Ҷустуҷӯ дар Хабарҳо:

Ҷустуҷӯи муфассал

*
0
январ
2017

_
Афкори Раҳмон аз забони стратегҳояш: Озодии баёну гуногунандешӣ хатар дорад
Раҳбарони Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Тоҷикистон озодии баён ва гуногунандешии аз ҳад зиёдро хатарзо хонданд.

Эмомалӣ Раҳмон афкору ҳаракоте дорад, ки комилан диктаторӣ ва мухолифи озодии баёну гуногунандешӣ аст, аммо борҳо дар суханрониҳояш гуфта аст, ки тарафдори озодии баён асту аз озодии баёну гуногунандешӣ ҳимоят мекунад. Аммо нохоста намояндаҳои ӯ ба хусус стратегҳояш афкори Раҳмонро ба забон ҷорӣ карда, ба унвони намояндаи Эмомалӣ Раҳмон афкори ӯро бозгӯ кардаанд, ки баёнгари он аст, ки байни афкору аҳдофи воқеии Раҳмон ва ончӣ барои мардум сухан меронад, таноқузи ошкор аст, ки нишон аз дурӯя будану дурӯғгӯ будани ӯ дорад.
Ба гузориши Хабаргузории Востокнюз ба нақл аз Озодагон, Раҳбарони Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Тоҷикистон озодии баён ва гуногунандешии аз ҳад зиёдро хатарзо хонданд. 
Худойбердӣ Холиқназар, раиси Маркази тадқиқоти стратегӣ гуфт, ки баъзе аз фаъолоиятҳои ғаразолуди расонаҳо нисбат ба давлат ва сардори давлат ва ҳамчунин дар зеҳнҳо эҷод кардани демократиябозӣ хуб нест. Ӯ бо зикри баҳои қимати сулҳ дар Тоҷикистон таъкид намуд, ки гуногунандешии аз ҳад зиёд метавонад ҳифзи сулҳро мушкил кунад. Ба ақидаи Худойбердӣ Холиқназар ҷангҳо дар Ховари миёна дар заминаи гуногунандшешӣ сар задаанд.
На танҳо раиси МТС бар ин бовар аст, ки озодии баёну дигарандешӣ хатарсоз аст, балки муовини ӯ Сайфулло Сафаров, низ ҳамин суханро таъкид карда, дурустии онро таъйид карда мегӯяд: дар кишварҳое, ки чандон устувор нестанд ва дар ҳоли гузариш қарор доранд, озодии баёни аз ҳад зиёд хатар дорад ва ба рушди кишварҳо халал мерасонад.
Худатон қазоват кунед, ин чӣ тавр стратегҳо ҳастанд, ки озодии баёнро хатар медонанд, дар ҳоле ки кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон ҳамчун ИМА, Олмон, Фаронса, Британия, Жопун ва... аз озодии баён ба ин пешрафтҳои ҳайратовар расидаанду ҳеҷ хатареро эҳсос накардаанд, аммо ин ба истилоҳи стартегҳо ва «ақлҳои кулли Тоҷикистон» озодии баёнро хатар дониста, ҷанги Сурия ва Ироқро натиҷаи он медонанд!
Маҳз ҳамин сиёсати хатарнок будани озодии баён буд, ки режими Раҳмон дар соли гузашта дастрасӣ ба чанд сомона ва ҳафтаномаро масдуд кард, ки Анҷумани миллии расонаҳои мустақил (НАНСМИТ) ва Шӯрои ВАО-и Тоҷикистон бо пахши як изҳороти муштарак иттилоъ доданд, ки дар як сол 4 расона - “Вечерний Душанбе, “Дам”, “Нигоҳ” ва “Тоҷнюс” баста шуданд ва чанд нашрияи дигар дар вазъияти мушобеҳ қарор дорад: “Беш аз 10 рӯзноманигор Тоҷикистонро тарк кардаанд. Чунин вазъият нишондиҳандаи набуди шароити сиёсӣ-ҳуқуқӣ ва иқтисодӣ барои фаъолияти фазои озоди плюралистӣ буда, нигаронии созмонҳои ҳифзи ҳуқуқ ва расонаҳоро ба бор овардааст. Мушкили расонаҳо ин аст, ки баъзан манофеи хусусӣ, гуруҳӣ ва идорӣ бар манофеъи умум ҳоким мешаванд. Мо боварии комил дорем, ки расонаҳои чандгунаӣ барои фароҳам овардани минбар ба тамоми қишри ҷомеа ва ба густариш додани плюрализм мусоидат мекунанд”.
Ин аст стратегҳои Тоҷикистон, ки Тоҷикистонро бо фикрҳои «пешрафтаашон» ба авҷи пешрафт расондаанд!!! То вақте ки ин хел стратегҳо барои миллату кишвар тасмим мегиранд, вазъияти Тоҷикистони фардо бадтару ваҳшатноктару ақибмондатар аз Тоҷикистони имрӯзи мо хоҳад буд!!!

Агентии Ҳабарҳои шарқ Ҳамаи ҳуқуқ маҳфуз аст