Ҷустуҷӯ дар Хабарҳо:

Ҷустуҷӯи муфассал

*
0
феврал
2017

_
Фақр дар режими Раҳмон мардумро ба фарзанд фуруши кашонида аст
Вазорати умури дохила, зани 32-солаи сокини шаҳри Душанберо бо гумони хариду фурӯши ноболиғ дастгир намуданд.

Режими Раҳмон солҳост,  ки бар мардуми мазлуми Тоҷикистон ниҳояти зулму ситамро анҷом медиҳад, ва махсусан инки мардумро аз назари иқтисодӣ дар тангнои шадиди қарор дода аст, ки ин ҳолати фақру тангдасти мардумро ба бадтарин  корҳо кашонидааст.
Ба гузориши хабаргузории  Восток-Нюз,ба нақл аз сойти Фараж, Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон аз боздошти як зани 32 солаи сокини пойтахт иттилоъ медиҳад, ки бо гумони фурӯши навзоди худ айбдор мешавад.
Бино ба иттилои дафтари матбуотии ВКД, дар натиҷаи доир намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ кормандони милитсия зани 32-солаи сокини шаҳри Душанберо бо гумони хариду фурӯши ноболиғ дастгир намуданд.
Тибқи иттилои манбаъ, муайян гардид, ки зани гумонбаршуда, рӯзи 6-уми декабри соли 2016 дар яке аз таваллудхонаҳои шаҳри Душанбе тифли ҷинсаш духтар таваллуд карда, онро рӯзи 14-уми декабри ҳамон сол ба зани 44-солаи сокини ноҳияи Восеъ ба маблағи 1000 сомонӣ фурӯхтааст.
«Нисбати далели мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, корҳои тафтишотӣ давом дорад».

Агентии Ҳабарҳои шарқ Ҳамаи ҳуқуқ маҳфуз аст