Ҷустуҷӯ дар Хабарҳо:

Ҷустуҷӯи муфассал

панҷшанбе
4
март
2017

_
Тоҷикистон, пушаймон аз таниш дар равобит бо Эрон ва дар пайи эҷоди иртибот бо он
Тоҷикистон аз равобит бо Эрон фоидаҳои калони иқтисодӣ, иҷтимои ва ... медид, ки бо эҷоди таниш яктарафа дар равобити миёни ду кишар, Тоҷикистон зарари калоне аз ин таниши худсохта дидааст. Бино бар ин дар паи густариши ин равобит баромадаанд.

Ба гузориши хабаргузории Востокнюз ба нақл аз Озодагон,  Худойбердӣ Холиқназар: дар масъалаи муносиботи Тоҷикистону Эрон тирагие, ки ба вуҷуд омада буд, дигар вуҷуд надорад ва мо умедворем, ки иншоаллоҳ муносибатҳо дар давраҳои наздик таҳким меёбад”.
Тоҷикистон ки аз Эрон фоидаҳои калоне медид, бо қаъркуниаш зарари калоне дид. Иллати қатъи робитаи Тоҷикистон бо Эронро мақомоти тоҷик, даъвати Муҳиддин Кабирӣ ба конфронси байналмилалие ки дар Теҳрон баргузор шуд, медонанд. Тоҷикистон Эронро ҳомии Муҳиддин Кабирӣ ва пуштибони террорист хонда буд, ки имрӯзҳо дар пайи зараре ки аз қатъи робита бо Эрон дидааст, дар садад аст, равобитро барқарор кунад ва қазияи даъвати Муҳиддин Кабирӣ ба конфронси байналмилалиро ба фаромӯшӣ бисупорад. Ба ҳамин хотир раиси маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Тоҷикистон, Худойбердӣ Холиқназар пас аз яку ним соли тирагии равобити Тоҷикистону Эрон гуфт, дар масъалаи муносиботи Тоҷикистону Эрон тирагие, ки ба вуҷуд омада буд, дигар вуҷуд надорад ва мо умедворем, ки иншоаллоҳ муносибатҳо дар давраҳои наздик таҳким меёбад” (Озодагон).
Худойбердӣ Холиқназар ба ҳайси раиси МТС, ки намояндаи Эмомалӣ Раҳмон ба шумор меояд, аз суханҳояш чунин бардошт мешавад, ки Тоҷикистон аз “қаҳрӣ кардан” бо Эрон зарар дида аст ва чуноне ки мақоли тоҷикӣ мегӯяд: “Қаҳри девона, зарари девона”, аз қаҳрӣ кардани худ бо Эрон зарари калоне дидааст ва дар садади он аст, ки равобитро бо Эрон аз нав гираду фоидаҳои калон ба ҷайби режими Раҳмон аз ҷониби Эрон сарозер шавад.


Агентии Ҳабарҳои шарқ Ҳамаи ҳуқуқ маҳфуз аст