Ҷустуҷӯ дар Хабарҳо:

Ҷустуҷӯи муфассал

*
0
январ
2017

_
Трамп хострои тағир ёфтани сафирон ИМА дар тамоми ҷаҳон аз ҷумла дар Тоҷикистон шуд
Доналд Трамп хостааст, бидуни истисно тамоми сафирони ин кишвар дар хориҷ то 20-уми январ мақоми худро холӣ кунанд. Ин дастур дар ҳолест, ки аз оғози фаъолияти сафири Амрико дар Тоҷикистон ҳамагӣ як сол гузаштааст.

Аз аввал маълум буд, ки сиёсатҳои Доналд Трамп, раисиҷумҳури тозаинтихоби ИМА бо сиёсатҳои Барак Обама, тафовутҳои зиёде дорад.
Махсусан дар сиёсатҳои хориҷиаш, дар ҳамин росто бо дастури тағиир ёфтани тамомии суфарои ИМА, ин сиёсатаро амалан шуру карда аст.
Албата тамомии раисиҷумҳурҳои ИМА ки омаданд яке аз яке дигараш бадтар амал кардаанд ва боиси ҷангу хунрезиҳои зиёде дар саросари дунё шудаанд.
Ба гузориши хабаргузории  Восток-Нюз, ба нақл аз хабаргузории Озодагон, Доналд Трамп, раисиҷумҳури тозаинтихоби ИМА хостааст, бидуни истисно тамоми сафирони ин кишвар дар хориҷ то 20-уми январ мақоми худро холӣ кунанд.
Трамп бо ирсоли дархост ба Вазорати умури хориҷии ИМА таъкид кардааст, ки бидуни истисно то санаи қабули савгандаш, ки 20-уми январ дар назар аст, тамоми сафирони кишвараш дар хориҷ мақомашонро тарк намоянд. 
Расонаҳои амрикоӣ бо нашри ин хабар дастури Трампро мушкилзо хондаанд, зеро Амрико метавонад то тасдиқи номзадҳои нав бе сафир монад. 
Ин дастур дар ҳолест, ки аз оғози фаъолияти Элизабет Миллард, сафири Амрико дар Тоҷикистон ҳамагӣ як сол гузаштааст. Миллард, ки аввали соли 2016 ба ҳайси сафир дар Тоҷикистон ба фаъолият оғоз кард, дорои рутбаи баланди Мушовир-фиристода мебошад. 

Агентии Ҳабарҳои шарқ Ҳамаи ҳуқуқ маҳфуз аст