Ҷустуҷӯ дар Хабарҳо:

Ҷустуҷӯи муфассал

*
0
январ
2017

_
Созмонҳои дифоъ аз ҳуқуқи инсон: Таҳдиди мақомоти Тоҷикистон алайҳи наздикони фаъолони тоҷик мояи шармсорӣ аст
Созмони Human Rights Watch ва Кумитаи Ҳелсинкии Норвегия аз фишор болои наздикони мухолифони тоҷик изҳори нигаронӣ кардаанд, ки дар як намоиши эътирозӣ ҳангоми сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Чех иштирок доштанд.

Режими Раҳмон ва мақомоти Тоҷикистон рӯз то рӯз дар арсаи байналмилал беобрӯтар шуда, мавриди танқидҳои созмонҳои байналмилалӣ қарор мегиранд ва ин мояи хушҳолӣ аст, ки билохира ҷомеаи байналмилал шахсияти Эмомалӣ Раҳмон ва  мақомоти Тоҷикистонро фаҳмида аст ва дар садад ҳастанд, ки баъд аз 25 соли торики ҳукумати Раҳмон, чорае ба фикри мардуми ҷабрдидаву мазлуми ин сарзамин андешанд. Режими Раҳмон шармсорӣ ва ваҳшигариро оид ба наздикони мухолифини ҳукумат ба ҳадде расонда аст, ки созмонҳои байналмилал иқдоми ин режимро мояи шармсорӣ ва гуноҳи нобахшуданӣ хонда аст. Режими Раҳмон ба наздикони фаъолони тоҷик таҳдид карда, ба зиндонӣ кардан, таҷовуз кардан ва куштану нобуд кардани тамоми аҳлу оила ва аъзои хонаводаи фаъолон дар сурати мухолифат бо Раҳмон, дастур дода аст. То ба ҳол ба иддае таҷовуз карда, ва қатл низ кардаанд, ки дар ин бора метавон ба қазияи хонуме ки дар сомонаи Паём.нет аз иқдом ба таҷовузаш суҳбат карда, шаффоф гуфта аст ва ё Шаҳид Муллоқурбони Маннон низ аз касоне аст, ки ба дасти режими Раҳмон ба хотири дигарандеш буданаш ба қатл расид. Ва ин мисолҳо намунае аз харвор аст, ки метавон садҳо кушташуда ва таҷовузшударо мисол овард.
Ба гузориши Хабаргузории Востокнюз ба нақл Озодӣ, Созмони Human Rights Watch ва Кумитаи Ҳелсинкии Норвегия аз фишор болои наздикони мухолифони тоҷик изҳори нигаронӣ кардаанд, ки дар як намоиши эътирозӣ ҳангоми сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Чех иштирок доштанд. Ин гузориши муштарак рӯзи 20 декабр ба нашр расид. 
Сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Прага рӯзи 1 декабр сурат гирифт ва чор нафар аз мухолифони тоҷики муқими кишварҳои аврупоӣ дар назди қасри раёсати ҷумҳурии Чех аз сафари Раҳмон эътироз карданд. Дар гузориши созмони Human Rights Watch ва Кумитаи Ҳелсинкии Норвегия исми се нафар аз эътирозгарон - Шӯҳрати Раҳматулло, писари – Раҳматуллоҳи Раҷаб, узви зиндонии раёсати ҳизби мамнӯи наҳзати исломӣ, Вайсиддин Одинаев, як фаъоли созмони "Гурӯҳи 24" ва Илҳомҷон Яъқубов, як фаъоли ҲНИТ оварда шудааст. 
Мариус Фоссум, намояндаи минтақавии Norwegian Helsinki Committee барои Осиёи Миёна бо пахши изҳороте гуфтааст, "таҳдиди мақомоти Тоҷикистон алайҳи наздикони фаъолони тоҷик мояи шармсорист ва ин нобахшиданӣ мебошад". Ба гуфтаи вай, мақомоти тоҷик бояд ҳарчи зудтар мусодираи ғайримантиқии дороиҳои наздикони ин афрод ва дигар шеваҳои интиқомгириро поён диҳанд. Ҳанӯз мақомоти тоҷик ба ин изҳорот вокуниш накардаанд. 
Фаъолони ҳуқуқи башар аз Амрико, Иттиҳодияи Аврупо ва дигар тарафҳои тасмимгиранда тақозо кардааст, то ба ҳукумати Тоҷикистон фишор биёранд, ки ин таҳдиду фишор болои мухолифонро хотима диҳад.

Агентии Ҳабарҳои шарқ Ҳамаи ҳуқуқ маҳфуз аст