this is a title for here

Суханронӣ
1 December 2018

Дар ҳамин Теҳрон, раиси яке аз кишварҳои маъруфи минтақа –ки дигар намехоҳам исм биёварам; яке аз кишварҳои тақрибан пешрафтаи Осиё, ки воқеъан пешрафтҳои иқтисодии хеле хубе дошт ва рушди болои иқтисодӣ дошт- ҳудуди 12 сол, 13 сол қабл аз ин, инҷо омад ва бо банда мулоқот кард; он вақте буд, ки он зилзилаи иқтисодии бузург дар кишварҳои Шарқи Осиё ба вуҷуд омада буд; ин (фард) раиси яке аз ҳамон кишварҳо буд. Омад паҳлӯи ман; вориди утоқ, ки шуд, ҷузви аввалин калимоташ ин буд, ки гуфт “мо дар як шаб гадо шудем”. Иқтисод вақте вобастаи ба сармоя ва иродаи як сармоядори яҳудӣ ва ғарбӣ ва амрикоӣ аст, интавр мешавад. Як кишвари сарипои бонашоти иқтисодӣ ва дорои рушди иқтисодии боло, раисаш ба ман мегӯяд, ки мо дар як шаб гадо шудем! Такя ба хориҷ ин аст.

Баёноти Валии амри мусалмонони ҷаҳон дар дидор бо мардуми Озарбойҷони Шарқӣ (1396.11.29)

KHAMENEITJ.INFO

30 November 2018

Нерӯҳои мӯъмин ва инқилобӣ барои мутолибаи адолат, чи мавзӯотеро бояд риоят кунанд?

“Адолатхоҳӣ” ҳамвора яке аз тавсияҳои Валии амри мусалмонони ҷаҳон ба ҷавонони мӯъмин ва инқилобӣ ва оҳоди миллат будааст. Аммо адолатхоҳӣ ҳам мисли ҳар амри иҷтимоъии дигаре, мумкин аст дучори офот ва осебҳое шавад. Бинобар ин лозим аст то масири мутолиба ва тариқи талаби он бар мабнои меъёрҳои саҳеҳ, дониста ва сипас паймуда шавад. Бархе аз илзомот ва чорчӯбҳои асосии адолатхоҳиро дар манзумаи фикрии Раҳбари Инқилоб дар зайл мавриди баррасӣ қарор хоҳад гирифт.

1. Ниёзманди “назарияи ҷомеъи адолат” ҳастем

Идораи кишвар ниёз дорад ба ин ки ба як ҷамъбандии қавӣ ва мутқан ва мустадал дар боби адолати иҷтимоъӣ бирасад, ки битавонад бар асоси он ҷамъбандӣ, барномаҳои баландмуддатро тарроҳӣ кунад. Баъд аз он ки мо ба як назарияи мутқан ва ҷамъбандӣ шудае дар боби адолат расидем, тоза барои пайдо кардани шеваҳои иҷро ва таҳаққуқи он дар ҷомеъа, ба баҳсҳои корбурдӣ ниёз дорем; ки ин худаш пажӯҳишҳои фаровонеро дунбол хоҳад кард. Он вақт дар инҷост, ки мо метавонем аз таҷрубиёти башарӣ истифода кунем. (17.05.2011)

2. Шиори адолатро тақвият ва ҳамагонӣ кунед аммо...

Ҳарчи метавонед, шиори аслии адолат ва ончиро марбут ба адолат аст, тақвият ва ҳамагонӣ ва дар зеҳнҳо таъмиқ кунед ва рӯи пуштвона ва фалсафаи фикрии он кор кунед –инҳо лозим аст- аммо коре накунед, ки мухолифони шумо ин тардидро доман бизананд, ки оё низоми исломӣ метавонад? Оё низоми исломӣ тавониста? Албатта ки метавонад; албатта, ки тавониста! Муддаии дастгоҳҳои мухталиф аз лиҳози коромадӣ, худи банда ҳастам. Ман доиман нисбат ба коромадӣ, аз инҳо суол ва мутолиба мекунад; аммо банда эътиқодам ин аст, ки низоми исломӣ аз ҳамаи давлатҳое, ки дар даврони истеъмор ва даврони наздик ба истеъмор дар кишвари мо вуҷуд дошта, қавитар амал кардааст. (31.10.2004)

3. Донишҷӯён дар бораи адолати иҷтимоъӣ биандешанд

Вақте, ки масъалаи адолати иҷтимоъӣ дар кишвар матраҳ мешавад, донишҷӯ бояд аз ин масъала ҳимоят кунад. Адолати иҷтимоъӣ, он чизе аст, ки ҳатто касоне, ки исрор доштанд шиори адолати иҷтимоъиро ба далоили сиёсӣ ва бо ангезаҳои гуногун камранг кунанд, билохира натавонистанд; маҷбур шуданд адолати иҷтимоъиро матраҳ кунанд. Дар дунё, ғайр аз мустакбирон ва зӯргӯён ва чаповулгарони олам, ҳеч инсоне нест, ки ба адолати иҷтимоъӣ ва шиори он пушт кунад. Ин шиор дар кишвар матраҳ мешавад; чи касе бояд аз ин шиор ҳимоят кунад? Чи касе бояд бештар аз ҳама дар бораи он биандешад? Чи касе бояд барои он кор кунад ва дар бораи роҳҳои таъмини он, таҳқиқ ва баҳс кунад ва мизи гирд баргузор кунад, ғайр аз донишҷӯён? (22.11.1999)

4. Инсоне, ки ботақво нест наметавонад маншаъи адолати иҷтимоъӣ бошад

Дар ҳар инсоне, адолати шахсӣ ва нафсонии ӯ, пуштвонаи адолати ҷамъӣ ва минтақаи таъсири адолат дар зиндагии иҷтимоъӣ аст... ҳар кас, ки бихоҳад дар муҳити зиндагии мардум маншаъи адолат шавад, аввал бояд дар даруни худ тақвои илоҳиро риоят кунад. Инсоне, ки муроқиби худ нест ва дар амал ва калом ва зиндагии шахсии худ дучори беадолатӣ ва бетақвоӣ аст, наметавонад дар муҳити ҷомеъа маншаъи адолати иҷтимоъӣ бошад. (16.03.2001)

5. Шохиси адолат, қонун аст

Меъёр ва шохиси адл ҳам амал ба қонун аст. Агар амали фард, ҷамъ, мунтабиқ ба қонун шуд, ин адолат аст; агар аз қонун инҳироф пайдо кард, ин беадолатӣ аст. Ва қонун ҳам дар низоми исломӣ, қонуни исломӣ аст. Албатта дар маҷмӯъаи қавонини мо мумкин аст қавонине бошанд, ки сад дар сад бо аҳкоми исломӣ мунтабиқ набошанд, ё қавонине, ки аз қабл мондаанд ё бархе қавонини дигар, ки инҳо боист ислоҳ бишавад. Меъёр, ин аст, ки бар тибқи қонун амал бишавад. Адл, инҷо таҳаққуқ пайдо мекунад. (28.06.2009)

6. адолат бидуни маънавият, як “шиори пӯч” аст

Агар маънавият бо адолат ҳамроҳ набошад, адолат мешавад як шиори пӯч. Хелеҳо ҳарфи адолатро мезананд, аммо чун маънавият ва он нигоҳи маънавӣ нест, бештар ҷанбаи сиёсӣ ва шаклӣ пайдо мекунад. (07.09.2009)

Агар маънавият нашуд, адолат табдил мешавад ба зоҳирсозӣ ва риёкорӣ; агар ақлоният нашуд, адолат аслан таҳаққуқ пайдо намекунад ва он чизе, ки инсон тасаввур мекунад адолат аст, меояд ва ҷои адолати воқеъиро мегирад. Бинобар ин, маънавият ва ақлоният дар таҳаққуқи адолат шарт аст. (23.08.2008)

