Ҷустуҷӯ дар Хабарҳо:

Ҷустуҷӯи муфассал

*
0
феврал
2017

_
Роҳандозӣ шабакаи телевизиони вижаи мусулмонон дар Русия соли оянда
Шӯрои муфтиҳои Русия дар баёнияе эълом кард, ки қасд дорад як шабакаи телевизиони моҳвораии вижаи мусулмонон роҳандозӣ кунад.

Ба гузориши пойгоҳи хабарии Восток-Нюз, ба нақл аз Радиои тоҷикӣ, дар баёнияе, ки Равшан Аббосов, муовини Шӯрои муфтиҳои Русия мунташир кард омадааст, ки ин Шӯро дар ҳоли пешбурди тарҳе барои роҳандозии як шабака моҳвораии вижаи мусулмонон аст ва дар соли 2017 пахши озмоишии ин шабакаро оғоз хоҳад кард.
Ин канали телевизионӣ қарор аст, барои мухотибони русзабон пахш шавад, ҳарчанд дар оянда имкони пахши барномаҳои англисӣ ва арабӣ аз ин шабака низ вуҷуд дорад.

Агентии Ҳабарҳои шарқ Ҳамаи ҳуқуқ маҳфуз аст