Ҷустуҷӯ дар Хабарҳо:

Ҷустуҷӯи муфассал

шанбе
6
апрел
2017

_
Ҷанги Ховари миёна аз дидгоҳи Эмомалӣ Раҳмон ва стратегҳои ӯ
Худойбердӣ Холиқназар бар ин назар аст, ки ҷангҳо дар Ховари миёна дар заминаи гуногунандшешӣ сар задаанд.

Ба ақидаи Худойбердӣ Холиқназар, стратеги Раҳмон ва раҳбари Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Тоҷикистон, ҷангҳо дар Ховари миёна дар заминаи гуногунандшешӣ сар задаанд. Яъне стратег ва мушовири Эмомалӣ Раҳмон дар умури масоили кишварӣ, бар ин бовар аст, ки озодии баён ва гуногунандешӣ сабаби ҷанг дар Ховари миёна шуда, ва барои ҷилавгирӣ аз ин тавр пешомадҳо бояд озодии баён ва гуногунандешӣ манъ шавад. Аз ҳамин сабаб буд, ки режими Раҳмон дар соли 2016 беш аз даҳҳо хабарнигорро аз Тоҷикистон фирорӣ доду даҳҳо сомонаву рӯзномаву ҳафтаномаву маҷалларо манъ карда, фаолияташонро қатъ кард.
Ба гузориши Хабаргузории Востокнюз ба нақл аз Озодагон, Худойбердӣ Холиқназар бар ин назар аст, ки ҷангҳо дар Ховари миёна дар заминаи гуногунандшешӣ сар задаанд. 
Худойбердӣ Холиқназар, раиси Маркази тадқиқоти стратегӣ бар ин бовар аст, ки ҷангҳо дар Ховари миёна дар заминаи гуногунандшешӣ сар задаанд.  Ва ба ақидаи муовини ӯ,Сайфулло Сафаров, дар кишварҳое, ки чандон устувор нестанд ва дар ҳоли гузариш қарор доранд, озодии баёни аз ҳад зиёд хатар дорад ва ба рушди кишварҳо халал мерасонад. 
Ин шарҳи стратегҳои назди Президент дар ҳолест, ки Тоҷикистон дар шохиси озодии баён дар соли 2016 бо гирифтани мақоми 150-ум 34 зина поин омад. 
Охири соли гузашта Анҷумани миллии расонаҳои мустақил (НАНСМИТ) ва Шӯрои ВАО-и Тоҷикистон бо пахши як изҳороти муштарак иттилоъ доданд, ки дар як сол 4 расона - “Вечерний Душанбе, “Дам”, “Нигоҳ” ва “Тоҷнюс” баста шуданд ва чанд нашрияи дигар дар вазъияти мушобеҳ қарор дорад: “Беш аз 10 рӯзноманигор Тоҷикистонро тарк кардаанд. Чунин вазъият нишондиҳандаи набуди шароити сиёсӣ-ҳуқуқӣ ва иқтисодӣ барои фаъолияти фазои озоди плюралистӣ буда, нигаронии созмонҳои ҳифзи ҳуқуқ ва расонаҳоро ба бор овардааст. Мушкили расонаҳо ин аст, ки баъзан манофеи хусусӣ, гуруҳӣ ва идорӣ бар манофеъи умум ҳоким мешаванд. Мо боварии комил дорем, ки расонаҳои чандгунаӣ барои фароҳам овардани минбар ба тамоми қишри ҷомеа ва ба густариш додани плюрализм мусоидат мекунанд”.
Дар изҳорот ҳамчунин таъкид шудааст: “Моддаи 30-юми Қонуни асосӣ озодии баён, матбуот ва ҳаққи истифода бурдани расонаҳоро барои ҳар кас кафолат медиҳад. Озодии баён барои он муҳим аст, ки ин озодӣ барои амалӣ шудани ҳуқуқи дигари конститутсионии шахс зарур аст”(Озодагон). 
Ба ин тартиб дар поёни изҳорот аз ҳукумати Тоҷикистон ва созмонҳои байналмилалии муқими Тоҷикистон даъват шудааст, уҳдадориҳои худро дар таъмини ҳуқуқи инсон дар доираи Эъломияи ҷаҳонии ҳуқуқи башар ва меъёрҳои конститутсионӣ иҷро кунанд.  
Стратегҳои Эмомалӣ Раҳмон, яъне Худойбердӣ Холиқназар ва Сайфулло Сафаров, ки ҳарду мушовири Раҳмон дар умури стратегӣ ва  ҷиҳатдеҳи афкори ӯ дар кишвардорӣ ҳастанд, озодии баён ва гуногунандеширо сабаби ҷанг дар Ховари миёна ва сабаби ақибмондагии кишварҳои дар ҳоли рушд  ва хатар бар сулҳ медонанд, ки дар натиҷаи ин тавр фикрҳо буд, ки ҲНИТ экстримистӣ эълом шуд ва тайи як соли чандин сомонаву рӯзномаву ҳафтанома масдуд ва садҳо хабарнигор аз Тоҷикистон фирорӣ шуданд.
Хабарнигори хабаргузории Востокнюз: Сиддиқи Акбар

Агентии Ҳабарҳои шарқ Ҳамаи ҳуқуқ маҳфуз аст