this is a title for here

Суханронӣ
21 June 2022

Валии амри мусалмонони ҷаҳон, барномаи душманро тазъифи имону умед ва илқои бунбасту корнобаладии масъулон донистанд.


Баёноти Раҳбари инқилоби исломии Эрон дар дидори дастандаркорони Конгресси миллии шуҳадои ашойир ва қабоил, ки 22 хурдоди 1401 шамсӣ баргузор шуда буд, субҳи имрӯз (сешанбе) дар маҳали баргузории ин ҳамоиш дар шаҳри Курд, устони Чаҳормаҳолу Бахтиёрӣ мунташир шуд.

Ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ дар ин дидор бо ишора ба таъбири имоми бузургвор аз ашойир ба унвони захоири кишвар, баргузории ин конгрессро фурсате муносиб барои таваҷҷуҳ ва ошноии мардум бо ашойир донистанд ва гуфтанд: Имрӯзи такяи бадхоҳони Эрону ислом ба ҷанги нарм аст, бинобар ин ҳамаи миллат, аз ҷумла ашоир ба умӯр ва тавлидоти фарҳангӣ ниёз доранд албатта дар кори фарҳангӣ ҳамчун тавлиди филму китоб бояд бозхӯрд ва таъсири тавлидоти мавриди таваҷҷуҳ ва андозагирӣ қарор бигирад.

Раҳбари муаззами инқилоб бо ишора ба истодагии ашойир дар муқобили талошҳои пуршумори бегонагон дар тӯли ду се қарни гузашта, гуфтанд: Ҳадаф аз ин талошҳо водор кардани ашойир ба хиёнат ба кишвару иқдомоте ҳамчун таҷзия ва ҷанги дохилӣ буд, ки ҳаргиз муваффақ нашуданд, бинобар ин ашойири Эрон ҷузви вафодортарин қишрҳои миллат ҳастанд.

Эшон фидокории ашойир дар даврони инқилобу дифои муқаддасро ҷилваи дигаре аз вафодории онон донистанд ва хотирнишон карданд: Омили аслии ваҳдат, пешрафт ва аз худгузаштагии мардум, аз ҷумлаи ашойир, омили «дин» буд, ки имом Хумайнӣ (раҳ.) бо истифода аз он унсури ҳаётӣ, инқилобро ба пирӯзӣ расонад ва пас аз инқилоб низ дар муқобили анбӯҳи пуштибониҳои қудратҳои бегона ва давлатҳои муртаҷеъ аз Саддом (диктатори маъдӯми Ироқ) ба манзур аз по даровардани инқилоб, мӯҷиби масӯният ва ҳифзи кишвар шуд.

Ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ, тазъифи имони динӣ, тазъифи умед ва хушбинӣ ба ояндаи кишварро, аз ҷумлаи муаллифаҳои ҷанги нарм алайҳи миллат донистанд ва хотирнишон карданд: Илқои беояндагӣ, бунбаст ва инки масъӯлони идораи кишварро балад нестанд, аз ҷумлаи корҳои бадхоҳони Эрон аст ва имрӯз ҳар кас мардумро аз оянда ноумед, ё имонҳои мардумро тазъиф, ё мардумро ба талошҳо ва барномарезиҳои масъулон беэътиқод ё бадбин кунад, чӣ бидонад ва чӣ надонад ба сӯди душман кор мекунад.

Эшон дарси муҳимми шаҳидонро, дарси умед хонданд ва хотирнишон карданд: Размандагони мо дар шароите вориди майдони разм шуданд, ки бар асоси муҳосиботи одӣ, умеде ба пирӯзӣ вуҷӯд надошт, аммо дар асари он муҷоҳидатҳои умедворона, ҷанг бо иззати Ҷумҳурии исломӣ саркуб шудани мутаҷовизон хотима ёфт ва ин яъне дар сахттарин шароит низ бояд ба кумаки илоҳӣ ва ҳиммати худ умедвор буд.

15 June 2022

Валии амри мусалмонони ҷаҳон, дар дидори раиси ҷумҳурии Туркманистон, таъмиқи ҳар чӣ бештари равобитро комилан ба нафъи ҳар ду кишвар донистанд.


Имом Хоманаӣ, Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ (чаҳоршанбе) дар дидори Сардор Бердимуҳаммадов, раиси ҷумҳурии Туркманистон ва ҳайати ҳамро, густаришу таъмиқи ҳар чӣ бештари равобитро комилан ба нафъи ҳар ду кишвар донистанд ва гуфтанд: Сиёсати давлати Ҷумҳурии исломии Эрон густариши равобит бо кишварҳои ҳамсоя аст ва ин сиёсате комилан дуруст аст.

Эшон бо таъкид бар ин ки лозимаи убур аз мавонеъ баста ба азму иродаи ҷиддии ду кишвар барои густариши равобит аст, афзуданд: Албатта, равобити дӯстона миёни Эрону Туркманистон мухолифине дар сатҳи минтақаву байналмилал дорад, вале бояд бар мавонеъ пирӯз шуд.

Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ таъкид карданд: Бояд комиссияи ҳамкориҳои муштарак миёни ду кишвар ба сурати ҷиддӣ фаъол бошад ва бо пайгирии мустамар, тавофуқҳо ба саранҷом барисанд.

Дар ин дидор, ки Сайид Иброҳими Раисӣ, раиси ҷумҳурии Эрон низ ҳузур дошт, Сардор Бердимуҳаммадов, раиси ҷумҳурии Туркманистон гуфт, авлавияти давлати Туркманистон густариши равобит бо ҳамсоягон аст ва талош дорем бо тавваҷуҳ ба асноди ҳамкорие, ки имрӯз имзо шуд, равобити хуби ду кишварро дар ҳавзаҳои мухталиф, ба вижа газ, барқ ва ҳамлунақли коло ва ҳамчунин иҷрои тарҳҳои бузург беш аз пеш таҳким бубахшем.

Раиси ҷумҳурии Туркманистон бо ишора ба сиюэмин солгарди равобити ду кишвар, хитоб ба Раҳбари муаззами инқилоби исломии Эрон гуфт: Аз тарафи худ ва ҳамчунин миллати Туркманистон аз ҷаноби олӣ ба далели ҳимоятҳои ҳамешагӣ аз таъмиқи равобити Эрону Туркманистон ташаккур ва қадрдонӣ мекунам.

30 May 2022

Эмомалӣ Раҳмон, Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳайати ҳамроҳ асри имрӯз, душанбе бо ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ, Раҳбари муаззами инқилоби исломии Эрон дидор кард.


Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ дар дидор бо Эмомалӣ Раҳмон раиси Ҷумҳӯри Тоҷикистон ва ҳайати ҳамроҳ бо ишора ба иштирокоти амиқи таърихӣ, динӣ, фарҳангӣ ва забонии Эрон ва Тоҷикистон, дукишварро ҳамчун хешованд ва бародар хонданд.

Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ, рӯзи душанбе дар ин дидор дар бахше аз баёноташон бо таъкид бар ин ки яке аз арсаҳои ҳамкорӣ ва ҳамфикрӣ миёни Эрон ва Тоҷикистон, масъалаи минтақа ва ба вижа вазъияти Афғонистон аст, гуфтанд: Нигарониҳои Эрон ва Тоҷикистон дар бораи Афғонистон муштарак аст ва ҳарду кишвар аз густариши терроризм ва рушди гурӯҳҳои такфирӣ дар ин кишвар нигарон ҳастанд ва мо муътақидем, ки оқоёне, ки акнӯн дар Афғонитсон бар сари кор ҳастанд бояд битавонанд бо як ҳукумати ҷомеъ ва фарогир аз ҳама гурӯҳҳо истифода кунанд.

Эмомалӣ Раҳмон раиси Ҷумҳӯри Тоҷикистон низ дар ин дидор бо ибрози хурсандии фаровон аз ҳузур дар Теҳрон ва дидор бо Раҳбарӣ муаззами инқилоби исломӣ, нигарониҳои амниятӣ ба вижа дар бораи Афғонистон ва густариши терроризмро аз мавзӯъоти муҳим миёни дукишвар баршумурд ва гуфт: Мо хостори сулҳ ва оромиш ва ҳукумате бо ҳузури ҳамаи қавмиятҳо, дар Афғонистон ҳастем ва умедворем бо афзоиши ҳамкориҳои амниятии Эрон ва Тоҷикистон битавон бар нигарониҳо ғалаба кард.

