳамразмон ва дӯстони шаҳид Сулаймонӣ ва ба вижа сардор Қоонӣ фармондеҳи нерӯи Қудси Сипоҳи Посдорон дар дунбол кардан ва ба пеш бурдани хатти мубораки муқовимат, гуфтанд: “Худованд ба касоне, ки дар роҳи ирода ва аҳдофи ӯ ҳаракат кунанд, ваъдаи дифоъ ва нусрат додааст ва ин ваъдаи умедбахш шомили ҳоли миллати Эрон хоҳад буд.”

14 January 2022

Валии амри мусалмонони ҷаҳон субҳи имрӯз дар дидори ҷамъе аз парасторон ва хонаводаҳои шуҳадои мудофеъи саломат, рафтор ва суханони ҳазрати Зайнаби Кубро (с)-ро нишондиҳанда ва таҷаллии азамат ва қудрати руҳӣ, маънавӣ ва ақлонии ҷинси зан хонданд ва бо табйини абъоди мухталифи “арзиши парасторӣ ва сахтиҳо ва талхиҳои ин шуғли шариф”, тақвияти ҷомеъаи парасторӣ дар зовияҳои гуногунро мутолибаи аслии парасторон баршумурданд ва таҳаққуқи ин мутолибаи мантиқиро вазифаи масъулон ва зарурате барои ҳолу ояндаи кишвар ва ҷомеъа донистанд.


Эшон бо табрики вилодати ҳазрати Зайнаб (с) ва рӯзи Парастор ба так-таки парасторон ва фаъолони ҳавзаи дармон ва саломат, гуфтанд: “Бонӯи азимуш-шаъни Карбало ба ҳамаи башарият ва таърих исбот кардааст, ки “зан” бо вуҷӯди ҳамаи талоши кӯтаҳфикрони гузашта ва ҳол аз ҷумла ғарбиҳои мустабид барои таҳқири зан, метавонад уқёнуси азиме аз сабру таҳаммул, ва қуллаи бузурге аз хирадмандӣ ва тадбир бошад.”

Имом Хоманаӣ сабр ва бурдбории ҳазрати Зайнаб (с) дар муқобили мусибатҳоро ғайриқобилии тавсиф хонданд ва афзуданд: “Истодагӣ ва таҳаммули шаҳодати 18 нафар аз азизон аз ҷумлаи бародари бузургвор ва ҳуҷҷати Худо ҳазрати Сайидуш-шуҳадо (а) ва ду тан аз фарзандони ҳазрати Зайнаб”, “сабр дар муқобили иҳонатҳои арозил ва авбоше, ки он бонӯи бо иззати хонадони Расули Худо (с)-ро мавриди ҷасорат қарор медоданд”, “таҳаммули масъулияти сангини ҷамъоварӣ ва идораи даҳҳо зану кӯдаки доғдор ва мусибатзада” ва “сабри зебо дар парасторӣ аз Имом Саҷҷод (а)” ҷилваҳое аз азамати руҳӣ ва маънавии ҳазрати Зайнаб ба унвони як зан аст.

Эшон дар табйини рафтори хирадмандона ва қудрати ақлонии он бонуи бузург, ба рафтори мудаббирона ва суханони шигифтангези ҳазрати Зайнаб дар муқобили ҳокимони ҷобир ва ёвагӯе ҳамчун Ибни Зиёд ва Язид ишора карданд ва гуфтанд : “Он иқтидори торихӣ, дар муқобили мардуми ҷои худро ба табйин ва суханони сарзанишбор медиҳад, ки баъдҳо ба яке аз авомили қиёми Таввобин дар Кӯфа мунҷар мешавад.”

Имом Хоманаӣ “ҷиҳоди ривоят ва табйин”-ро аз дигар абъоди хирадмандӣ ва тадбири амиқи ҳазрати Зайнаб баршумурданд ва афзуданд: “Он ҳазрат бо ривояти ҳақиқӣ, таъсиргузор ва мондагори Карбало, фурсат надод ривояти душман бар воқеият ғалаба кунад.”