7. Агар ақлоният набошад; адолат, “зидди адолат” мешавад

Агар ақлоният дар адолат набошад, гоҳе авқот адолат ба зидди худаш табдил мешавад; агар дуруст дар боби адолат муҳосиба набошад. Хеле аз корҳоро гоҳе баъзе аз ин гурӯҳҳои тунду ифротӣ даруни ин кишвар ба унвони адолат кардаанд, ки зидди адолат шуда. Иттифоқан ҳоло ҳамон тундиҳои он ҳазарот мӯҷиб шуда, ки худи онҳо саду ҳаштод дараҷа гароишҳояшон иваз бишавад! Таври дигаре ҳарф бизананд, таври дигаре фикр кунанд, таври дигаре амал бикунанд. (07.09.2009)

Агар ақлу хирад дар ташхиси масодиқи адолат ба кор гирифта нашавад, инсон ба гумроҳӣ ва иштибоҳ дучор мешавад; хаёл мекунад чизҳое адолат аст, дар ҳоле, ки нест; ва чизҳоеро ҳам, ки адолат аст, гоҳе намебинад. (30.08.2005)

8. Манзур аз ақлоният, муҳофизакорӣ нест

Ақлоният ва муҳосиба, ки мегӯем, фавран ба зеҳн наёяд, ки ақлоният ва муҳосиба ба маънои муҳофизакорӣ, ақлгароӣ ва тобеъи ақл будан аст. Оқил будан ва хирадро ба кор гирифтан бо муҳофизакорӣ фарқ дорад. Муҳофизакор, тарафдори вазъи мавҷуд аст; аз ҳар таҳаввуле бимнок аст; ҳаргуна тағйиру таҳаввулеро барнаметобад ва аз таҳаввулу дигаргунӣ метарсад; аммо ақлоният ин тавр нест; муҳосибаи ақлонӣ гоҳе худаш маншаъи таҳаввулоти азиме мешавад. Инқилоби азими исломии мо ношӣ аз як ақлоният буд. Бинобар ин, ақлоният бо муҳофизакорӣ фарқ дорад. Муҳосибаи ақлониро бо муҳосибаи муҳофизакорона ба ҳеч ваҷҳ махлут накунед; инҳо ду чиз аст. (30.08.2005)

9. Набояд ба исми адолатхоҳӣ, ахлоқро зери по гузошт

Агар ба номи адолатхоҳӣ ва ба номи инқилобигарӣ, ахлоқро зери по бигузорем, зарар кардаем; аз хатти Имом мунҳариф шудаем. Агар ба номи инқилобигарӣ, ба номи адолатхоҳӣ, ба бародарони худамон, ба мардуми мӯъмин, ба касоне, ки аз лиҳози фикрӣ бо мо мухолифанд, аммо медонем, ки ба асли низом эътиқод доранд, ба ислом эътиқод доранд, иҳонат кардем, онҳоро мавриди азият ва озор қарор додем, аз хатти Имом мунҳариф шудаем. (04.06.2011)

10. Корро бе ҷанҷол пеш бибаред

Ман дар ҳамон номаи ҳашт моддаӣ ҳам ҳамин сифоришро карда будам; гуфтам корро беҷанҷол пеш бибаред. Мо мехоҳем ҳақиқатан бо фасод мубориза шавад; ҷанҷол лозим нест. Бале, хабаррасонӣ ба мардум хуб аст. Вақте кор тамом шуда бошад, он миқдоре, ки лозим бошад, хабаррасонӣ шавад. Кор ҳам сурат мегирад. (12.05.2003)

11. Интиқоди шахсӣ ва мисдоқсозӣ накунед

Гуфтумони адолатхоҳиро фарёд кунед; аммо интиқоди шахсӣ ва мисдоқсозӣ накунед. Вақте шумо рӯи як мисдоқ такя мекунед, аввалан эҳтимол дорад иштибоҳ карда бошед; ман мебинам дигар. Ман маворидеро мушоҳида мекунам –на дар донишгоҳ, дар гурӯҳҳои иҷтимоъии гуногун- ки рӯи як мисдоқи хоссе такя мекунанд; ё ба унвони фасод, ё ба унвони каҷравии сиёсӣ, ё ба унвони хатту хутути ғалат. Банда масалан иттифоқан аз ҷараён иттилоъ дорам ва мебинам интавр нест ва он касе, ки ин ҳарфро зада, аз қазия иттилоъ надоштааст. Бинобар ин, вақте шумо рӯи шахсу мисдоқ такя мекунем, ҳам эҳтимоли иштибоҳ ҳаст, ҳам василае ба даст медиҳед барои ин ки он заранги қонундони қонуншикан –ки ман гуфтаам қонундонҳои қонуншикан хатарноканд- битавонад алайҳи шумо истифода кунад. Шумо зарангӣ кунед, шумо исм наоваред, шумо рӯи мисдоқ такя накунед; шумо парчамро баланд кунед. (03.05.2008)

12. Хонагӣ бархӯрд кунед; на бегонавору мӯътариз

Ин гуфтумонро бояд ҳамагир кунед; ба гунае, ки ҳар ҷараёне, ҳар шахсе, ҳар ҳизбе ва ҳар ҷиноҳе сари кор биёяд, худашро ногузер бибинад, ки таслими ин гуфтумон шавад; яъне барои адолат талош кунад ва маҷбур шавад парчами адолатро бар даст бигирад. Аммо дар бархӯрд бо ончи шуда, бояд хонагӣ бархӯрд кунед; на бегонавор ва мӯътариз. Билохира корҳои зиёде анҷом гирифта, аҳёнан кӯтоҳиҳое ҳам шуда; аммо бояд мушкилро ҳал кард. Набояд натиҷаи қаҳрӣ наҳваи баёни ин бошад, ки баъд аз чанде инсон эҳсос кунад, ки ба кулли маҷмӯъа ба шиддат мӯътариз аст; на, шумо барои муваффақияти кулли маҷмӯъа доред талош мекунед; аслан ҳамаи талошатон ин аст, ки низомро пеш бибаред. (31.10.2004)  

 

KHAMENEITJ.INFO

28 November 2018

Ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ дар рӯзи душанбе (19-уми ноябри 2018) дар ибтидои ҷаласаи дарси хориҷи фиқҳ, ба баёни ҳадисе аз ҳазрати Расули Акрам (с) дар бораи вижагиҳои “Наздиктарин афрод ба Паёмбар дар рӯзи қиёмат” пардохтанд.

عن جعفر ‌بن ‌محمّد علیهما ‌السّلام عن ابیه عن جدّه علیهم ‌السّلام قال قالَ رَسولُ‌ اللّهِ صَلَّی‌ اللّهُ ‌عَلَیهِ وَ ‌آلِهِ: اَقرَبُکُم غَداً مِنّی فِی المَوقِفِ اَصدَقُکُم‌ لِلحَدِیثِ وَ آداکُم لِلاَمانَةِ وَ اَوفاکُم بِالعَهدِ وَ اَحسَنُکُم خُلُقاً وَ اَقرَبُکُم مِنَ النّاسِ.[1]

 

اَقرَبُکُم غَداً مِنّی فِی المَوقِفِ اَصدَقُکُم‌ لِلحَدِیث

Дар мавқефи қиёмат ҳамаи сахтиҳо ва ваҳшатҳо ва тарсҳо ва аҳволи гуногун барои инсон вуҷуд дорад, ва фарқе ҳам нест байни мӯъмин ва ғайри мӯъмин:

یَومَ یَفِرُّ المَرءُ مِن اَخیـهِ * وَ اُمِّه؛ وَاَبیهِ * وَ صاحِبَتِه؛ وَ بَنیهِ ‌‌* لِکُلِّ امرِئٍ مِنهُم یَومَئِذٍ شَأنٌ یُغنیه

