Ҷустуҷӯ дар Хабарҳо:

Ҷустуҷӯи муфассал

*
0
феврал
2017

_
Оши палави тоҷикӣ ба унвони мероси ҷаҳонӣ эътироф гардид
Дар ҷаласаи ахири кумитаи байналмилалии ҳифзи мероси фарҳангии ғайримоддии Созмони маориф, илм ва фарҳанги СММ (ЮНЕСКО) оши палави мардуми Тоҷикистон ҳам ба ин феҳраст ворид карда шуд.

Ба гузориши пойгоҳи хабарии Восток-Нюз, ба нақл аз сойти Asia-Plus, муассисаи илму фарҳангу маорифи СММ аз рӯзи 2 декабр, бо қарори кумитаи байнидавлатӣ дар ҷаласаи Аддис Абебаи кишвари Эфиопия, дар қатори 12 номгӯи дигар, оши палав ("Oshi palav") ҳам мақоми хоси худро касб кардааст.
Дар шарҳи тасмими эътирофи оши палав ба ҳайси мероси фарҳангӣ, гуфта мешавад, ки ин ғизои миллии мардуми Тоҷикистон буда, “Шоҳи дастурхон” эътироф шуда 200 навъу намуд дорад. Ин ғизо тавони “дар сари як табоқ ба ҳам овардани мардумони мухталиф ва шахсони дорои дидгоҳҳои гуногунро дорад” ва дар ҷашнҳои шодиву ғам ва маросимҳои мухталиф таҳия мешавад.
Бино ба як пажӯҳиши донишмандони Академияи илмҳо, дар Тоҷикистон то 300 навъи оши палав мавҷуд аст, аммо соли гузашта дар санадҳо барои ЮНЕСКО ҳамчун намуна даҳ навъи ош, аз ҷумла, "оши гӯшти мурғ", "палави токӣ", "оши девзира" ва "оши як ба як" пешниҳод шудааст
Дар Тоҷикистон солҳои охир сабқату ҷашнҳои оши палави беҳтарин дар шаҳрҳои калонтарини кишвар баргузор мешавад. 

Агентии Ҳабарҳои шарқ Ҳамаи ҳуқуқ маҳфуз аст