Ҷустуҷӯ дар Хабарҳо:

Ҷустуҷӯи муфассал

шанбе
6
апрел
2017

_
Ҳузури раиси ҲНИТ дар канфронси Ваҳдат, фақат баҳонае барои сардии равобити Тоҷикистону Эрон буд
Худобердӣ Холиқназар бо ишора ба муносиботи Тоҷикистон ва Эрон ибрози умедворӣ кард, ҳамкориҳои гуногуни Тоҷикистон ва Эрон, ки муштаракоти забонӣ ва фарҳангии фаровоне доранд, дар оянда густариш ёбад.

Раиси маркази таҳқиқоти роҳбурдии тоҷикистон аз тасмими ин кишвар барои густариши ҳамкорӣ бо Эрон хабар медиҳад ва иллати сардӣ дар равобити ду кишварро дар яке- ду соли ахир марбут ба даъвати раиси ҳизби наҳзати исломии тоҷикистон ба канфронси Ваҳдати исломи дар Теҳрон медонад. Вале ба назар мерасад, ки даъват аз раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон  баҳонае буд барои Тоҷикистон  то ба дархости кишварҳои рақиби Эрон лаббайк  бигуяд ва ба ваъдаҳои  пучу холии онҳо дил бибандад ва  равобити хубу самимӣ ва чандин солаи ду кишварро аз байни барад .
Аммо ба назар мерасад, ки тоҷикистон аз дӯстони ҷадидаш  ҳеч чизе ҳосилаш нашуда ва  дубора дар садади эҷоди равобит бо Эрон аст .
Ба гузориши хабаргузории  Восток-Нюз, ба нақл аз расонаҳои тоҷикӣ, Худобердӣ Холиқназар-раиси Маркази тадқиқоти стратегии Тоҷикистон аз тасмими Тоҷикистон барои густариши ҳамкориҳо бо Эрон ва Узбакистон хабар дод. Худобердӣ Холиқназар бо ишора ба муносиботи Тоҷикистон ва Эрон ибрози умедворӣ кард, ҳамкориҳои гуногуни Тоҷикистон ва Эрон, ки муштаракоти забонӣ ва фарҳангии фаровоне доранд, дар оянда густариш ёбад.
Раиси Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иллати бурузи сардӣ дар равобити Душанбе -Теҳронро даъвати раиси ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ба конфронси “Ваҳдати исломӣ” дар Теҳрон хонд ва гуфт, ба мурури замон ин ҳодиса фаромӯш мешавад ва равобити ду кишвар таҳким хоҳад ёфт, ҳарчанд ҳамакнун низ равобити ду кишвар тира нест ва дар шароити хубе аст.
Вай ҳамчунин аз беҳбуди равобити Тоҷикистон ва Узбакистон хабар дод ва таъкид кард, ҳамкориҳои ин ду кишвари ҳамсоя низ беш аз пеш тақвият хоҳад шуд.
Баргузории ҷаласаи Комиссияи муштараки байниҳукуматии иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Ӯзбекистон, ки чанде қабл дар Душанбе доир гардид, шаҳодати ин гуфтаҳост.

Агентии Ҳабарҳои шарқ Ҳамаи ҳуқуқ маҳфуз аст