Ҷустуҷӯ дар Хабарҳо:

Ҷустуҷӯи муфассал

*
0
феврал
2017

_
Нахустин даври гуфтугӯҳои сиёсии Узбакистон ва Афғонистон баргузор мешавад
Нахустин даври ройзаниҳои сиёсии Узбакистон ва Афғонистон бо ҳузури мақомоти сиёсии ду кишвар дар шаҳри Тошканд баргузор мешавад.

Ба гузориши Востокнюз ба нақл аз Форс, нахустин даври ройзаниҳои сиёсии Узбакистон ва Афғонистон рӯзҳои 9 ва 10 январи соли 2017 дар шаҳри Тошканд баргузор мешавад.
Бар асоси ин гузориш, "Ҳикмат Халил Карзай" муовини вазири корҳои хориҷаи Афғонистон дар ин нишаст сарпарастии ҳайъати ин кишварро бар ӯҳда хоҳад дошт.
Тибқи барнома, баррасии ҳамкориҳои сиёсӣ ва амният дар минтақа ва марзҳои ду кишвар меҳвари музокирот хоҳад буд.
Баргузории нахустин ройзанӣ ва гуфтугӯи сиёсӣ байни Тошканд ва Кобул дар ҳоле аст, ки аввалҳои моҳи декабри соли гузашта, Абдулазиз Комилов, вазири корҳои хориҷаи Узбакистон дар 23-умин нишасти Шӯрои вазирони корҳои хориҷаи САҲА дар Ҳамбурги Олмон бар лузуми оштии мақомот ва нерӯҳои сиёсӣ дар Афғонистон таъкид карда буд.
Ҳамчунин дар декабри соли гузашта низ дар Тошканд дуввумин нишасти Кумитаи муштараки ҳамкориҳои иқтисодӣ ва бозаргонӣ, ҳамлу нақл ва энержии Узбакистон ва Афғонистон баргузор ва дар он мақомоти 2 кишвар дар заминаи иқтисод ҳузур доштанд.

Агентии Ҳабарҳои шарқ Ҳамаи ҳуқуқ маҳфуз аст