Дар ҳоли ҳозир, Осиёи Марказӣ ҳамчунон бо чолишҳои ҷидди ноши аз фаъолиятои террористӣ мувоҷҷеҳ аст. Эрон ва Тоҷикистон низ дар ҳавзаи амниятии таҳдидоти муштарак ҳамчун қочоқи маводи мухадир, терроризм ва ифротгароӣ доранд ва ҳар дукишвар пеш аз ин борҳо нигаронии сареҳи худро дар бораи қудратгирии ДОИШ дар Афғонистонро иброз доштаанд.

Гурӯҳи Толибон аммо пайваста таъкид кардааст, ки тавони таъмини амният ва муқобила бо чолишҳои амниятиро дорад ва ДОИШ аз назари онҳо таҳдиди бузурги нест, ин дар ҳоле аст, ки фақат дар ду ҳафтаи ахири моҳи мубораки Рамазон дар Афғонистон ҳудуди 700 нафар кушта ва ё захмӣ шуданд, ки масъулияти бештари ин кушторҳоро ДОИШ бар ӯҳда гирифт.

Марзҳои шимолӣ Афғонистон бо Тоҷикистон аз манотиқи аст, ки густариши нооромиҳо дар он метавонад сабаби бесуботии бештар дар минтақа шавад. Мақомоти Тоҷикистон ахиран эълом карданд, ки чаҳор мӯшаки дастсоз аз шаҳристони Хоҷағори вилояти Таххор ба самти Тоҷикистон шилик шудаат, ки ДОИШ масъулият ин ҳамалотро низ бар ӯҳда гирифтааст.

Яке дигар аз таҳдидоти ҷидди дар минтақаи Осиёи Марказӣ тиҷорати маводи мухадир аст, ки давлатҳои минтақа аз ҷумла Эрон ва Тоҷикистон бо он мувоҷҷеҳанд. Тавлид ва қочоқи маводи мухадир аз ҷумла манобеъи аслии таъмини молии гурӯҳҳои террористӣ маҳсуб мешавад. Бар ҳамин асос афзоиши рӯзафзуни тавлиди маводи мухадир дар Афғонистон ва қочоқи он барои интиқол ба Аврупо ва Амрико, таҳдиди ҷидди барои Эрон ва Тоҷикистон аст, ки марзҳои тӯлони бо Афғонистон доранд.

Бинобарин, вазъияти бесуботии минтақа ноши аз фаъолиятҳои ДОИШ ва соири фаъолиятҳои террористи дар хоки Афғонистон дар пайи иҷрои сиёсатҳои ғайри масъулонаи Амрико дар он кишвар ва ҳачунин интиқоли террористҳои ДОИШ аз Ироқ ва Сурия ба Афғонистон, ниёзманди таваҷҷӯҳи ҷидди аст. Дар чаҳорумин нишасти гуфтугӯи амниятии минтақаие ки 27-уми май бо ҳузури кишварҳои Эрон, Русия, Ҳинд, Чин, Узбакистон, Қазоқистон ва Қирғизистон дар шаҳри Душанбеи Тоҷикистон баргузор шуд низ бар зарурати ташкили давлати фарогир, масъулият пазири гурӯҳи толибон ба унвони ҳокими кунӯнии Афғонистон барои ҷилавгирӣ аз фаъолиятҳои гурӯҳҳои террористӣ ва таҳдиди амниятии кишварҳои ҳамсоя ва ҳамчунин муқобила бо қочоқи маводи мухадир таъкид шуд.

Аз назари Ҷумҳӯри Исломии Эрон, тавсиа ва таҳкими ҳамкориҳои дуҷониба ва минтақаи пиромуни мубориза бо терроризм аз ҷумла дар Афғонистон зарурӣ аст ва ҳамонгӯна, ки Раҳбари муаззами инқилоб таъкид кардаанд, ин мавзӯъ яке аз арсаҳои ҳамкории Эрон ва Тоҷикистон аст, ки дар бораи он нигаронии муштарак доранд.

4 June 2022

Раҳбари муаззамин инқилоби исломӣ дар сивусевумин солгарди иртиҳоли Имом Хумайнӣ(р) гуфтанд дар Ҷумҳурии Исломии Эрон омили мардум омили бисёр муҳим аст ва душманон нахоҳанд тавонист миллатро дар муқобили низоми исломӣ қарор диҳанд.


Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ субҳи имрӯз дар ҷамъи пуршури мардум дар марқади мутаҳҳари Раҳбари кабири инқилоб, ки баъд аз ду сол ба сурати ҳузури баргузор шуд, бо таъкид бар ин ки имрӯз гироиши мардум ба дин ва инқилоб яқинан беш аз ибтидои инқилоб аст ба намунаҳои барҷаста аз ҳузури шукуҳманди мардум дар таҷлил аз муқовимат ва руҳоният ишора карданд.

Эшон гуфтанд ташиъи миллионии бадани қитъа қитъаи шаҳид Сулаймонӣ ва бузургдошти он марди инқилобии мубозир ва муҷоҳид ва ташиъи ҷаноза ва ибрози эҳсосоти мардум ба даргузашти мароҷеъ ва фақиҳони олиқадри ҳамчун оятулло Софии Гулпойгонӣ ва ояутллоҳ Баҳҷат бо гиромидошти ҳеҷ шахсияти сиёсӣ ва ҳунарии дигар дар кишвар қобили муқоиса ва нишондиҳандаи эътиқоди мардум ба руҳоният, дин, ҷиҳод ва муқовимат аст.

Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ дар таҳлили иллати муҳосиботи пай дар пайи ғалати душманони Эрон ба нақши теъдоди аз мушовирони эронии хоин дар шакл додан ба ин муҳосибот ишора карданд ва афзуданд ин мушовирони хиёнаткор натанҳо ба кишвари худ балки ҳатто бар амрикоиҳо ҳам хиёнат мекунанд чаро, ки бо ин машваратҳои ғалат сабаби шикаст хурдани онҳо мешаванд.

Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ яке аз омилҳои душмани бо Ҷумҳурии Исломиро фосилагузории ҷиддии Имом Хумайнӣ(р) бо ғарбиҳо донистанд ва таъкид карданд, ҳимоят аз Фаластин ва додани сафорати режими ғосиб ба миллати Фаластин интиқод аз риёкориҳо ва ҷиноятҳои кишварҳои аврупоӣ ва Амрико намунаҳои муҳими аз фосилагузории Имом Хумайнӣ(р) миёни тамадун ва тафакур ва низоми исломӣ бо тамадун ва тафакури ғарбӣ аст.

Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ ҳамчунин ишора ба дуздии дарёӣ давлати Юнон аз Эрон изҳор карданд, чанди қабл давлати Юнон бо дастури амрикоиҳо нефти Эронро дуздид, аммо диловарони аз ҷонгузаштаи Ҷумҳурии Исломӣ киштии нефтии душманро забт дар таблиғоти фарогири худ Эронро ба дузди муттаҳам карданд дарҳоле, ки онҳо буданд, ки нефти моро дуздид ва пас гирифтани моли дузди, дузди нест.

25 May 2022

Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ дар дидори аъзои ситоди кунграи бузургдошти чор ҳазор шаҳиди руҳонӣ, ҷиҳод ва шаҳодатро фарҳанги решадор дар ҳавзаҳои илмия донистанд.


Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ дар дидори аъзои ситоди кунграи бузургдошти чор ҳазор шаҳиди руҳонӣ, ки дар 13 январи соли 2020 баргузор шуда буд ва имрӯз дар маҳали баргузории ин ҳамоиш дар Қум мунташир шуд, бузургдошти олимон ва руҳониёни муҷоҳид ва пешқадам дар кори хайрро иқдоми шойста хонданд.

Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ гуфтанд: Дар давраи дифоъи муқаддас талабаҳои ҷавон илова бар кори таблиғи ва динӣ дар сафҳои муқаддами майдони ҷанг ҳам ворид шуданд ва теъдоди зиёди аз онҳо низ ба шаҳодат расиданд.

