Ҷустуҷӯ дар Хабарҳо:

Ҷустуҷӯи муфассал

панҷшанбе
4
март
2017

_
Дар ҳукумати Раҳмон ҳатто пули пиёдагузарро бунёди хайриявӣ месозад!
Ҳукумати Раҳмон на танҳо наметавонад бӯҳрони молӣ, барқ, энергетика, кор ва ғайраро ҳал кунад, балки бар ин бӯҳронҳо меафзояд.

Ба гузориши хабаргузории Востокнюз ба нақл аз Фараж,  Ширкати Агроаксияи Олмон дар водии Зарафшон пули пиёдагузарро, ки ҳудуди 27 метр дарозӣ дошта, дар мӯҳлати 1 моҳ ба маблағи 50 ҳазор сомонӣ сохта дод.
Ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон ҳукумати дуздон ва гадоён мебошад, ки тамоми дороии миллат ба тороҷ меравад ва барои миллат аслан ҳеҷ коре сурат намегирад. Ба ҳамин хотир ҳукумати Раҳмон на танҳо наметавонад бӯҳрони молӣ, барқ, энергетика, кор ва ғайраро ҳал кунад, балки бар ин бӯҳронҳо меафзояд. Ҳамин бӯҳронҳои мавҷударо ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон ба вуҷуд овард ва агар Э.Раҳмон намебуд, ин бӯҳронҳо низ қатъан намебуд ва зиндагии мардум таври дигаре рақам мехӯрд, аммо сад афсус ки миллати тоҷик ба хотири дурӣ аз дину Худову Пайғамбар, ба азоби илоҳӣ гирифтор шуд, ки Эмомалӣ Раҳмон ҳамон азоби илоҳие аст, ки дар қавмҳои гузашта бо монанди соиқа, сел ва заминларза аз байн мерафтанд.
Ҳукумати Раҳмон чунон заифу пасту забуну хор аст, ки як пули пиёдагузарро, ки 50 ҳазор сомонӣ харҷ мешавад, наметавонад аз ӯҳдааш барояд, бунёди хайрияи аврупоӣ омада ин пулро месозад. Вақте ки Эмомалӣ Раҳмон аз ӯҳдаи сохти як пули одамгузар намебарояд, чӣ тавр аз ӯҳдаи як кишвар мебаромада бошад?? Аз белаёқатии Эмомалӣ Раҳмон аст, ки миллати тоҷику тоҷикистонӣ ҷузви фақиртарину фасодзадатарини кишварҳои дунё шуда, дунё ин миллату кишварро ба дидаи ҳақорат нигариста, тамоми тавҳинҳову иҳонатҳоро бар сараш бор мекунад.

Агентии Ҳабарҳои шарқ Ҳамаи ҳуқуқ маҳфуз аст