Ҷустуҷӯ дар Хабарҳо:

Ҷустуҷӯи муфассал

панҷшанбе
4
март
2017

_
Муддати фаъолияти Дафтари САҲА дар Тоҷикистон ҳануз тамдиди нашуда аст
Муддати фаъолияти дафтари Созмони амният ва ҳамкории Аврупо (САҲА) дар Тоҷикистон барои соли 2017 то ҳол тамдид наёфтаст.

Ба гузориши хабаргузории  Восток-Нюз, ба нақл аз хабаргузории Озодагон,
Мунира Шоинбекова, масъули дафтари матбуоти САҲА дар Душанбе дар шарҳи мавзуъ гуфт, “раиси кунунии САҲА гуфтушунидро оид ба ин мавзӯъ бо мақсади ҳар чӣ зудтар ба мувофиқа расидан идома дода истодааст. То расидани давлатҳои аъзо ба мувофиқа оид ба тамдиди мандат, ин намояндагиҳо кушода боқӣ мемонанд ва фаъолияти маъмурию ба мандат вобастанабударо идома хоҳанд дод”. 
Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон дар шарҳи мавзуъро чунин   гуфт, тамдиди муддати намояндагиҳои САҲА на танҳо дар Тоҷикистон балки дар дигар кишварҳо низ дар сатҳи Шӯрои доимии ин ниҳод мавриди баррасӣ қарор дорад: “Тамдиди мандати фаъолияти САҲА дар Тоҷикистон бо раиси ин созмон мувофиқа шудааст, аммо барои гирифтани тасмими ниҳоӣ на танҳо розигии Тоҷикистон балки тамоми 57 увзи ин кишвар лозим мебошад”. 
Ин дар ҳолест, ки мақомоти Тоҷикистон тайи соли гузашта аз фаъолияти САҲА интиқод карданд. Аз ҷумла роҳ ёфтани намояндагони Ҳизби наҳзати исломӣ ба ҷаласаи САҲА дар Варшава мояи норозигии мақомоти Тоҷикистон шуда буд. 
Вали бар ҳамагон малум аст, ки гап ва суханони мақомоти Тоҷикистон  маҳсуса дар мавриди  Ҳизби наҳзати исломӣ барои ҳич кишвар ва созмони 
Пасанд наёмад ва мавриди қабул қарор нагирифт

Агентии Ҳабарҳои шарқ Ҳамаи ҳуқуқ маҳфуз аст