Раҳбари муаззами инқилоб ҷиҳод ва шаҳодатро фарҳанги решадор дар ҳавзаҳои илмия донистанд ва бо баршуморидани мисдоқҳое аз олимони шаҳиди шиъа ва сунни афзуданд: Шаҳиди руҳонӣ яъне касе, ки бо ҷони худ вориди майдони даъват ба хайр мешавад ва имрӯз низ ба тақвияти ин руҳия дар байни талабаҳо ва фозилони ҷавон ниёз дорем.

Ишон Имом Хумайни(р)-ро улгуи мумтози аз илму ҷиҳод хонданд ва хотирнишон карданд он бузургавор ҳамчуноне, ки аввал муҷоҳиди даврони хеш ва балки бисёри аз давронҳо буд ва ҷиҳоди боазаматтар аз ҷиҳоди ӯ бо ин натиҷаҳо дар тули таърихи шиъа вуҷуд надорад, дар болотарин маротиби илми низ қарор дошт, ки ин нишон медиҳад вуруд дар арсаи ҷиҳод ҳеҷ мунофоте бо дониш, таҳқиқ ва тадрис надорад.

Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ ҳамчунин бо ишора ба анвоъи ҷиҳод аз ҷумла ҷиҳоди илмӣ, низомӣ, сиёсӣ ва иҷтимоъӣ афзуд: Дар ҳар яке аз арсаҳои ҷиҳод, ки авлавият ва ниёзи кишвар бошад мухотаби аввал он ки бояд бо эҳсоси масъулият вориди майдон шаванд, талабаҳо ва фозилони ҷавон ҳастанд.

Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ бо ибрози умедвори ба истимрори руҳия ва фарҳанги ифтихоромези ҷиҳод дар руҳоният ба дастандаркорони кунграи шуҳадои руҳонӣ тавсиф карданд дар ин бузургдоштҳо бо ҳамфикрии аҳолии фикру фарҳанг, ном, тасовир, васиятнома ва шарҳи ҳол ва мавқеъияти шуҳадои руҳонӣ таксир ва тарвиҷ шавад то имкони истифода аз мавқеъияти маънавии он бузургаворон барои ҳамгон фароҳам шавад.

11 May 2022

Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ омӯзиш ва парваришро тарбияткунандаи насли тамадунсоз хонд ва гуфтанд: Насли навҷавон ва ҷавон бояд дорои ҳувияти миллӣ ва ислмӣ-эронӣ, эътимод ба нафс, муқовим, огоҳ аз андешаҳои Имом ва ормонҳо, донишманд ва коромад парвариш ёбад.


Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ имрӯз чоршанбе дар дидори садҳо тан аз муъаллимон ва фарҳангиёни Эрон бо ишора ба ҳадафи баландмуддати эҷоди тамадуни навин ва шукуфои исломӣ таъкид карданд манобеъи инсонӣ, зерсохти ҳартамадуни ба шумор меравад ва барпокунандагони тамадуни навини исломӣ насле ҳастанд, ки акнун дар ихтиёри муъаллимон қарор доранд бино бар ин аҳамият ва арзиши комили муъаллимонро бояд аз ин қисмат дарк кард.

Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ гуфтанд: Ин насл бо ин ҳадафи бисёр бузург бояд дорои ҳувияти эронӣ-исломӣ, эътиқодоти муҳкам ва амиқ, дорои эътимод банафс, худсохта, ҳушёр дар баробари тамадунҳои аз байн рафтаи шарқу ғарб, донишманд ва коромад бошад то битавонад он тамадуни бузургро ташкил диҳад.

Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ бо ишора ба тарбияти унсурҳои барҷаста дар омӯзиш ва парвариш баъд аз инқилоб афзуд ба баракати талоши муъаллимон дар чор даҳҳаи ахир унсурҳои коромад дар арсаҳои мухталиф рушд ёфтанд, аммо кофӣ нест ва барои он тамадуни шукуфо бояд ин гуна парваришҳо фарогир шавад.

Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ дарки арзиши исодагӣ ва муқовим буданро аз ниёзҳои донишомӯзон донистанд ва гуфтанд: Дар ҷаҳоне, ки ҳар кас чи шарқӣ чи ғарбӣ зур мегӯяд, насли оянда бояд арзиш ва аҳамияти истодагиро аз ҳамакнун биёмузад то дар партави ин омузаҳо тамадунсоз шавад ва миллат ва кишварро иззатманд созад.

9 May 2022

Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ, коргаронро сутуни аслии хаймаи тавлид хонданд ва гуфтанд: Коргарон дар сафи муқаддами муқобила бо душман истоданд.


Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ имрӯз душанбе дар дидори ҷаъми аз коргарон ҳадаф аз ин дидорро қадршиносӣ ва ташакур аз онҳо ва таъкид бар арзиши нафаси кор баршумурдан ва бо ишора ба нигоҳи Ислом ба коргар ва мавзуъи кор гуфтанд: Бар хилофи нигоҳи истесмории низоми сармоядорои ва нигоҳи шиъори низоми фурупошидаи камунистӣ, нигоҳи Ислом ба коргар қадршиносона ва арзишмадорона аст ва бар ҳамин асос аст, ки Паёмбари Ислом(с) бар дастони коргар буса мезаданд.

Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ бо ишора ба ангезаҳои миллӣ ва дурахшони коргарон дар арсаҳои низомӣ, иқтисодӣ ва сиёсӣ таъкид карданд. Намунаи ошкори арсаи низомӣ тақдими 14 ҳазор шаҳиди коргар дар даврони дифоъи муқаддас аст ва агар бори дигар низ масъалаи низомӣ пеш биёяд ҷомеъаи коргар қатъан ҷузи сафҳои муқаддам хоҳад буд.

Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ дар хусуси ангезаҳои миллии коргарон дар арсаҳои иқтисодӣ низ афзуд, яке аз сиёсатҳои аслии истикбор аз аввали пирӯзии инқилоби исломӣ аз кор андохтани тавлиди кишвар буд, ки дар солҳои ахир ва ташдиди буҳронҳо ин ҳадаф комилан равшан шуда аст, аммо коргарон бо истодагии худ монеъ аз таҳаққуқи ин ҳадаф шуданд ва дар ин арса сутуни аслии хаймаи тавлид буданд.

Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ ҳамчунин бо ишора ба таҳарукоти коргари, ки аз аввали пирӯзии инқилоб вуҷуд дошта аст хотирнишон карданд, ҳадаф аз ин таҳарукот табдили ҷомеъаи коргар ба намуна ва нишонаи эътирози мардумӣ буд, аммо коргарон дар арсаҳои сиёсӣ низ бинии таҳриккунандагонро ба хок молиданд ва ҳамавора дар канори низом ва инқилоб буда ва ҳастанд.

8 May 2022

Раиси Ҷумҳурии Сурия бо Раҳбари муаззамин инқилоби исломӣ дидору гуфтугӯ кард.

Башор Асад, раиси Ҷумҳурии Сурия имрӯз якшанбе дар сафар ба Теҳрон бо ҳазрати оятуллоҳ Хоманӣ Раҳбари муаззамин инқилоби исломӣ ва Сайид Иброиҳи Раисӣ, раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон ба сурати ҷудогона дидору гуфтугӯ кард.

Аз соли 2011 мелодӣ, ки Сурия даргири ҷанг бо гуруҳҳои террористии такфири шуд ин дуввумин бор аст, ки раиси ҷумҳурии ин кишвар ба Эрон сафар мекунад.

Аввалин сафари Башор Асад ба Эрон дар соли 2018 пас аз муваффқияти эътилофи Эрон, Русия ва Сурия дар саркубии террористҳои такфирӣ ва барқарории оромиши нисби дар ин кишвар анҷом шуд.

Дар аввалин сафари Башор Асад ба Эрон, сардори сипаҳбуд ҳоҷи Қосими Сулаймонӣ, қаҳрамони мубориз бо терроризм ва фармондеҳи пирӯзи набард бо ҷинояткорони такифирӣ ва ҳомиёни ғарбӣ онҳо, раиси Ҷумҳурии Сурияро ҳамроҳи мекард.

Раиси Ҷумҳурии Сурия пас аз дидору гуфтугӯ бо Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ ва раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон, Теҳронро ба мақсади Димишқ пойтахти Сурия тарк кард.

