Ҷустуҷӯ дар Хабарҳо:

Ҷустуҷӯи муфассал

*
0
январ
2017

_
Дабири кулли Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ тағир кард
«Валерий Семериков» муовин «Николай Бордюжа» дабири кулли пешини Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ , ба таври муваққатӣ раёсати ин созмонро бар уҳда гирифт .

Ба гузориши пойгоҳи хабарии Восток-Нюз, дафтари матбуотии Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ  дар баёнияе эълом кард , ки аз торихи якуми январи соли ҷорӣ муддати раёсати  «Николай Бордюжа» бар ин созмон ба итмоми расидааст ва  дар ҳоли ҳозир «Валерий Семериков» муовини дабири кулли пешин ба унвони раиси муваққати Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ  интихоб шуда аст .
 Семериков дар 28 июни соли 1954 дар Русия ба дунё омадааст . Вай дар соли 1975 Омузишгоҳи олии муҳандисӣ танк хатм карда сипас муддате тулонӣ дар неруҳои марзбонии ин кишвар фаъолият кардааст.
«Валерий Семериков» аз соли 2003 то кунун муовини дабири кулли Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ будааст .
Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ дар соли 1992  бо мушорикати кишварҳои Русия, Беларус, Арманистон, Тоҷикистон, Қазоқистон ва Қирғизистон, Узбакистон , ҷумҳурии Озарбойҷон ва Гурҷистон ташкил шуда аст .
Ин кишварҳо дар соли 2002 тасмими гирифтанд , ки ин созмонро ба як эътилофи Низомӣ табдил кунанд . баъдҳо кишварҳои Гурҷистон , Озарбойҷон ва Узбакистон аз он ҷудо шуданд. Ин созмон дар дувуми декабри 2004 ба унвони узви нозир дар Маҷмаъи умумии Созмони милали муттаҳид пазируфта шуд .
Аз муҳимтарин ҳадафҳои ташкили ин созмон , маҳдуд кардани заминаи густариши НАТО ва нуфузи Амрико дар ҳавзаи кишварҳои ҳамсоя аст .

Агентии Ҳабарҳои шарқ Ҳамаи ҳуқуқ маҳфуз аст