Ҷустуҷӯ дар Хабарҳо:

Ҷустуҷӯи муфассал

шанбе
6
апрел
2017

_
Осиёи Марказӣ дар соли 2016 (1); Талоши Вошингтун барои афзоиши нуфуз дар Осиёи
Рақобати кишварҳои мухталиф барои тақвияти нуфуз, талоши давлатҳо барои муқобила бо ифротгароӣ дар минтақа ва интихоботи зудҳангоми президентӣ дар Узбакистон аз муҳимтарин рӯйдодҳои Осиёи Марказӣ дар соли 2016 буданд.

Ба гузориши Востокнюз, таъсири мусбати ҳузури Русия бар амнияти Осиёи Марказӣ, талоши Вошингтун барои афзоиши нуфуз дар ин минтақа, бардошта шудани ниқоб аз чеҳраи салафият, ифтитоҳи хатти оҳани Туркманистон-Афғонистон, тақвияти ҳузури Чин, такя задани Мирзиёев бар курсии президентии Узбакистон ва беҳбуди таомулоти Тошканд бо ҳамсоягон, сафари Натаняҳу ба Остона ва сафари давраии Руҳонӣ ба Қазоқистон ва Қирғизистон аз муҳимтарин вақойеъи Осиёи Марказӣ дар соли 2016 буд.