Гузориши машруҳи сафари раиси Ҷумҳурии Сурия ба Теҳрон соати дигар мунташир хоҳад шуд.

29 April 2022

Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ, Раҳбари муаззами инқилоби исломии Эрон гуфтанд: Кулли Фаластин ба саҳнаи муқовимат табдил ва ҳамаи тарҳҳои созиш бо душмани саҳюнист ботил шудааст.


Имрӯз, ҷумъаи 29 апрели 2022 (9 урдибиҳишти 1401 ҳиҷрии шамсӣ), мусодиф бо 27 Рамазони соли 1443 ҳиҷрии қамарӣ Рӯзи Ҷаҳонии Қудс аст.

Охирин ҷумъаи моҳи мубораки Рамазон ба ибтикори имом Хумайнӣ (раҳ), бунёнгузори кабири Ҷумҳурии исломии Эрон Рӯзи Ҷаҳонии Қудс номгузорӣ шудааст то мусулмонони саросари ҷаҳон безорӣ ва нафрати худро аз сиёсатҳои нажодпарастонаи режими саҳюнистӣ эълом кунанд.

Ба гузориши пойгоҳи иттилоърасонии дафтари мақоми муаззами раҳбарӣ, Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ рӯзи ҷумъа дар суханронии телевизионӣ ба муносибати Рӯзи Ҷаҳонии Қудс бо баршумурдани нишонаҳои бисёр умедбахш, аз пеширӯ будани ояндае мутафовит ба нафъи мардуми Фаластин, аз ҷумла густариши майдони муқовимат ба кулли Фаластин ва дар муқобил заиф шудани режими ишғолгару ҳомии аслии он - яъне Амрико, ҳаводиси солҳои ахири Фаластинро ба маънои ботил шудани ҳамаи тарҳҳои созиш бо режими саҳюнистӣ донистанд ва зимни ёдоварии баракоти бебадили падидаи муқовимат дар минтақаи Ғарби Осиё таъкид карданд: Танҳо бо неруи муқовимат метавон масоили дунёи Ислом ва дар раъси он масъалаи Фаластинро ҳал кард.

Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ бо таъкид бар ин воқеият, ки то режими ғосибу ҷинояткори саҳюнист бар Қудс мусаллат аст, ҳама рӯзҳои солро бояд рӯзи Қудс донист, гуфтанд: Қудси шариф қалби Фаластин асту саросари кишвари ғасбшуда, аз баҳр то наҳр, идомаи Қудс аст.

Эшон бо таҳсини истодагиву шаҳомати камназири миллати Фаластин, амалиёти фидокоронаи ҷавонони фаластиниро муҷиби эҷоди сипари дифоӣ барои Фаластин ва башоратдиҳандаи ояндае мутафовит донистанд ва дар баёни нишонаҳои рақам хӯрдани муодилае ҷадид дар имрӯзу фардои Фаластин хотирнишон карданд: Имрӯз иродаи шикастнопазир дар Фаластин ва ҳамаи минтақаи Ғарби Осиё ҷойгузини «артиши шикастнопазир»-и саҳюнист шудаву артиши ҷинояткор ночор шуда ороиши таҳоҷумии худро ба дифоӣ табдил кунад.

Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ дар идома бо ишора ба намунаҳои айнӣ аз густариши муқовимат дар саросари Фаластин монанди таҳарруки урдӯгоҳи Ҷинин, ки саҳюнистҳоро девона кардааст, дархости 70 дарсад аз фаластиниҳо барои ҳамлаи низомӣ ба режими ғосиб, ҳаракатҳои ҷиҳодии мардуми Фаластин дар бахшҳои шимоливу ҷанубии сарзаминҳои 1948, роҳпаймоиҳои сангин дар Урдун ва Қудси Шарқӣ, дифои ҷононаи ҷавонони Фаластин аз Масҷидулақсо ва размоиши низомӣ дар Ғазза таъкид карданд: Кулли Фаластин ба саҳнаи муқовимат табдил шудаву мардуми Фаластин бар идомаи ҷиҳод ваҳдати назар ёфтаанд. Ин падидаҳои муҳим ба маънии омодагии комили фаластиниҳо барои муқобила бо режими ғосиб аст ва дасти созмонҳои муҷоҳидро боз мегузорад то ҳар замон лозим донистанд вориди амал шаванд.

Эшон паёми муҳими ин ҳаводис ва он чиро дар солҳои ахир дар Фаластин рух додааст, ботил шудани ҳамаи тарҳҳои созиш бо душмани саҳюнист хонданд ва гуфтанд: Ҳеҷ тарҳе дар бораи Фаластин дар ғиёб ё бар хилофи назари соҳибони он, яъне фаластиниҳо иҷро шуданӣ нест ва ин яъне ҳамаи тавофуқоти пеш аз ин. монанд Осло ё тарҳи арабии Ду давлатӣ ё Муомилаи Қарн ё одисозиҳои ҳақиронаи ахир ботил шудаанд.

Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ бо ишора ба идомаи анвоъи ҷиноёти режими саҳюнистӣ бо вуҷуд аз нафас афтодани он, афзуданд: Дурӯғгӯёни муддаии ҳуқуқи башар дар Аврупову Амрико, ки дар қазияи Украина он ғавғоро ба роҳ андохтанд, дар баробари ин ҳама ҷиноят дар Фаластин муҳри сукут бар лаб задаанд ва аз мазлум дифоъ намекунанд, балки ба гурги хунхор кумак ҳам мекунанд.

Эшон дарси бузург аз ин рафтори маккоронаи қудратҳои нажодпарасти ғарбиро парҳез аз ҳар гуна такя кардан ба онҳо донистанд ва таъкид карданд: Танҳо бо неруи муқовимат, ки баргирифта аз таълими Қуръони карим ва аҳкоми Исломи азиз аст, метавон масоили дунёи Ислом ва дар раъси он масъалаи Фаластинро ҳал кард.

Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ шаклгирии муқовимат дар минтақаи Ғарби Осиёро пурбаракаттарин падидаи ин минтақа баршумурданд ва хотирнишон карданд: Каёни муқовимат буд, ки бахшҳои ишғолшудаи Лубнонро аз лавси вуҷуди саҳюнистҳо пок кард, Ироқро аз ҳулқуми Амрико берун кашид ва аз шарри ДИИШ наҷот дод, ба мудофеони сурӣ дар баробари нақшаҳои Амрико мадад расонд, бо терроризми байналмилалӣ мубориза мекунад, ба мардуми муқовими Яман дар ҷанге, ки ба онҳо таҳмил шудааст, ёрӣ мерасонад, бо панҷа афкандан ба мавҷудияти ғосибони саҳюнист ба тавфиқи илоҳӣ онҳоро ба зонӯ дармеоварад ва бо талоши муҷоҳидона, масъалаи Қудс ва Фаластинро дар афкори умумии ҷаҳон рӯз ба рӯз барҷастатар мекунад.

13 April 2022

Валии амри мусалмонони ҷаҳон, асри имрӯз ( сешанбе) дар дидори масъулон ва коргузорони низом ҳамаи масоили кишварро қатъан қобили ҳалл хондаанд ва бо табйин абъоди мухталифи шиори сол, таъкид карданд: Манзумаи қудрати Ҷумҳурии Исломи ва дастовардҳои гуногӯни он дар бахшҳои мухталиф, Эронро ба улгӯи ҷаззоб барои миллатҳо табдил кардааст.


Ба гузориши пойгоҳи хабарии дафтари Мақоми муаззами Раҳбарӣ, ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ дар ин дидор, расидан ба худ кифоӣ дар бархе маворид, аз ҷумла тавлиди 6 навъ ваксинаи корона, қарзҳои хориҷӣ наздик ба сифри кишвар, ва пешрафтҳои илмӣ ва санъатӣ ва фановарӣ дар ҳавзаҳои мухталифро аз нишонаҳои муваффақияти Ҷумҳурии Исломии Эрон баршумурд ва хотирнишон карданд: Як намунаи дигар аз муваффақиятҳо, пеш рафтани саҳеҳ ва риволи ҷараёни мудирияти кишвар аст ва бар хилофи бархе кишварҳои дигар ва бо вуҷӯд ҳамаи душманиҳо, мудирияти кишвар ба сурати қонунӣ ва бидуни ниёз ба иқдомоти хориҷ аз ривол даст ба даст шудааст.

