Мо мӯътақидем -ва ин ҷузви бадеҳиёти Ислом, балки бадеҳиёти ҳамаи адён аст- ки инсон, фақат дар сояи иртибот ва иттисол бо Ҳақтаоло аст, ки метавонад ба такомули маъанвӣ ва таолӣ даст пайдо кунад. Албатта фурсати моҳи Рамазон, як фурсати истисноӣ аст. Ин, чизи каме нест, ки Худои Мутаол дар Қуръон бифармояд: “لیلةالقدر خیر من الف شهر”. Як шаб аз ҳазор моҳ беҳтар ва бофазилаттар ва дар пешрафти инсон муассиртар, дар моҳи Рамазон аст. Ин, чизи каме нест, ки Расули Акрам (с) ин моҳро моҳи зиёфати илоҳӣ ба ҳисоб биёваранд. Магар мумкин аст, ки инсон вориди суфраи карим бишавад ва аз онҷо, маҳрум хориҷ шавад? Магар ворид нашавӣ. Он касоне, ки вориди суфраи ғуфрон ва ризвон ва зиёфати илоҳӣ дар ин моҳ нашаванд, албатта бебаҳра хоҳанд монд ва воқеан ин маҳрумият ба маънои ҳақиқӣ аст. “انّ الشّقیّ من حرم غفراناللَّه فی هذا الشّهر العظیم”. Маҳруми воқеъӣ, он касе аст, ки натавонад дар моҳи Рамазон, ғуфрони илоҳиро ба даст биоварад.
Баёнот дар дидори коргузорони низом
1990-04-27