Эшон бо такрори таъкидоти гузаштаи худ дар бораи зарурати ривояти ҳақиқӣ “воқеъиятҳои ҷомеъа, таърихи инқилоб, дифоъи муқаддас ва ҳаводиси гуногуни 42 соли ахир” гуфтанд: “Агар ин кор нашавад, ки дар мавориди мутаъаддид нашудааст, душман ривояти таҳрифомез ва дурӯғи худро дар афкори умумӣ ҷорӣ, ва бо иваз кардани ҷои золим ва мазлум, иқдомоти мустамарри золимонаи худро тавҷеҳ мекунад.”

Имом Хоманаӣ дар бахши дигаре аз суханонашон дар бораи арзишҳои парасторӣ гуфтанд: “Нуқтаи аслии ин арзишҳо, кӯмак ба инсони ниёзманд яъне бемор аст, ки дар ҳамаи масоил, ниёзманди таваҷҷӯҳ ва ёрии парастор аст.”

Валии амри мусалмонони ҷаҳон, парасториро мӯҷиби аҷри музоъафи илоҳӣ донистанд ва афзуданд: “Эҷоди амнияти хотир барои бемор, наздикони бемор ва ҳамаи мардум аз дигар арзишҳои барҷастаи парасторӣ аст ва ҷомеъаи парасторӣ дар воқеъ ба гардани ҳамаи миллат ҳақ дорад.”

Эшон бо ишора ба хушҳолии мустакбирони олам аз ранҷи миллати Эрон, ки дар ҳаводисе назири “кӯмак ба Саддом барои бомбаборони шимиёӣ ва эҷоди дарди амиқ ва ранҷи ҷонкоҳ барои мардуми шаҳрҳои марзии Эрон” ва низ дар масоиле монанди “таҳрими доруии миллати Эрон” комилан ошкор шудааст, афзуданд: “Бо тавваҷӯҳ ба ин воқеъиятҳо вақте парасторон, бо талош ва исор, лабханд бар лабони беморон ва наздиконашон менишонанд, дар ҳақиқат дар ҳоли муҷоҳидат дар муқобили истикбори кинатӯз ҳастанд, ки ин кор, арзиши музоъафи ҷомеъаи парасторӣ дар Эрони исломӣ аст.”

Валии амри мусалмонони ҷаҳон дар идома, табиати кори парасторӣ яъне “мушоҳидаи дарду ранҷи беморон ва муроқибати шабонарӯзӣ аз онон”-ро талх ва сахт хонданд ва гуфтанд: “Дар баъзе аз мақотеъ монанди давраи Дифои Муқаддас ва ё Куруно ин сахтиҳо чанд баробар шудааст.”

Имом Хоманаӣ афзуданд: “Ҳамчунон ки дар даврони ҷанги таҳмилӣ, пизишкон ва парасторон ва имдодгарон дар зери бомбаборон кор мекарданд, дар давраи Куруно низ парасторон бо афзоиши соатҳои кор, коҳиши мурраххасиҳо, ҳузур дар бемористон дар рӯзҳои таътилоти Наврӯз, ва мушоҳидаи дардноки маргу мири беморон ва ҳамкорон, сахтиҳое музоъаф, ва хатари ибтило ба бемории кушандаро таҳаммул карданд.”

Эшон бо таъкид бар ин ки миллат бояд ин сахтиҳоро дарк ва онҳоро арзишгузорӣ кунад, ҳузури тайфҳое ҳамчун донишҷӯён, талабаҳо ва ҷавонон барои кӯмак ба парасторон дар давраи куруноро аз ҷумлаи ҳақоиқи дурахшон баршумурданд ва афзуданд: “Ин таъаҳҳуд ва эҳсоси масъулият, ки дар мақотеъи мухталифе ҳамчун муборизоти даврони инқилоб ва дифоъи муқаддас низ буруз ёфта буд, нишондиҳандаи ҳуввияти пурнишот, пуртаҳаррук ва бо виҷдони миллати Эрон аст.”

Валии амри мусалмонони ҷаҳон, ҳаракати азими илмии кишварро нишона ва маҳсуле аз ин ҳуввияти рӯишсоз донистанд ва хотирнишон карданд: “Қаҳрмононе монанди шаҳидон Сулаймонӣ, Фахризода ва Шаҳриёрӣ аз даруни ин ҳақиқат ва ҳуввияти азим берун меоянд.”