Раҳбари муаззами Инқилоб тасреҳ кард, ин дасторвардҳо ва мавориди дигар ҳамчун   густариши умқи роҳбурдӣ ва нуфӯзи маънавии Эрон дар минтақа, Ҷумҳурии Исломиро ба як намунаи ҷаззоб табдил кардааст.

Ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ афзӯданд: Душман бар асоси тамаъварзиҳои худ, ҳарфҳои ноумедкунанда баён мекунанд, ки қаблан ҳам аз ингуна матолиб баён мешуд, аммо нодурӯстии ҳамаи он матолибҳо баъдҳо ба исбот расид, монанди суханони Садом ҳангоми оғози ҷанги таҳмилӣ ва вадаъи фатҳи як ҳафтаии Теҳрон ва ё суханони чанд сол қабли як далғаки амрикоӣ, ки гуфта буд,соли навро дар Теҳрон ҷашн мегирем.

Раҳбари Инқилоби Исломӣ таъкид кард: Инки амрикоиҳои мағрӯр сариҳан эътироф мекунанд, ки фишори ҳаддиаксарӣ алайҳи Эрон шикасти хифтбор хурда, мавзӯи бисёр муҳиме аст, ки набояд фаромӯш шавад.

Ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ дар идома бо ишора ба ҷиҳатгирии хуби дипламатии кишвар таъкид карданд: Масъулон мутлақан маътали масъалаи ҳастаӣ нашаванд ва бар асоси воқеъияти кишвар ба барномарезӣ ва иқдом барои ҳаллӣ мушкилот бипардозанд.

Раҳбари муаззами Инқилоби Исломӣ масъулон музокиротро, инқилобӣ, мудтадаин ва пур ҷадду ҷиҳат хонанд ва бо ибрози хурсандӣ аз муқоввимати ҳайати музокиракунанда дар муқобили зургӯиҳо ва зиёдахоиҳо гуфтанд: Тарафи муқобил, ки баъдаҳдӣ кард ва аз БарҶом хориҷ шуд, алон эҳсоси дармондагӣ ва бунбаст мекунад, аммо низоми исломӣ, ки бо иттико ба мардум аз мушкилоти зиёде убур карда, аз ин марҳала ҳам убур хоҳад кард.

Ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ дар идома бо тамҷид аз беморӣ ва таҳрикоти ҷавонони фаластинӣ дар сарзаминҳои ишғолӣ гуфтанд: Ин таҳарукот нишон дод Фаластин бар хилофи талоши Амрико ва пайравонаш зиндааст ва ба фазли Аллоҳ пирӯзии ниҳоӣ аз он мардуми Фаластин хоҳад буд.

Раҳбари муаззами Инқилоби Исломӣ ҳамчунин бо тамҷид аз шуҷоат мардуми мазлуми Яман дар тавсиаи дилсузона ва хайрхоҳона ба масъулони Саудӣ гуфтанд: Чаро ба ҷанге,ки медонед эҳтимоли пирӯзи дар онро надоред идома медиҳед? Роҳе пайдо кунед ва худро аз ин маърака хориҷ кунед.

Ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ, оташбаси ахир дар яманро хеле хуб хонданд ва афзӯданд: Агар ин тавофуқ ба маънои воқеъии калама иҷро шавад метавонад идома ёбад ва бидуни тардид мардуми Яман ба баракат ҳиммат, шуҷоат ва ибтикори амали худ ва раҳбаронашон пирӯзанд ва Худованд ҳам ба ин мардуми мазлум кумак хоҳад кард.

11 April 2022

Валии амри мусалмонони ҷаҳон, сиёсатҳои куллии таъмини иҷтимоъиро иблоғ карданд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз дафтари Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ, ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ дар иҷрои банди як асли 110 Қонуни Асосӣ ва пас аз машварат бо Маҷмаъи ташхиси маслиҳати низом, сиёсатҳои куллӣ ва мусаввабаи таъмини иҷтимоъиро барои иқдом ба раисони қувваҳои сегона ва раиси Маҷмаъаи ташхиси маслиҳати низом иблоғ карданд. Бар асоси дастури Раҳбари инқилоби исломӣ ва дар иҷрои банди (ҷ-1) илзомоти таҳаққуқи сиёсатҳои куллии низом, қуваи Муҷрия вазифадор аст бо кумаки Маҷлиси шӯрои исломӣ ва қуваи Қазоӣя ва бо басиҷи дастгоҳҳои масъул, барномаи ҷомеъи таҳаққуқи ин сиёсатҳоро шомили тақдими лавоеҳ, тасвиби муқарарот ва иқдомоти иҷроии лозим дар шаш моҳ ироа кунад.

Лозим ба зикр аст сиёсатҳои куллии таъмини иҷтимоъӣ ба манзури ҷомеъият додан ва инсиҷомбахшӣ ба талошҳои низом ва эҷоди ҷаҳиш дар ин замина иблоғ шуд ва бо таваҷҷуҳ ба аҳамият ва ҷомеъияти он ба унвони як санади болодастӣ, таҳақуқи он мусталзими тағироти асосӣ дар қавонин ва муқаррароти ҷорӣ ва талошҳои ҷиддӣ дар ин арса аст.

Матни сиёсатҳои куллии таъмини иҷтимоъӣ ба ин шарҳ аст:

Бисмиллоҳир-раҳмонир-раҳим

Сиёсатҳои куллии таъмини иҷтимоъӣ

Эҷодри рифоҳи умумӣ, бартараф сохтани фақр ва маҳрумият, ҳимоят аз ақшор ва гуруҳҳои ҳадафи хадамоти иҷтимоъӣ аз ҷумла бесарпарастон, азкоруфтодагон, маъюбон ва солмандон ва он чи аз ҳадафҳои рифоҳи иҷтимоъӣ, ки дар усули 3,21,28,29,31, ва 43 Қонуни Асосӣ омада аст иқтизо мекунад низоми коромад, тавонмандсоз, адолатбунён, кароматбахш ва ҷомеъ барои таъмини иҷтимоъии ҳамагон, ки баргирифта аз улгуҳои исломӣ-эронӣ ва мубтани бар низоми идории коромад, ҳазфи ташкилоти ғайризарурӣ ва рафъи табъизҳои нораво ва баҳрагирӣ аз мушорикатҳои мардумӣ бошад, тарроҳӣ ва иҷро шавад ва тартиботи зер дар он риъоят гардад:

Истиқрори низоми таъмини иҷтимоъӣ ба сурати ҷомеъ, якпорча, шаффоф, коромад, фарогир ва чандҷониба.

Эҷоди як созукори тахассусӣ ва фаробахшӣ ба манзури ҳифзи интизом ва инсиҷоми умури марбут, лойҳабандӣ ва сатҳбандии хадамот, эҷоди ваҳдати равия, эъмоли назорати роҳбурдӣ дар таквин ва фаъолияти созмонҳо ва сандуқҳо ва ниҳодҳои фаъол дар қаламравҳои имдодӣ, ҳимоятӣ ва бимаӣ ва шаклдиҳии пойгоҳҳои иттилоъот, бо риъояти мулоҳизоти амниятии марбут ба нерӯҳои мусаллаҳ ва дастгоҳҳои амниятии кишвар.

Пойбандӣ ба ҳуқуқ ва риъояти таъаҳудоти байнинаслӣ ва адами таҳмили тарҳҳои фоқиди тазмини молии байнинаслӣ, таъмини манобеъи пойдор, риъояти муҳосиботи бимаӣ ва таъодул байни манобеъ ва масрафҳо ва ҳифз ва иртиқоъи арзиши захираҳои созмонҳо ва сандуқҳои бимагари иҷтимоъӣ ба унвони амволи мутаъалиқи ҳаққи мардум бо таъкид бар амонатдорӣ, амнияти судовар ва шафофият бо эҷоди созукори лозим.

Ислоҳи қавонин, сохторҳо ва ташкилоти созмонҳо ва сандуқҳои бимагари иҷтимоъӣ дар ҷиҳати таъмини адолат ва яксонсозии қавоъид ва муқарароти бимаӣ ва пешгирӣ аз эҷод ва анбошти бадеҳиҳои давлат ва риъояти қавоъиди бимаӣ ва таъмини бори молии замонатшуда ва байнинаслӣ.

