Ҷустуҷӯ дар Хабарҳо:

Ҷустуҷӯи муфассал

*
0
феврал
2017

_
Ришвахорӣ ва зулму ситами ВКД ва КДАМ ба авҷи аъло расидааст!
Он чи ки ба назар мерасад ин аст, ки танҳо роҳи пешгири аз зулму ситами режими Раҳмон бо дастони поки ҷавонони бо ору номуси миллати тоҷик муяссар мешавад, зеро онҳоеро, ки гуфта шуд ҳамчун муздурон сари дастархони ин режим нишаста ба хотири як бурда нони ҳаром дину имон ва виҷдону садоқаташонро фурухтаанд ва коре аз дасти инҳо намеояд.

Мусоҳибае бо манбаъи хабарии востокнюз, ки аз  коркунони ВКД мебошад анҷом шуд, эшон вазъияти кориро дар ВКД ва КДАМ  бисёр нигаронкунанда донист ва  баён  карданд, ки агар шароит бо ҳамин ҳолат идома ёбад нафрати мардум нисбати ҳукумат аз ин ҳам зиёд шуда ва  иникоси баде хоҳад дод. Ришвахури дар ин ду ниҳоди қудратӣ ба авҷи аъло расидааст, ки то ба ҳол  агар шахси ҷинояткоре ба дасти ин ниҳодҳо афтад тамоми зиндагии ҷинояткор нобуд мешавад аз посубонҳои маҳбасхона то вазир аз ҷинояткор пор мегиранд, аммо ҳоло бошад  коркунони ВКД ва КДАМ  дар асоси  қонуне, ки ҳукумати Тоҷикистон тасвиб кард ва ба онҳо иҷозат дод, ки беиҷозатномаи расмӣ метавонанд  дохили хонаҳои мардум шаванд, ин фурсатро ғанимат дониста бо баҳонаҳи беасос ба хонаҳои мардуме, ки ҷинояте накардаанд  даромада аз онҳо ришва мегиранд. 
Дар ин мавзуъ  мусоҳибае, ки бо сокинони баъзе аз деҳаҳо доштем онҳо низ аз коркунони ВКД ва КДАМ шикоят доштанд. Яке аз сокинон бо қаҳру ғазаб  мегуфт:  ман чандин сол ба  Россия рафта бо азобу машақат кор карда пул равон кардам  ва зану фарзандам усто оварда хонаамонро сохтанд, ҳоло башад милисаҳо бе иҷозат ба хона даромада мегуянд коҳдони шумо дар болои оғили гову молатон мебошад ва тариқи коҳдон ба оғили шумо сими барқ рафта аст ва ин мумкин намебошад, зеро имкони оташсузӣ  шуданаш аст гуфта  ва манро маҷбур кардаанд, ки бояд коҳдонро аз болои оғил бардорӣ  ва танҳо  қасдашон ин аст, ки бояд ба онҳо пора ё ришва диҳам то аз хонаам бираванд.
Сокини дигаре аз деҳот мегуфт: ин милисаҳо ва амниятиҳо монанди сагони гушна ҳастанд ҳукумат ба инҳо нон намедиҳад ба хонаҳои мардум ҳамла мекунанд. Боваратон мешавад, ки як рӯз коркунони милитсия ба хонаи ман даромаданд ҳамаҷоро тафтиш карданд ва чизеро барои баҳона кардан ва пора гирифтан пайдо накардан, ба ман мегуянд барои чи зани шумо дар хона сатр мекунад аз боло фармон шуда аст, ки сатр мумкин нест. Инҳо фақат як ҳадаф доранд, ки чӣ баҳона биёбанд, ки мардумро тарсонда пул бигиранд.
Бо соҳибкори дигаре, ки дар шаҳри  Душанбе меҳмонхона(гостиниса) дорад  ҳамсуҳбат шудам ӯ мегуфт: аз дасти ин ҳукумат ба дод омадаем ҳар рӯз ё милисаҳо ё коркунони амният омада  ба баҳонаи тафтиш ба  ҳуҷраҳои меҳмонхона медароянд ва меҳмонҳоро пурсуҷу мекунанд ва ин сабаб мешавад, ки онҳо бори дигар ба инҷо наоянд ва ман маҷбур мешавам, ки ба кормандони ВКД ё КДАМ пора диҳам то меҳмонҳоро натарсонанд. Милитсияи нозири  минтақаи мо азбас чандин маротиба омада буду бо далелҳои бе асос сахт мегирифт ва ман маҷбур мешудам ба ӯ пул диҳам, аммо як бор омад дигар ҳеҷ баҳона наёфт аз ман хоҳиш кард, ки ба ман сад сомони диҳед, ки пул надорам давлат ба мо ҳуқуқи нағз намедиҳад зиндаги хело сахт шудааст. Хулас инки кор мо ин шудааст ё маҷбурамон мекунанд пул мегиранд ё зораву тавалло мекунанд, ки пул диҳед.
Ҳаромхурӣ ва зулму истибдоди  ҳукумати Раҳмон ба ҳамагон маълум аст, аммо чаро хабарнигорон(журналистон), академикҳо,   устодони донишгоҳҳо ва муллоҳо, ки фарзандони ҳамин мардуманд  хомуш нишастаанд  аз мардуми бечора дифоъ намекунанд? донишмандон  сухан аз садоқату  поквиҷдонӣ  мезананд оё дар назди виҷдонашон шарманда нестанд ? муллоҳо бошад  дар намозҳои ҷумуъа суханони Худо ва пайғамбарро  бар забон ҷори мекунанд оё оятҳоеро, ки дар дифоъ аз мазлум ва бар алайҳи золим сухан мегуяд онро  нахондаанд? Худашонро вориси пайғамбар мегуянд магар пайғамбар тарафдори халқ набуд ? магар пайғамбар бо золимони замони худаш мубориза намекард?. Як мулло бояд дар асоси ризояти Худо сухан бигуяд бинобарин  дифоъ аз мардуми мазлум ризояти Худо ва расул мебошад, ки мутаассифона домуллоҳо ва имомхатибони мо ризояти Раҳмоновро  бар ризояти Худо муқаддам  медонанд. 
Он чи ки ба назар мерасад ин аст, ки танҳо роҳи пешгири аз зулму ситами режими Раҳмон бо дастони поки ҷавонони бо ору номуси миллати тоҷик муяссар мешавад, зеро онҳоеро, ки гуфта шуд ҳамчун муздурон  сари дастархони ин режим нишаста ба хотири як бурда нони  ҳаром дину имон ва виҷдону садоқаташонро фурухтаанд ва коре аз дасти инҳо намеояд.     
Хабарнигори востокнюз: Муҳаммади Шарифӣ 

Агентии Ҳабарҳои шарқ Ҳамаи ҳуқуқ маҳфуз аст