Ҷустуҷӯ дар Хабарҳо:

Ҷустуҷӯи муфассал

*
0
феврал
2017

_
Паём ва кумакҳои Криштиану Роналду ба кӯдакони Сурия
Криштиану Роналду бо пахши як навори видеоӣ аз кӯдакону наврасони кишвари Сурия ситоиш намудааст.

Ранҷҳо ва мушкилотеро ки ДИИШ  ва дигар гуруҳҳои террористӣ дар чанд соли ахир  барсари мардуми мазлуми  Сурия овараданд бар ҳеч каси  пушида  нест ва ҳеч раҳми  на ба кудакон доштанд ва  на ба бузургон ва ҳеч хонаи ободи барои мардуми бечора нгузоштанд .Ва ҳоло ки ДИИШ ва дигар гуруҳҳои террористӣ дар ҳол шикаст хурдан ҳастанд,  вале  асарҳо ва  харобиҳои  хело зиёди ки ба вуҷӯд овардаанд солҳо мардум ва кудакони бечораро гирифтору бехонмон кардаанд ки дил ҳар инсониро ба раҳм меоварад .
Ба гузориши пойгоҳи хабарии Восток-Нюз, ба нақл аз сойти Фараж,  Ҳамлагари тими мунтахаби Португалия ва дастаи "Реал мадрид»-и Испания Криштиану Роналду бо пахши як навори видеоӣ аз кӯдакону наврасони кишвари Сурия ситоиш намудааст.
 Ин навори видеоие, ки чанде қабл дар интернет нашр шуд, Роналду мегӯяд,"ин навор барои кӯдакони Сурия аст. Мо медонем, ки шумо зиёд ранҷ мебаред. Ман футболбози машҳурам, аммо шумо қаҳрамони ҳақиқӣ ҳастед. Умедатонро аз даст надиҳед. мо шуморо дастгирӣ мекунем. Ман бо шумо ҳастам».
Дар ҳамин ҳол ташкилоти Save the Children хабар медиҳад, ки кӯмакҳои Роналдуи 31 –сола, аз қабили, сару либос, хӯрока ва табибон, барои кӯмак ба оилаҳои Алеппо дар тамоми Сурия сарф карда хоҳад шуд. 

Агентии Ҳабарҳои шарқ Ҳамаи ҳуқуқ маҳфуз аст