Лоиҳабандии умури имдодӣ, ҳимоятӣ ва бимаӣ ва сатҳбандии хадамот бо руйкарди фаъоли давлат бар асоси вусъ ва истеҳқоқ, ба тартиби зайл: -Умури имдодоӣ аз маҳали пушиши бимаӣ, мушорикатҳои мардумӣ ва мусоъидат давлат. -Умури ҳимоятӣ бо ҳадафи рафъи фақр ва осиби иҷтимоъӣ ва тазмини сатҳи пояи хадамот аз маҳали манобеъи давлатӣ, умумӣ ва мардумӣ. -Умури бимаи поя барои ҳамаи ҷомеъа мутаносиб бо ваъзи онҳо аз маҳали ҳаққи бимаӣ саҳми бимашудагон, корфармоён ва давлат. -Умури бимаҳои мозод ва такмилӣ аз маҳалли мушорикати бимашудагон ва корфармоён бо мушаввиқоти молиётӣ ва пуштибонии ҳуқуқии давлат дар фазои рақобатӣ. -Ҳифзи қудрати хариди ақшори заъифи ҷомеъа аз тариқи мутаносибсозии маъоши шуғлӣ, мустамарии бознишастагон ва муқарарии бекорон. -Эъмоли руйкарди муносиб барои зудудани ҷилваҳои ошкори фақр ва осеби иҷтимоъӣ аз маҳаллаҳои камбархурдори шаҳрӣ ва минтақаҳои рустоӣ ва ашойрӣ.

Баст ва таъмини адолати иҷтимоъӣ, коҳиши фосилати табақотӣ бо ҳадафмандсозии ёронаҳо, дастрасии ҳамаи ҷомеъа ба хадамоти таъмини иҷтимоъӣ, тавонмандсозӣ, корофаринӣ ва рафъи табъизҳои нораво дар баҳрамандӣ аз манобеъи умумӣ.

Истиқрори низоми миллии эҳсон ва некукорӣ ва эҷоди пайванд миёни зарфиятҳои мардумӣ ва дастгоҳҳои вазифадор.

Ироаи хадамоти лозим ба манзури таҳкими ниҳоди хонавода ва фарзандоварӣ.

Илзом ба таҳияи пайвасти таъмини иҷтимоъӣ барои тарҳҳо ва барномаҳои калони кишвар.

22 March 2022

Имом Хоманаӣ бо судури паёме реҳлати ҳуҷатулислом вал муслимин Муҳаммадии Райшаҳриро таслият гуфтанд.


Оятуллоҳ Хоманаӣ Валии амри мусалмонони ҷаҳон, реҳлати ҳуҷатулислом вал муслимин Муҳаммадии Райшаҳриро таслият гуфтанд.

Эшон дар паёми худ таъкид карданд: “Барои касоне, ки аз тақво ва саломати нафс ва муҷоҳидати мустамари ин руҳонии инқилобӣ бохабаранд, фиқдони вай талху андуҳбор аст.”

Оятуллоҳ Хоманаӣ дар ин паём хотирнишон карданд: “Танаввӯъи арсаҳои муҷоҳидати ин олими раббонӣ, илмӣ, ахлоқӣ, инқилобӣ, сиёсӣ, идорӣ, ки ҳама бо ихлос ва сафо ҳамроҳ буд аз ӯ шахсияти камназир падид оварда буд.”

Эшон дар паёми худ афзуданд: “Инҷониб дар тӯли даҳҳо соли ошноӣ ҳамвора салоҳ ва парҳезкориро дар ишон мушоҳида кардам ва умедворам ин захираи арзишманд сабаби раҳмат ва мағфират ва улувви дараҷоти вай шавад.”

Муҳаммади Райшаҳрӣ намояндаи Теҳрон дар давраи панҷуми Маҷлиси хубрагони раҳбари ва тавлияти остони ҳазрати Абдулазим Ҳасанӣ(а) дар охирин лаҳазоти душанбешаб якуми фарвардинмоҳи соли 1401 дар сини 75 солагӣ, дар бемористони Хотамуланбиё(с)-и Теҳрон ба лиқоуллоҳ пайваст.

Марҳум Райшаҳрӣ дар солҳои инқилоб дар саффи аввали муборизот қарор дошт ва пас аз инқилоб ҳам дар масъулиятҳое чун узвият дар Маҷлиси хубрагони раҳбарӣ, ҳузур дар Вазорати итилоъот ба унвони вазир, Додситони кулли Эрон, намояндаи валии фақиҳ дар беъсаи Раҳбари муаззамин инқилоби исломӣ ва тавлияти остони ҳазрати Абдулазим Ҳасанӣ(а) хидмат кард.

21 March 2022

Валии амри мусалмонони ҷаҳон фармуданд: “Иллати тарҳи масоили иқтисодӣ дар рӯзи аввали сол ин аст ки аввалан ба хотири аҳамияти масъалаи иқтисод аст яъне воқеъан агар дар кишвар иқтисод ҳамроҳ бо адолат ба вуҷуд биёяд ҳамаи заминаҳои пешрафт фаъол хоҳад шуд ва кишвар ба пешрафти воқеъӣ хоҳад расид.”


Суханронии Имом Хоманаӣ ба муносибати аввалин рӯз аз соли нав (1401 шамсӣ) аз тариқи маҷозӣ анҷом шуд.

Имсол севвумин сол аст, ки Имом Хоманаӣ ба Машҳад сафар намекунанд ва маросими суханронии наврӯзӣ, ки ҳар сол дар рӯзи аввали соли нав ва дар ҳарами муттаҳари Разавӣ баргузор мешуд, ба иллати тавсияҳои беҳдоштӣ барои пешгирӣ аз густариши вируси корона дар Машҳади муқаддас баргузор намешавад.

Валии амри мусалмонони ҷаҳон дар ибтидои суханронии Наврӯзии имсол бо ишора ба ин ки омехтагии иди миллӣ бо дуъо ва ниёиш дар байни миллатҳо камназир аст баён карданд: Севвумин Наврӯзе аст, ки аз файзи ҳузур дар ҳарами Имом Ризо(а) ва ҷамъи пуршури зоирон маҳрумам.

Раҳбари инқилоб дар идома дар хусуси вижагиҳои муҳими наврӯзи эронӣ афзуданд: Имрӯз масъалаи аслии масъулони кишвар иқтисод аст ва дар иқстисод масъалаи муҳим тавлиди миллӣ аст, агар иқисод ҳамроҳ бо адолат ба вуҷуд биёяд ҳамаи заминаҳои пешрафт фаъол хоҳад шуд.”

Оятуллоҳ Хоманаӣ таъкид карданд: “Сухани имрӯзи ман ин аст, ки барои рушди иқтисодӣ кишвар ба таври қотеъ бояд ба тарафи иқтисоди донишбунён ҳаракат кунем.”

Раҳбари инқилоб афзуд: К”ам шудани ҳазинаҳои тавлид ва афзоиши баҳраварӣ аз натоиҷи иқтисоди донишбунён аст.”

Имом Хоманаӣ фармуданд: “Умед маншаи ҳамаи ҳаракатҳо ва пешрафтҳо аст ва заминаҳои умед алҳамдулиллоҳ кам нест, бигузоред душманон аз умедвории милати Эрон ба хашм биёянд.”

Валии амри мусалмонони ҷаҳон рӯзи якшанбе дар паёми Наврӯзи, шиъори соли 1401-ро "Тавлид; донишбунён; иштиғолофарин" эълом карда буданд.

20 March 2022

Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ-Раҳбари инқилоби исломӣ дар паёме ба муносибати оғози соли 1401, соли ҷадидро соли «Тавлид; донишбунён, иштиғолофарин» номгузорӣ карданд.


Раҳбари инқилоби исломӣ дар паёме ба муносибати оғози соли 1401, соли ҷадидро соли «Тавлид; донишбунён, иштиғолофарин» номгузорӣ карданд.

Матни паёми Раҳбари инқилоби исломӣ ба шарҳи зер аст:

Бисмиллоҳир-раҳмонир-раҳим Алҳамдуллоҳи Рабилоламин ва Саллаллоҳу ало Муҳаммадин ва ало Оли тоҳирин, сийямо Бақиятиллоҳи фил арзин

Ё Муқаллибал қулуби вал абсор, ё Мудаббирал лайли ван-наҳор, ё Муҳаввилал ҳавли вал-аҳвол,ҳаввил ҳолано ило аҳсанил ҳол!

