Ҷустуҷӯ дар Хабарҳо:

Ҷустуҷӯи муфассал

*
0
январ
2017

_
Раҳмон даргузашти Оятуллоҳ Рафсанҷониро ба миллат ва давлати Эрон таслият гуфт
Раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар паёме даргузашти Оятуллоҳ Ҳошимии Рафсанҷониро ба раиси ҷумҳур ва мардуми Эрон таслият гуфт.

Ба гузориши Востокнюз ба нақл аз расонаҳои тоҷик, Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон дар паёме ба Ҳасани Руҳонӣ, даргузашти Оятуллоҳ Ҳошимии Рафсанҷониро таслият гуфт.
Дар ин паём омадааст: "Хабари даргузашти Оятуллоҳ Ҳошимии Рафсанҷонӣ яке аз чеҳраҳои барҷастаи Ҷумҳурии Исломии Эрон боиси андӯҳи мо гардид."
"Ин мусибатро ба хонаводаи эшон ва мардуми Эрон таслият арз карда ва барои он марҳум ғуфрон ва раҳмати илоҳиро хосторем."-афзуд ӯ.
Оятуллоҳ Алиакбари Ҳошимии Рафсанҷонӣ, асри рӯзи якшане дар синни 82 солагӣ бар асари оризаи қалбӣ дори фониро тарк гуфт.

Агентии Ҳабарҳои шарқ Ҳамаи ҳуқуқ маҳфуз аст