Ҷустуҷӯ дар Хабарҳо:

Ҷустуҷӯи муфассал

панҷшанбе
4
март
2017

_
Гузориши ончи ки миёни ҳайатҳои Тоҷикистону Узбакистон ба имзо растд
Дар пайи ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Узбакистон протокол оиди оғози парвозҳо миёни ду кишвар ва хариди алюминийи Тоҷикистон аз тарафи Узбакистон ба имзо расид.

Ба гузориши пойгоҳи хабарии Восток-Нюз, ба нақл аз хабаргузории Озодагон, Шоҳқосим Шоҳисломов, сафири Узбакистон дар Тоҷикистон, натиҷаҳои гуфтушуниди ҳайатҳои ҳукуматии ду кишварро, ки 28-уми декабр дар Душанбе анҷом ёфт, эълон намуд. 
Ба гуфтаи Шоҳисломов дар пайи ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Узбакистон протокол оиди оғози парвозҳо миёни Душанбе ва Тошканд дар нимаи аввали соли 2017 ба имзо расида, созиш шуд, ки саноатчиёни Узбакистон алюминийи тоҷикро харидорӣ хоҳанд кард. 
Сафири Узбакистон дар суҳбат бо расонаҳо афзудааст, санадҳо дар мавриди коҳиши тарифҳои ҳамлу нақл тариқи роҳи оҳан ва додугирифти тарафайни мол имзо шудаанд. 
Дар доираи ҷаласаи Комиссия, ки таҳти роҳбарии Рустам Азимов, ноиби нахуствазири Узбакистон ва Давлаталӣ Саид, ноиби аввали нахуствазири Тоҷикистон баргузор гардид, созиш шудааст, ки дар Душанбе анҷумани соҳибкорони тоҷику узбак ташкил шавад. Инчунин моҳи апрели соли равон ташкили намоишгоҳи маҳсулоти Узбакистон дар Душанбе ба нақша гирифта шудаст. 

Агентии Ҳабарҳои шарқ Ҳамаи ҳуқуқ маҳфуз аст