Ҷустуҷӯ дар Хабарҳо:

Ҷустуҷӯи муфассал

*
0
феврал
2017

_
Эътирофи геологи №1: Ҳукумати Раҳмон, ҳукумати ҷавон аст, ки сӯиистифода шудааст
Раҳбари саридораи геологияи Тоҷикистон мегӯяд, бархе аз ширкатҳо аз ҷавонии ҳукумат сӯиистифода карда, иҷозатномаҳои аз ҳукумат гирифтаашонро дар биржаҳои байналмилалӣ барои пулкоркунӣ истифода менамуданд

Геологи №1 Тоҷикистон ба ҷавонии ширкатҳо, ки мавриди сӯиистифода қарор гирифтаанд тасреҳ кардааст, ки бо андак таҳлиле ва таъмими сухани ӯ аз ширкати ҷавон ба ҳукумати ҷавон, ки гӯё ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон аст, мавриди сӯиистифода қарор гирифта, ба шиддат фиреб хӯрдааст, ки аз он қабил метавон фурухтани 3 фоизи замини Тоҷикистон ба Чин мебошад, ки ҳудуди 5 ҳазор километри квадратӣ мешавад ва ҳазорон қарордодҳои дигаре ки Тоҷикистон дар онҳо зарар дида, фиреби калон хӯрдааст, мебошад. Ва мақсуди Мурод Хол низ ҳамин мебошад, гарчӣ ба сурати ошкор наметавонад онро баён кунад; чун сараш бар бод меравад, аммо ба сурати зимнӣ дар суханҳояш бо гуфтани ширкати ҷавон (ҳукумати ҷавон), сӯиистифода шудаанд (фиреб хӯрда аст), худ ба худ ба мо мефаҳмонад, ки аввалан Эмомалӣ Раҳмон одами фиребхӯру камъақл аст, ҳукумати ҷавон монанди ширкатҳои ҷавон сӯиистифода шудаанд, ки аз ҳукумати Раҳмон садҳо мавридро метавон ба унвони мисол зикр кард.
Ба гузориши хабаргузории Востокнюз ба нақл аз Озодагон, Мурод Хол, раҳбари саридораи геологияи Тоҷикистон мегӯяд, қаблан бархе аз ширкатҳо аз ҷавонии ҳукумат сӯиистифода карда, иҷозатномаҳои аз ҳукумат гирифтаашонро дар биржаҳои байналмилалӣ барои пулкоркунӣ истифода менамуданд: “Аз ҷавонии ҳукумат истифода мекарданд. Вақте иҷозатномаи кор ё омӯзиш дар ин ё он конро мегирифтанд, баъзеашон ҳатто технологияю техникаи коркарди конро надоштанд”. (Озодагон)
Мурод Хол, ҳукумати Тоҷикистонро ҷавон дониста, эътироф карда аст, ки аз ҷавонии ҳукумат истифода мекарданд.
Аз назари ин геолог ҳукумати Тоҷикистон ҷавон аст, ва ба хотири ҷавонӣ фребҳои калон мехӯрад. Эътирофи ин корманди ҳукумат ба ин маъно аст, ки дигар фотиҳаи сарзамани Тоҷикистон ва ҳукумати онро хонд.
Хабаргузории Восток-Нюз: Сиддиқи Акбар
Агентии Ҳабарҳои шарқ Ҳамаи ҳуқуқ маҳфуз аст