Ҷустуҷӯ дар Хабарҳо:

Ҷустуҷӯи муфассал

*
0
феврал
2017

_
Чаро суръати интерент дар Тоҷикистон суст шудааст?
Дар хабарҳо омада аст, ки вақҳои охир вебсайтҳо ба осонӣ боз намешаванд ва ҳатто гугл низ бо кундӣ боз мешавад. Суръати интернет чунон суст шуда аст, ки ҳатто барои боз кардани сомонаи ҷустуҷӯи Гугл, ки дафъатан боз мешавад, ҳоло бояд чанд дақиқа интизор шуд.

Бисёре аз корбарони интернет дар Тоҷикистон аз якбора коҳиш ёфтани суръати ин шабакаи ҷаҳонӣ шикоят доранд. Ва ин дар ҳоле аст, ки корбарон барои истифодаи интернет ҳар моҳ 270 сомонӣ пардохт мекунанд, вале дар иваз хидмати муносиб расонда намешавад.  Ва иллати заиф шудани суръати интернетро ба фаъол гардидани Маркази ягонаи коммутатсионӣ дар Тоҷикистон рабт медиҳанд. Аммо оё воқеан ингуна аст?
 Маркази ягонаи коммутатсионӣ дар Тоҷикистон
Ҳукумати Тоҷикистон барои пулкоркунӣ ва таҳти кантрол доштани интернат марказеро ба вуҷуд овард, ки минбаъд ҳамаи роҳҳои иртиботии интернетӣ ва телефонӣ фақат аз он равзана пахш мешаванд ва он ҳам таҳти вазорати алоқа медарояд, ки вазири алоқа Бег Зуҳуров қудои Эмомалӣ Раҳмон аст. Бо фаъол шудани ин марказ зарбаи сахте ба сифати хадамоти интернетӣ дар кишвар ворид шуд, суръатҳо ба шиддат поён омаданд. Ин марказ, ки сифати интернетро бисёр паст ва интиқоли иттилоотро коҳиш ва тамошои филми видеоиро номумкин месозад, ки дар натиҷа авзоъ бар зарари мардум ва ба фоидаи Эмомалӣ Раҳмон хатм мешавад. Ҳукумати Тоҷикистон барои роҳандозии ин марказ 50 миллион доллар харҷ карда аст. Ва рақобат дар фазои коммутатсиониро аз байн бурда, онро дар инҳисори оилаи Раҳмон, ки Бег Зуҳуров, вазири алоқа падари домоди Эмомалӣ Раҳмон аст, медарояд. Ин марказро ширкати давлатии Тоҷиктелеком идора мекунад− мегӯяд Конастантин Бондаренко, коршиноси масоили иқтисодӣ. (Озодӣ)
Сабаби кунд кардани суръати интернет тавассути режими Раҳмон
Ба назар мерасад, иллати инки Эмомалӣ Раҳмон суръати интернетро бисёр кунд ва интиқоли иттилоотро бисёр сахт ва тамошои филм тариқи ютуб ва ғайраро тақрибан номумкин сохт ба хотири ин аст, ки мардумро “зомбӣ” карда, ҳукумати худро мустаҳкамтар кунад. Агар суръати интернет боло бошад, филмҳои ҳуҷҷатӣ алайҳи Раҳмон, суханрониҳо, фошкориҳо аз гандкории Раҳмон, интиқод аз Раҳмон ва ғайра дар интернет пахш мешавад, ки сабаб мешавад обрӯи Раҳмон ва пояҳои ҳукуматаш заиф шаванду мардум ҳақиқатро фаҳмида, қиём кунанд. Чанд муддат интернет озод будед, амсоли Умаралӣ Қувватов зуҳур карданд ва шахсияти Раҳмонро фош карда, беобрӯи ҷаҳонаш сохтанд. Ё дар Варшава шахсияти Эмомалӣ Раҳмон дар тамоми ҷаҳон маълум шуд ва хислати даррандахӯ ва дур аз инсонияти ӯро фаҳмиданд, алайҳи ӯ эътирозҳо зиёд шуд. Ба ҳамин хотир Эмомалӣ Раҳмон эҳсоси хатар кардааст, тамоми талоши худро мекунад, матбуоти озод ва интернетро масдуд кунад, то мардум “зомбӣ” бимонанду лаб ба эътироз накушоянд.
Хабаргузории Восток-Нюз: Сиддиқ Акбар

Агентии Ҳабарҳои шарқ Ҳамаи ҳуқуқ маҳфуз аст