Ҷустуҷӯ дар Хабарҳо:

Ҷустуҷӯи муфассал

шанбе
6
апрел
2017

_
Русия: Толибони афғон садди муҳкаме дар ҷанг алайҳи ДИИШ аст
Русия ҳафтаи гузашта дар мизбонӣ аз нишасте бо ҳузури Чин ва Покистон дар бораи сулҳи Афғонистон истидлол кардааст, ки Толибон дар ҷанг алайҳи гурӯҳи террористии ДИИШ садди муҳкаме аст.

Ба гузориши Востокнюз ба нақл аз Тасним, ба нақл аз "The Daily Beast", мақомоти Русия, Чин ва Покистон дар нишасти ҳафтаи гузашта дар Маскав аз кишварҳои ҷаҳон хостаанд, ки бо Толибон бархӯрди инъитофпазир ва мулойим дошта бошанд.
Ба назари бархе кишварҳо ва коршиносон, давлати Маскав пас аз наздик ба ду даҳа ҷанги Амрико дар Афғонистон, ошкоро аз гурӯҳи Толибон эъломи ҳимоят мекунад.
Дар нишасти сеҷонибаи Русия, мақомоти ин кишвар ҳамчунин таъкид кардаанд, ки Толибон дар ҷанг алайҳи гурӯҳи террористии ДИИШ садди муҳкаме аст.
Ин дар ҳоле аст, ки ИМА иқдомоти ахири Русия ва иртибот бо Толибонро ба навъе муқобила бо мақомоти Вошингтун медонад.
Мария Захарова, сухангӯи ВКХ-и Русия низ пеш аз ин гуфта буд, ки мақомоти Чин, Покистон ва Русия аз фаъолияти гурӯҳи террористии ДИИШ шохаи Хуросон нигарон ҳастанд.
Аз сӯи дигар, генерал Ҷон Николсон,  фармондеҳи нерӯҳои НАТО ва амрикоӣ дар Афғонистон низ гуфта буд, ки машрӯъияти Толибон аз сӯи Русия, талошҳои давлати Афғонистон ва НАТО-ро таҳти таъсир қарор медиҳад.
Бо ин ҳол, Русия мегӯяд, ки гурӯҳи террористии ДИИШ иддаои ҳокимият бар дунёро дорад, аммо Толибон маҳдуд ба Афғонистон ҳастанд.
Нишасти Маскав дар ҳоле баргузор шуд, ки мақомоти афғон аз ҷумла намояндагони порлумон ва сенаи Афғонистон аз адами ҳузури намояндаи ин кишвар дар нишасти се ҷонибаи Маскав ба шиддат интиқод карда буданд.

Агентии Ҳабарҳои шарқ Ҳамаи ҳуқуқ маҳфуз аст