Як чунин рӯзе аст рӯзи қиёмат, ки дар оёти каримаи Қуръон, ба хусус дар сураҳои авохири Қуръон хеле зиёд ба аҳвол ва тарсу изтиробҳо дар қиёмат пардохта шуда. Хуб дар як чунин маъракаи сахте, ки аҳаммият ва сахтии он мавқеф аслан барои мо қобили тасаввур нест, инсон дунболи як марҷаъи амне мегардад; як ҷое, ки ба он паноҳ бибарад, ба он такя ткунад, дар зери сояи он бошад. Он касе ва он ҷойгоҳе, ки аз ҳамаи ашхос ва ҷойгоҳҳо дар қиёмат амнияти бештаре ба инсон медиҳад, ҷойгоҳи Паёмбари Акрам (с) аст. Агар касе битавонад худашро наздики он бузургавор бирасонад, итминони хотир пайдо мекунад, эҳсоси як амнияте мекунад; мисли дунё дигар; вазъи дунёро мулоҳиза кунед: агар чунончи дар ҷое, ки сахтӣ ҳаст, мушкил ҳаст, таҳоҷум ҳаст, дуздӣ ҳаст, разолат ҳаст, як нафар инсоне, ки онҷо дар маърази ҳамаи инҳо қарор гирифта, бихоҳад худашро амният бидиҳад, як касеро пайдо мекунад, як шахсиятеро пайдо мекунад, ки қавӣ бошад, мустаҳкам бошад ва фавран меравад наздики ӯ меистад. Дар қиёмат ҳар касе битавонад наздики Набии Мукаррами Ислом қарор бигирад, дигар онҷо як эҳсоси амнияте дорад. Хуб, чи касе метавонад биравад он наздик? Халоиқ, ҷинну инс аз аввалину охирин, ки дар онҷо (қиёмат) ҷамъанд, ҳама майл доранд, ки худашонро бирасонанд ба ин бузургавор; мебинанд мақом ва мартибаи ӯро, мебинанд мақоме дорад, ки аввалинҳо ва охиринҳо ба вай ғибта мехӯранд, онро мебинанд ва мехоҳанд, (аммо) метавонанд? На, ҳама наметавонанд. Ин ривоят мегӯяд василае, ки шумо битавонед бо он, худатонро наздики Пайғамбар (с) бикунед, чист; онро доранд ба мо ёд медиҳанд.

Инҷо сарои амал аст, онҷо сарои натиҷа аст. Инҷо як корҳоеро ба мо ёд додаанд, гуфтаанд ин корҳоро анҷом бидиҳед, ки агар ин корҳоро инҷо дар ин давраи кӯтоҳ -кӯтоҳ аст дигар, ин дунё як лаҳзаи умри абадӣ аст, як лаҳза аст; навад сол, сад сол агар касе умр кунад як лаҳза аст дар муқобили он умри абадии олами охират- анҷом додем, агар дар ин як лаҳза инсон ин чизҳоро риоят бикунад, дар онҷои душвор даркораш мешавад. Ҳоло инҳо чист? Чанд мавридро зикр кардаанд. Худи Ҳазрат фармуданд: Наздиктарини шумо ба ман, дар қиёмат, аввал ин фард аст: Он касе, ки ростгӯтар аст, дар ҳарф задан ростгӯ аст. Ончи мегӯяд аз рӯи сидқ баён мекунад; дурӯғу тӯҳмат ва шойеъа ва ҳарфи заъиф ва қавли бидуни илм ва монанди инҳо дар он нест. “Сидқ” яъне интибоқи бо воқеъ, ончиро воқеъ аст –ки ӯ медонад воқеъ аст- баён мекунад.

 

وَ آداکُم لِلاَمانَة

Он касе, ки бештар аз ҳама адоъи амонат мекунад; ки мукаррар арз кардаем, ки амонат фақат ин нест, ки ҳоло як пуле шумо дасти банда биспуред, банда онро ба шумо баргардонам; ин яке аз анвоъи амонат аст. Ҳамаи он чизҳое, ки мардум ба мо месупуранд, амонатҳои марудм аст; мақомро ба мо месупуранд, амниятро ба мо месупуранд, динашонро ба мо месупуранд, ҳифзи номусҳояшонро ба мо месупуранд; ҳамаи ин чизҳо амонатҳои мардум дасти мо аст. Мо ҳукуматем дигар; ҳар касе ҳарҷо ҳаст; яке мисли банда дар як ҷойгоҳе қарор дорад, яке дар ҷойгоҳи дигаре қарор дорад, яке қозӣ аст, яке масъули таълиму тарбият аст, яке имоми ҷамоат аст; ҳамаи инҳо амонатҳое аст, ки дасти мо супурдааст; адои амонат. Ҳар кадом беҳтар адои амонат кардед, онҷо ҷоятон ба ҳазрат наздиктар аст ва амниятатон бештар аст.

 

وَ اَوفَاکُم بِالعَهد

(Дар мавриди) паймонҳои фардӣ ва иҷтимоъӣ, вафои ба ин аҳдҳо бикунед; ки албатта муҳимтаринаш паймонҳои иҷтимоъӣ аст; ин қарордодҳои иҷтимоъӣ, ин ҳуқуқи шаҳрвандӣ (аст). Хуб ин чизҳое, ки ҳоло имрӯз хориҷиҳо ёд гирифтаанд мегӯянд “ҳуқуқи шаҳрвандӣ”, моҳо ҳам аз инҳо мехоҳем ёд бигирем! Ҳарфҳое, ки дар ривоёти мо ва дар Қуръони мо ҳаст, ҳоло мо дорем аз ғарбиҳо инҳоро (ёд мегирем)! Хуб инҷо дорад мегӯяд “ба паймонҳо ва аҳдҳояш пойбандтар бошад”; “аҳд” яъне қарордод, он чизе, ки байни шумо ва байни дигарон қарордод баста (шуда). Шумо вақте дар як муҳит бо ҳам зиндагӣ мекунед, як қарордоде бо ҳам бастаед дигар; мисли ин аст, ки дар як опортумоне даҳ хонавода зиндагӣ мекунанд; инҳо ва лав ҳеч коғазе имзо накардаанд, (аммо) як муоҳидоте дар муқобили ҳам доранд; ин чиз қаҳрӣ аст дигар; масалан ту сару садо накун, ки дар хонаи ӯ баччааш аз хоб бедор нашавад, ӯ ҳам сару садо накунад, ки баччаи ту аз хоб бедор нашавад; ин қарордоди рӯшане аст дигар; ҳуқуқи шаҳрвандӣ яъне инҳо.

 

وَ اَحسَنُکُم خُلُقاً

Яке аз чизҳо ҳам ин аст, ки хушахлоқ бошед; бадахлоқ ва абус будан ва ин ки дар хона якхел, дар маҳалли кор якхел, бо мардум якхел, бо такаббур, бо каҷрафторӣ, хеле бад аст. Он касоне, ки “хушахлоқтар” ҳастанд, онҷо (қиёмат) наздиктаранд.

 

وَ اَقرَبُکُم مِنَ النّاس

Мардумӣ будан. Бибинед, сабки зиндагии исломӣ инҳо аст. Боз ҳамин “мардумӣ будан” ҳам аз ҳарфзое аст, ки ҳоло мутаҷаддидин ва монанди инҳо фикр мекунанд, ки дигарон ёд гирифтаанд; на, инҳо дар ривоёти мо аст. Марудмӣ бошед, бо мардум бошед. Маънои бо мардум будан ин нест, ки фарз кунед инсон ба чаҳор нафар аз табақаи мумтоза (афроди сарватманд ва...) бигӯяд инҳо мардуманд; на, яъне тӯдаи мардум, табақоти поини мардум, оммаи мардум; бо инҳо бошед, мисли онҳо зиндагӣ кунед, дар ҳадди онҳо зиндагӣ кунед, пеши онҳо тавозӯъ кунед; инҳо маънои мардумӣ будан аст.

 

KHAMENEITJ.INFO

 


[1] Амолии Тӯсӣ, маҷлиси ҳаштум, с 229. Тарҷума: “Имом Содиқ (а) аз падараш аз Паёмбари Акрам (с) нақл мекунад, ки Паёмбар фармуд: Наздиктарини шумо ба ман дар қиёмат, он касе аст, ки ростгӯтар бошад, он касе, ки бештар аз ҳама адои амонат мекунад, ба паймонҳо ва аҳдҳояш пойбандтар бошад, ва хушахлоқтар бошад ва мардумитар бошад.”

30 July 2018

Ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ рӯзи якшанбе (22/07/2018) тайи дидоре, ба нақшаи шуми Амрико ва “режими саҳюнистӣ” таҳти унвони “муомилаи аср” барои Фаластин ва Қудси Шариф ишора кардандва фармуданд: “Яҳудисозии Фаластин хоби ошуфтае аст, ки дидаанд; на он иттифоқ меуфтад на муомилаи қарн.”

