Ҷустуҷӯ дар Хабарҳо:

Ҷустуҷӯи муфассал

*
0
феврал
2017

_
Чаро Эмомалӣ Раҳмон тағйироти кадрии зиёде анҷом медиҳад?
Ба назар мерасад Эмомалӣ Раҳмон аз тағйироти кадрӣ ҳадафе ҷуз пули калон ба ҷайб задан надорад; чароки дар Тоҷикистон ҳамаи мансабҳо нархи хоссе дорад

Нахустин тағйироти кадрӣ дар соли 2017 анҷом гирифт ва ин оғозе аст барои тағйироти кадрии беҳадафу бефоидаи Эмомалӣ Раҳмон, ки ҳамасола садҳо тағйироти кадрӣ анҷом медиҳад. Суол инҷост ки чаро Эмомалӣ Раҳмон ин қадар тағйироти кадрӣ анҷом медиҳад ва чӣ ҳадафе аз он дорад?
Ба гузориши Хабаргузории Востокнюз ба нақл аз Озодагон, Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон фармон дар бораи мақоми нави Шарифзодаро 3-юми январ имзо кард. Ӯ дар ин мақом Маҳмудҷон Собировро иваз намуд, ки моҳи июни соли гузашта ба далели бознишастагӣ барканор шуд. Инчунин бо фармони раисиҷумҳури Тоҷикистон Иброҳимзода Анварҷон аз вазифаи раиси суди вилояти Суғд озод гардид.
Дар баробари ин Эмомалӣ Раҳмон, қарори ҳукуматро имзо намудааст, ки бар асоси он Қонунзода Шодигул Худобахш директори мактаби президентӣ барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон таъин гардид. 
Ба назар мерасад Эмомалӣ Раҳмон аз тағйироти кадрӣ ҳадафе ҷуз пули калон ба ҷайб задан надорад; чароки дар Тоҷикистон ҳамаи мансабҳо нархи хоссе дорад ва Эмомалӣ Раҳмон бо ин тағйироти кадрӣ вазифаҳоро фурухта пулҳои калоне оидаш мешавад. Ӯ дар фурӯши ин мансабҳо аслан ба лаёқату фаросат кор надорад ва танҳо чизе ки ба ӯ муҳим аст пул аст. Пули калон диҳӣ агар аз ақл ҳам бегона бошӣ, аз назари Раҳмон лаёқати мансабро дорӣ; чун ба ақидаи ӯ пул аст, ки ба инсон шахсият медиҳад ва мизони саводу дирояту фаҳму лаёқату салоҳияти инсонро рақам мезанад.
Ин аст ки Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистонро дар дасти девонагоне месупорад, ки ҷуз пулкоркунӣ ва ришваситонӣ кори дигаре надоранд. Ва то вақте ки ин навъ ҳукумату ҳукуматдорон аст, Тоҷикистон ба бадбахтиву камбағалию бебарқиву бепуливу бекории  бениҳоят фурӯ меравад ва дар муддати кӯтоҳе ба хотири бозпас додани қарзҳои гирифта шуда, қисмате аз он ба ҷои қарз дода мешаваду дар натиҷа аз байн хоҳад рафт.

Агентии Ҳабарҳои шарқ Ҳамаи ҳуқуқ маҳфуз аст