Ҷустуҷӯ дар Хабарҳо:

Ҷустуҷӯи муфассал

*
0
январ
2017

_
Бе барномаги ва зулми ҳукумат ва сахтии зиндаги мардумро ба барқдуздӣ кашонида аст
Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон аз дуздии ғайриқонунии барқ дар ҳудуди шаҳри Душанбе иттилоъ медиҳад.

Пойгоҳи хабарии Востокнюз ба нақл аз хабаргузории Фараж меоварад
Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон аз дуздии ғайриқонунии барқ дар ҳудуди шаҳри Душанбе иттилоъ медиҳад.
Бино ба иттилои дафтари матбуотии ВКД, санаи 18 декбари соли равон, зимни гузаронидани санҷиши муштарак аз ҷониби мақомоти корҳои дохилӣ ва шабакаҳои барқӣ дар ҳудуди шаҳри Душанбе муайян карда шуд, ки соҳибкор, марди 55-солаи сокини ноҳияи Синои пойтахт, ғайриқонунӣ бо роҳи пинҳонӣ аз симчӯби қувваи барқ, бе иҷозати шабакаҳои барқӣ ва ҳисобкунаки барқӣ қувваи барқро ба танури нонвойхонааш гузаронидааст.
«Дар натиҷа, аз ҷониби ӯ ба шабакаҳои барқӣ ба миқдори 15,400 сомонӣ зарари моддӣ расонида шудааст».
 Манбаъ мегӯяд, Инчунин муайян гардид, ки соҳибкор, марди 48-солаи сокини ноҳияи Фирдавсӣ, бо роҳи пинҳонӣ аз симчӯби қувваи барқ, бе иҷозати шабакаҳои барқӣ ва ҳисобкунаки барқӣ худсарона қувваи барқро ба танури нонвойхонааш гузаронидааст.

Агентии Ҳабарҳои шарқ Ҳамаи ҳуқуқ маҳфуз аст