Ҷустуҷӯ дар Хабарҳо:

Ҷустуҷӯи муфассал

панҷшанбе
4
март
2017

_
Ҳизби коммунист “ҳизби кисагӣ”-и ҳукумати Раҳмон
Ба ҳамин хотир, Эмомалӣ Раҳмон тартибе дод, то Шодӣ Шабдоловро ки гаҳгоҳе як иборате ба истилоҳ интиқодӣ аз сиёсати Раҳмон мегуфт, аз раёсати ҳизби коммунист бардоранд ва ҷои ӯро ба Исмоил Талбаков доданд, ки ӯ ҳам баъд аз чанд сабоҳе аз дунё рафт.

Бар асоси таҳлили хабарнигори хабаргузории  Восток-Нюз, Ҳизби коммунист аз ҷумлаи аҳзобе аст, ки дар Тоҷикистон дар ҳайъати як ҳизби мухолиф фаол аст дар канори дигар ҳизбҳои дигар, ки аз ҷумлаи он ҲНИТ буд. Ҳизби Эмомалӣ Раҳмон, ҳизби ҳоким аст, ки раиси ин ҳизб, Эмомалӣ Раҳмон, президенти кишвар низ мебошад ва бақияи ҳизбҳо ба ҳайси мухолифи ҳизби ҳоким яъне ҳизби халқи демократанд ва бояд дар ҳар қонуну барномае ки дар кишвар ба вуҷуд меояд, бояд изҳори назар карда, фикри худро гӯянд. Аммо ҳизби коммунист ҳизбе аст, ки комилан мутеи Раҳмон буда, аз дастуроти ӯ пайравӣ мекунад ва балегӯи Раҳмон мебошад. Аз ҳамин сабаб ин ҳизбро ҳизби кисагии ҳукумат лақаб додаанд.
Эмомалӣ Раҳмон барои пӯшондани дурӯғҳои худ ва пинҳон кардани диктатории худ, бояд ҳизби мухолиф дошта бошад, гарчӣ фақат ба номи мухолиф ва ё дар ҳадди як ҳизби мухолифе ки дар коғазҳо аст аммо амалан вуҷуди хориҷӣ надорад, монанди ҳизби коммунист.
Фалсафаи вуҷуди ҳизби коммунист ин аст, ки ба мардум гуфта шавад, ки Раҳмон диктатор нест, ва нишонаи диктатор набуданаш ҳам ин аст, ки ҳизби мухолифи ӯ дар Тоҷикистон озодона фаолият мекунад монанди ҳизби коммунист. Аммо ҳизби коммунист дар воқеъ ҳамон ҳизби халқи демократ аст, ки номашро тағйир додаанд то Эмомалӣ Раҳмон ба аҳдофи шуми худ расад ва мухолифони худро қалъу қамъ кунад. Ба ҳамин хотир, Эмомалӣ Раҳмон тартибе дод, то Шодӣ Шабдоловро ки гаҳгоҳе як иборате ба истилоҳ интиқодӣ аз сиёсати Раҳмон мегуфт, аз раёсати ҳизби коммунист бардоранд ва ҷои ӯро ба Исмоил Талбаков доданд, ки ӯ ҳам баъд аз чанд сабоҳе аз дунё рафт. 
Дар сойти Озодӣ омадааст,  Азимҷон Насимов ки ба ҳайси раиси муваққати ҳизби коммунист интихоб шудааст, дар мусоҳибааш бо Озодӣ гуфта аст, ки иллати инки ҳизби коммунист дар парлумон намоянда надорад, ин аст, ки худи ҳизб аз дарун дучори ихтилоф шуд ва Эмомалӣ Раҳмон ҳеҷ иқдоме дар берункунии ҳизби коммунист аз парлумон ва ҷой нагирифтани он дар парлумонро рад кард, дар ҳоле ки Шодӣ Шабдолов раисони ҳизби коммунистро хиёнаткори дурӯя хондааст ва ин яъне инки ӯ мӯътақид аст онҳо ба ҳизби коммунист хиёнат карданд ва бо итоат аз фармони Раҳмон ҳизби коммунистро ба ҲХДТ фурухтанд ва аз коммунист фақат номаш монд ва дигар ҳеҷ.

Агентии Ҳабарҳои шарқ Ҳамаи ҳуқуқ маҳфуз аст