Ҷустуҷӯ дар Хабарҳо:

Ҷустуҷӯи муфассал

*
0
феврал
2017

_
Тоҷикистон дуввумин кишвари осебпазири дунё дар баробари хакерҳо
Шабакаҳои интернетии Тоҷикистон аз лиҳози осебпазирӣ дар муқобили ҳамалоти ҳакерӣ мақоми дуввуми ҷаҳонро дар ихтиёр доранд.

  Шабакаҳои интернетии Тоҷикистон аз лиҳози осебпазирӣ дар муқобили ҳамалоти ҳакерӣ мақоми дуввуми ҷаҳонро дар ихтиёр доранд.
Пойгоҳи хабарии
“Восток-Нюз”  ба нақл аз Радиои Садои Хуросон меоварад:

Ба гузориши радиои тоҷикӣ, ширкати интернетии "Ропид 7" –и Амрико дар охирин гузориши худ дар мавриди осебпазирии кишварҳои дунё дар баробари ҳамалоти ҳакерҳо Тоҷикистонро дар мақоми дуввум қарор дод.
Ин ширкат, ки ба баррасии масоили амниятии сойберӣ дар ҷаҳон машғул аст, ин ҳафта бо интишори охирин натоиҷи пажӯҳиши худ, Белгия, Тоҷикистон ва Самоаро 3 кишвари осебпазири ҷаҳон дар муқобили ҳамлаи ҳакерҳо унвон кард.
Биноба натоиҷи таҳқиқоти ин ширкат, ки таҳти унвони "Шохиси осебпазиртарин кишварҳо" мунташир шудааст, тақрибан 70 дарсади шабакаҳои электронӣ ва интернетии Белгия, Тоҷикистон ва Самоа ноамн ва қобили нуфузи ҳакерҳо ҳастанд.
Муҳаққиқони ин ширкат барои анҷоми ин таҳқиқот даҳҳо миллион компютер дар беш аз 180 кишвари ҷаҳонро ба сурати ҳифозатшуда дар баробари ҳамалоти ҳакерӣ қарор додаанд.
Онҳо барои баррасии сатҳи осебпазирии компютерҳо ба соҳибони ин дастгоҳҳо паёмеро ирсол кардаанд, ки пас аз қабули он тавассути корбар ба системаи вай ворид шудаанд, ки дар натиҷа онҳо тавонистаанд дастикам ба 4.7 миллион компютер нуфуз кунанд.
Ба ақидаи пажӯҳишгарони ин ширкат, амнияти шабакаҳои интернетӣ дар ҷаҳон бо мушкилоти зиёде рӯбарӯ аст, ки бояст дар ин замина иқдомоти лозим сурат гирад.

Агентии Ҳабарҳои шарқ Ҳамаи ҳуқуқ маҳфуз аст