this is a title for here

 

 Аҳкоми таълиму таъаллум
   Operator    22 November 2021 105 Read    Add new comment

Ончи дар зер меояд, дарсҳои “ҳаштод” аз ҷилди дуввуми “Рисолаи омӯзиши”-и аҳком ва масоили шаръӣ аст, ки мутобиқ бо фатвоҳои ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ таҳия, танзим ва мунташир шудааст.


 

Ёдгирии масоили шаръии мавриди ниёз

Дар сурате, ки ёд нагирифтани ин масоил мунҷар ба тарки воҷиб ё иртикоби ҳаром шавад, шахс гуноҳкор хоҳад буд.

Сустӣ дар таҳсили илм ва талаф кардани вақт

Донишомӯзон, донишҷӯён ва ҳамаи муҳассилони илмҳои мухталиф, то вақте, ки аз имконоти мадраса ё донишгоҳи марбута баҳраманданд, бояд аз барномаҳои дарсии он муассиса табаъият кунанд. Дар ғайри ин сурат истифодаи онон аз шаҳрия, кӯмакҳазина ва соири имконот ҳаром аст.

Вуруд ба донишгоҳ дар шароити ихтилоти зану мард бидуни ҳиҷоби исломӣ

Агар тарс аз гуноҳ ё ҳамроҳ бо нигоҳи ҳаром аст, бояд аз рафтан ба донишгоҳ худдорӣ кунанд. Барои ҳамин ба худии худ рафтан ба донишгоҳ ишкол надорад ва бар занону духтарон ҳифзи ҳиҷоб воҷиб аст. Бар мардон ҳам воҷиб аст аз нигоҳи ҳаром худдорӣ кунанд. Ҳамчунин аз ихтилоте, ки мӯҷиби тарс аз фитна ва фасод аст низ иҷтиноб кунанд.

Ханда ва шӯхӣ байни ҳамкилосиҳои духтар ва писар ҳам ҳукми болоро дорад.

Ёдгирии илм тавассути занон аз мардон

Агар аҳкоми пӯшиш ва нигоҳ риоят шавад ва тарс аз вуқӯъ дар гуноҳ набошад, ҷоиз аст.

Фиристодани фарзандон ба мадрасаҳое, ки ақидаҳои фосидро ривоҷ медиҳанд

Фиристодани фарзандон ба мадрасаҳое, ки баъзе аз ақидаҳои фосид дар онҳо дарс дода мешавад, дар сурате, ки нисбат ба ақидаҳои динии он тарсе вуҷуд надошта бошад ва ривоҷ додани ботил ҳам набошад ва онон битавонанд аз ёдгирии матлабҳои ботил ва фосид ва гумроҳкунанда дурӣ кунанд, ишкол надорад ва дар ғайри ин сурат ҷоиз нест.

Рафтори мутақобили устоду шогирд

Агар муаллиме шогирдеро дар килос дар баробари дигарон ба шиддат танбеҳ кунад, шогирд ҳаққи муқобила ба мисл ва посухгӯиро ба гунае, ки шоистаи мақоми муаллим нест, надорад ва бар ӯ воҷид аст ҳурмати муаллимро ҳифз, ва назми килосро риоят кунад. Вале метавонад ба сурати қонунӣ иқдом кунад.

Бар муаллим низ воҷиб аст, ки дар баробари дигарон эҳтироми донишомӯзро ҳифз карда ва одоби таълими исломиро риоят кунад.

Таҳсили бархе илмҳо

Ёдгирӣ ва таҳсили фалсафа барои касе, ки итминон дорад боиси тазалзул дар эътиқодоти диниаш намешавад, ишкол надорад. Балки дар баъзе маворид воҷиб аст.

Хариду фурӯши бархе китобҳои гумроҳкунанда ва мутолеъа ва нигаҳдории он

Муомила ва нигаҳдории ин китобҳо ҳаром аст; магар барои посухгӯӣ ва радди он; он ҳам барои касе, ки қудрати илмии ин корро дошта бошад ва мутмаин бошад, ки аз роҳи ҳақ мунҳариф намешавад.


Add comment


Security code
Refresh

All rights reserved This website is owned 2017