Ҷустуҷӯ дар Хабарҳо:

Ҷустуҷӯи муфассал

шанбе
6
апрел
2017

_
Криштиану Роналду барандаи “Тӯби тиллоӣ- 2016” шуд
Криштиану Роналду, ҳамлагари португалии тими “Реал – Мадрид” -и Испания барои бори чорум ҷоизаи маъруфи “Тӯби тиллоӣ”-ро соҳиб гардид.

Ба гузориши пойгоҳи хабарии Восток-Нюз, дар ин бора нашрияи ’’France Football’’, аз аввалин муассисони ин ҷоиза (1956) иттилоъ дода, гуфтааст маросими ҷоизасупорӣ рӯзи 12 декабр дар Париж баргузор гардид. 
Ба иттилои манбаъ, Роналду бо дарёфти 745 дарсади раъй беҳтарин футболбози ҷаҳон эътироф гардид. 
Лионел Месси, ҳамлагари “Барселона” бо дарёфти 316 хол дар ҷойи дуввум ва Антуан Гризманн, бозигари мунтахаби тими Фаронса бо дарёфти 198 хол ҷойи сеюм қарор гирифтаанд.
Криштиану Роналду, ҳамлагари тими “Реал” солҳои 2008, 2013 ва 2014-ум ин ҷоизаро ба даст оварда буд. Роналду дар мавсими футболи 2016, 38 гол дар ҳайати “Реал” ва 13 голи дигар дар мунтахаби Португалия ба дарвозаи ҳариф ворид кардааст. Соли 2016 аз бобарортарин сол дар карераи Роналду ба ҳисоб рафта, давоми сол ӯ дар ҳайти “Реал” Ҷоми олии УЭФА ва дар ҳайтаи мунтахаби кишвараш Ҷоми Аврупоро ба даст овард

Агентии Ҳабарҳои шарқ Ҳамаи ҳуқуқ маҳфуз аст