Ҷустуҷӯ дар Хабарҳо:

Ҷустуҷӯи муфассал

панҷшанбе
4
март
2017

_
Фишори иқтисрдии режими Раҳмон ба мардум барои пур кардани буҷети давлат
Дар Тоҷикистон ҳаҷми ҷарима ва ҳама гуна пардохтҳои ҳатмии давлатӣ боло рафт.

Зоҳиран ба фикри  ҳукуматдорони бехирад ва бетадбири Тоҷикистон барои ҳалли мушкилоти иқлисодии  кишвар ҳич роҳи ҷуз зулм ба мардуми мазлум намерасад ва бо баҳонаҳои мухталиф мадумро дар тангно қарор медиҳанд.
Ба гузориши пойгоҳи хабарии Восток-Нюз, ба нақл аз Озодӣ, дар Тоҷикистон ҳаҷми ҷарима ва ҳама гуна пардохтҳои ҳатмии давлатӣ боло рафт. Ҳаҷми ҷарима ва ё пардохтҳои давлатӣ тибқи "нишондиҳанда барои ҳисобҳо" шумурда мешавад ва андозаи ин нишондиҳанда аз соли нав аз 40 сомонии қаблӣ то ба 50 сомонӣ боло бурда шуд.
Ҳаҷми нави "нишондиҳанда барои ҳисобҳо" дар қонуни буҷаи Тоҷикистон барои соли 2017 муқаррар шудааст, ки аз тарафи вакилони порлумон дар поёни соли гузашта тасдиқ шуда, ҳоло ба иҷро даромад. Бар асоси ин нишондиҳанда, ҳама намуди ҷарима – шурӯъ аз вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ, то ҷарима барои ҷиноятҳои сабук – ҳисоб карда мешавад.
Баъзе намудҳои боҷи гумрукӣ ва андозҳо низ тибқи қонун аз рӯи нишондиҳанда барои ҳисобҳо пардохт мешавад. Бо боло рафтани мизони ин нишондиҳанда баъзе навъи пардохтҳои гумрукӣ ва андозҳо низ боло меравад. 

Агентии Ҳабарҳои шарқ Ҳамаи ҳуқуқ маҳфуз аст