Ҷустуҷӯ дар Хабарҳо:

Ҷустуҷӯи муфассал

шанбе
6
апрел
2017

_
Ҳошимии Рафсанҷонӣ, собиқ президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон даргузашт
Оятуллоҳ Акбари Ҳошимии Рафсанҷонӣ, раиси Маҷмаъи ташхиси маслиҳати низоми Эрон ва собиқ президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон, рӯзи гузашта, ки ба далели сактаи қалбӣ дар яке аз бемористонҳои Теҳрон бистарӣ шуда буд, даргузашт.

Ба гузориши Востокнюз ба нақл аз Спутник, Оятуллоҳ Акбари Ҳошимии Рафсанҷонӣ, раиси Маҷмаъи ташхиси маслиҳати низоми Эрон ва собиқ президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон, рӯзи гузашта, ки ба далели сактаи қалбӣ дар яке аз бемористонҳои Теҳрон бистарӣ шуда буд, даргузашт.
Оятуллоҳ Ҳошимии Рафсанҷонӣ, пас аз ташдиди оризаи қалб ва интиқол ба беморхонаи Шуҳадои Таҷриш ва ба рағми талоши тимҳои пизишкӣ дар синни 82 солагӣ, ин оламро тарк гуфт.
Ӯ аз муассисони "Ҷомеъаи руҳонияти мубориз" дар соли 1978 буд, ки баъд аз пирӯзии инқилоби исломӣ дар Эрон, ба муассиртарин ташаккули сиёсии руҳониҳои ростгарои Эрон табдил шуд ва то замони марг дар он узвият дошт. Оқои Рафсанҷонӣ дар остонаи пирӯзии инқилоби Эрон аз тарафи Оятуллоҳ Хумайнӣ ба узвият дар "Шӯрои инқилоб" баргузида шуд ва то замоне, ки ин шӯро вуҷуд дошт, аз муассиртарин аъзои он буд.
Ҳошимии Рафсанҷонӣ дар июни 1988, аз сӯи раҳбари вақти Ҷ.И.Эрон ба мақоми "ноиби фармондеҳи кулли қувваҳо" мансуб шуд, ки  дар ин мақом, фармондеҳони аршади артиш ва сипоҳи Эрон, ба таври мустақим зери назорати ӯ фаъолият мекарданд. Як моҳу ним баъд аз ин ки ба ин мақом мансуб шуд, Оятуллоҳ Хумайниро ба пазириши қатъномаи 598-и Шӯрои амнияти СММ мутақоид кард, ки ба ҷанги 8 солаи Эрон ва Ироқ поён диҳад.
Ӯ баъд аз даргузашти Оятуллоҳ Хумайнӣ дар июни 1989 ба мақоми президентӣ расид ва баъд аз он аз сӯи Оятуллоҳ Хоманаӣ ба риёсати Маҷмаъи ташхиси маслиҳати низом мансуб шуд. Оқои Рафсанҷонӣ, бо вуҷуди тамоми ихтилофоте, ки дар солҳои баъд бо Оятуллоҳ Хоманаӣ пайдо кард, то замони даргузашти худ, риёсати ин маҷмаъро бар ӯҳда дошт.
Дар замони риёсати ҷумҳурии ӯ, бозсозии иқтисоди Эрони пас аз ҷанг бо Ироқро ба унвони авлавияти аслии давлати худ эълом кард. Акбари Ҳошимии Рафсанҷонӣ, дар соли 1994 барои дуввумин бор ба мақоми риёсати ҷумҳурӣ интихоб шуд. Дар давраи дуввуми президентии Ҳошимӣ, ихтилоф миёни ӯ ва ҷиноҳи ростгароҳои Эрон ба тадриҷ афзоиш ёфт, ки нишонаи он, афзоиши интиқодоти расонаҳои нашриёти ин ҷиноҳ алайҳи давлати вақт буд.
Дар идомаи ихтилофоти Ҳошимии Рафсанҷонӣ ва ҷиноҳи ростгаро, ӯ дар интихоботи президентии 1997 аз Муҳаммади Хотамӣ, номзади чапгароёни Эрон ҳимоят кард, ки вай дар интихобот пирӯз шуд.
Маносибе, ки вай пас аз инқилоби соли 1979 бар ӯҳда доштааст:
Аз аъзои ҳизби Ҷумҳурӣ
Сарпарасти вазорати корҳои дохила
Риёсати Маҷлиси шӯрои исломӣ
Имоми Ҷумъаи Теҳрон
Ноиби фармондеҳи кулли қувваҳо
Ноиби раиси Маҷлиси Хубрагон
Риёсати ҷумҳурӣ
Риёсати Шӯрои олии амнияти миллӣ
Риёсати Маҷмаъи ташхиси маслиҳати низоми Эрон

Агентии Ҳабарҳои шарқ Ҳамаи ҳуқуқ маҳфуз аст