Ҷустуҷӯ дар Хабарҳо:

Ҷустуҷӯи муфассал

шанбе
6
апрел
2017

_
Муборизаи ҳукумат алйҳи дину диндорон торафт шадидтар мешавад
Эмомалӣ Раҳмон дар раванди сиёсати динситезонаи худ масҷидҳоро табдил ба тарабхонаву варзишгоҳ табдил кард. Дар ростои ҳамин сиёсати динситезонаи, Кумита оид ба корҳои дин, аз боздошти 17 нафар бо иттиҳоми пайвастан ба гуруҳҳои ифротӣ хабар дод, ки дар гузашта ба ҳайси ходими дин фаъолият доштаанд.

Режими Раҳмон, режиме аст, ки бо Ислом мушкил дорад ва муборизоти худ алайҳи динро то рафт шадидтар мекунад. Эмомалӣ Раҳмон дар раванди сиёсати динситезонаи худ масҷидҳоро табдил ба тарабхонаву варзишгоҳ табдил кард, азонро ба баҳонаи гӯшхарош будани он ба гӯши мардум манъ кард, намозро ба баҳонаи инки дар кори мардум халал эҷод мекунад, дар маҳаллҳои кор манъ кард ва баъд аз он ба ҷавонон то 18 сол ба масҷид рафтанро ҷурм хонда ҷарима гузошт, сипас ришу сатрҳоро манъ кард. Инак афродеро ки Исломро ба мардум мефаҳмонанд (то мардум бедин нашаванд), гирифта бо тӯҳмати ифротӣ ва даъват ба гурӯҳҳои ифротӣ равонаи зиндон мекунад.



Ба гузориши хабаргузории Востокнюз ба нақл аз Озодагон, Кумита оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии Тоҷикистон аз боздошти 17 нафар бо иттиҳоми пайвастан ба гуруҳҳои ифротӣ хабар дод, ки дар гузашта ба ҳайси ходими дин фаъолият доштаанд.



Ҳусейн Шокиров, сардори Раёсати иттиҳодияҳои дин имрӯз, 10 январ дар нишасти хабарии Кумитаи дин гуфт, ин афрод давоми соли 2016 барои пайвастан ба ҷараёни “Салафия” ва созмонҳои дигари фаъолияташон дар Тоҷикистон мамнӯъ, дастгир шудаанд. Ба қавли Шокиров, миёни боздоштшудаҳо онҳое ҳам ҳастанд, ки таълимоти диниро дар хориҷ гирифтаанд: “Инҳо собиқ ходимони дин ҳастанд, яъне дар гузашта ифои вазифа менамудаанд”(Озодагон)



Муборизаи режими Раҳмон алайҳи Ислом ва дин чизи наве нест ва дар тӯли ҳукуматаш аз ин муборизот зиёд дида ё шунидаем. Ин муборизот ҳикоят аз он дорад, ки режими Раҳмон динро душмани ашаддӣ дониста, онро монеи ҳукумат ва пешбурди сиёсати худ медонад. Умед аст рӯзе фаро расад, ки режими Раҳмон суқут кунад ва Исломи ноби азиз тибқи ваъдаи Қуръон саросари Тоҷикистонро фаро гирифта, саодати дорайнро ба армағон оварад.



Хабаргузории Восток-Нюз: Сиддиқи Акбар



Агентии Ҳабарҳои шарқ Ҳамаи ҳуқуқ маҳфуз аст