(Хитоб ба сардор Сулаймонӣ) Худои бузургро бо ҳамаи вуҷуд сипосгузорам, ки ба муҷоҳидати фидокоронаи шумо ва хайли азими ҳамкоронатон дар сатҳҳои мухталиф, баракат ато фармуд ва шаҷараи хабисаи (ДИИШ)-ро, ки ба дасти тоғутҳои ҷаҳон ғарас шуда буд, ба дасти шумо бандагони солеҳ, дар кишвари Сурия ва Ироқ решакан кард. Ин танҳо зарба ба гурӯҳи ситамгар ва рӯсиёҳи ДИИШ набуд; зарбае сахттар ба сиёсати хабосатолӯде буд, ки эҷоди ҷанги дохилӣ дар минтақа ва нобудии муқовимати зидди саҳюнистӣ ва тазъифи давллатҳои мустақилро ба василаи раисони шақии ин гурӯҳи гумроҳ ҳадаф гирифта буд; зарба буд ба давлатҳои қаблӣ ва кунунии Амрико ва режимҳои вобаста ба он дар ин минтақа, ки ин гурӯҳро ба вуҷуд оварданд ва ҳамагуна пуштибонӣ карданд то султаи наҳси худро дар минтақаи Ғарби Осиё бигустаронанд ва режими ғосиби саҳюнистро бар он мусаллат созанд.
Посухи Имом Хоманаӣ ба номаи сарлашкар Қосими Сулаймонӣ дар бораи поёни сайтараи ДИИШ 1396.08.30