Табрик арз мекунам иди Наврӯз ва оғози Соли нав ва табиати нав ва рӯзи наву рӯзгори навро, ки имсол мусодиф аст бо айёми нимаи Шаъбон, ки мутаъаллиқ аст ба хуршеди фурӯзони олами вуҷуд, ҳазрати Бақиятиллоҳ (арвоҳуно фидо).

Табрик арз мекунам ба миллати бузурги Эрон ва ба ҳамаи миллатҳои ҳамдилу ҳамсон. Ба таври хос табрик арз мекунам ба хонаводаҳои муаззами шаҳидон, хонадонҳои сабуру арзишманд, ки иншоаллоҳ Худованд сояи ин хонаводаҳои муаззамро аз сари миллати Эрон, аз сари мо кӯтоҳ накунад ва ҳамчунин ба ҷонбозони азизу хонаводаҳои богузашту сабури онҳо ва ҳамчунин ба исоргарону хидматгузорони самимии миллати Эрон дар майдонҳои мухталиф; чӣ дар майдони саломат, чӣ дар майдони амният, чӣ дар майдони муқовимат, чӣ дар майдони илм; ва ба ҳамаи ин азизон табрик арз мекунам, ин рӯзи ширину Иди муборакро.

Соли дигаре ҳам гузашт . Соли 1400 ҳам ба поён расид; бо ҳамаи шириниҳову талхиҳо ва фарозҳову фурӯдҳо, ки дар зиндагӣ табиӣ аст. Зиндагӣ маҷмӯъае аз ҳамин фарозу фурӯдҳо ва шириниҳову талхиҳост. Ишора кунам ба чанд авҷ аз ҳаводиси миллати Эрон, чанд фароз, чанд ширинии бузург, ки яке аз онҳо масаълаи интихобот буд. Интихоботи ҳақиқатан муҳим буд, бузург буд. Дар айни шиддати бемории ҳамагири корона дар авоили соли 1400 мардум омаданд пои сандӯқҳои раъй ва раъй доданд. Хеле муҳим аст. Дар ҳоле ки иҷтимои ду нафар дар як нуқта хатарнок буд. Он рӯзҳое ,ки мо садҳо нафар дар рӯз талафот доштем; шояд панҷсад, шашсад ва шояд ҳам бештар. Дар як чунин шароите интихобот баргузор шуд. Мардум омаданд ширкат карданд ва хуб давлати тозанафас ба майдон омад, ки он тавре ки қароин нишон медиҳад давлати мардумӣ ва алоқаманд ба ҳаракатҳо ва ҳадафҳои мардумӣ ва дорои ҳатти ҷудогонае ғайр аз давлати муҳтарами қаблӣ, дар ҳоли ҳаракат ҳастанд ва умедҳоеро дар мардум зинда кардаанд, Биҳамдулиллоҳ.

Ин яке аз фарозҳо ва авҷҳои ҳаводиси миллати Эрон буд. Як мавриди дигар муқобилаи ҷиддӣ бо бемории ҳамагири корона буд, ки ба маънои воқеии калима мубориза шуд, муқобила шуд. Талафоти ин бемории хатарнок аз рӯзе чандсадтоӣ расид дар як бурҳае ба рӯзе бист то, ҳаждаҳ то масалан; ба инҷоҳо расид . Агарчӣ боз як миқдоре боло рафта, аммо тафовути байни ин вазъияте ки хуб биҳамдулиллоҳ воксан дар ихтиёри ҳама қарор гирифт бо он вазъияти он рӯз тафовути зиёде аст. Як авҷи дигар пешрафти илму фанноварӣ буд. Тавлиди чанд навъи воксан дар кишвар, ки баъзе мавриди таъйиди ҷаҳонӣ ҳам қарор гирифт ва ҳаракатҳои мухталифи илмӣ ва фаннӣ аз воксан бигиред то моҳвора; дар ҳамаи ҷиҳот биҳамдулиллоҳ кишвар корҳои муҳимме дошт. Инҳо авҷҳои бузурги соли 1400 буд.

Дар дохили кишвар ҳаводиси гӯногӯни дигаре ҳам буд . Шириниҳои дигаре ҳам буд . Дар арсаи ҷаҳонӣ ҳам ҳамин тавр. Яке аз муҳимтарин ҳаводиси ширини соли 1400 ин буд, ки амрикоиҳо дар ҳамин авохир албатта омаданд эътироф карданд ба забон худашон гуфтанд, ки мо дар фишори ҳаддиаксарӣ алайҳи Эрон шикасти хиффатбор(шармандавор) хӯрдем. Таъбири «хиффатбор»-таъбири худи амрикоиҳост. Ҳодисаи муҳимме аст. Миллати Эрон пирӯз шуд. Миллати Эрони тавфиқ пайдо кард.

Ҳеҷ кас наметавонад инро ба худаш нисбат бидиҳад. Истодагии миллати Эрон ба як чунин пирӯзии бузурге расид. Ҳаводиси мутаъаддиди дигаре ҳам рух дод ; чӣ дар наздикии мо, чӣ дар дурдастҳо ки ҳама собит кард дурустии роҳи миллати Эрон дар муқобили истикборро. Нишон дод ки роҳи дуруст ҳамин роҳе аст, ки миллати Эрон дар муқобили истикбор дорад ҳаракат мекунад. Хуб инҳо шириниҳо буд. Талхиҳое ҳам доштем, ки аз байни ҳамаи талхиҳо онеро, ки аз ҳама ба назари ман сахттар ва муҳимтар аст арз мекунам ва он тангии маишати мардум; масъалаи гарониҳову таваррум ва ин чизҳо буд, ки хуб бояд ҳатман илоҷе бишавад. [Инҳо] чизҳои илоҷпазире аст, мушкилоти иқтисодӣ аст, ки мо имсол умедворем бахше аз инҳо бартараф бишавад, чун ҳамаи инҳо дафъатан бартараф намешавад, ба тадриҷ бартараф хоҳад шуд. Ин ки одам аҷала кунад бигӯяд на хайр ба ҳамин зудӣ, воқеъбинона нест.

Локин иншоаллоҳ умедворем баъзе аз инҳо дар тӯли 1401, ки соли аввали қарн ҳам ҳаст, қарни понздаҳуми ҳиҷрии шамсӣ иншоаллоҳ бартараф бишавад. Мо дар солҳои гузашта ҳар сол як унвонеро бо номи шиори сол матраҳ кардем барои инки масъулин умдатан қувваи муҷрия ва дар ҳошияи он қувваи муқаннана ва қувваи қазоия ва ҳамчунин оҳоди мардум он ҷое, ки ба мардум иртиботи мустақим пайдо мекунад дар ин ҷиҳат ҳаракат бикунанд .

Дар баъзе аз солҳо тавфиқоти хубе ҳам дар ин замина ба даст омада. Баъзе ҷоҳо ҳам албата дар баъзе солҳо камкориҳое вуҷуд дошта, ки дар соли 1400 мо масъалаи тавлид, монеъзудоиҳо ва пуштибониҳоро матраҳ кардем. Корҳои хубе ҳам нисбатан анҷом гирифта, ки боз ҳам идома дорад ва боистӣ идома пайдо кунад.

Дар ин чандсола банда барои шиори сол «тавлид»-ро умдатан меҳвар қарор додам бо як қайде, бо як хусусияте. Иллат ҳам ин аст, ки тавлид калиди ҳалли мушкилоти иқтисодии кишвар аст. Тавлиди миллӣ дар воқеъ роҳи аслии гузар аз сахтиҳову душвориҳои иқтисодӣ барои кишвар аст. Яъне муҳимтарин масоили иқтисодии кишварро масъалаи тавлид, ривоҷи тавлиди миллӣ ва равнақи тавлиди миллӣ ҳал мекунад. Табиати тавлид ин аст. Ин аст ки мо рӯйи тавлид такя кардем; яъне рушди иқтисодиро афзоиш медиҳад, иштиғол(касбу кор) эҷод мекунад, таваррумро коҳиш медиҳад, даромади саронаро афзоиш медиҳад, рифоҳи умумӣ эҷод мекунад.

