Ҷустуҷӯ дар Хабарҳо:

Ҷустуҷӯи муфассал

шанбе
6
апрел
2017

_
Таъкиди фаъоли сиёсӣ рус бар зарурати ошноии бештари русҳо бо фарҳанги Тоҷикистон
Коршиноси масоили сиёсӣ ва фаъоли расонаии Русия бар зарурати ошноии бештари русҳо бо фарҳанги Тоҷикистон таъкид кард.

Ба гузориши пойгоҳи хабарии Восток-Нюз, ба нақл аз Радиои тоҷикӣ, Максим Шевченко пас аз ҳузур дар “Шоми фарҳанги Тоҷикистон” дар Маскав гуфтааст, ки агар барномаҳои ҳунарии дуҷониба бештар баргузор гардад, ба нафъи мардумони ҳар ду кишвар хоҳад буд.
Вай таъкид кардааст, ки тоҷикон дорои адабиёт ва фарҳанги ғанӣ мебошанд ва ҷои таассуф дорад, ки насли ҷавони Русия аз ин ганҷинаи арзишманд камтар огоҳ мебошад. Аз дидгоҳи ин таҳлилгари рус, “Шоми фарҳанги Тоҷикистон”, ки ахиран дар Хонаи адибони шаҳри Маскав баргузор гардид ва шомили барномаҳои ошноӣ бо намоишгоҳи осори тасвирӣ ва мусиқии ҳунармандони ин кишвар мешуд, бори дигар зарурати таваҷҷӯҳ ба тамаддуни мардум ва кишвари Тоҷикистонро матраҳ кард.
Шоми фарҳанги Тоҷикистон  дар Маскав бо ҳузури Имомуддин Сатторов, сафири Тоҷикистон, гурӯҳи мусиқии “Шамс” ва намунае аз осори тасвирии наққошони тоҷик баргузор гардид.

Агентии Ҳабарҳои шарқ Ҳамаи ҳуқуқ маҳфуз аст