Ҷустуҷӯ дар Хабарҳо:

Ҷустуҷӯи муфассал

панҷшанбе
4
март
2017

_
Раисон хизматгори халқанд, ё арбобони халқ?
Раиси Кумитаи рушди маҳали назди Президент, зинмни нишасти хабарӣ гуфт: Мо кормандони давлатӣ хизматгори халқ ҳастем, мақсади асосии мо дар сатҳи ҷамоат хизматрасонӣ ба халқ ҳаст, аммо то чи андоза рост мегуяд....

Раисон худро арбобони халқ медонанд ва бо халқ тавре бархӯрд мекунанд, ки хаёл мекунанд халқ ғуломи онҳост ва ҳарчӣ мегӯянд халқ бояд итоат кунанду ғуломвор аз раисон фармон баранд, аммо бо ин ҳама кибру ғурур, забондарозӣ карда, худро ходими халқ меноманд. Чӣ дурӯғе аз ин ошкортар, ки худро дар амал арбоб дониста халқро ғулом медонанду ғуломвор бо онҳо муносибат мекунанд, аммо дар трибунаву телевизор худро фарди содазист нишон дода, хизматгори халқ меноманд?! Дар амал бояд нишон дод на дар сухан. Сухан як қитъа гӯште аст, ки беустухон аст ва ҳар тараф ки хоҳӣ мечархаду газофагӯӣ зиёд мекунад. Аммо амал аст, ки дурӯғгӯ ё ростгӯ будани шахсро нишон медиҳад. Раисонро дар амал арбоб дидаем, на хизматгор.
Ба гузориши хабаргузории Востокнюз ба нақл аз Озодагон, Қосими Раҳбар, раиси Кумитаи рушди маҳали назди Президент имрӯз, 10 январ зинмни нишасти хабарӣ гуфт: Мо кормандони давлатӣ хизматгори халқ ҳастем, мақсади асосии мо дар сатҳи ҷамоат хизматрасонӣ ба халқ ҳаст. Аммо то ҳозир рӯйхату мафҳуми химзматрасонӣ нест ва феҳристи он то ҳозир вуҷуд надорад”.
Забон қитъаи гӯшти беустухон аст, ки соатҳо сухан ронда осмонро фатҳ мекунад, аммо дар амал маълум мешавад, ки ҳунари мард чӣ аст. Ва ин ки раисон хизматгори халқанд, дар амал дидаем ва ҳанӯз ҳам мебинем, ки раисон худро арбобони халқ шуморида, халқро ғуломи худ медонанд ва таваққуъ доранд халқ аз онҳо ғуломвор фармонбардорӣ кунад.
Раисон бояд дар амал нишон диҳанд, ки салоҳи халқро мехоҳанд ва барои халқ хизмат мекунанд, ва ин падидае аст, ки раисони Тоҷикистон бо он бегонаанд ва тамоман бо мафҳуми «раис хидматгузори халқ» аст ошно нестанд.
Хабаргузории Восток-Нюз: Сиддиқи Акбар
Агентии Ҳабарҳои шарқ Ҳамаи ҳуқуқ маҳфуз аст