Ҷустуҷӯ дар Хабарҳо:

Ҷустуҷӯи муфассал

панҷшанбе
4
март
2017

_
Раиси шаҳри Душанбе ба Дилшод Назаров хона дод
Маҳмадсаид Убайдуллоев ба Дилшод Назаров, калид ва ҳуҷҷатҳои манзили дуҳуҷрагиро тақдим намуд.

Ба гузориши пойгоҳи хабарии Восток-Нюз, раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев ба Дилшод Назаров, қаҳрамони Бозиҳои олимпии соли 2016 дар Бразилия, калид ва ҳуҷҷатҳои манзили дуҳуҷрагиро тақдим намуд.
Маросими супурдани калид ва ҳуҷҷатҳои хонаи нав ба Дилшод Назаров имрӯз зимни маҷлиси Шӯрои ҷавонони пойтахт дар бинои "Душанбеплаза" баргузор гашт.
Дар ин ҷаласа инчунин бо тасмими шаҳрдорӣ Дилшод Назаров "Шаҳрванди ифтихории Душанбе" эълон шудааст.
 Дилшод Назаров дар Бозиҳои тобистонаи олимпии соли 2016 дар Бразилия гурзро ба масофаи 78 метру 68 сантиметр ҳаво дода, бо медали тилло сарфароз гашт, ки ин аввалин медали тиллои мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои олимпӣ ба шумор меравад.

Агентии Ҳабарҳои шарқ Ҳамаи ҳуқуқ маҳфуз аст