Порлумони “режими саҳюнистӣ” чанд рӯз пеш, қонунеро тасвиб кард, ки бар асоси он, ҳаққи таъйини сарнавишт аз мусалмонон ва масеҳиёни фаластинии сокини сарзаминҳои ишғолӣ салб ва ин ҳақро танҳо дар ихтиёри яҳудиён қарор хоҳад дод. Ин қонун дар ҳоле тасвиб шуд, ки алорағми маҳкумиятҳои байналмилалӣ, режими мутаҷовизи “Исроил” барои тавсеъаи шаҳраксозиҳои худ, рӯзона манотиқе аз хоки Фаластинро ба манзури яҳудисозии Фаластин ва Қудси Шариф мусодира мекунад.

Ҳамзамон бо ин тарҳ, Амрико тарҳи ғайрирасмии худро барои оғози фароянди “оддисозии равобити ишғолгарон ва фаластиниён” таҳти унвони “муомилаи қарн” пеш мебарад, ки ҳадаф аз он таҳкими тарҳи яҳудисозии сарзаминҳои Фаластин аст.

 

KHAMENEITJ.INFO

21 July 2018

Ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ, Валии амри муслимини ҷаҳон, субҳи имрӯз (шанбе, 21/07/2018) дар дидори сафирон, кордорон ва масъулони ВКХ-и Ҷумҳурии Исломии Эрон, таъмин ва ҳифзи манофеъи миллӣ ба маънои ҳақиқиро ҳадафи аслии сиёсати хориҷӣ хонданд ва бо баёни боядҳо ва набоядҳои диплумосӣ дар низоми исломӣ, афзуданд: “Метавон бо руҳияи саҳеҳи инқилобӣ ва диплумосии ҳушмандона ва ҳадафманд, равобити хоориҷиро густариш дод ва аносури қудрати низомро ба пуштвонае барои дастовардҳои сиёсӣ табдил кард.”

Раҳбари Инқилоби Исломӣ дар ибтидои сухани худ бо ишора ба шароити кунунӣ ва ҷабҳаи густардае, ки зидди ислом ва Ҷумҳурии Исломии Эрон шакл гирифта, талоши диплумосиро дарбар дорандаи аҷри илоҳӣ ва ифтихоре торихӣ ва миллӣ дар дифоъ аз ҳаққонияти миллати Эрон донистанд ва гуфтанд: “Дар чолишҳо, инсони ғайратманд ва сабур ва хирадманд, бар талошҳо ва ҳаҷму кайфияти кор меафзояд, бинобар ин бояд руҳияи тозасозии фаъолиятҳо дар дастгоҳи диплумосӣ густариш ёбад.”

Ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ афзуданд: “Ҳифзи саломати динӣ ва таҳорати руҳӣ ва маънавии худ ва хонавода ва пойбандии рафторӣ ва гуфторӣ ба масоили шаръӣ аз муҳимтарин вазоифи масъулон ва коркунони Вазорати корҳои хориҷа ба вижа сафирон ва аъзои намояндагиҳои Эрон дар хориҷ аст.”

Эшон бо таъкид бар ин ки дастгоҳи диплумосӣ, бахши аслии сиёсати хориҷии кишвар ва намои берунии низоми Ҷумҳурии Исломӣ аст, хотирнишон карданд: “Вазорати корҳои хориҷа ва ба вижа сафирон бояд амиқан ба арзишҳои ислом ва инқилоб пойбанд бошанд ва рафтору гуфтори онон, мунъакис кунандаи ин арзишҳо бошад.”

Раҳбари Инқилоби Исломӣ дар идомаи табйини боядҳо ва набоядҳои диплумосии низоми исломӣ, шарти лозим барои намояндагони диплумосиро бархӯрдорӣ аз руҳияи қавӣ ва мустаҳкам, умед ба оянда ва баҳрамандӣ аз эҳсоси ҳаққоният баршумурданд ва бо ишора ба мавзӯъи муҳимми манофеъи миллӣ, гуфтанд: “Ҳадафи аслӣ ва воқеъии диплумосӣ, ҳифзи манофеъи миллӣ аст ва таомул ё тақобул, танҳо равишҳое барои таъмини манофеъи миллӣ ҳастанд.”

Ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ, манофеъи миллиро баргирифта аз сиёсатҳои аслӣ ва арзишҳои низом донистанд ва таъкид карданд: “Дастгоҳи диплумосӣ бояд манофеъи миллиро ҳифзу таъмин кунад.”

Эшон, суханони раисиҷумҳурро дар сафари ахир ба Аврупо мабнӣ бар ин ки “агар нафти Эрон содир нашавад, нафти ҳеч кишваре дар минтақа содир нахоҳад шуд” суханоне муҳим ва ҳокӣ аз сиёсат ва рӯйкарди низом баршумурданд ва афзуданд: “Вазифаи Вазорати корҳои хориҷа пайгирии ҷиддии ингуна мавозеъи раисиҷумҳур аст.”

Раҳбари Инқилоби Исломӣ дар идома ба мавзӯъи “диплумосии идеоложик” ишора ва хотирнишон карданд: “Бархе ба ғалат, сухан аз лузуми ҷудоии диплумосӣ аз идеоложик ба миён меоварданд, дар ҳоле, ки диплумосии идеоложик ҳеч ишколе надорад ва илқоъи тақбул миёни идеоложик ва манофеъи миллӣ, саҳеҳ ва мантиқӣ нест.”

Ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ бо таъкид бар ин ки ҳадаф аз ташкили Ҷумҳурии Исломӣ ҳифзи манофеъи миллӣ, истиқлол, озодӣ, адолати иҷтимоъӣ, қудрат ва амнияти миллӣ аст, афзуданд: “Идеология ба дунболи таъмин ва ҳафзи манофеъи миллӣ аст ва ҳувияти як миллат маҳсуб мешавад.”

Раҳбари Инқилоби Исломӣ бо ишора ба вуҷуди идеология дар рафтор ва сиёсатҳои давлатҳои ғарбӣ, гуфтанд: “Амрикоиҳо дар суханони худ борҳо аз иборати “арзишҳои амрикоӣ” истифода мекунанд, ки ҳамон идеологияи онҳо ва баргирифта аз эъломияи истиқлоли Амрико аст ва дар кишварҳои аврупоӣ низ тафаккуроти идеоложик бар рафтор ва фаъолиятҳои сиёсии онҳо ҳоким аст.”

Эшон иртиботи хирадмандона, ҳушмандона, ҳадафманд ва мантиқӣ бо ҷаҳонро бархоста аз нигоҳи исломии низом ва комилан мунтабиқ бо диплумосии идеоложик хонданд.

Валии амри муслимини ҷаҳон таҳаққуқ ва бурузи руҳияи инқилобиро дар таомулот ва рӯйкарди диплумотик зарурӣ донистанд ва афзуданд: “Диплумоти эронӣ бояд ба инқилоб ифтихор кунад ва дар таомулоти кории ӯ, “иззат, эҳсоси иқтидор ва эътимод ба нафс” ба рӯшанӣ мушоҳида шавад, ки албатта ин рафтору маниши инқилобӣ бо баёни ҳарфҳои номаъқул ва эҷоди ҳаёҳу комилан мутафовит аст.”

Ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ дар табйини зарурати бархӯрдории сафирон ва диплумотҳои эронӣ аз эҳсоси ҳаққоният, ба мавзӯъи ҷанги равонии бевақфаи душманон ишора карданд ва афзуданд: “Бояд бо эҳсоси ҳаққоният ва бо огоҳӣ ва тасаллут дар мабоҳиси чолишӣ, посухҳои қотеъ ва мантиқӣ ба иттиҳомоти бегонагон дод.”

Эшон, муттаҳам кардани доими Эрон ба як масъалаи манфиро дастури кори аслии ҷанги равонии мустамарри душманон хонданд ва афзуданд: “Барои таҳаққуқи ин ҳадаф, “эронҳаросӣ, эронситезӣ, эронгурезӣ, иттиҳоми нақзи демократия, набуди озодӣ ва нақзи ҳуқуқи башар” ба сурати мудовим дар таблиғоти бегонагон такрор мешавад.”

Ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ бо ишора ба ҷиноятҳои аврупоиҳо ва ғарбиҳо дар мустаъмироти гузашта, маҳдуд будани демукросӣ ддар Ғарб ба муқаррарот ва ё назари марокизи хос, вуҷуди диктотурии ҳизбӣ дар Амрико ва бархе кишварҳои аврупоӣ ва низ ҷиноятҳои феълии ғарбиҳо аз ҷумла ҳамдастӣ бо саудиҳо дар куштори мардуми Яман афзуданд: “Ғарбиҳо мазҳари нақзи ҳуқуқи башар ҳастанд аммо бо вақоҳати тамом, Эронро муттаҳам мекунанд аб гунае, ки гоҳ инсон аз шиддати вақоҳати онҳо ҳайрат мекунад.”

Раҳбари Инқилоби Исломӣ тасаввури ҳалли мушкилоти кишвар бо музокира ё робита бо Амрикоро хатое возеҳ хонданд ва афзуданд: “Амрико бо асли низоми исломӣ мушкили асосӣ ва мабноӣ дорад, зимни ин ки кишварҳои фаровоне дар африқо, осиё ва амрикои лотин ҳастанд, ки бо Амрико робита доранд аммо ҳамчунон бо мушкилоти фаровон даст ба гаребонанд.”

Ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ дар табйини душмании амиқи Амрико бо Ҷумҳурии Исломӣ хотирнишон карданд: “Амрикоиҳо ба дунболи бозгашт ба мавқеъият ва ҷойгоҳи худ дар Эрони қабл аз инқилоб ҳастанд ва ба камтар аз ин ҳам розӣ нахоҳанд шуд.”

Эшон мухолифати Амрико бо “тавони ҳастаӣ ва қудрати ғанисозии боло ва низ ҳузури Эрон дар минтақа”-ро ношӣ аз душмании амиқи онҳо бо аносури иқтидори низоми исломӣ баршумурланд ва афзуданд: “Ҳузури минтақаӣ ҷузви аносури қудрат ва амнияти Эрон аст ва ақабаи роҳбурдии кишвар маҳсуб мешавад, ба ҳамин иллат душманон бо он мухолифанд.”

Валии амри муслимини ҷаҳон, бо такрори ғайри қобили эътимод будани Амрико аз забони масъулони кишвар афзуданд: “Банда аз қадим ин нуктаро хотирнишон мекардам, ки рӯи ҳарф ва ҳатто имзои амрикоиҳо наметавон ҳисоб кард, бинобар ин музокира бо Амрико ҳеч фоидае надорад.”

Эшон фаъол кардани зарфиятҳои истифоданашуда ё кам истифодашуда дар кишварро муҳим донистанд ва афзуданд: “Музокирот бо аврупоиҳо қатъ нашавад аммо набояд муъаттали бастаи аврупоӣ монд балки бояд корҳои фаровони лозим дар дохили кишврро дунбол кард.”

Валии амри муслимини ҷаҳон, густариши иртибототи чандҷониба ва ба вижа дуҷониба ва таваҷҷӯҳи хос ба ташаккулҳои минтақавиро зарурӣ хонданд ва афзуданд: “Сафирон ва намояндагони Эрон дар хориҷ бояд ба зарфиятҳо ва тавоноиҳои миллат ва кишвар комилан воқиф бошанд.”

Ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ бо ишора ба сухани ахири мақомоти амрикоӣ дарбораи истеъдоди миллати Эрон афзуданд: “Аз чандин сол қабл таъкид мекардам, ки истеъдоди эронӣ аз мутавассити истеъдоди дунё болотар аст. Ин воқеъият як зарфияти муҳимми дохилӣ аст, ҳамчунонки имон, шуҷоъат, исор ва ифтихори миллат ба арзишҳо аз игар аносури тавоноиҳои Эрон аст.”

Эшон иртибот бо донишмандон, риҷоли сиёсии ғайри давлатӣ ва фаъолони иқтисодии дигар кишварҳоро ҷузви равишҳои ройиҷи диплумосӣ дар ҷаҳон баршумурданд ва афзуданд: “Бо ин равишҳо метавон густараи фаъолиятҳои дастгоҳи сиёсати хориҷиро густариш дод.”

Роҳбари Инқилоби Исломӣ ҳамчунин қудрати майдониро пуштвонаи диплумосӣ хонданд ва афзуданд: “Муҳим ин аст, ки ҳаргуна унсури иқтидор ба навъе дастоварди сиёсӣ ва иқтисодӣ табдил шавад.”

 

KHAMENEITJ.INFO

10 July 2018

"Имрӯз дар дунё душманоне ба сурати аланӣ бо ислом муқобила мекунанд; муқобилаи онҳо дар дараҷаи авввал бо эҷоди ихтилоф аст. Амиқтарин ихтилофҳо ва хатарноктарин ихтилофҳо, ихтилофҳои ақидатӣ ва имонӣ аст. Имрӯз дар дунё, таҳрикоти имонӣ ва ақидатӣ барои ба ҷони ҳам андохтани мусалмонон, ба василаи дастҳои истикборӣ анҷом мегирад. Як иддае, иддаеро такфир мекунанд; иддае алайҳи иддаи дигаре шамшер мекашанд; бародарон ба ҷои ҳамкорӣ бо якдигар ва гузоштани даст дар дасти якдигар, алайҳи бародарон даст дар дасти душманон мегузоранд! Ҷанги шиъа ва суннӣ ба роҳ меандозанд ва таҳрикоти қавмӣ ва тоифавиро лаҳза ба лаҳза афзоиш медиҳанд; (албатта) дастҳое, ки ин корҳоро мекунанд, дастҳои шинохташудае ҳастанд. Агар нерӯи хирад, чароғи андеша ва огоҳӣ –ки Қуръон моро ба он амр кардааст – ба кор биуфтад, хуб дасти душманро мебинем, ангезаи душманро мефаҳмем.

Имрӯз дар дунёи ислом барои ин ки дастгоҳҳои истикборӣ ба ҳадафҳои истикбории худашон бирасанд, барои ин ки мушкилоти худашонро пӯшида нигоҳ доранд, дар миёни мусалмонон ихтилоф эҷод мекунанд; шиъаҳаросӣ ба вуҷуд меоваранд, эронҳаросӣ ба вуҷуд меоваранд, барои ин ки режими ғосиби саҳюнистиро ҳифз кунанд, барои ин ки тазодҳое, ки сиёсатҳои истикбориро дар ин минтақа ба шикаст кашондааст, ба сурате ҳал кунанд; роҳи онро дар ин мебинанд, ки байни мусалмонон ихтилоф андозанд. Хуб, инро бояд дид, инро бояд фаҳмид; интизор аз нухбагон ин аст."

Баёнот дар дидори масъулони низом ва сафирони кишварҳои исломӣ (27/05/2014)

9 July 2018

Маросими солонаи донишомӯхтагии донишҷӯёни донишгоҳи афсарӣ ва тарбияти посдории Имом Ҳусайн (а) субҳи имрӯз (шанбе) бо ҳузури ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ, фармондеҳи кулли қуво баргузор шуд.

Раҳбари Инқилоби Исломӣ дар ибтидои вуруд ба майдон бо ҳузур бар мазори шаҳидоони гумном ва хондани фотиҳа, ёду хотираи шаҳидони дифоъи муқаддасро гаромӣ доштанд.

Ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ, роҳбари Инқилоби Исломӣ, дар ин маросим бо ишора ба тавтеъаҳои душман барои эҷоди шикоф миёни низоми исломӣ ва мардум, ҳамагон ба вижа масъулонро ба ҳушёрӣ, истодагӣ, тадбир, инсиҷоми миллӣ ва дурӣ аз ашрофигарӣ фарохонданд ва таъкид карданд: “Агар муаллифаҳои иқтидори миллӣ тақвият шаванд ва дар муқобили душман, сустӣ ва таслим нишон дода нашавад, бадхоҳон бори дигар дар расидан ба аҳдофи худ ноком хоҳанд монд.”

