Ҷустуҷӯ дар Хабарҳо:

Ҷустуҷӯи муфассал

*
0
феврал
2017

_
Ду медали тиллои каратекорони тоҷик аз Ҷоми ҷаҳонии Гурҷистон
Каратекорони тоҷик дар мусобиқа барои дарёфти Ҷоми ҷаҳонӣ байни ҷавонону калонсолон, ду медали тилло ба даст оварданд.

Ба гузориши пойгоҳи хабарии Востокнюз, ба нақл аз сойти tajikistantimes, каратекорони тоҷик дар мусобиқа барои дарёфти Ҷоми ҷаҳонӣ байни ҷавонону калонсолон, ки дар шаҳри Батумии  кишвари Гурҷистон баргузор шуд, ду медали тилло ба даст оварданд. Дар мусобиқа 80 нафар карате-дочии 30 кишвари олам иштирок карданд.
Тоҷикистонро дар ин мусобиқа ду варзишгар аз вилояти Суғд бомуваффақият муаррифӣ намуданд. Яке аз онҳо Далер Баротов дар вазни то 60 кг миёни варзишгарони аз 18-сола боло ҷойи якумро ишғол кард. Дигарӣ Алишер Қаюмов дар байни ҷавонон ба марҳилаи ниҳоии мусобиқа роҳ ёфта, соҳиби медали тилло шуд.
Имрӯзҳо Далер Баротов ва Алишер Қаюмов ба чемпионати Осиё, ки соли 2017 дар Индонезия доир мешавад, омодагӣ мебинанд.

Агентии Ҳабарҳои шарқ Ҳамаи ҳуқуқ маҳфуз аст