Ҷустуҷӯ дар Хабарҳо:

Ҷустуҷӯи муфассал

*
0
феврал
2017

_
Пулиси Туркия: Ҳамлаи маргбори Истамбулро шаҳрванди Узбекистон анҷом додааст
Пулиси Туркия мегуяд, теракти клуби шабонаи Истамбулро шаби Соли нав шаҳрванди Узбекистон Абдулқодир Машарипов анҷом додааст.

Ба гузориши хабаргузории  Восток-Нюз, ба нақл аз сойти Фараж, ба иттилои пулиси Туркия, теракти клуби шабонаи Истамбулро шаби Соли нав шаҳрванди Узбекистон Абдулқодир Машарипов бо лақаби Абу Муҳаммад Хуросонӣ анҷом додааст.
Дар ин бора нашрияи Daily Sabah хабар медиҳад. Тафтишот муайян кардааст, ки ҳамлагар 180 бор тир кушода, баъдан аз дари ошхонаи клуб фирор кардааст.
Пештар мақомоти Туркия хабар дода буданд, ки зодаи Узбекистон ё Қирғизистон ин терактро анҷом додааст. Баъдтар акси ҳуҷҷатҳои як шаҳрванди Қирғизистон дар интернет нашр, ки мақомот аз ӯ ҳамчун ҳамлагари эҳтимолӣ ном бурданд.
Аммо шаҳрванди Қирғизистон даст доштанашро дар ҳамлаи клуби шабона рад кард. Мақомоти Қирғизистон ҳам бегуноҳии ӯро тасдиқ карданд.

Агентии Ҳабарҳои шарқ Ҳамаи ҳуқуқ маҳфуз аст