Роҳбари Инқилоби Исломӣ бо ишора ба оёте аз Қуръон, лозимаи беасар шудани тавтеъаҳои душманонро сабру тақво баршумурданд ва афзуданд: “Инқилоби исломӣ, решадор ва ояндадор аст ва дастёбӣ ба ормонҳои баланди он, ба сабру истиқомат ниёз дорад.”

Эшон ҳамчунин гуфтанд: “Тақво ба маънои муроқибат аз худ дар муқобили душман аст ва лозимаи ин муроқибат, ҳушёрӣ дар баробари ҳелаи душман ва эътимод накардан ба ӯ, тадбиру ақлоният, ва парҳез аз соданигарӣ ва сустӣ аст.”

Ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ таъкид карданд: “Агар ҳамаи мардум ва ҷавонон ва ҳамчунин масъулони сиёсӣ, иқтисодӣ ва амниятӣ ва низомӣ ин сабру тақворо ба кор бибанданд, ба тавфиқи илоҳӣ, ҳеч зарба ва садамае ворид нахоҳад шуд.”

Роҳбари Инқилоби Исломӣ ҳамчунин ба мавзӯъи муаллифаҳои қудрати низоми исломӣ ишора карданд ва бо ёдоварии султаи Ангилис ва Амрико бар Эрон дар тӯли 57 сол ҳукумати Паҳлавӣ, гуфтанд: “Бо пирӯзии Инқилоби исломӣ, ғулу занҷир аз дасту пои мардум боз ва таъми воқеъии истиқлол ва озоди чашида шуд.”

Эшон яке дигар аз аносури қудрати низоми Ҷумҳурии Исломиро “эътимоди ба нафси миллӣ” ва “таъсиргузории марудм дар ҳамаи корҳои кишвар” донистанд ва афзуданд: “Ин эътимоди ба нафси миллӣ ҳамроҳи бо имон буд, имоне, ки ҳамчун руҳе дар колбуди ҳаракати умумии кишвар заминасози зинда шудан, умеду исору фидокорӣ дар ҷомеъа шуд, ки намунаҳои фаровоне аз онро дар даврони Дифоъи муқаддас шоҳид будем.”

Ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ, ҷуръати иқдомро аз дигар меваҳои имон ва эътимоди ба нафси миллӣ баршумурданд ва хотирнишон карданд: “Бо ин руҳия ва ҷуръат, Сипоҳ, Ҷиҳоди созандагӣ, Басиҷ ва ҳаракатҳои умумӣ дар кишвар шакл гирифт ва нерӯҳои мусаллаҳ ҷони тозае гирифтанд ва маҷмӯъаҳои хадамотӣ ва созандагӣ ва ҳаракатҳои пурифтихори илмӣ эҷод шуд.”

Роҳбари Инқилоби Исломӣ, иқтидори воқеъиро ҷӯшанда аз даруни миллат ва бар пояи истиқлол ва озодӣ донистанд ва афзуданд: “Ин иқтидор нест, ки бархе ба бегонагон пул бидиҳанд ва аз онҳо силоҳ бихаранд ва анбор кунанд аммо ҳатто натавонанд аз он силоҳҳо истифода кунанд, ва ё он тарафи дунё биёянд дар кишваре пойгоҳ бизананд ва хуни миллати онро бимаканд то иқтидори як хонадонро ҳифз кунанд; инҳо намунаҳои ҳамоқат ва зиллат аст на иқтидор.”

Эшон бо таъкид бар ин ки миллати Эрон бояд зимни ҳифзу тақвияти аносури қудрати худ, аз онҳо истифодаи баҳангом кунад, хотирнишон карданд: “Сипоҳи Посдорони Инқилоби Исломӣ яке аз муаллифаҳои қудрат аст, ки бояд аз назари кайфӣ, рӯзбарӯз эътило ёбад ва аз зарфиятҳои фаровони он истифода шавад.”

Роҳбари Инқилоби Исломӣ гуфтанд: “Бархе мегӯянд чаро дар тавсифи қудрати миллати Эрон муболиға мекунед, дар посух бояд гуфт: Ин, муболиға нест балки айни воқеъият аст.”

Ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ афзуданд: “Бузургтарин далел барои иқтидори миллати Эрон, ин аст, ки яке аз саффоктарин ва бераҳмтарин қудратҳои дунё яъне Амрико, дар 40 соли гузашта аз ҳеч талош ва шарорате барои муқобила бо миллати Эрон фурӯгузорӣ накарда аммо натавониста ғалате бикунад ва дар муқобил, миллати Эрон пешрафтатар шудааст.”

Эшон бо таъкид бар ин ки илова бар душмани хориҷӣ, душманони дохилӣ ҳам дар тӯли ин солҳо машғули таҳаррук ва тавтеъа буданд, гуфтанд: “Аз ибтидои пирӯзии Инқилоби Исломӣ, се ҷараёни муориз дар дохили кишвар вуҷуд доштанд; “ҷараёни ба истилоҳ либерал, ки дилбастаи Амрико ва Ғарб буд”, “камунистҳои силоҳ ба даасте, ки аз ҳеч иқдоме ибо надоштанд” ва “мунофиқин, бо зоҳири исломӣ ва бо ботине хабис ва куфромез ва беҳувият”, ки ҳатто ҳозир ба ҳамроҳӣ бо Саддоми бадном низ шуданд ва акнун ҳам машғули ироаи хадамоти ҷосусӣ ба хабарчинӣ барои давлатҳое мисли Фаронса ва Ангилис ва Амрико ҳастанд.”

Роҳбари Инқилоби Исломӣ бо таъкид бар ин ки ҳар се ҷараён, мағлуб ва манкуби инқилоби исломӣ шуданд, афзуданд: “Албатта як ҷараёни таҳаҷҷур ва иртиҷоъи дохилӣ ҳам буд, ки онҳо қобили зикр нестанд ва миллат ах онҳо убур кард.”

Эшон, далели дигар бар қудрат ва иқтидори миллати Эронро ташкили эътилофҳои минтақавӣ аз ҷониби Амрико барои муқобила бо низоми Ҷумҳурии Исломӣ донистанд ва афзуданд: “Агар Амрико метавонист ба танҳоӣ ба аҳдофи худ бирасад, ниёзе ба ташкили эътилоф бо кишварҳои рӯсиёҳ ва ақибмондаи минтақа надошт.”

Ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ хотирнишон карданд: “Ба далели қудрат ва пешрафти низоми Ҷумҳурии Исломӣ, душмании Амрико бештар шудааст ва албатта нафрати миллати Эрон ҳам аз Амрико, рӯзбарӯз бештар шудааст.”

Роҳбари Инқилоби Исломӣ сипас ба тарроҳии душман дар шароити кунунӣ ишора карданд ва афзуданд: “Барномаи душман, эҷоди шикоф ва ҷудои миёни масъулони низом ва марудм аст ва ин тарроҳӣ нишон диҳандаи ҳамоқати онҳо аст зеро намедонанд низоми Ҷумҳурии Исломӣ, чизе ҷуз миллати Эрон нест ва ин ду ҷудоӣ шуданӣ нестанд.”

Эшон бо таъкид бар ин ки Ҷумҳурии Исломии Эрон як низоми муттакӣ бар оҳоди марудм ва имон ва муҳаббат ва авотифи онон аст, ба шикасти тплошҳои раисони ҷумҳури қаблии Амрико барои муқобила бо Ҷумҳурии Исломӣ ишора карданд ва афзуданд: “Ҳадаф аз фишорҳои иқтисодии кунунӣ, ба сутуҳ овардани мардум аст аммо ба ҳавлу қувваи илоҳбб, мо пайвандамонро рӯзбарӯз бо мардум бештар хоҳем кард ва бо ҳифзи инсиҷоми душманшикани худ, ҷавонони мӯъмин ва пурангеза ва аҳли иқдомро тақвият хоҳем кард.”

Ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ хитоб ба насли ҷавон гуфтанд: “Душман бо истиқлол ва иззат ва пешрафт ва ҳузури шумо дар майдони илму сиёсат ва эътилои кишвар мухолиф аст.”

