Ҷустуҷӯ дар Хабарҳо:

Ҷустуҷӯи муфассал

*
0
январ
2017

_
Чаро Раҳмон аз корҳои худ ба мардум гузориш намедиҳад?
Дар инҷо саволе ба миён меояд, ки чаро Раҳмон ва авлодаш аз равандӣ корҳои худ дар тӯли ин 25 сол ҳеҷ гуна гузориш ба мардум намедиҳанд, ва он пешрафтҳое, ки дар ин муддати ҳукуматдорияшон, ки Тоҷикистонро ҳамчун мероси падарӣ бо чангу дандон гирифтаанд баён кунанд.

Дар бисёри кишварҳои пешрафтаву демоктарӣ ва ё давлатҳое, ки аз ҷониби мардум раиси ҷумҳур ва намояндагон интихоб мешаванд, ҳар аз чанд гоҳе гузориши корҳои худ ва маблағҳое, ки аз буҷети кишвар ҷудо шударо дар куҷоҳо сарф кардаанд ба мардум гузориш медиҳанд. 
Дар инҷо саволе ба миён меояд, ки чаро Раҳмон ва авлодаш аз равандӣ корҳои худ дар тӯли ин 25 сол ҳеҷ гуна гузориш ба мардум намедиҳанд, ва он пешрафтҳое, ки дар ин муддати ҳукуматдорияшон, ки Тоҷикистонро ҳамчун мероси падарӣ бо чангу дандон гирифтаанд баён кунанд.    
Раҳмон дар гузоришҳои солонаи худ, ки ҳар солаш мисли ҳам буда, ҳеҷгуна пешрафту дигаргунӣ дар гуфтору амалҳои он мушоҳида намешавад, бештари вақт аз солҳои ҷанги шаҳрвандӣ сухан гӯфта, мардумро ваъдаҳои беҳосили тӯлонӣ дода ба шукронаи давлату ҳукумат амр мекунад. Дар ҳоле ки бояд аз пешрафти иқтисодӣ, фарҳангӣ, байналмилалӣ ва ... сухан бигӯяду дар муддати як сол чи корҳо анҷом шуда ва чи корҳои дигар дар ҳоли анҷом аст ба мардум гузориш диҳад, то мардум низ аз пешрафти давлаташон огоҳ шаванд, аммо чи илоҷ чунин нест ва мутаассифона ҳеҷ пешрафте надорем то мардумро аз он огоҳ кунанд. Зеро ҷомеъаи ҷаҳонӣ шоҳиди қазияи Варшава ва саршикастагии ҳукуматдорон буду, дар иқтисод бошад дар поинтарин ҳадди давлатҳои собиқ шуравӣ қарор дорем, аз фарҳанг бояд ҳарф назанем чун фарҳангро танҳо дар суруд хондан ва рақс кардан хатм мекунанд.  
Аз ҳамаи инҳо бигзарем чаро Раҳмон дар бораи он маблағҳое, ки аз буҷети кишвар ҷудо мешавад ҳарф намезанад? Ё чи қадар маблағ дар муддати як сол барои чи коре сарф шуду чи қадар пешрафт кардем чизе намегӯяд? Ба унвони мисол дар мавриди Роғун аз мардуми тоҷик ба зоҳир ихтиёрӣ, аммо дар асл ба таври иҷборӣ пул мегирифтанд ва мардумро маҷбур мекарданд то аксия харанд, мардум ҳам бо милионҳо сомонӣ аксия хариданд ва баъд аз муддате ин ҳашари миллӣ хомуш шуду касе ҳам пайгирӣ ин қазия нашуд. Ё пули мошинҳои сиёҳшишаро дар зоҳир барои бунёди Роғун ҷамъ мекунанд, ки миллионҳо доллар мешавад, аммо ин ҳама пул куҷо меравад касе ҷавобгӯ нест. Ғайр аз инҳо чандин ширкатҳои давлатӣ ва хориҷӣ дар ин бунёд саҳиманд, лекин дар амал ҳеҷ пешрафтеро мушоҳида намекунем. 
Бо ин ҳама баён, ба саволи дар боло зикр шуда чунин посух додан мункин аст, ки ҳукумати Раҳмон ва авлодаш ҳеҷ саҳме дар пешрафти Тоҷикистон надоранд то аз он сухан бигӯянд ва ҳар ободоние, ки мебинем ё ширкатҳои хориҷӣ дар он даст доранд ва ё соҳибкорони маҳаллӣ, вагарна бо ин ҳама андозҳои сангине, ки аз мардум мегиранд ва милиардҳо пули муҳоҷирон ё бо ин ҳама кумакҳои хориҷию маъданҳои ватанӣ мешавад як Тоҷикистони нави дигаре бунёд кард. 
Хабарнигори Востокнюз: Сафаров Абдусалом 

Агентии Ҳабарҳои шарқ Ҳамаи ҳуқуқ маҳфуз аст