Илова бар ин дорои таъсироти равонӣ аст; эътимод ба нафаси миллиро боло мебарад, эҳсоси иззатмандиро дар миллат ба вуҷуд меоварад. Тавлид як чунин иксире аст. Як чунин ҳодисаи муҳимме аст-тавлиди миллӣ, ، агар иншоаллоҳ ба беҳтарин ваҷҳ пеш баравад; аз ин рӯ мо дар ин чанд сол рӯйи масаълаи тавлид такя кардем. Бетаъсир ҳам набуд, биҳамдулиллоҳ таъсироти хубе ҳам дошт.

Имсол ҳам ман тавлидро мехоҳам матраҳ кунам. Мунтаҳо як лояи ҷадид, як чеҳраи ҷадид аз тавлидро мехоҳам матраҳ кунам ва он иборат аст аз тавлиде ки дорои ду хусусият бошад: яке инки иштиғолофарин бошад, яке инки донишбунён бошад. Тавлиди донишбунён-муттакӣ ба дониш, дониши ҷадиду пешрафтҳои илмӣ ва тавлиде ки иштиғолофарин бошад.

Албата ҳамаи тавлидҳо иштиғолофарин аст; мунтаҳо баъзе аз тавлидҳо бо инки сармоягузориаш анбуҳ аст, иштиғолофариниаш ончунон нест,локин баъзе на-иштиғолофарин аст, ки ҳоло ман иншоаллоҳ тавзеҳи инҳоро дар суханронии фардо то ҳудуде арз хоҳам кард. Агар чунончи мо тавлиди донишбунёнро меъёр қарор бидиҳем ва ба дунболи тавлиде биравем ки донишбунён бошад бо хусусиёте, ки арз хоҳам кард иншоаллоҳ дар суханронии рӯзи аввали сол ба назарам мерасад, ки мо дар ҳамаи ин ҳадафҳои иқтисодиамон як такони хуб, як ҳаракати рӯ ба пеши маҳсусе иншоаллоҳ хоҳем дошт. Масаълаи иштиғолофаринӣ ҳам ҳамин тавр; бинобарин имсол мо шиорамон иборат шуд аз ин: «Тавлид; донишбунён, иштиғолофарин». Ин тавлид аст .

Албата ман дархости муаккад дорам, соли гузашта ҳам инро гуфтам, ки иктифо накунанд дӯстон ба инки ҳоло рӯйи коғазҳои сарбаргҳои дастгоҳҳои гӯногӯн бинависанд ин иборатро ё масалан фарз кунед ки як тоблу дуруст кунанд дар хиёбон масалан бизананд; инҳо кор нест . Умда инаст ки ба маънои воқеии калима рӯйи ин сиёсатгузорӣ бишавад. Албата ин давлат бо вазъе ки ман мушоҳида мекунам, бо таҳарруке ки раиси ҷумҳӯри муҳтараму ҳамкорони эшон доранд,иншоаллоҳ пешрафт хоҳад кард. Яъне ин шиор рӯйи замин нахоҳад монд ба тавфиқи Илоҳӣ. Локин ҳарчӣ бештар кор бишавад, бештар талош бишавад,беҳтар хоҳад буд.

Умедворем иншоаллоҳ, ки Худои мутаъол барои миллати азизи Эрон дар ин сол, дар ин ид, дар ин фурсати муғтанами яксола хайр ирода бифармояду мардумро хурсанд кунад, зиндагиҳоро иншоаллоҳ ширин кунад, мардумро дилшод кунад ва арвоҳи тайибаи шуҳадои азизамон, рӯҳи мутаҳҳари Имоми бузургворамон, Имоми роҳил (ризвонуллоҳи алайҳ) иншоаллоҳ шод бошад ва салому иродату ихлоси ҳамаи моро ба хоки пои Бақиятиллоҳил-аъзам (арвоҳуно фидо) иншоаллоҳ,Худои муттаъол бирасонад.

Вассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳ

6 March 2022

Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ пас аз кошти ду ниҳоли мева ба муносибати рӯзи дарахткорӣ бар лузӯми тавсеаи энержиҳои пок таъкид карданд .


Имом Хоманаӣ, Валии амри мусалмонони ҷаҳон рӯзи якшанбе бо таъкид бар лузӯми тавсеаи энержиҳои пок гуфтанд: “Тавсеаи энержиҳои ғайрифусилӣ монанди энержии ҳастае, ки истифода аз он дар дунё рӯзафзӯн аст ва кишварҳои минтақаи мо низ дар ҳоли ҳаракат ба самти он ҳастанд ва низ энержиҳои бодӣ ва хуршедӣ бояд ҷиддӣ гирифта шавад.”

Имом Хоманаӣ кошти дарахтро як ҳаракати комилан динӣ ва инқилобӣ хонданд ва афзуданд : “Албатта нигаҳдошту ҳифзи дарахтон низ кори бисёр муҳимме аст, ки бояд риоят шавад.”

Валии амри мусалмонони ҷаҳон, гиёҳи зиндаро осоишбахши рӯҳу нигаҳдорандаи ҷисми инсон ва манбаи ризқи худододӣ ва ҳамаҷониба барои башар донистанд ва таъкид карданд : Ба ҳамин иллат тахриби ҷангалҳо ва муҳити зисту пӯшишҳои гиёҳӣ, тахриби манофии миллӣ асту вайрон кардани бахше аз ҷангалҳо барои сохту соз ҷуз дар мавориди изтирорӣ қатъан ба зарари миллат аст .

Оятуллоҳ Хоманаӣ бо радди нигоҳи тазйинӣ ва ҳошияӣ ба муҳити зист, ин мавзӯро аз ҷумлаи асоситарин масоили Эрон баршумурданд ва гуфтанд : Яке аз корҳои ҷаддӣ дар ҳифозат аз муҳити зист ҳифозат аз ду сарвати азим ва захираи ҳаётии миллатҳо яъне « об » ва « хок » ва парҳез аз бархурди масрафона бо онҳо аст, ки дар ин замина масъулон бояд ба роҳнамоиҳои мутахассисон тавваҷуҳ кунанд .

«Ҳифозат аз ҳаёти ваҳш (ҳайвонот)» масаълаи дигаре буд ки эшон бетаваҷҷуҳӣ ба онро ба зарари манофии миллӣ донистанд ва гуфтанд : Дар ислом шикор фақат дар сурати ниёз ба тағзия муҷоз аст ва дар ғайри ин сурат ғайримуҷоз ва хилоф аст ва ҳатто сафари шикорӣ сафари ҳаром шумурда шудааст ، Бинобарин бояд ҷилавгирӣ аз шикори ғайриқонуниро ҷиддӣ гирифт ва ба мавзӯи ҳифзи ҳаёти ваҳш иҳтимом дошт .

Имом Хоманаӣ дар идома Созмони муҳит зист ва Вазорати ҷиҳоди кишоварзии Эронро муваззаф ба ҷилавгирӣ аз табдили заминҳои кишоварзӣ донистанд ва афзуданд : “Ин кор ба зарари манофии миллӣ аст ва заминҳои кишоварзӣ бояд тавсеа пайдо кунад.”

Эшон мардумро ба кошту нигаҳдошти дарахтон фаро хонданд ва гуфтанд: “Анҷоми ҳамаи корҳои муҳим ниёзманди пуштвонаи миллӣ аст ва дарахткорӣ низ аз ҷумла корҳое аст, ки ҳама мардум метавонанд бо коштану ҳифзи дарахтон ва ҷилавгирӣ аз маҳви дарахтону боғҳои атрофу даруни шаҳрҳо ба густариши пӯшиши гиёҳӣ дар кишвар кумак кунанд .”

Валии амри мусалмонони ҷаҳон, ҳамчунин бо табрики рӯзи валодати босаодати ҳазрати Имом Ҳусайн алайҳис-салом,набераи поки Паёмбар(С) ба миллати Эрон, он вуҷуди шарифро конуни ишқи миллати Эрон ва ҳамаи миллатҳои мусулмон иборат аз шиъа ва ғайришиъа донистанд.

Пурбоздидтаринҳо

All rights reserved This website is owned 2017