Роҳбари Инқилоби Исломӣ бо таъкид бар ин ки душман то онҷое, ки битавонад ба музигариҳои худ идома хоҳад дод, хотирнишон карданд: “Агар дар масири сабру тақвои ҳамроҳ бо ҳушёрӣ ва тадбиру инсиҷоми миллӣ бо қудрат идома пайдо кунад, яқин дошта бошед музигариҳо ба натиҷа нахоҳад расид.”

Эшон бо ишора ба таҷвизи бархеҳо барои таслим шудан муқобили душман, афзуданд: “Ҳазинаи таслим шудан хеле бештар аз ҳазинаи муқовимат ва истодагӣ аст ва фоида ва дастовардҳои истодагӣ садҳо баробар бештар аз ҳазинаҳои таслим шудан аст.”

Ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ таъкид карданд: “Таслим шудан дар баробари душмани ануд ва лаҷуҷ натиҷае ҷуз лагадмол ва беҳувият шудан нахоҳад дошт.”

Роҳбари Инқилоби Исломӣ ба як қонуни тахаллуфнопазири илоҳӣ ишора карданд ва гуфтанд: “Аар суст нашавед ва бо душман созиш накунед, Худованди Мтаол дар муқобили ин сабру муҷоҳидат, кам нахоҳад гузошт ва подоши оонро ба таври комил хоҳад дод.”

Эшон дар поён, ҳамаи миллати Эрон ва масъулонро ба ҳушёррӣ ва муроқибат аз кори худ даъват ва хотирнишон карданд: “Масъулон муроқиб бошанд аз содагирифтани корҳо, танбалӣ, ашрофигарӣ, такаббур нисбат ба мардум, ва такя ба ҷойгоҳи чандрӯзаи риёсатӣ иҷтиноб кунанд.”

Раҳбари Инқилоби Исломӣ таъкид карданд: “Он рӯзе, ки миллати Эрон дар ҷойгоҳе қарор гирад, ки душманон ҷуръати таҳоҷуми низомӣ, иқтисодӣ ва амниятӣ ва сиёсиро надошта боҳанд, дер нахоҳад буд ва ҷавонон он рӯзро хоҳанд дид.”

KHAMENEITJ.INFO

25 April 2018

Яке аз балоҳои мо тадриҷ аст, яъне мо кам кам (оҳиста оҳиста) гирифтори як ҳолате мешавем [аммо] намефаҳмем, пирии худмонро намефҳмем; Оҳиста оҳиста аст. Касеро, ки шумо бист сол аст, бисту панҷ сол аст надидаед, ҳоло мебинед, пирии ӯро мефҳмед, аммо пирии худатонро, ки тадриҷӣ (оҳиста оҳиста) аст ва пирии он дӯсти ҳамроҳатонро, ки доим бо ҳам ҳастед, намефаҳмед, ҳис намекунед, чун тадриҷӣ (ором ором) аст. Мо суқути (афтодан аз хубии) худамон, ақибгардии худмонро, ки тадриҷӣ (оҳиста оҳиста )аст, дуруст намефҳмем, хеле бояд диққат кунем.

Ин хело муҳимм аст. Албатта як роҳе ҳам дорад, яъне бо вуҷуди инки тадриҷ (ором ором) бар аъмол мо ва ҳолатҳои (қалбии) мо ҳоким аст ва ин монеъ мешавад (мепӯшонад) ки мартаба ва мавқеият худмонро дуруст бифаҳмем, локин роҳ дорад, меъёр дорад; Роҳаш ин аст, ки ба амалҳои худмон нигоҳ кунем. Масалан фарз кунед шумо нигоҳ кунед бубинед, ки қаблҳо -масалан бист сол пеш, понздаҳ сол пеш- ду ракъат намози суннатро ҳеҷвақт тарк намекардед; (аммо) Ҳозир ҳамон ду ракъатро намехонед, ҳамаи намозҳои суннатро намегӯям, [балки] ҳамин ду ракъат кам ва кӯтоҳро мегӯям, (агар ҳаминро ҳозир намехонед) бифаҳмед, ки ақиб рафтаед (дар ибодат ором ором суст шудаед).

Агар дидед, ки як амали хайреро дар чанд сол пеш анҷом медодед, ҳоло, ки солҳо гузаштааст, онро анҷом намедиҳед ё дилатон намехоҳад ё аслан фаромӯш кардаед, (мисол) як дуои буд, ки он вақт мехондед, ҳоло аслан ёдатон нест, ё як амал хилофи буд, як ҳароми буд, ки он вақт анҷом намедодед, ҳоло анҷом медиҳед роҳат ва бе хавотирӣ, бифҳмед, ки ақиб рафтаед (пешрафт накардед); Аломаташ ин аст. Амалҳои худамонро метавонем бифаҳмем, метавонем мушоҳида кунем; Ҳолатҳо ва вазъияти дили худамонро осон нест, ки бифаҳмем, одат кардаем ба он аммо амалро роҳат метавонед (бифаҳмед); (роҳи фаҳмидан инки) Нигоҳ кунед бубинед. Инки устодони ахлоқ ҳамеша моҳоро тавсия мекунанд ба инки муроқибат (мушоҳида кардани рафтору кирдори худ) дошта бошед – яке аз корҳои асоси муроқиба (ҳамеша дидани рафтору кирдори худ) аст - муроқиба барои ҳамин аст; Муроқиб худмон бошем (худро зери назар дошта бошем).

KHAMENEITJ.INFO

24 April 2018

Дар муқобил ин ҳодисаҳо, мо бояд бедор бишавем, мо бояд

23 April 2018

Мо инро имтиҳон кардаем: дар муқобили душман, «ақибнишинӣ»

22 April 2018

«ло илоҳа иллаллоҳ » фақат як масъалаи эътиқодӣ

21 April 2018

Биъсат ҳодисаи ягона ва беназир аст, ки ҳақиқатан

11 April 2018

Яке аз умедбахштарин ояҳое, ки ман имруз мехоҳам як миқдоре оёти онро арз бикунам, ояти ҳамроҳии Худо аст;
اِنَّ اللهَ مَعَنا

“ Худо бо мо аст.”
Масъалаи хело муҳимме аст инки инсон эҳсос кунад Худо бо ӯ аст, Худо дар канори ӯ аст, Худо пушти сари ӯ аст, Худо муроқиби ӯ аст; ин хело чӣзи муҳимме аст! Чун Худо маркази қудрат ва маркази иззат аст. Вақте Худо бо як ҷибҳа бошад, ин ҷибҳа ҳатман ва бетардид пируз аст. Ҳоло масалан мулоҳиза фармоед дар сахтарин ҷоҳо Худои мутаол ин ҳамроҳиро ба авлиёи худ нишон додааст; фарз кунед онҷое, ки Ҳазрати Мусо (а) мегуяд:
وَ لَهُمْ عَلَیَّ ذَنْبٌ فَأَخافُ أَنْ یَقْتُلُونِ
Дар аввали Худованд мефармояд:
قَالَ کَلَّا فَاذْهَبَا بِآیَاتِنَا إِنَّا مَعَکُمْ مُسْتَمِعُونَ (1)
Ман бо шумо ҳастам, аз чӣ касе метарсед? Ин дар сураи Шуаро буд; ё дар ояи дигар, ки Ҳазрати Мусо (а) ва Ҳазрати Ҳорун (а) мегуянд:
إِنَّنَا نَخَافُ أَنْ یَفْرُطَ عَلَیْنَا أَوْ أَنْ یَطْغَى
Фиръавн ин корро бикунад, Худованд мефамояд:
قَالَ لَا تَخَافَا إِنَّنِی مَعَکُمَا أَسْمَعُ وَأَرَى (2)
Бубинед чӣқадар ин хуб аст! Ман бо шумо ҳастам, мебинам, мешунавам, мувозибатон ҳастам. Ё дар сураи муборакаи Муҳаммад (с.а.в.в) мефармояд:
فَلَا تَهِنُوا وَتَدْعُوا إِلَى السَّلْمِ وَأَنْتُمُ الْأَعْلَوْنَ وَاللَّهُ مَعَکُمْ وَلَنْ یَتِرَکُمْ أَعْمَالَکُمْ (3)
Яъне ин ҳамроҳии Худовани Мутаол бо  муъминон, бо пайғамбарон, бо ҳамроҳон ва асҳоби пайғамбарон, як чӣзе аст, ки Худои Мутаол чандбор дар Қуръон онро ба мегӯяд. Он вақт натиҷа ин шудааст, ки пайғамбарон ба ин ваъдаи содиқи Илоҳӣ эътимод ва бовар карданд дар ин ояи шарифа, ки:
فَلَمَّا تَرَاءَى الْجَمْعَانِ قَالَ أَصْحَابُ مُوسَى إِنَّا لَمُدْرَکُونَ * قَالَ کَلَّا إِنَّ مَعِیَ رَبِّی سَیَهْدِینِ (4)
Ба маҳзи инки диданд, ки сиёҳии лашкари Фиръавн аз дур пайдр шуд ва наздик аст, ки бирасад -рубаруяш дарё, пушти сарашон лашкари Фиръавн- дилҳо ларзид, гуфтанд:
اِنّا لَمُدرَکون
бадо баҳоламон шуд.
Инҷо Ҳазрати Мусо (а) ба эътимоди ҳамон ваъдаи Илоҳй мегуяд:
کَلّا؛