Талоши Вошингтун барои афзоиши нуфуз дар Осиёи Марказӣ

Дар тирамоҳи соли 2016, "Томас Шанон", муовини вазири корҳои хориҷаи ИМА сафаре 5 рӯза ба кишварҳои Осиёи Марказӣ дошт, ки ба боздиди вай аз Тошканд ва мулоқот бо мақомоти баландпояи Узбакистон ба поён расид.
Муовнини вазири хориҷаи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, нахустин сафари хд ба Осиёи Марказиро аз Қазоқистон оғоз кард ва дар ин сафар бо мақомоти мухталифи ин кишвар дидор ва аз ғурфаи кишвараша дар намойишгоҳи "Expo-2017" низ боздид кард.
Вай дар суханоне баргузории Expo дар Қазоқистонро абзори бисёр муҳимме барои ҳамкориҳои Вошингтун ва Остона донист ва гуфт: "Ин намойишгоҳ ҳамчунин фурсати хубе барои ин кишвари Осиёи Марказӣ фароҳам мекунад, ки ба унвони як бозигари ҷаҳонӣ махсусан дар ҳавзаи энержӣ матраҳ шавад."
Шанон ҳамчунин дар дидорҳои ҷудогона бо Аҳмадҷон Исимов, раиси ҳайъат мудираи "Expo-2017 Astana" ва Аскар Мамин муовини сарвазири Қазоқистон, нақши равобити тиҷорӣ бо Амрико дар тавсеъаи иқтисодии ин кишварро мавриди баҳсу табодули назар қарор дод.
Дар ин хусус коршиносон мӯътақиданд, ки Остона на танҳо дар маркази таваҷҷӯҳи ниҳодҳои дипломатики Вошингтун балки мавриди таваҷҷӯҳи кулли сохторҳои таҳлилии Амрико қарор дорад.
Аз дидгоҳи онон, ҳифзи ҷиҳатгирии сиёсати хориҷии чандбуъдии Қазоқистон, баъд аз канор рафтани Назарбоев аз қудратро масъалае донист, ки барои Вошингтун аз аҳаммияти болое бархӯрдор аст.
Бо вуҷуди узвияти Қазоқистон дар иттиҳоди иқтисодии Евразия ва СПАД, ИМА тавонистааст бо Остона ҳамкориҳои наздик ва дӯстонае барқарор намояд. Бинобар ин чунин боздидҳое, бидуни дар назар гирифтани ин ки дар Кохи Сафед кадом гурӯҳ бар сари қудрат меояд, афзоиш хоҳанд ёфт зеро ҳам дар миёни Ҷумҳурихоҳон ва ҳам Демократҳои амрикоӣ, лобии нафту газ зиёд аст.
Шанон дар сафар ба Бишкек пас аз мулоқот бо Алмосбек Отамбоев, раиси ҷумҳури Қирғизистон, дар мавриди талошҳои ин кишвар ҷиҳати аз сар гирии равобит бо Бишкек, гуфт: "Қарор аст дар соли оянда интихоботи президентӣ дар Қирғизистон баргузор шавад ва Вошингтун умедвор аст, ки омадани раиси ҷумҳури нав, тағйиротеро дар сиёсати хориҷии ин кишвар ба дунбол дошта бошад."
Ин дар ҳоле аст, ки баъд аз қатъи як ҷонибаи қарордоди истиқрори пойгоҳи низомии ИМА дар фурӯдгоҳи Манаси Қирғизистон, сатҳи равобити ду кишвар коҳиш ёфт, бо ин вуҷуд, таҳлилгарони амрикоӣ мӯътақиданд, ки ин кишвар метавонад мавзеъи нармтаре дар баробари Вошингтун дошта бошад.
Махсусан дар ҳоли ҳозир, ки Бишкек аз узвият дар иттиҳодияи иқтисоди Евразия ва сармоягузории Русия дар ин кишвар то ҳудуде ноумед шуда ин муҳим ба навбаи худ боиси тақвияти талошҳои тарафи Амрико барои аз сар гирии равобит бо Қирғизистон шудааст.
Коршиносон адами сафари муовини вазири хориҷаи ИМА ба Тоҷикистон ва Туркманистонро ба ҳузури камранги Вошингтун дар ин кишварҳо дар муқоиса бо Қазоқистон, муртабит медонанд.
Дар робита бо Узбакистон, амрикоиҳо интизор доранд, ки тағйири қудрат дар ин кишвар то ҳудуде битавонад боиси гармтар шудани равобит байни Вошингтун ва Тошканд шавад.
Илова бар ин, фарояндҳое, ки дар Узбакистон баъд аз даргузашти Ислом Каримов, президенти собиқи ин кишвар сурат мегиранд, барои тамоми минтақа таъсиргузор хоҳад буд ва ин муҳим алоқаи ИМА ба Тошкандро афзоиш медиҳад.
Вошингтун ҳамчунин дар талош аст то аз тариқи музокирот дар қолаби гурӯҳи "C5+1" бо кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз тавсеъаи бештари нуфузи Русия ва Чин ва ҳамчунин то ҷои имкон аз густариши иттиҳодияи иқтисодии Евразия ҷилавгирӣ кунад.
Бо ин ҳол, баҳраварии ин гурӯҳ бо дар назар гирифтани адами вуҷуди ҳадаф, мақосиди равшан ва мушаххас барои расидагӣ ба мушкилоти иҷтимоъӣ, иқтисодӣ ва дифоъии кишварҳои минтақа муассир ба назар намерасад.
Дар ин росто, дар таърихи 7-уми декабри соли 2016, Ҷон Керрӣ, вазири корҳои хориҷаи ИМА бо раисони ниҳодҳои дипломатики кишварҳои Осиёи Марказӣ дар Ҳамбурги Олмон дидор кард.
Албатта ҳамаи тарафайн дар ин музокирот аз ҷумла Рашид Муродов, вазири корҳои хориҷаи Туркманистон ҳузур надоштанд. Ашқобод, муколима бо ҳайъати Русия таҳти риёсати Григорий Карасин, муовини вазири корҳои хориҷаи ин кишварро, ки дар он рӯзҳо (6-7 декабр) барои анҷоми ройзаниҳои сиёсӣ вориди Туркманистон шуда будро муҳимтар донист ва аз ин тариқ бо вузуҳ авлавиятҳои феълии худро ба намоиш гузошт.
Аммо ин ки, ин нишаст 3 рӯз баъд аз интихоботи президентӣ дар Узбакистон сурат гирифт баёнгари ин мавзӯъ аст, ки Вошингтун дар талош аст дар мавриди вуқӯъи тағйироти эҳтимолӣ дар системи равобити байналмилалии кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ ба вижа Узбакистон заминасанҷӣ кунад.
Дар ин дидор, вазирони корҳои хориҷаи 4 кишвари Осиёи Марказӣ ва ИМА гирди ҳам омаданд. Аммо ҳадафи аслии дипломатҳои амрикоӣ бидуни шак, Абдулазиз Комилов, вазири корҳои хориҷаи Узбакистон буд, ки аз замони Ислом Каримов, раиси ҷумҳури собиқи ин кишвар риёсати ниҳоди дипломатики Тошкандро бар ӯҳда дорад.
Дар ин музокирот масоили марбут ба мавқеъият ва чашмандози музокирот дар қолаби гурӯҳи "C5+1" ва ҳамчунин ҷанбаи густардаи масоили минтақаӣ ва имконот аз ҷумла таомули иқтисодӣ, амният, муҳити зист, тағйири обу ҳаво ва башардӯстона мавриди баҳсу баррасӣ қарор гирифтанд.
Вазири корҳои хориҷаи Узбакистон дар ҳошияи ин музокирот ҳамчунин бо Ниша Бисвал, муовини вазири корҳои хориҷаи ИМА дар минтақаи Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ дидор ва масоили муҳимми равобити байни ду кишвар, мавзӯоти байналмилалӣ ва минтақаиро мавриди баррасӣ қарор дод.
Таҳлилгарон таваҷҷӯҳи вижаи масъули вазорати корҳори хориҷаи ИМА дар минтақаи Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ нисбат ба Узбакистон бо интихоби президенти нав дар ин кишварро ба майли Вошингтун аз гомҳои эҳтимолии Шавкат Мирзиёев дар оянда муртабит медонанд.

Агентии Ҳабарҳои шарқ Ҳамаи ҳуқуқ маҳфуз аст