Эшон бо ишора ба халаъи ривояти ҳунарӣ аз сахтиҳо ва душвориҳои кори парасторӣ, ва заминаҳо ва мояҳои ҳунарии фаровон барои пардохтан ба ин ҳаводис гуфтанд: “Ҳунармандони масъул ва мутаъаҳҳид ба майдон биёянд ва ин сармояи азими фарҳангиро дар қолаби анвоъи ҳунарҳо ба намоиш бигузоранд.”

Имом Хоманаӣ сипас мавзӯи мутолиботи парасторонро мавриди таъкид қарор доданд ва гуфтанд: “Мутолибаи аслии парасторон дар як ҷумла «тақвияти ҷомеъаи парасторӣ» аст, ки зарурате барои ҳолу ояндаи кишвар ба шумор меравад.”

Эшон афзуданд : “Қазияи куруно нишон дод, ки агар ҷомеъаи парасторӣ тақвият нашавад, дар бизангоҳҳо зарба хоҳем хӯрд.”

Валии амри мусалмонони ҷаҳон, «иҷрои қонуни таърифагузории хадамоти парасторӣ»-ро аз ҷумлаи мутолиботи мушаххаси парасторон хонданд ва бо ишора ба таъкидоти собиқи худ дар ин замина гуфтанд: “Ин қонун 14 сол қабл тасвиб шуда аммо мутаъасифона то рӯзҳои охири давлати қабл ҳатто ойинномаҳои иҷроии он танзим нашуда буд, ки исрор дорам дар ин давлат, вазорати Беҳдошт масаълаи таърифагузориро дунбол ва иҷро кунад.”

14 January 2022

Имом Хоманаӣ, Валии амри мусалмонони ҷаҳон бо судури паёме даргузашти шаҳодатгунаи оқои Ҳасани Ирлӯ, сафири муҷоҳиду коромади Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Яманро табрик ва таслият гуфтанд.


 

Матни паёми Валии амри мусалмонони ҷаҳон ба ин шарҳ аст:

Бисмиллоҳирраҳмонирраҳим

Даргузашти шаҳодатгунаи сафири муҷоҳиду коромади Ҷумҳурии Исломӣ дар Яман ҷаноби оқои Ҳасани Ирлӯ раҳматуллоҳ алайҳро ба хонадони гаромӣ ва ба дӯстону ҳамфикронаш дар мароҳили гуногуни муҷоҳидати дарозмуддати вай таслияту табрик арз мекунам. Парвандаи ифтихоромези ӯ маҷмӯъае аз муҷоҳидатҳои сиёсӣ ва талошҳои диплумосӣ ва таҳарруки иҷтимоӣ аст. Ду бародари вай пеш аз ӯ ба файзи шаҳодат расидаанд. Раҳмати Худо бар ин бародари ҷиҳодгару хонадони сабур ва басир ва фидокораш бод.

Сайидалии Хоманаӣ 

1-уми деймоҳи 1400-и ҳ.ш

14 January 2022

Валии амри мусалмонони ҷаҳон, дар паёме даргузашти марҳум Оятуллоҳ Сайидразии Шерозиро таслият гуфтанд.


Матни паёми таслияти Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ ба ин шарҳ аст:

Бисмиллоҳир раҳмонир раҳим

Даргузашти олими бузургавор марҳум Оятуллоҳ оқои ҳоҷӣ Сайидразии Шерозӣ раҳматуллоҳи алайҳро, ки аз фарзандони парчамдори кабири Ислом ва ташайюъ ва марҷаъи истеъморситезии қарни чаҳордаҳуми ҳиҷрӣ - марҳум Мирзои Шерозии бузург буданд, ба ҳавзаи илмияи Теҳрон ва шогирдону иродатмандони эшон ва байти рафеи Шерозӣ ва ба вижа ба хонадони мукарраму бозмондагони эшон таслият арз мекунам ва раҳмату мағфират ва улувви дараҷоти эшонро аз Худованди мутаол масъалат менамоям.

Сайидалии Хоманаӣ, 11 озари 1400 ҳ.ш

Пурбоздидтаринҳо

All rights reserved This website is owned 2017