Ҷустуҷӯ дар Хабарҳо:

Ҷустуҷӯи муфассал

*
0
январ
2017

_
Вазорати маориф Тоҷикистон аз Камбуди омӯзгор дар Мактабҳои миёна хабар дод
Муовини аввали вазири маориф ва илм имрӯз, дар як нишасти хабарии гуфт, муассисаҳои таълимии миёна дар кишвар ба 314 омӯзгор ниёз дорад.

Таълиму таҳсил дар тамомии кишварҳои дунё дар дараҷаи аввал меистад ва кишварҳои пешрафтаи дунё бештарин сармоягузории иқтисодӣ  ва  бештарин таваҷҷуҳро бар руи таълиму таҳсил доранд.
Вале мутасифона Тоҷикистон ва режими Раҳмон камтарин таваҷҷуҳ ва сармоягузориро дар мактабҳои таҳсилоти Тоҷикистон дорад.
Дар Тоҷикистон камтаваҷҷуҳи ва ё бетаваҷҷуҳии шадиди бар  омӯзгорон мешавад то ҳадде, ки хелиҳо аслан ҳозир нестанд ба унвони омӯзгор машғули кор шаванд.
Ба гузориши хабаргузории  Восток-Нюз, ба нақл аз хабаргузории Озодагон,
Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон мегӯяд, мактабҳои таҳсилоти миёнаи кишвар наздик ба 315 муаллим ниёз доранд. 
Раҳматулло Мирбобоев, муовини аввали вазири маориф ва илм имрӯз, 9 январ дар як нишасти хабарии созмонёфта дар Душанбе гуфт, муассисаҳои таълимии миёна дар кишвар ба 314 омӯзгор ниёз дорад, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 38 нафар кам мебошад. 
Ба иттилои Мирбобоев, ҳоло мактабҳои вилояти Хатлон ба 138 омӯзгор, Душанбе 8 ва навоҳии тобеи марказ ба 168 муаллим ниёз доранд: “Бештар омӯзгорони гуруҳи фанҳои табиӣ ва забонҳои хориҷӣ намерасанд”.

Агентии Ҳабарҳои шарқ Ҳамаи ҳуқуқ маҳфуз аст