Ҷустуҷӯ дар Хабарҳо:

Ҷустуҷӯи муфассал

шанбе
6
апрел
2017

_
Таслияти ҲНИТ ба муносибати даргузашти Ҳошимии Рафсанҷонӣ
Маҳмудҷон Файзраҳмонов, сухангӯи Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, бо интишори паёме дар саҳифаи Фейсбукии худ, даргузашти Оятуллоҳ Акбари Ҳошимии Рафсанҷониро ба миллату давлати Эрон ва хонаводаи марҳум таслият гуфт.

Ба гузориши Востокнюз, матни комили ин таслиятномаро дар зайл мехонед:
Инно лиллоҳи ва инно илайҳи роҷиъун 
Раёсати Олии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон даргузашти Оятулллоҳ Акбар Ҳошимӣ Рафсанҷонӣ, руҳонӣ, сиёсатмадор ва раиси Маҷмаи ташхиси маслиҳати низоми Ҷумҳурии исломии Эронро ба миллат ва давлати Эрон ва хонаводаи марҳум таслият мегӯяд. 
Акбари Ҳошимии Рафсанҷонӣ шахсияти барҷаста ва сиёсатмадори тавоное буд, ки бо миёнаравиҳо ва умқи нигариши худ ба масоили ҷаҳонӣ, таъсири босазое дар ҳалли бӯҳронҳои минтақа ва ҷаҳон гузошт. 
Марҳум илова бар шахсияти маъруф ва шинохта буданаш, барои мардуми Тоҷикистон аз он ҷиҳат шинохташуда ва сазовори эҳтиром буд, ки дар оғози музокирот барои ҳалли низоъи тоҷикон ва ба натиҷарасии он дар даҳаи 90-уми мелодӣ саҳми бевосита дошт. Аз ҷумла, дар замони раёсатҷумҳурии ӯ, се даври музокироти сулҳи тоҷикон дар шаҳри Теҳрон доир гардид. Илова бар ин, дар замони раёсатҷумҳурии вай, Эрон аввалин кишваре буд, ки сафорати худро дар Тоҷикистон ифтитоҳ намуд.
Ҳамчунин бо ибтикори бевоситаи марҳум Рафсанҷонӣ, дар соли 1995 Устод Саид Абдуллоҳ Нурӣ, раиси Иттиҳоди нерӯҳои оппозитсиюни тоҷик (ИНОТ) ва раисҷумҳури Тоҷикистон дар шаҳри Теҳрон бо ҳам вохӯрданд, ки барои барқарории сулҳ дар кишвар ва хатми ҷанги шаҳрвандии 5-сола гоми муҳимме маҳсуб мешуд. Хидмати ҷасурона ва миёнҷигарии шоистае, ки ҲНИТ ва мардуми мусалмони Тоҷикистон аз ёд нахоҳанд бурд. 
Ёду хотираи эшон гиромӣ ва манзили охираташон обод бод! 
Раёсати Олии ҲНИТ
09.01.2017

Агентии Ҳабарҳои шарқ Ҳамаи ҳуқуқ маҳфуз аст