чунини нест;
اِنَّ مَعِیَ رَبّی سَیَهدین
Ё Пайғамбари Акрам дар ғори Савр;
إِلَّا تَنْصُرُوهُ فَقَدْ نَصَرَهُ اللَّهُ إِذْ أَخْرَجَهُ الَّذِینَ کَفَرُوا ثَانِیَ اثْنَیْنِ إِذْ هُمَا فِی الْغَارِ إِذْ یَقُولُ لِصَاحِبِهِ
لَا تَحْزَنْ إِنَّ اللَّهَ مَعَنَا (5)
Ба эътимоди ҳамин ваъдаи илоҳй, Пайғамбари Акрам (с.а.в.в) мегуянд:

اِنَّ اللهَ مَعَنا
Нороҳат набош, маҳзун набош. Пас ҳам Худои Матаол ин ваъдаро ба таври қатъӣ додааст, ҳам авлиёи илоҳӣ монанди Ҳазрати Мусо (а) ва ҳам Пайғамбари Акрам (с.а.в.в) ин ваъдаро бовар карданд ва қабул карданд ва ба он тартиб асар додаанд ва ин як ҳақиқат ва яке аз суннатҳои қатъии таърих аст; ин яке аз он суннатҳое аст, ки:
لَن تَجِدَ لِسُنَّةِ اللهِ تَبدیلا (6)
Билошак ин ҳатми ҳаст.
KHAMENEITJ.INFO

10 April 2018


Шахсҳои шумо ҳам (аъзои маҷлиси хубрагон), тақрибан ҳамаи шумо оқоён, дар шаҳрҳои худатон, дар марокизи диди ҳама ҳастед; ё имом Ҷумъа ҳастед ё муаллим ҳастед, устод ҳастед -баъзе дар донишгоҳ, баъзе дар ҳавзаҳои илмӣ- ва дар ҷоҳои мухталиф майдон доред ва имкон доред барои ҳарф задан, барои кор кардан, барои тарбият кардан; одамҳои канор нишаста нестед, майдон доред; ин мавриди саволи Парвардигор қарор хоҳад гирифт; яъне ин тавоне аст, ки Худои Мутаол аз чигуна ба кор гирифтани он савол хоҳад кард аз мо;
وَاستَعمِلنی بِما تَسئَلُنی غَداً عَنه
“Худоё! маро ба коре бигумор (машғул кун, ки дар рузи базпасин (қиёмат) аз ман савол мекунӣ!

KHAMENEITJ.INFO

9 April 2018


Мо мехоҳем ин ҳамроҳии илоҳиро барои худамон таъмин кунем; роҳаш чӣст? Муҳим ин аст. Ин ҳамроҳи вуҷуд дорад, аммо шарт дорад; барои ҳама нест. Дар Қуръон чанд шарт гузошта шудааст барои ин ҳамроҳӣ. Дар сураи наҳл мефармряд:
1) Сураи муборакаи Ан-наҳл ояи 128

إِنَّ اللَّهَ مَعَ الَّذينَ اتَّقَوا وَالَّذينَ هُم مُحسِنونَ

“Зеро Худо бо касонест, ки мепарҳезанд ва некӣ мекунанд! “

2) Сураи муборакаи Ал-бақара ояи 153

إِنَّ اللَّهَ مَعَ الصّابِرينَ

Тарҷума:

Худо бо сабркунандагон аст.

3) Сураи муборакаи Ал-бақара ояи 249

وَاللَّهُ مَعَ الصّابِرينَ

Худо бо касонест, ки собиранд.

4) Сураи муборакаи Ат-тавба ояи 36

وَاعْلَمُوا أَنَّ اللَّهَ مَعَ الْمُتَّقِينَ

. Ва бидонед, ки Худо бо парҳезгорон аст!

5) Сураи муборакаи Ал-анфол ояи 19

وَأَنَّ اللَّهَ مَعَ المُؤمِنينَ

Ху до бо мӯъминон аст.

6) Сураи муборакаи Ал-анкабут ояи 69

وَإِنَّ اللَّهَ لَمَعَ المُحسِنينَ

Худо бо некӯкорон аст!
Дар чанд ҷоӣ Қуръон такрор шудааст.
Мо вазифаамонро инҷо бифаҳмем; ман инро мехоҳам арз бикунам. Ҳам давати Исломӣ -яъне масъулони давлатӣ, қувваи иҷроия, қувваи қазоия, қувваи муқаннина- ҳам уламо, вазифаашон ин аст, ки тарбияти имонӣ кунанд ин миллатро; тарбияти тақвоӣ кунанд ин миллатро; тарбияти сабр, тарбияти эҳсон байни мардум ва байни муъминон; мо бояд мардумро ин тавр тарбият кунем. Аз ҳама муҳимтар дастгоҳҳои давлатӣ ҳастанд, ки бо барномарезӣ метавонанд ин корро анҷом бидиҳанд. Мо як дастгоҳи азиме дорем ба номи омузиш ва парвариш, як дастгоҳи азим дорем ба номи омузиши олӣ, як дастгоҳи азим дорем ба номи садо ва симо, ғайр аз дастгоҳҳои ихтисосии маҷмуаи мо. Инҳое, ки гуфтем дар ҳамаи дунё ҳама доранд; як дастгоҳҳое ҳам ҳаст, ки ихтисосии мост, мисли имомони Ҷумъа ва ҷамоот, мисли минбарҳо; ин минбарҳо ва тамосҳои бо мардум хело муҳим аст. Пас як кор иборат аст аз барномарезиҳои тарбиятӣ ва омузишӣ дар мадраса, дар донишгоҳ, дар масҷид, дар мусаллои намози Ҷумъа, дар минбарҳои таблиғӣ; бахусус ҳаминтавр, ки арз кардем, дар ҷойҳое, ки доираи васеътаре дорад, мисли садо ва симо; яке аз вазоифи умдаи садо ва симо ин аст. Ё он касоне, ки суханонашон шунавандаи зиёд дорад, мисли худи ин ҳақир, мисли раиси ҷумҳур, мисли дигаро, ки мардум мешунаванд суханони инҳоро -чеҳраҳои маъруфи динӣ ва илмӣ ва сиёсӣ, ки мешунаванд мардум ҳарфҳои инҳоро, инҳо бояд аҳдофи муҳиммашонро мутамаркиз кунанд руӣ ҳамин тарбиятҳои мазкур; барои инки агар ин тарбиятҳо анҷом гирифт, онвақт

وَالَّذینَ هُم مُحسِنونَ

“онҳое ки некӯкор ҳастанд”
Ба вуҷуд меояд.
الَّذینَ اتَّقَوا

“Онҳое ки тақво доранд”
Ба вуҷуд меояд ва аз ин қабил, ва дунболаш
اِنَّ اللهَ مَعَنا)

“Худованд ҳамроҳи мо”
Ба вуҷуд меояд; яъне қатъан ва ҳатман ҳамроҳии илоҳӣ ҳосил хоҳад шуд: дигар ҳеҷ ҷой ҳарф боқи намемонад.

KHAMENEITJ.INFO

Пурбоздидтаринҳо

All rights reserved This website is owned 2017